logo

илм

Замони маргро ҳам муайян карданд

Масъалаи марг, таърифи дақиқи ин ҳақиқати зиндагӣ ва замони ба вуқӯъ пайвастани он ҳамеша аз муҳимтарин пурсишҳои башар будааст. Тасаввур кунед, ки бо анҷоми як озмоиши хун ба шумо бигӯянд ҳудуди 12 соли дигар бар рӯи ин кураи хокӣ барои зиндагӣ кардан вақт доред.
Донишмандон мегӯянд ба чунин имконе даст ёфтаанд ва ширкате дар Бритониё низ ба дарёфти  чаҳорсад фунт ба афрод  иттилоъ  медиҳад, ки бо чӣ суръате дар ҳоли пир шудан ҳастанд.
Рӯзномаи "Индипдент"  гузорише дар ин маврид дорад, ки хулосае аз он ба шарҳи зер аст: "Донишмандон муваффақ шудаанд барои нахустин бор чунин озмоишро бо ҷамъияте аз парандагон анҷом диҳанд. Озмоиши ёдшуда нишон дода, ки ҳар паранда ба чи суръате  дар ҳоли пир шудан аст. Донишмандон дарозии миёнаи  сохтори теломерҳоро (нӯки ҳуҷайраи воқеъ дар қисмати охири хромосома) андоза намуданд. Теломерҳо дар тӯли зиндагии  организми зинда ва ҳар мартабаи тақсимоти ҳуҷайравӣ  кӯтоҳтар шуда ва дар остонаи марг ба кӯтоҳтарин тӯли худ мерасанд.
Бар пояи ин ёфтаи илмӣ бархе аз коршиносони зистшиносӣ муваффақ шуданд, ки бо истифодаи озмоишҳои теломерӣ ҳам  суръати пир шудани фардро андоза гиранд ва ҳам эҳтимоли замони боқимондаи умри вайро  низ муайян кунанд.
Озмоишҳои теломерӣ пеш аз ин бо ҳайвоноти озмоишгоҳӣ муддати мадиде  анҷом шуда буд, вале барои нахустин бор аст, ки ин озмоиш бо ҳайвоноти озод дар ҳаёти вуҳуш анҷом мешавад. Дар ҳамин ҳол як ширкати Бритониё низ эълом карда, ки бо афроде, ки моиланд аз замони тахмини боқимондаи умри худ бохабар шаванд, озмоиши теломериро анҷом медиҳад. Донишмандоне,  ки бо парандагони озод озмоиш карданд, ба ин натиҷа расиданд. Озмоиш тӯли умри ҳайвонро муайян кардааст. Ин муҳаққиқон теъдоде  аз чаковакро  дар яке аз ҷазираҳои кишвари  Сишилиз барои анҷоми озмоиши худ интихоб карданд.
Девид Ричардсон, аз Донишгоҳи Ингилистони  Шарқӣ, мегӯяд: "Мо мушоҳида  кардем, ки тӯли теломер нишондиҳандаи беҳтаре дар синни тақвимӣ барои тахмини тӯли умр ба шумор меравад. Ба ин тартиб бо андозагирии тӯли теломер роҳе барои андозагирии синни биологии афрод пайдо кардаем, ки чӣ қадар аз замони худро пушти сар гузоштаанд."
Пажӯҳишгарон тӯли мутавассити теломери парандагонро бар рӯи ҷамъияте  220 адад чаковакҳо анҷом доданд. Ин парандагон дар ҷазираи Козин, яке аз ҷазоири кишвари Сишилиз, зиндагӣ мекарданд ва ба муддати 20 соли тамом таҳти назорати парандашиносон қарор доштанд ва таърихчаи ҳар паранда ба таври дақиқ сабт шуда ва мавҷуд буд.  Анҷоми ин таҳқиқ бо ҷамъияте аз парандагони ваҳшӣ дар як ҷазира аз он ҷиҳат аҳамият дорад,  ки ҳеҷ шикор ва муҳоҷирате барои ин қабил парандагон вуҷуд надорад. Ин ҳақиқат бад - ин маънист, ки донишмандон метавонистанд бо фароғи бол ба баррасии робита миёни тӯли теломер ва  умри табиии  ин парандагон бипардозанд.
Доктор Ричардсон меафзояд: "Мехостем бубинем, ки дар тӯли умри комили як паранда чӣ иттифоқе хоҳад афтод. Ба ҳамин далел чаковакҳои Сишилизро интихоб кардем, ки ҳеҷ шикорчие                онҳоро таҳдид намекунад ва ба далели мавқеияти ҷуғрофии маҳали зисти онҳо ҳар парандаро метавон дар саросари тӯли умраш то даврони поёни умри  ҳайвон мушоҳида  кард."
Ин устоди Донишгоҳи Ингилистони Шарқӣ дар идома тавзеҳ медиҳад: "Мо баррасӣ кардем, ки оё  дар ин син метавон бо истифода аз тӯли теломер замони маргро дар ҳайвон тахмин зад . Ба ин натиҷа расидем, ки теломерҳои кӯтоҳ ва ё  ба суръат дар ҳоли кӯтоҳшиддат нишондиҳандаи  дуруст барои парандагон буданд, ки дар зарфи як сол мемуранд."
Ба гуфтаи доктор Ричардсон дигаре  аз натиҷаҳои  пажӯҳиш он буд, ки парандагони теломерҳои баландтар дошта, муддати замони бештаре зиндагӣ мекарданд ва он гуна, ки ин пажӯҳишгар мегӯяд, "онҳо аз ин пажӯҳиши донишмандон бар он бовар буданд, ки кӯтоҳшиддат теломерҳо бо суръати собит дар афрод анҷом мегирад  ва тӯли теломерро ба унвони соати дохилӣ барои андозагирии синни тақвимии организмҳои ҳаёти вуҳуш мавриди баррасӣ қарор дод."
Девид Ричардсон таъкид мекунад, бо вуҷуди он ки тӯли теломерҳо бо афзоиши синни тақвимӣ кӯтоҳ мешавад, суръати ин раванд дар миёни афроди гуногуни ҳамсол тафовут дорад. Яке аз далелҳои чунин ҳолат вуҷуди стрессҳои зистии мутафовут ва фишорҳоест, ки  афроди мухталиф дар зиндагӣ таҷриба мекунанд.

Таҳияи
Фуруғи ТОҲИРӢ,
донишҷӯ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.13    №: 56    Мутолиа карданд: 1096

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед