logo

мулоқотҳо

Президенти Тоҷикистон вазири давлатии Қатарро ба ҳузур пазируфт

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири давлатии Давлати Қатар оид ба муносибатҳои байналмилалӣ  Холид ибни Муҳаммад ал-Атияро ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ масоили татбиқи амалии санадҳои қарордодию ҳуқуқии миёни ду кишвар баимзорасида ва дар заминаи онҳо таҳкиму густариш додани муносибатҳои  ба ҳар ду ҷониб судманд баррасӣ шуд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки бо 8 санади муҳим баҳри густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ, сармоягузорӣ, асалпарварӣ, чорводорӣ ва ғайра заминаи мусоиди ҳуқуқӣ эҷод гаштааст. Ҳамзамон таъкид гардид, ки ба татбиқи амалии онҳо бояд такони ҷиддӣ дода шавад.
Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки дар ояндаи наздик ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ баргузор карда шавад.
Ҳамчунин кушодани сафорати Тоҷикистон дар Қатар ва баръакс аз Қатар дар Тоҷикистон зарур шумурда шуд.
Ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва истихроҷи маъданҳо низ аз  самтҳои судманди робитаҳои дуҷониба маънидод гардид. Дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва муносибатҳо дар чаҳорчӯби Созмони Конфронси Исломӣ гуфтугӯи судбахш сурат гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 705

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед