logo

қарорҳои ҳукумат

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, № 669, ш. Душанбе Дар бораи ба муомилот баровардани Вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009

Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад» барои таъмини нигоҳдорӣ ва даромаднокии пасандозҳои аҳолӣ, ҷалби маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба соҳаи буҷету молия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- аз 1 марти соли 2009 ба аҳолӣ пардохти маблағҳои бурди Вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002 ва аз аҳолӣ харида гирифтани Вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки Ҷумурии Тоҷикистон соли 2002-ро аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки барои хизматрасонии қарзи дохилӣ пешбинӣ шудаанд, таъмин намояд;
- аз 1 марти соли 2009 бар ивази Вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002 Вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009-ро ба маблағи 10 (даҳ) миллион сомонӣ ба мӯҳлати 10 сол барорад.
2. Қоидаҳои замимагардидаи ба муомилот баровардани Вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 тасдиқ карда шаванд.
3. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҳамчун агенти нигоҳдорӣ, ҷойгиронӣ ва хизматрасонии Вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки соли 2009 Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.
4. Муқаррар карда шавад, ки соҳибони Вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки Ҷумҳурии Тоҷикистон барориши соли 2002 бо хоҳиши худ барои иваз намудани вомбаргҳои барориши соли 2002 ба вомбаргҳои  барориши соли 2009 ё барои гирифтани маблағи номиналии вомбаргҳои барориши соли 2002 метавонанд ба Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» вомбаргҳои худро пешниҳод намоянд.
5. Маблағҳои аз фурӯши Вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки Ҷумҳурии Тоҷикистон барориши соли 2009 воридгардида, ба буҷети ҷумҳуриявӣ равона карда мешаванд.
6. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораҳои рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум» ва «Народная газета» тавзеҳоти мақсад ва шартҳои ба муомилот баровардани Вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009-ро ба таври ройгон таъмин намоянд.

Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ РАҲМОН

 

Бо Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 декабри соли 2008, № 669
тасдиқ шудааст

ҚОИДАҲОИ
ба муомилот баровардани Вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009

1. Вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 (минбаъд Вомбаргҳои бурднок) ба мӯҳлати 10 сол аз 1 марти соли 2009 то 1 марти соли 2019 бароварда мешаванд.
2. Шартҳои ҷойгиронӣ ва тартиби гузаронидани тиражҳои бурдҳоро Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» муайян намуда, бо шартномаи дахлдор ба расмият медарорад.
3. Вомбаргҳои соли 2009 аз тарафи муассисаҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» озодона фурӯхта ва харида мешаванд.
4. Вомбаргҳои соли 2009 бо дараҷаҳои алоҳида ба маблағи 5 миллион сомонӣ дар ҳар як дараҷа бароварда мешаванд.
Ҳар як дараҷа аз 5000 силсила аз рақами 0001 то рақами 5000 иборат аст.
Вомбаргҳо дар ҳар як силсила рақамҳои аз 001 то 100 доранд.
Вомбаргҳо шакли ҳуҷҷатии бароришро доранд.
5. Вомбаргҳои соли 2009 бо арзиши 10 ва 20 сомонӣ бароварда мешаванд.
Вомбаргҳои дорои арзиши 20 сомонӣ аз вомбарги ба шакли ҳуҷҷатӣ баровардашуда, бо силсила ва ду рақам иборат мебошанд.
6. Даромад аз вомбаргҳо ба шакли бурд пардохта мешавад.
Маблағи умумии бурдҳо барои тамоми мӯҳлати амали вомбаргҳо ба ҳисоби миёна 12 фоизи солона муқаррар шудааст.
Дар давоми вақти амали вомбаргҳо 58 фоизи онҳо бурд мекунанд, 42 фоизи боқимондаи вомбаргҳо баъд аз гузаштани мӯҳлаташон бо арзиши номиналии онҳо харида мешаванд.
Вомбаргҳои бурдашон пардохташуда, аз тиражҳои минбаъда хориҷ карда мешаванд.
7. Бурдҳои вомбаргҳо ба андозаи 1500, 1000, 500, 300, 200, 100, 40 ва 20 сомонӣ барои вомбарги арзишаш 10 сомонӣ, аз ҷумла арзиши аслии он муқаррар карда мешаванд.
Ҳангоми ба яке аз рақамҳои вомбарги арзишаш 20 сомонӣ баромадани бурд дар ҳаҷми 1500, 1000, 500, 300, 200, 100, 40 сомонӣ ба рақами дуюми он дар ҳаҷми 20 сомонӣ бурд мебарояд ва ба ин гуна вомбаргҳо мутобиқан 1520, 1020, 520, 320, 220, 120 ва 60 сомонӣ пардохта мешавад.
8. Аз ҷониби Комиссияи муштараки мақомоти молия ва муассисаҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ҷойҳо, пеш аз баргузории тираж феҳристи Вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 дар депозит буда тартиб дода шуда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад. Хариду фурӯши Вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 10 рӯз пеш аз баргузории тираж боздошта мешавад.
Маълумот аз рӯи бурдҳои Вомбаргҳои барориши соли 2009, ки ба аҳолӣ пардохт шудаанд, аз ҷониби Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар моҳ пешниҳод мегардад.
9. Дар муддати 10 соли муомилоти вомбарг 60 тиражи бозиҳо, яъне ҳар сол 6 тираж, дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
10.  Дар тиражҳои бозиҳо ба ҳар дараҷаи вомбарг миқдори зерини бурдҳо гузошта мешаванд:
11. Вомбаргҳое, ки ба онҳо бурд баромадааст, ҳамчунин вомбаргҳое, ки бурд накардаанду бояд бо арзиши номиналиашон харида шаванд, метавонанд то 1 марти соли 2020 барои пардохт пешниҳод карда шаванд.
12.  Фурӯши вомбаргҳо бо нархи муқаррарнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, харидашон аз рӯи арзиши номиналиашон ба амал бароварда мешавад.
13.  Андозбандии бурдҳои вомбаргҳои бурдноки дохилии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 тибқи муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Ҳаҷми Бурдҳо
(бо сомонӣ)
Миқдори
бурдҳо дар
1 тираж
Маблағи
Бурдҳо
(бо сомонӣ)
дар 1 тираж
Дар 60 тираж
Миқдори бурдҳо
Маблағи бурдҳо
(бо сомонӣ)
1500
1
1500
60
90.000
1000
2
2000
120
120.000
500
3
1500
180
90.000
300
3
900
180
54.000
200
4
800
240
48.000
100
5
500
300
30.000
40
30
1200
1800
72.000
20
4752
95040
285120
5.702.400
Ҳамагӣ:
4800
103440
288000
6.206.400


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1060

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед