logo

ҳукумат

Сардори давлат масъулиятшиносону ташаббускоронро ба фатҳи қуллаҳои нав ҳидоят намуд

Субҳи 15 январ  таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати  мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ намуд. Дар ҷараёни он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2008 мавриди таҳлилу ҷамъбаст қарор гирифта, вазифаҳо барои соли равон муайяну мушаххас гардиданд.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Ҳукумат, роҳбарони сохторҳои давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳою  корхонаҳои  давлатӣ, бонкҳои саҳомӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мактабҳои олӣ ва раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Чунонки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар оғози маҷлис изҳор дошт, дар рафти  он ҳисоботи роҳбарони тамоми мақомоти давлатии зикргардида шунида ва оид ба бартараф намудани камбудию норасоиҳои мавҷуда, аз ҷумла баҳри  коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти кишвар, чораҳои зарурӣ андешида шуданд.
Нахуст ҳисоботи вазири рушди иқтисод ва савдо  Ғуломҷон Бобозода шунида шуд.
Зимни таҳлилу баррасии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла зикр гардид, ки дар соли 2008 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,9% афзуда, ба 17 миллиарду 609,3 миллион сомонӣ баробар шуд. Сатҳи таваррум дар соли сипаригашта 11,8%-ро ташкил дод. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ 13,3% афзуда, ба 4 миллиарду 549,6 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон аз пастравии ҳаҷми истеҳсолоти  саноатӣ дар солҳои охир изҳори нигаронӣ намуда, баҳри  ислоҳи  ин вазъият супоришҳои қатъӣ дод.
Дастур дода шуд, ки  дар зарфи 12 рӯзи оянда нақшаи чорабиниҳо баҳри  дастгирии сохторҳои истеҳсолоти воқеӣ таҳия ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов дар ҳисоботи худ ба масоили  татбиқи сиёсати молиявии давлатӣ ва иҷрои Буҷети давлатӣ дар соли 2008 ва соли ҷорӣ таваҷҷӯҳи асосӣ зоҳир намуд.
Қисми хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2008 96,6% (нисбат ба ММД 28,3%) иҷро шуд, ки дар натиҷа профитсити он (аз ҳисоби даромадҳо ва хароҷоти ҷорӣ) нисбат ба ММД 1,9%-ро ташкил дод.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки  истифодаи мақсаднок ва самарабахши  маблағҳои  буҷетӣ таҳти назорати қатъӣ қарор дода шавад.
Сипас ҳисоботи раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Солиев шунида шуд.
Зикр гардид, ки бо вуҷуди барзиёд иҷро шудани нақшаи умумӣ ҷамъоварии 4 намуди андоз пурра таъмин карда нашуд, ки маблағи камомад 43 миллион сомониро ташкил дод. Кумитаи андоз ҳамчунин иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҷамъоварии маблағҳои иловагии андоз таъмин карда натавонист.
Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Солиев бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифа озод карда шуд.
Сардори Хадамоти гумрук Гурез Зарифов зимни ҳисоботи худ иттилоъ дод, ки нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ ба андозаи 130% иҷро карда шуд ва маблағи иловагии ба Буҷети давлатӣ воридшуда 365 миллион сомониро ташкил дод.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони гумрук баҳри кори пурсамар арзи сипос намуда, дастур дод, ки соли ҷорӣ ҷамъоварии 100 миллион сомонӣ маблағҳои иловагии гумрукиро таъмин намоянд.
Роҳбари Маркази татбиқи лоиҳаи инвеститсионӣ оид ба таҳкими гумрук Анваршо Музаффаров аз вазифа озод карда шуд.
Ба директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо Давлаталӣ Ҳотамов зимни ҳисоботаш супориш дода шуд, ки баҳри пешгирӣ аз воридот, истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти пастсифати озуқаворӣ дар бозори дохилӣ чораҳои қатъӣ андешад. Дар ҳисоботи раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки маблағҳо барои қарздиҳии хурд дар соли ҳисоботӣ 57% афзуда, шумораи қарзгирандагони хурд ба 166 ҳазор нафар расид, ки ин нисбат ба соли 2007  9 ҳазор нафар зиёд аст. Президент Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ баҳри ҷоннок намудани сиёсати пулию қарзӣ, назорати сатҳи таваррум дар иқтисодиёт ва саҳми бонкҳо дар коҳиш додани  таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти кишвар супоришҳои қатъӣ дод.
Ҳамчунин ҳисоботи раиси Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов ва роҳбарони дигар бонкҳои саҳомӣ шунида шуд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» - ро намунавӣ арзёбӣ намуда, ба роҳбарияти он арзи сипос намуд ва дастур дод, ки таҳлилҳои судбахши бонкиаш ба аҳолӣ ва бонкҳои дигар пешкаш карда шавад. Аз ҷумла зикр гардид, ки муассисаҳои «Амонатбонк» дар соли 2008 ба 26592 муштарӣ 259,6 миллион сомонӣ қарз додаанд, ки аз он 186,6 миллионашро қарзҳои хурд ба 26465 муштарӣ ташкил медиҳад. 103,1 миллион сомонии қарзҳо ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд, ки ба супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мувофиқ аст.
Бақияи сандуқи қарзии «Амонатбонк» ба санаи 1-уми январи соли 2009 ба 230,8 миллион сомонӣ баробар аст, ки нисбат ба соли 2007 ба андозаи 81% зиёд аст. Бақияи амонатии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бошад дар «Амонатбонк» 318 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2007 54% зиёд аст.
Дар ҳисоботи раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамралиев ва роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ зикр гардид, ки айни ҳол дар Тоҷикистон 51 лоиҳаи инвеститсионӣ бо маблағи беш 4,5 миллиард сомонӣ амалӣ мешаванд, 12 лоиҳаи нав ба имзо расидааст, ки татбиқашон оғоз меёбад ва 32 лоиҳаи дигар дар ҳоли омӯзишу баррасии сармоягузорон қарор доранд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки корҳо баҳри ҷалби бештари сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишвар ва суръат бахшидани татбиқи лоиҳаҳои амалишаванда ҷоннок карда шаванд.
Сипас ҳисоботи вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Шариф Самиев, раиси КВД «Тоҷикгаз» Фатҳиддин Мӯҳсиддинов, роҳбари Ҷамъияти саҳомии «Тоҷиксемент» Маҳмадраҳим Каримов ва роҳбарони як қатор корхонаҳои дигари саноатӣ шунида шуд. Зикр гардид, ки соли 2008 тавассути ба кор даровардани даҳҳо корхонаҳои нав ва барқарор намудани истеҳсолот дар 68 корхонаи мавҷудаи саноатӣ 3621 ҷойи нави корӣ муҳайё гардид.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти мушкилоти энергетикии кишвар дастур дод, ки соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ на камтар аз 50 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ бунёд карда ба истифода супурда шаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз талафоти зиёди нерӯи барқ, ки асосан аз ҳисоби аҳолӣ аст ва ҳаҷми он дар соли 2008 2,9 миллиард киловатт/соатро ташкил додааст, изҳори нигаронӣ намуда, ба мардуми кишвар муроҷиат намуд, ки маблағҳои истифодабарии барқро сари вақт ва пурра пардохт намоянд. Ба андешаи ӯ бе ҷамъоварии дурусти ин маблағ таъмини рушди соҳаи энергетика, аз ҷумла сохтмон ва нигоҳубини нерӯгоҳҳои барқии обӣ, ғайриимкон аст.
«Дар ҳоле ки мардуми Тоҷикистон дар соли 2008 868 миллион сомонӣ барои истифодаи телефонҳои мобилӣ харҷ намудаанд, наход барои пардохти ҳаққи истифодабарии нерӯи барқ, ки масъалаи ҳаётан муҳим аст, маблағ наёбанд?», бо қатъият изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. 
Барои роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти роҳбарию идорӣ раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Шариф Самиев, раиси КВД «Тоҷикгаз» Фатҳиддин Мӯҳсиддинов ва роҳбари Ҷамъияти саҳомии «Тоҷиксемент» Маҳмадраҳим Каримов аз вазифа озод карда шуд.
Нимаи дуюми рӯз идомаи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ҳисоботи вазири нақлиёт ва коммуникатсия Абдураҳим Ашӯр, раиси  КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукумов ва директори генералии КВД «Тоҷикэйр» Алимурод Маҳмадалиев оғоз ёфт.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо оид  ба баланд бардоштани суръат ва сифати корҳо дар сохтмон ва таҷдиди роҳҳою нақбҳои  мошингард, азнавсозии қатораҳои  роҳи оҳан, таъмини бехатарии  парвози ҳавопаймо, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, бартараф намудани бетартибиҳо дар фурӯши чиптаҳо ва кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ, аз ҷумла ба самти Аврупо, супоришҳои қатъӣ дод. Дастур дода шуд, ки сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон ва нақби Чормағзак дар соли равон оғоз карда шавад.
Ба директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ Маҳмадтоир Зокиров баҳри хотима додан ба тақсими ғайриқонунии заминҳои корам барои сохтмони манзил ва ҷоннок намудани  кор дар дигар самтҳои  фаъолияти агентӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дастур дода шуд, ки як лоиҳаи паст кардани обҳои  зеризаминӣ таҳия карда шавад, то ҳолати мелиоративии 56 ҳазор гектар заминҳои обии барои кишт нобобгардида беҳтар карда шавад.
Дар ҳисоботи вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов зикр гардид, ки  дар соли 2008 истеҳсоли бисёр маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладона ва меваю сабзавот, нисбат ба соли 2007 хеле афзун шуд. Ин нишондодҳо натиҷаи татбиқи босамари  муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид  ба таъмини амнияти озуқаворӣ маънидод гашт. Таъкид гардид, ки муроҷиатнома мавриди дастгирии васеи  мардум қарор гирифт ва дар натиҷаи истифодаи пурсамар аз ҳар ваҷаб замини корам ва рӯёндани ду ва зиёда ҳосил фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозори истеъмолӣ таъмин карда шуд.
Ба вазири мелиоратсия ва захираҳои об  Саид Ёқубзода ва роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар ин соҳа супориш дода шуд, ки баҳри обёрии заминҳои нав, таъмини аҳолӣ бо оби тоза, паст кардани сатҳи обҳои зеризаминӣ ва иҷрои дигар вазифаҳо корҳоро дар сатҳи зарурӣ ташкил намоянд.
Ба вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов ва роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳо дастур дода шуд, ки баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат омода кардани мутахассисон ва муҳайё намудани заминаи муосири моддию техникӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва таъмини мактабҳои деҳот бо муаллимон чораҳои муассир андешанд.
Дар ҳисоботи вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шукурҷон Зуҳуров зикр гардид, ки дар соли 2008 барои бо шуғли доимӣ таъмин кардани аҳолии қобили меҳнат 114 ҳазор ҷойҳои нави корӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҷумҳурӣ муҳайё карда шуд. Дар соли равон бошад, тибқи иттилои ӯ зиёда аз 150 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегарданд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки барои ҳарчи бештар муҳайё намудани ҷойҳои корӣ аз тамоми имконоти мавҷуда бояд хуб истифода карда шавад ва инро роҳи асосии кам намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар давлатҳои хориҷӣ маънидод кард.
Ба вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов баҳри омодасозии кадрҳо, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, беҳтарнамоии таъминоти моддӣ- техникии беморхонаҳо ва пурзӯр намудани мубориза бо бемориҳои сил супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Вазири  адлия Бахтиёр Худоёров вазифадор гардид, ки баҳри баланд бардоштани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон, беҳтар намудани фаъолияти идораҳои нотариалӣ, беҳтарсозии шароити будубош ва меҳнатӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ ва дигар самтҳо  корҳоро вусъат диҳад.
Дар ҳисоботи вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ зикр гардид, ки татбиқи  сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон  дар соли 2008 натиҷаҳои  пурсамар оварда, ба баланд бардоштани  нуфузу эътибори кишвар дар арсаи  ҷаҳонӣ мусоидати  фаъол намуд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон  дастур дод, ки баҳри  беҳтарнамоии фаъолияти  сафоратхонаҳо, консулгарӣ ва намояндагиҳои дигари  Тоҷикистон дар кишварҳои  хориҷӣ, аз ҷумла дар Федератсияи Русия  ва ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандонамон тадбирҳои ҷиддӣ андешида шаванд.
-Ҳар сол як маротиба гузаронидани мулоқоти Президенти мамлакат бо сафирони Тоҷикистон дар тамоми кишварҳои хориҷӣ ба нақша гирифта шавад ва мӯҳлати  кори сафир  дар як давлат аз 3 сол зиёд набошад, - дастур дод Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Ба вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ оид ба тезонидани таъмири Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, ҳифзи  ёдгориҳои  таърихию фарҳангӣ, ба номгӯи осори ҷаҳонии фарҳангӣ  пешниҳод намудани онҳо, беҳтар намудани фаъолияти  китобхонаҳо ва бо китобҳо таъмин намудани онҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.
Раиси кумитаи давлатии омор Мерганд Шабозов вазифадор карда шуд, ки баҳри кӯтоҳ намудани мӯҳлати  пешниҳоди  маълумоти оморӣ ва баланд бардоштани  эътимоднокии онҳо чораҳои зарурӣ андешад.
Ба директори Агентии сохтмон ва меъморӣ  Абдувалӣ Комилов баҳри тезондани  сохтмони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, омодасозии лоиҳаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва вусъат додани дигар корҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешад.
Дар ҳисоботи роҳбари Дирексияи  сохтмони  иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдусалом Қурбонов зикр гардид, ки шумораи  сохтмончиёне, ки  барои кор дар иншооти он зарур мешаванд, дар соли 2009 ба 7435 нафар мерасад, ки нисбат ба соли 2008 4161 кас зиёд аст. Танҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2195 сохтмончӣ лозим мешавад, ки боиси муҳайё гаштани  ҷойҳои  зиёди кории нав ва бо маоши хуб таъмин шудани мутахассисону коргарони ин соҳа мегардад.
Зимни ҳисоботи  сардори Саридораи геология Азим Иброҳим Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки корҳои омӯзишию ҷустуҷӯӣ вусъат дода шаванд, ба хусус дар мавриди дарёфт ва  ба баҳрабардорӣ пешниҳод намудани конҳои ангишт, уран ва дигар канданиҳои фоиданок.
Зимни ҳисоботи  директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Шерхон Салимов «набудани низоми зарурӣ дар фаъолияти  молиявии вазорату идораҳо ва дигар субъектҳои  хоҷагидорӣ ва таъин шудани  кадрҳои  бесалоҳият ба вазифаи сармуҳосиб» сабаби асосии тасарруфи  маблағҳои буҷетӣ ва дигар ҷиноятҳои коррупсионӣ маънидод гардид.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки  натиҷаҳои санҷишҳо тавассути  воситаҳои ахбори омма ба мардум пешниҳод карда шавад, то онҳо дар ин бора маълумот дошта бошанд.
Ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза  бо коррупсия ҳамчунин дастур дода шуд, ки дар соли 2009 фаъолияти ягон субъекти соҳибкории хусусиро мавриди санҷиш қарор надиҳанд.
Дар ҳисоботи директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров зикр гардид, ки шумораи шаҳрвандони дар хориҷи кишвар бо маводи нашъаовар дастгиршаванда аз 518 нафари соли 2007 дар 11 моҳи соли 2008 ба 287 кас расид, ки қариб  ду маротиба кам аст.
Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши  худкушӣ  дар байни занону духтарон изҳори нигаронӣ намуда, сабабҳои  онро аз раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ пурсон шуд ва дастур дод, ки баҳри пешгирӣ намудани чунин ҳодисаҳои нангин чораҳои муассир андешад.
Ҳамчунин супориш дода шуд, ки баҳри  ба касбомӯзӣ ва корҳои давлатию ҷамъиятӣ васеъ ҷалб намудани занону духтарон корҳои зарурӣ ба роҳ монда шаванд.
Дар ҳисоботи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш  ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов зикр гардид, ки дар соли 2008 469 ҳазор  сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон дидан карданд. Ба маблағи 3,6 миллион доллари амрикоӣ грантҳои  хориҷӣ ҷалб карда шудааст.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон  ба вусъат додани  оммавияти  варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар байни  ҷавонон таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намуда, баҳри амалӣ намудани  ин ва дигар  ҳадафҳо дастуру  ҳидоятҳо дод.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  ба  раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Асадулло Раҳмонов баҳри ифтитоҳи шабакаҳои нави телевизионию радиоӣ арзи сипос намуда, ҳамзамон дастур дод, ки  пахши мавҷҳои  телевизионӣ ва радиоӣ дар тамоми қаламрави кишвар таъмин карда шавад. Ба роҳбарони шабакаҳои  телевизионӣ баҳри беҳтар намудани  мазмуну мундариҷа ва сифати барномаҳо дастуру ҳидоятҳои  муфид дод.
Супоришҳои мушаххас оид ба беҳтар намудани фаъолияташон ҳамчунин ба роҳбарони рӯзномаҳои расмӣ ва Агентии миллии иттилоотии  Тоҷикистон «Ховар» дода шуд.
Ба раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Ҳайбулло Латипов баҳри баланд бардоштани омодагии касбии ҳайати шахсӣ, беҳтарнамоии таъминоти моддию  техникии наҷотдиҳандагон ва вусъат додани корҳои  фаҳмондадиҳӣ дар байни  аҳолӣ дастуру ҳидоятҳо дода шуд.
Раиси Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шаҳло Неъматова  вазифадор карда шуд, ки  баҳри беҳтар намудани корҳои ҳуҷҷатдорӣ чораҳои зарурӣ андешад.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон аз рух додани ҳолатҳои  хатарнок дар соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ изҳори нигаронӣ карда, ба раиси Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Мурод Ҷумаев баҳри  пешгирии онҳо супоришҳои мушаххас дод.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат ҳамчунин ҳисоботи директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию комуналӣ», директори генералии КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» Садриддин Шарипов, раиси Иттифоқи Тоҷикматлубот Сироҷиддин Валиев, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов ва раиси Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон «Тоҷиксуғурта» Муҳибалӣ Сафаров шунида шуд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим зимни ҳисоботи худ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ва Ҳукумати мамлакат баҳри зоҳир намудани ғамхории  беандоза ба мардуми вилоят ва ҷудо намудани маблағҳо ва техникаю маводи зиёд арзи сипос кард. Зикр гардид, ки айни  замон дар қаламрави  вилоят 202 иншоот бо 111 миллион сомонӣ маблағҳои  мутамаркази  ҷумҳуриявӣ бунёд меёбанд. Дар соли 2008 52 миллион сомонӣ дар сохтмон аз худ карда шудааст.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон аз суръати сусти корҳои сохтмонӣ ва кам аз худ шудани  маблағҳои  ҷудогашта изҳори нигаронӣ намуд, ки асосан дар шаҳри Хоруғ ба назар мерасад.
Вилоят бо тухмиҳои ғаллаю картошка пурра таъмин гашта, дар майдони  1000 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст. Айни ҳол шаҳри Хоруғ 16 соат, дигар ноҳияҳои  вилоят 12-16 соат  ва ноҳияи Мурғоб то 5 соат дар шабонарӯз бо нерӯи барқ таъмин мебошанд.
Ҳамчунин раисони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ҳисобот доданд.
Раиси ноҳияи Роштқалъа Пайкармо Алиёрова ва раиси ноҳияи Рӯшон Хушқадам Хушқадамов бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифа озод карда шуданд. Раиси ноҳияи Шуғнон Шамсиддин Орумбеков низ аз вазифа озод ва барои таъин намудани ӯ ба вазифаи муовини раиси ВМКБ розигӣ дода шуд.
Субҳи 16 январ идомаи маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисоботи Сардори раёсати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Абдураҳим Холиқов оғоз ёфт.
Зикр гардид, ки татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба кам кардани  хароҷоти беҳудаю бемаънӣ ва  нисбатан баланд бардоштани  сатҳи некӯаҳволии мардум мусоидат  намуд. Аз ҷумла, дар давраи татбиқи  Қонун беш аз 2,5 миллиард сомонӣ ба манфиати  мардум  аз хароҷоти  нораво сарфа карда шуд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки  дар ин давра беш аз 68 ҳазор сар  чорвои калон аз забҳ боздошта шуд, ки  садди роҳи болоравии нархи гӯшт дар бозор гардид.
Бо кам шудани хароҷот, шумораи  маъракаҳои хурсандӣ ва хонадоршавии  қонунии ҷавонон хеле афзун шуд, зеро пеш  аксари онҳо имкони гузаронидани  тӯю  маъракаҳои серхароҷотро надоштанд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон  таъкид намуд, ки  дар татбиқи  бечунучарои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну  маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пеш аз ҳама бояд мансабдорону соҳибкорон намунаи ибрати дигарон бошанд.
Сипас ҳисоботи   раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал ва раисони шаҳру ноҳияҳои  вилоят шунида шуд. Зикр гардид, ки дар соли  2008 дар қаламрави вилоят  67 мактаби  нав барои 9 ҳазор нафар хонанда сохта ба истифода дода шуд. Дар ин мӯҳлат дар вилоят 31700 ҷойҳои нави корӣ бунёд ёфтааст ва имсол тибқи  нақша бояд беш аз  70 ҳазор ҷойҳои корӣ  муҳайё шавад.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон  аз камбудию норасоиҳои ҷиддӣ низ ёдовар шуда, баҳри  барқарор ва ба кор даровардани дегхонаҳои буғии мактабҳои  таҳсилоти  ҳамагонӣ барои  таъмини гармӣ, ҷамъоварии маблағҳои  истифодаи барқу газ аз аҳолӣ, ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани  заминҳои обии бекормонда ва дар қисме аз онҳо бунёд намудани  боғҳои зардолу, вусъат додани кишти такрорӣ, сабзавоткорӣ, шоликорӣ, аз ҳолати ногувор баровардани бахши пахтакорӣ, бо техникаю дигар маводи зарурӣ сари вақт таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзии вилоят ва ҳамчунин оид ба барқарор намудани  корхонаҳои саноатӣ ва бунёди корхонаҳои нав ба Ғайбулло Авзал супоришҳои қатъӣ дод.
Дар ҳисоботи раиси ноҳияи Данғара Маҳмадулло Сайдалиев зикр гардид, ки имсол дар майдони беш аз  40 ҳазор гектар ғалладона кишт карда мешавад. Дар 33 ҳазор гектар кишти тирамоҳии  ғалладона гузаронида шудааст. Соли 2008  дар 458 гектар боғҳои нав бунёд ёфтааст. Дар ин мӯҳлат дар ноҳия 670 ҷойи нави корӣ муҳайё гаштааст ва дар соли равон ин нишондод бояд 2-3 баробар зиёд шавад.
Раиси шаҳри Кӯлоб   Ҳамид Абдуллоев дар ҳисоботи  худ иттилоъ дод, ки  имрӯз аз 22 корхонаи саноатии шаҳр 21 -тоаш фаъолият мекунанд. Дар соли 2008 2127 ҷойҳои нави  корӣ бунёд ёфтааст ва имсол бояд  зиёдтар шавад. Аҳолии шаҳри Кӯлоб айни ҳол  21 ҳазор метри мукааб гази  табиӣ аз конҳои Балҷувон ва Хоҷасартез гирифта истодаанд, ки 70 фоизи талаботро ташкил медиҳад. Дар шаҳр ҳамчунин 15 нуқтаи фурӯши  гази моеъ фаъолият дорад.
Ба раисони  шаҳру ноҳияҳои  вилояти Хатлон баҳри вусъат додани корҳои ободонӣ, ғамхорӣ ба соҳаҳои  маорифу тандурустӣ, барқарор намудани корхонаҳои  мавҷудаи саноатӣ ва бунёди  корхонаҳои  нав, васеъ намудани майдони  боғу токзор, ривоҷ додани  сабзавоткорӣ, аз ҷумла сабзавоти барвақтӣ ва беҳтар намудани шароит  барои хоҷагиҳои  пахтакор супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Дар ҳисоботи  раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода зикр гардид, ки дар  соли 2008 дар вилоят 30400 ҷойи нави корӣ бунёд ёфтааст, ки 616-тои он ба соҳаи саноат рост меояд. Дар соли равон бояд 35 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шавад.
Дар 17 гектар замин  гармхонаҳо бунёд  ёфтаанд, ки  ба  таъмини аҳолӣ бо сабзавоти барвақтӣ дар зимистону баҳор мусоидат мекунанд.
Ҳамчунин ҳисоботи  раисони  ҳамаи шаҳру ноҳияҳои  вилояти Суғд шунида шуд.
Ба раисони шаҳру ноҳияҳои  тобеи ҷумҳурӣ зимни ҳисоботҳояшон оид ба вусъат додани  корҳои ободонӣ, кишти  тирамоҳии ғалладона ва сабзавоти  барвақтӣ, омодагӣ ба кишти  баҳорӣ ва такрорӣ, ривоҷ додани  парандапарварӣ, боғутокпарварӣ, картошкапарварӣ ва парвариши  занбӯри асал  супоришҳои мушаххас дода шуд.
Зимни ҳисоботи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр гардид, ки дар соли 2008 дар пойтахт зиёда аз 20 ҳазор ҷойҳои  нави корӣ бунёд ёфтааст ва соли равон шумораи  ҷойҳои нави корӣ бояд ба 25 ҳазор расад. Сохтмони манзили истиқоматӣ низ вусъат меёбад.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон  аз тӯл кашидани омодасозии Нақшаи генералии пойтахт, зиёд шудани шиддатнокии ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои  шаҳр, пардохти  нокифояи маблағҳои  истифодабарии барқу газ аз ҷониби  аҳолӣ ва дигар мушкилоти  ҷиддӣ изҳори нигаронӣ намуда, ба раиси  шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва раисони  ноҳияҳои  он  баҳри бартараф намудани камбудиҳои  мавҷуда ва ҷоннок кардани кор дар ҳамаи  самтҳои фаъолият  супоришҳои мушаххас дод.
Нимаи дуюми рӯз дар назди иштирокдорони маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро дар соли 2008 мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дод ва ҳадафу вазифаҳои асосиро барои соли равон муайян намуд.
Сипас мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо Абдуҷаббор Азизов фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи тағйироти кадрӣ қироат намуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 762

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед