logo

иҷтимоиёт

Гули бобуна мағзро қувват мебахшад

Сарзамини офтобии мо махзани ганҷ аст. Зери замини кӯҳсоронаш садҳо намуд канданиҳои фоиданок нуҳуфтаву водиҳояш макони беҳтарин навъҳои зироату меваҷоту сабзавоти Осиёи Марказист. Дар домани қаторкӯҳҳову теппаҳои сарсабзаш беш аз 4500 намуд гулу гулбуттаҳо ва рустаниҳои худрӯй ҳамасола нашъу нумӯъ доранд. Беш аз 1500 намуди онҳо барои муолиҷаи бемориҳои гуногун дар тиб истифода мешаванд. Барои ҳифзи сиҳатии мардум ниёгони мо низ аз ин сарвати бебаҳои табиат фаровон истифода мебурданд, вале бо рушди саноати дорусозӣ ва ривоҷи истеҳсоли доруҳои кимиёвӣ дар нимаи садаи ХХ истифода аз гиёҳҳои шифобахш дар байни мардум коҳиш ёфт. Ба хотири баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ оид ба нақши рустаниҳои шифобахш дар ҳифзи сиҳатӣ рӯзнома тасмим гирифт, ки таҳти рубрикаи "Гиёҳҳои шифобахш" силсилаи матлабҳоро ба табъ расонад.
Бобуна рустании шифобахшест. Он гиёҳи яксола, пояаш рости сершохча, баландиаш 30 см, баргаш паршакл, гулаш хурди забонакшакли сафеду зард мебошад. Гулбутаи сафедаш меваи сертухм мебандад.
Ба гуфтаи Раҳматулло Сатторов, дотсенти кафедраи ботаникаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, гули бобуна дар саросари Тоҷикистон ва бештар дар минтақаҳои Кӯлоб, Қурғонтеппа, Зарафшон, Рашт, Дарвоз, Ҳисор - дар алафзори паст, қад - қади роҳҳо, доманаи кӯҳҳои сералаф, дарахтзор ва назди иқоматгоҳҳо нашъу нумӯъ меёбад.
Таркиби садбарггули бобуна, ки дар тиб истифода мешавад, аз равғани эфир, флавоноидҳо, фитостеринҳо, талхӣ, кумаринҳо, витамини С, каротин, кислотаҳои органикӣ, апинин, апигенин ва ғайра иборат аст.
Дар тибби қадим гули бобунаро барои рафъи бемориҳои гуногун истифода мебурданд. Тавре ки дар "Алқонун" - и Абуалӣ ибни Сино омадааст, ин гул мағзро қувват мебахшад. Ибни Сино гули бобунаро барои табобати дарди сар, зардпарвин, балғамрониву пешобронӣ ва зидди ташаннуҷ (рагкашӣ) - и пилки чашм истифода мебурд.
Муҳаммад Ҳусайн дар китобаш "Махзан - ул - адвия" гули бобунаро дақиқтар таҳқиқ  карда, оид ба ҷиҳатҳои дигари шифобахшии он гуфтааст: "Гули бобуна ба бемориҳои нафастангӣ, дард дар қисмати қафаси сина, ҷигар ва рӯда дармон аст. Он  кори гурда ва пешобдонро муътадил намуда, санги мавҷудбударо нобуд мекунад".
Дар тибби Чин обҷӯш ва дамхӯрдаи бобунаро барои муолиҷаи ихтилоҷ, дами рӯдаҳо ва рафъкунандаи исҳол ба кор мебаранд.
Дар тибби муосир табибон гули бобунаро давобахши ҳазорҳо дард дониста, барои муолиҷаи бемориҳои гуногун тавсия медиҳанд.
Садриддин Насриддиншоҳ, табиби мардумӣ ва гиёҳшиноси Маркази тиббии "Ориён",  мегӯяд:  "Бобуна бавижа барои бемороне, ки аз хунукӣ сарашон дард мекунад ва гирифторони бемории зардпарвин давои хуб аст. Ҳангоми обравии чашм докаро дар обе,  ки гули бобуна дам андохта шудааст, тар карда, ба болои чашм бигузоранд, оби чашмро манъ мекунад".
Чойи бобунаро барои муолиҷаи илтиҳоб (варам, газак) - и пардаи луобии меъда, захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, халадарди меъдаву рӯда, бемориҳои ҷигар, талха, касалиҳои занона, дарди нимсара, рагкашӣ ва ҳамчун доруи хобовар, обҷӯши онро барои ғарғара кардани даҳону гулӯ, шустани захмҳои фасоддор, табобати зардзахму илтиҳоби бандҳо (артрит), бемориҳои чашм, облатаашро барои муолиҷаи омосҳо истифода мебаранд.
Пажӯҳишҳои тиббӣ исбот намуданд, ки гули бобуна барои илтиҳоб (газак), манъи хунравӣ, оромбахшии дард, асаб, ташаннуҷ, арақи бадан, кори дил ва захми илтиҳобии меъдаву рӯда даво мебошад.
Онҳое, ки ба бемории газаки чашм гирифторанд ва аз захмҳои чиркдор азият мекашанд, метавонанд ҷӯшобаи гули бобунаро дар шакли гармбандӣ истифода баранд.  Ҳамчунин ҷӯшобаи гули бобуна дарди ҷонгудози ниқроз (подагра) ва ревматизмро оромӣ мебахшад. Гули бобуна оромибахши асаб аст. Касоне, ки асабонӣ мешаванд ё  бехобӣ мекашанд, метавонанд 2 қошуқи калон решаи сунбул (валериан), 3 қошуқи калон бобуна, 2 қошуқи калон гиёҳи хоргулак (пустирник) ва 1 қошуқи калон зираи сиёҳ (тмин) - ро дар 200 грамм оби ҷӯшомада муддати 1 соат дам карда, сипас аз дока гузаронанд ва дар як рӯз ду маротиба - 100 грамм субҳ ва 100 грамм бегоҳӣ пеш аз хоб муддати 2 - 3 рӯз  нӯшанд, шифо меёбанд.

Гулрухсор ФАЙЗУЛЛОЕВА,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.04.13    №: 49    Мутолиа карданд: 4465

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед