logo

муҳоҷират

Чаро суръати муҳоҷират шиддат мегирад?

Муҳоҷирати аҳолӣ дар тағйири  вазъи иҷтимоии ҷаҳон падидаи муҳимест. Ҳоло бар асари он мардуме, ки садсолаҳо дар як мавзеъ зистааст, ғайричашмдошт  ба мавзеъҳои гуногун пароканда мешавад. Суръати муҳоҷирати одамон дар ҷаҳон чунон шиддат гирифт, ки он ба раванди муҳоҷират дар садаи гузашта қиёснопазир аст. Азбаски Тоҷикистон ҳам ҷузъе аз ҷомеаи ҷаҳон аст, ин раванд ба аҳолии кишвари мо низ бетаъсир намондааст. Омилҳои асосии муҳоҷирати мардуми мо кадомҳоянд ва оё метавон аз он ҷилавгирӣ намуд?  Сӯҳбати хабарнигори мо бо Моёншо Маҳмадбеков, мудири шӯъбаи муҳоҷирати Институти демографияи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, дар ҳамин хусус аст.

-Омили асосии авҷгирии муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҷумҳурии мо кадом аст?
-Авҷгирии раванди муҳоҷирати меҳнатии аҳолии кишвари мо ба паст шудани сатҳи зиндагӣ, набудани ҷои кор ва даромади иқтисодии онҳо вобаста аст. Ғайр аз ин ба афзоиши ҳиҷрати меҳнатии аҳолӣ ба маҳалҳои дигар садду монеаҳои табиию иҷтимоӣ низ таъсир расондаанд. Чунончи, бар асари рушди баланди илму технология ва пешрафти саноату воситаҳои нақлиёт касбу ихтисосҳои зиёд моҳияташонро гум кардаанд. Ва минбаъд ҳам садаи 21 ҳамчун асри рушди технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ва ҷаҳонишавии иқтисодиёт ба раванди муҳоҷират таъсири бештаре хоҳад расонд.
Яке аз ин гуна монеаҳо фарсоиши табиати атроф аст, ки он боиси тағйири макони зисти одамон шудааст. Сарфи назар аз он, ки ин фарсоиш бар асари фаъолияти худи инсон ё офати табиӣ фаро расидааст, суръати муҳоҷиратро тезонид. Аз ин нигоҳ таъсири фаъолияти инсон ба табиат, яъне муносибати бераҳмонаи ӯ нисбат ба муҳити атрофаш, сабаби пайдоиши шаклҳои гуногуни муҳоҷирати иҷбории вобаста ба фарсоиши муҳити зист гаштааст. Тафовути ин шакли муҳоҷират аз муҳоҷирати гурезаҳо (бар асари зиддиятҳо макони зисташонро тағйир медиҳанд) дар он аст, ки омили асосӣ заволи муҳити зист мебошад.
-Таъсири фарсоиши муҳити зист дар рушди муҳоҷирати аҳолӣ ҳанӯз тавре ки бояд, омӯхта нашудааст. Чаро?
-Бале, таъсири фарсоиши муҳити зист ба раванди инкишофи муҳоҷирати аҳолӣ як самти нави тадқиқоти илм аст, ки аз гузаштаи на он қадар дур ибтидо мегирад. Бар асари афзоиши аҳолӣ ва рушди истеҳсолоти ҷумҳуриамон муҳити зист рӯ ба таназзул овард ва ин раванд идома дорад. Яъне афзоиши аҳолӣ ва муносибати бераҳмонаи ӯ ба табиат, ки дар паёмад коҳиши захираҳои табиӣ ва фарсоиши табиатро ба бор дорад, солҳои наздик эҳтимол боиси муҳоҷирати оммавии иҷбории аҳолии минтақаҳои дучори завол гардад. Феълан осеби зиёнбори дигаргуниҳои ҷиддии харобиовари табиӣ на танҳо дар кишвари мо, балки дар ҷаҳони муосир аз зиёне, ки бар асари ҷангҳои гуногун расидааст, бештар аст.
Танҳо давоми 15 соли охир аҳолии ҷумҳурии мо соле ду фоиз, яъне ҳар сол наздики 140 ҳазор нафар меафзояд. Теъдоди аҳолии кишвар аз 1 миллиону 34 ҳазори соли 1913 ҳоло ба 7 миллион расидааст. Ва ҳудуди 40 дар сади онро наслҳои то 15 –сола ташкил медиҳанд. Ин рақам шаҳодати он аст, ки минбаъд ҳам аҳолӣ афзуда, боиси коҳиши бештари захираҳои табиӣ, фарсоиши муҳити зист ва авҷгирии раванди муҳоҷирати аҳолӣ мегардад. Аз ин рӯ ҷилавгирии  шиддати муҳоҷирати аҳолӣ аз мавзеъҳои хавфнок ба ҳалли проблемаи афзоишу зичии аҳолӣ вобаста аст. Ва ҷилавгирии тадриҷии заволи табиати бар асари фаъолияти инсон падидомада ва дар айни замон коҳиш додани сатҳи муҳоҷирати фаъол аз вазифаҳои муҳими имрӯзу ҳам фардост. Барои расидан ба ин ҳадаф бояд пеш аз ҳама дар ҳалли масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ гоми устуворе гузошт.
-Вазъи муҳоҷирони аз мавзеъҳои хавфнок кӯчидаро чӣ гуна арзёбӣ намудед?
-Муҳоҷирони аз мавзеъҳои хавфнок кӯчбастаро вобаста ба сатҳи фароҳамии шароит дар маҳалҳои навашон ба се навъ ҷудо кардем.
Навъи аввал онҳоанд, ки аз кӯчидан ба макони нав қаноатманданд ва мехоҳанд дорои киштзору чарогоҳи бештаре бошанд. Чунончи аҳолии деҳаи Шинг аз макони навашон -деҳаи Саразми ноҳияи Панҷакент қаноатманданд. Зеро ба Саразм хавфи лағжиши ҷинсҳои кӯҳиву омадани сел таҳдид намекунад. Аммо ба деҳаи Маҳмадалӣ Ғаффори ноҳияи Кӯлоб, ки ба он аҳолии деҳаи Камар (Чорводор) кӯчонида шудааст, хатари обхезӣ эҳсос мешавад.
Навъи дуюми муҳоҷирон  ба сабаби набудани об ва шароити мусоиди зиндагӣ аз макони нави зисташон қонеъ нестанд ва мақсади бозгашт ба макони зисти пешинро ҳам надоранд. Бинобар ин онҳо минбаъд низ чун муҳоҷирони эҳтимолӣ боқӣ мемонанд. Масалан, аҳолии деҳаи Вашанги ноҳияи Айнӣ ба деҳаҳои Даштикон -1-и ноҳияи Истаравшан ва Даштикон -2-и ноҳияи Ғончӣ кӯчонида шуда буданд. Кӯчбандӣ аз деҳаи Ревати ноҳияи Айнӣ ба деҳаи Дашти Қозии ноҳияи Панҷакент ва аз деҳаи Метантуғайи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба деҳаи Навобод ҳам ҳамин гуна вазъ дорад.
Навъи сеюми муҳоҷирон он гурӯҳи аҳолӣ ҳастанд, ки аз як мавзеи хавфнок ба мавзеи дигари хавфнок кӯч бастаанд. Шароити аҳолии деҳаи Дашти ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ, ки ба деҳаи Фирӯза -1 кӯчонида шудаанд, нисбат ба деҳаи Фирӯза -2  беҳтар аст, вале дар он ҳам хавфи таназзули хок эҳсос мешавад. Онҳое ки ихтиёран ба ин мавзеъ кӯчонида шудаанд, ба мисли муҳоҷирони ихтиёрии ноҳияи Шуғнони ВМКБ ва ноҳияи Кӯлоби вилояти Хатлон ба деҳаи Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав ҳамчун муҳоҷирон боқӣ мемонанд.
-Омилҳои калидии  бозгашти муҳоҷирон ба манзилҳои хавфноки пешинаашон чист?
-Аҳолии ғайри муҳоҷиронеро, ки дар мавзеъҳои хавфнок умр ба сар мебаранд, вобаста бо вазъи зиндагиашон ба ҳайси муҳоҷирони захиравӣ ба гурӯҳҳои зерин ҷудо намудем:
1. Онҳое, ки бо вуҷуди хавфи фарсоиши муҳити зисташон зиндагиро дар манзилҳояшон идома медиҳанд. Пажӯҳишҳо нишон доданд, ки ё манзили ин гурӯҳ аз офатҳо безарар мондааст ва ё онҳо дорои даромади дигаре ҳастанд ва ё хоҳиши тарки манзили меросиашонро надоранд.
Бо рафъи омилҳои ҷиддие, ки ба сатҳи зиндагиашон таъсир мерасонанд, ин хонаводаҳо дар макони зисташон боқӣ хоҳанд монд.
2. Онҳое, ки ба сабаби фарсоиши муҳити зисташон омодаанд ба мавзеъҳои дигар кӯч банданд, вале барои фатҳи заминҳои нав ва ободонии он имконияти молиявӣ надоранд.
3. Онҳое, ки манзилашонро тарк накардаанд. Монанди сокинони деҳаи Метантуғайи  ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки бар асари офатҳои табии хонаашон хароб шуда буд. Ин гурӯҳ низ ҳангоми обхезиҳои такрорӣ ва ё тағйири маҷрои дарёи Панҷ ва офатҳои дигар чун муҳоҷири захиравӣ боқӣ мемонанд.
4. Онҳое, ки имкони аз манзилҳояшон кӯчидан доштанд, вале накӯчиданд. Ҳол он ки ба онҳо дар макони навашон аз ҷониби Ҳукумат қитъаи замин ва барои бунёди бинои истиқоматӣ маблағ ҷудо шуда буд. Бархе аз онҳо қитъаҳои замини гирифтаашонро, масалан дар деҳаи Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ, фурӯхтанд.
Ба ин гурӯҳ, ки умуман ба мавзеи дигар кӯч бастанро намехоҳанд, дар ҳолати такрор ёфтани офатҳои табиӣ ва ҳам ба онҳое, ки тадриҷан фурӯравии манзилашонро мушоҳида менамоянд, бори дуюм  ёрӣ расонида ва қитъаи замин ҳам дода намешавад. Инчунин ба онҳое ҳам, ки маҳалли хавфноки зисташонро тарк карданианд, вале ҳанӯз ба манзилашон хавфе таҳдид намекунаду дар он истиқомат доранд, чунин имконот пешниҳод намегардад.
-Таъсири фарсоиши муҳит ба афзоиши муҳоҷирати меҳнатӣ чӣ андоза аст? Оё ҳини таҳқиқ ба ин масъала ҳам таваҷҷӯҳ намудаед?
-Бале, бо мақсади муайян намудани меъёри таъсири заволи табиат ба муҳоҷират аҳолии ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш, Қумсангир, Ҷиликӯл, Носири Хусрав, Шаҳритус, Қубодиён, Бохтар, Ёвон ва Ашту Конибодомро мавриди пурсиш қарор додем. Офатҳои табиӣ ва таназзули муҳити зист танҳо як сабаби муҳоҷирати одамон шудааст ва таъсири он ба авҷгирии муҳоҷирати аҳолӣ 50 дар садро ташкил медиҳад. Аксари пурсидашудагони ин мавзеъҳо гуфтанд, ки ҳеҷ гуна офате (ғайр аз обхезӣ, лағзиш ва заминларза) боиси тағйир ёфтани манзили зисташон буда наметавонад. Ва ҳини паст шудани даромади молиявии хонавода яке аз узви он ба муҳоҷирати меҳнатии муваққатӣ меравад. Дигарон дар манзилҳояшон зиндагиро бо мадади молиявии ӯ идома медиҳанд. Муҳоҷирони ниёзманд гуфтанд, ки дар диёрашон фалокати харобиовар намешуд, новобаста аз сатҳи зиндагии хонавода манзилашонро хеҷ гоҳ тарк намекарданд.
Идомаи зиндагӣ дар мазили бобоӣ аз табиати хоси миллати тоҷик аст. Бинобар он бояд чораҳои замонавии ҷилавгирӣ аз таназзули муҳити зист андешида шаванд. Бисёр муҳим аст, ки дар таҳқиқоти минбаъдаи муҳоҷирати ба муҳити зист алоқаманд ба таъсири нахустсабаб, ки боиси фарсоиши муҳити атроф мешавад, бештар таваҷҷӯҳ намоем. Чунончи, аз ноҳияҳои Ишкошим, Рӯшон, Ванҷ, Қалъаи Хумб, Шуғнон ва Роштқалъаи ВМКБ дар солҳои гуногун ба ноҳияи Носири Хусрав 101 хоҷагӣ кӯчонида шуд. Ҳоло аз онҳо дар манзили нав ҳамагӣ 18 хоҷагӣ , ки манбаи даромади дигар ва ё имкони молиявии тарки ин маҳалро надорад, боқӣ мондааст. Давоми 3-4 соли охир ин муҳоҷирон, ба сабаби набудани ҷои кор дар соҳаи кишоварзӣ, баланд шудани сатҳи обҳои зеризаминӣ, шӯршавии замин ва нарасидани оби тоза манзилҳои навашонро тарк карданд. 75 хоҷагие, ки аз деҳаи Рашти ноҳияи Роштқалъа ба ин ҷо кӯчида буд, бо сабабҳои зикршуда ба ноҳияҳои дигар рафт. Иддае аз хонаводаҳо аз деҳаи Шарораи ноҳияи Ҳисор, совхози Ленингради ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳри Душанбе ва ғайра макон гузиданд.
Таҳлили муҳоҷирати аҳолии вобаста ба фарсоиши муҳити зист нишон дод, ки норасоии об ҳам  аз мушкилоти асосии муҳоҷирати мардум шудааст. Инчунин зарур аст дар пажӯҳишҳои минбаъда ба таъсири партовҳои корхонаҳои истеҳсолӣ ба муҳити зист диққат диҳем, чаро ки ин масъалаҳо дар доираи тадқиқоти мазкур нагунҷиданд. Монанди муҳоҷироне, ки бар асари фарсоиши муҳити зист аз шаҳрҳои Чкалов, Табошар ва Исфара ба кишварҳои хориҷ ҳиҷрат намудаанд. Ин мавзӯъ барои омӯзиши минбаъдаи муҳаққиқон аст.

Хайринисо Русулӣ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1640

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД

ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ 53 НАФАР УНВОНҲОИ СОҲАРО ГИРИФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН БАЪДИ КАРАНТИНИ КОРОНАВИРУСӢ 87 НАФАРРО ҶАВОБ ДОДАНД

ЧИН БА ИСТЕҲСОЛИ НАХУСТИН ДОРУИ ЭҲТИМОЛӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОҒОЗ НАМУД

ЛЕ ДРИАН: «БАРРАСИИ МАСОИЛИ АМНИЯТ БО РОССИЯ ЗАРУР АСТ»

ДАР ӮЗБЕКИСТОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ТАВАССУТИ ИНТЕРНЕТ ҚАБУЛ МЕКУНАНД

НАФАҚАХӮРИ СЕРБ БА ПАРАДИ ҒАЛАБА ПИЁДА РАФТАНИСТ

Ҷаҳон дар як сатр

14.02.2020


ҲИСОР. ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

РОҒУН. БЕШТАРИ ҚОНУНШИКАНИҲО ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ ЗАМИН АСТ

АХД. ҶАЛБИ ЗАНОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ!

ИМА УМЕДВОРИ «МУЗОКИРОТИ ҶИДДӢ» БО РОССИЯ ВА ЧИН ОИД БА СИЛОҲИ ЯДРОӢ МЕБОШАД

ҲУКУМАТДОРОНИ ЧИН КОРХОНАҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДАРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАНД

ТЕЪДОДИ МУШТАРИЁНИ WHATSAPP БА ДУ МИЛЛИАРД РАСИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

13.02.2020


ДУШАНБЕ. 62 КОРХОНАИ САНОАТӢ ТАЪСИС ЁФТ

ШСХК "БАРҚИ ТОҶИК". СОҲА РӮ БА БЕҲБУДӢ МЕОРАД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

480 НОМ БА ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛӢ ВОРИД МЕШАВАД

87 КОРМАНДИ ГУМРУК АЗ АТТЕСТАТСИЯ НАГУЗАШТ

ДОНИШКАДАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ. ТАЪСИСИ ИХТИСОСҲОИ НАВ ТАҚОЗОИ ЗАМОН

БЕШ АЗ 50 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ УХАН БА ДУШАНБЕ ОВАРДА ШУД

ДАР ЧИН МОҲИ АПРЕЛ БАР КОРОНОВИРУС ҒОЛИБ ОМАДАНИАНД

ТӮЛИ ЯК МОҲ ДАР АФҒОНИСТОН 200 ТОННА МАВОДИ НАШЪАДОР МУСОДИРА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

12.02.2020


ҶОМИ КФО. РАҚИБИ "ХУҶАНД" КАДОМ ДАСТА АСТ?

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 13, 6 ДАРСАД АФЗУД

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. ОЛИМОН 28 ПАТЕНТ ВА 5 ШАҲОДАТНОМА БА ДАСТ ОВАРДАНД

ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ БА 1 МИЛЛИАРДУ 640 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

ВАРЗОБ. СОҲАҲОИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ РУШД МЕКУНАНД

ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ОБТАЪМИНКУНӢ. ДЕҲОТ БО ОБИ НӮШОӢ ТАЪМИН МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед