logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Қабули Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.
Моддаи 2. Мавриди амал қарор додани Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2009 мавриди амал қарор дода шавад.
Моддаи 3. Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз 5 декабри соли 1985 (Ведомостҳои Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1985, № 24, мод. 243), инчунин қонунҳое, ки тибқи онҳо ба Кодекси мазкур дар давраи аз 5 декабри соли 1985 то 1 апрели соли 2009 тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, аз эътибор соқит дониста шаванд.
Моддаи 4. Муқаррароти хотимавӣ
1. Мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдоре, ки барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор нестанд, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии баррасинагардидаи дар истеҳсолоташон қарордоштаро ба судҳо, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдоре, ки барои баррасӣ намудани чунин парвандаҳо мутобиқи Кодекси мазкур ваколатдоранд, супоранд.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мутобиқ кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешад.
3. Минбаъд то мутобиқ кардани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо дар қисме татбиқ карда мешаванд, ки хилофи меъёрҳои Кодекси мазкур нестанд.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон                    Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 31 декабри соли 2008, № 455

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул
ва мавриди амал қарор додани Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии
Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар қироати дуюм

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар қироати дуюм қабул карда шавад.
2. Қарори Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба амал ҷорӣ кардани Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» аз 5 декабри соли 1985 (Ведомостҳои Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1985, № 24, мод. 243), инчунин қарорҳои қабулнамудае, ки тибқи онҳо ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар давраи аз 5 декабри соли 1985 то 1 апрели соли 2009 тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, аз эътибор соқит дониста шаванд.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон              С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 26 ноябри соли 2008, № 1177

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 декабри соли 2008, № 560


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1417

22.11.2018


Баррасии таҳкими мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм

Вохӯрии Ҷамолиддин Убайдулло бо Патрис Вершер

Бахшида ба 25 - солагии баимзорасии аҳдномаи дӯстӣ намоишгоҳ доир мегардад

Баргузории машварати Шӯрои Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои касабаи роҳиоҳанчиён

МАСТЧОҲ. Рӯ ба рушд

Ҳукми абад ба гунаҳгоршавандаи асосии парвандаи куштори сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон

Кишварҳои ИДМ мубодилаи маълумот оид ба террористон мекунанд

Назарбоев: «Мактабҳоро аз тафтишҳои бешумор ҳимоя бояд кард»

Дар Чин миқёси ислоҳоти моликияти давлатӣ густурдатар мегардад

Москва ва Пекин барои парвоз ба Миррих якҷоя мушак месозанд

Ҷаҳон дар як сатр

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед