logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми дувуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар мавзӯи “Амнияти вобаста ба об ва таҳдидҳои офатҳои табиии марбут бо об”, Таиланд, 19 майи соли 2013

Иштирокчиёни муҳтарами Форум,
Ҷанобон ва хонумҳо,

Нахуст мехостам ба Ҳукумати Шоҳигарии Таиланд барои даъват ҷиҳати иштирок дар Форуми дувуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, ҳамчунин истиқболи гарм ва танзими олиҷаноби ин Ҳамоиши бошукӯҳ сипоси самимии худро изҳор намоям.
Мулоқоти имрӯзаи мо чун Саммити аввал, ки моҳи декабри соли 2007 дар шаҳри зебоманзари Беппу дар Япония баргузор гардида буд, барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои муҳимтарини муосир – таъмини амнияти вобаста ба об нигаронда шудааст. Таваҷҷуҳи хоса ба қазияи офатҳои табиии марбут бо об дар баробари тақвияти пешоҳангӣ ва ӯҳдадориҳои дар ин ҷода ба зимма гирифташуда, бешубҳа, ба татбиқи самараноки ҳадафҳои ноил гаштан ба амнияти вобаста ба об ва ҳамчунин ҳалли дигар масъалаҳои зиёди марбут ба об мусоидат менамояд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз дар ҷустуҷӯи роҳҳои нави расидан ба рушди устувор мебошад. Конфронси РИО-20 барои таҳия ва ҳамоҳангсозии Ҳадафҳои Рушди Устувор заминаи мусоид фароҳам овард ва айни замон онҳо мавриди муҳокимаи байниҳукуматии фаъол қарор доранд.
Дар ин раванд ба масъалаи ноил гаштан ба ҳадафҳо дар соҳаи об аҳамияти хоса дода мешавад, зеро ҷомеаи ҷаҳонӣ итминон ҳосил кардааст, ки расидан ба дигар ҳадафҳои рушд аз мавҷудияти захираҳои кофии об, сифат ва идораи ҳамгироёнаи он иртибот дорад.
Муҳтарам иштирокчиёни Форум,
Бешубҳа, мавқеъгирӣ дар масъалаи ноил гаштан ба амнияти вобаста ба об барои кишварҳову минтақаҳои алоҳида гуногун аст ва ба шароитҳои табииву иқлимӣ, сиёсӣ ва ғайраи онҳо марбут аст.
Барои мисол мехоҳам ба Осиёи Марказӣ ишора намоям. Ҳалли масъалаҳои амнияти вобаста ба об дар ин минтақаи мо бо омилҳои зерин вобаста аст:
1. Тақсимоти нобаробари захираҳои об дар ҳудуди минтақа.
2. Дурнамои эҳтимолии кам шудани захираҳои об дар ояндаи миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат бар асари таъсири раванди тағйирёбии иқлим.
3. Афзоиши истеъмоли об бинобар зиёд шудани теъдоди аҳолӣ ва рушди иқтисод.
4. Бештар такрор ёфтани офатҳои табиии марбут бо об ва идомаи раванди нобудшавии баҳри Арал.
5. Ҳамкории ғайрикофии кишварҳои минтақа ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мубрами обию энергетикӣ.
Зиёда аз 80 фоизи захираҳои обии минтақа дар қаламрави ду кишвари болооб – Тоҷикистон ва Қирғизистон ташаккул меёбанд, ҳол он ки зиёда аз 85 фоизи онҳо дар кишварҳои поёноб истифода мешаванд. Ҳамзамон, манфиатҳои кишварҳои болообу поёноб дар масъалаи истифодаи мавсимии захираҳои об на ҳама вақт бо ҳам мувофиқанд, ки худ боиси сар задани ихтилофоти муайян миёни онҳо мебошад.
Вазъият таҳти таъсири равандҳои тағйирёбии иқлим боз ҳам мураккабтар шуда истодааст, захираҳои обии пиряхҳо дар минтақа аллакай ба таври назаррас кам гардидаанд. Кофӣ аст ба он ишора намоям, ки тайи 30 соли охир аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон ҳазортоаш нобуд шудааст. Дурнамои эҳтимолии дар ояндаи миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат кам шудани оби дарёҳо низ ба масъала шиддати бештар мебахшад.
Суръати имрӯзаи афзоиши аҳолии минтақа, ки яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин дар ҷаҳон буда, солона аз якуним то дувуним фоизро ташкил медиҳад ва рушди иқтисод дар маҷмӯъ барои қонеъ гардонидани ниёзмандӣ ба об захираҳои бештарро талаб мекунанд.
Офатҳои табиии марбут бо об, ки ҳамасола ба маблағи садҳо миллион доллари амрикоӣ зарар меоранд, вазъияти мавҷударо вазнинтар менамоянд.
Бар асари офатҳои табиӣ танҳо ба Тоҷикистон, ки 93 фоизи ҳудудаш аз кӯҳҳо иборат аст, тайи се соли охир ба маблағи зиёда аз 700 миллион доллари амрикоӣ зарар расидааст. Зиёда аз ин хисороти иқтисодӣ, офатҳои зикршуда тақрибан ҳар сол теъдоди зиёди талафоти ҷонӣ ба бор меоранд.
Дар мавриди нобудшавии баҳри Арал бошад, миқёси ин фалокати экологӣ ба ҳамагон маълум аст ва мутаассифона, мо ҳанӯз наметавонем дар хусуси ба эътидол овардани вазъ сухан ронем.
Возеҳ аст, ки ҳамкории мутақобилан судманди минтақавӣ метавонад механизми калидии ҳалли мушкилоти зикргардида шавад. Айни замон муносибатҳои кунунии кишварҳои Осиёи Марказӣ атрофи масъалаҳои об дар сатҳи паст қарор доранд ва мо наметавонем онҳоро ба дараҷаи кофӣ эътимоднок ва ҳамёрона шуморем. Агар байни кишварҳои минтақа муносибатҳои дар воқеъ созанда ва судманд ба роҳ монда мешуданд, мо имкон медоштем, ки сатҳи ҳама гуна хатару таҳдидҳоро ба таври назаррас паст карда, ба раванди расидан ба амнияти вобаста ба об мусоидати муассир намоем.
Минтақа барои таъмини амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ ва обӣ ва дар айни замон нигоҳ доштан ва беҳтар гардонидани сатҳи устувори муҳити зист имкониятҳои фаровон дорад. Вале, бинобар мавҷуд набудани ҳамкории кофӣ дар соҳаи об кишварҳои минтақа рӯ ба рӯи мушкилоти мухталиф қарор доранд.
Ҷанобон ва хонумҳо,
Ман борҳо ибрози назар намуда будам ва бо истифода аз ин фурсат бори дигар таъкид карданиам, ки Тоҷикистон ҷонибдори устувори ҳаллу фасли мусолиматомези мушкилоти зикргардида аст. Мо барои ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои ҳамсоя ва дигар тарафҳои манфиатдор ҷиҳати истифодаи муштараки захираҳои обии худ, ки ҳудуди 60 фоизи захираҳои обии минтақаро ташкил медиҳанд, омода ҳастем.
Сарватҳои ғании обӣ ва гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки дар олам яке аз бузургтаринҳо ба шумор мераванд, дар ҳолати самаранок ба кор андохтанашон метавонанд барои ҳамаи кишварҳои минтақа суди зиёди иҷтимоиву иқтисодӣ оранд. Потенсиали гидроэнергетикии мо ба 527 миллиард киловатт/соат мерасад ва аз ин айни замон фақат 3-4 фоизаш истифода мешаваду халос.
Истифодаи оқилонаи потенсиали мазкур дар оянда имкон медиҳад, ки танзими лозимии мавсимӣ ва дарозмуҳлати захираҳои об таъмин карда шавад.
Дар шароити таъсири афзоишёбандаи тағйирёбии иқлим ва дигар чолишҳои минтақавӣ ин амр заминаи мусоиди расидан ба амнияти вобаста ба обро фароҳам оварда, имконияти коркарди неруи барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза, ҳамчунин паст кардани хатари обхезиҳо, таъсири хушксолиҳо ва камобӣ, маҳдуд кардани партовҳои газҳои карбон ба ҳаво ва солим гардонидани иқлими минтақаро медиҳад. Ҳамаи ин заминаву имкониятҳо ба конвенсияҳои байналхалқӣ ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии байналмилалӣ назири Протоколи Киото мутобиқати комил дошта, гувоҳи мавқеи созандаи Тоҷикистон мебошад, ки ба иҷрои уҳдадориҳо дар ин замина аз ҷониби ҳамаи кишварҳо равона гаштааст.
Ҳамаи ин амалҳо дар маҷмӯъ асоси боэътимоди расидан ба амнияти вобаста ба об буда, ҳамкории байнидавлатиро, ки омили муҳими нигоҳ доштани сулҳу субот дар минтақа ба шумор меравад, тақвият мебахшад.
Муҳтарам сарони ҳайатҳо ва иштирокчиёни Форум,
Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти глобалии об дар қисмати паст кардани хатарҳои офатҳои табиии марбут бо об дар баробари Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола марому мақсадҳоеро ҳидоятгари худ медонад, ки дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”, ҳамчунин Барномаи сиғавии амалиёти Хиог барои давраи солҳои 2005-2015 такя менамояд.
Мо итминон дорем, ки зимни таҳияи Ҳадафҳои Рушди Устувор ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши бисёрсамтаи обро дар назар хоҳад дошт.
Аз нигоҳи мо, иловатан дигар ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳангшуда оид ба масъалаҳои об, ки тайи даҳсолаи охир аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул гардидаанд, бояд ба эътибор гирифта шаванд.
Фикр мекунам, ки дар рафти татбиқи ин ҳадафҳо мо метавонем лоиҳаву барномаҳои мушаххасро ҷиҳати ҳалли мушкилоти обии кишварҳои худ амалӣ намуда, ҳамаи хатару мушкилоти марбут бо об, ҳамчунин роҳу механизмҳои ҳалли минбаъдаи онҳоро дар сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ ҳамаҷониба муайян намоем.
Вобаста ба ин Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори қатъномаҳои муҳими Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид – Соли байналмилалии оби ошомиданӣ, 2003, Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013 бар он аст, ки вақти таҳияи “Диди глобалӣ дар соҳаи об” расидааст. Ба “Диди глобалӣ дар соҳаи об” мебояд, ки на танҳо ҳадафҳои стратегии дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда дар соҳаи захираҳои об, балки роҳҳову мавқеъҳои воқеии татбиқи ҳадафҳо роҷеъ ба обтаъминкунӣ, идораи захираҳои об ва таъмини амнияти вобаста ба об ворид карда шаванд.
“Диди глобалӣ дар соҳаи об” ҳамчунин бояд бо дигар стратегияҳо ва мавқеъҳои муосир нисбати ҳалли мушкилоти глобалӣ ва чолишҳои асри 21, аз ҷумла консепсияи “Иқтисоди сабз” ва Ҳадафҳои Рушди Устувор мутобиқ карда шаванд.
Муҳтарам иштирокчиёни Форум,
Дар хотимаи сухани худ мехоҳам бори дигар таваҷҷуҳи шуморо ба зарурати рушди ҳамкорӣ дар соҳаи об ба ҳайси қисмати калидии масъалаи таъмини амнияти вобаста ба об ҷалб намоям.
Тавре ки маълум аст, бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон кард. Ин сол барои ҳамоҳангсозии саъю талошҳо ва амалҳоямон ҷиҳати рушди муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ, таҳкими ҳамшарикӣ ва ҳамкорӣ дар ҳамаи сатҳҳо ва байни тамоми ҷонибҳои манфиатдор имконияти нодиреро медиҳад.
Дар рӯзҳои 20-22 августи соли равон дар пойтахти кишвари мо Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор мегардад.
Дар чорчӯби он мо имкон дорем, ки кӯшишҳои кишварҳои худро дар соҳаи об муаррифӣ карда, атрофи амалияи ҳамкорӣ ва ҳамшарикии самарабахш дар ҳалли масъалаҳои об, ҳамчунин дарёфти ҷавобҳо ба чолишҳои марбут бо об мубодилаи афкор намоем. Конфронси мазкур ба мушаххас гардонидани амалҳо ва механизмҳои татбиқи самараноки тавсияҳое, ки аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту чорабиниҳои Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва Форуми имрӯза пешниҳод мешаванд, нигаронда шудааст.
Бо истифода аз фурсат шуморо ба иштироки фаъол дар кори Конфронси Душанбе ва гузоштани нақши муассир дар амри расидан ба ҳадафҳои он даъват менамоям.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.13    №: 69-70    Мутолиа карданд: 644

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед