logo

мулоқотҳо

Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Чин

20 май дар шаҳри Пекин мулоқоту музокироти сатҳи олии миёни Тоҷикистону Чин баргузор гардид. Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар саҳни бинои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумӣ ҷараён гирифт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин истиқбол гирифта, ба минбари ифтихорӣ даъват намуд.
Маросими бошукӯҳи истиқбол бо саф кашидани горди фахрӣ, оркестри асбобҳои нафасӣ, гузориши фармондеҳи горд ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.
Дар оғози мулоқоти сатҳи олӣ  Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Си Ҷинпинро бори дигар ба муносибати ба мақоми олии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин интихоб шуданаш табрику таҳният гуфта, изҳор дошт: “Муносибот бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалияти тағйирнопазир дорад”.
Ҳамчунин таъкид гардид: “Муносиботи ҳасанаи ду кишвари ҳамсоя ба наздикии мавқеъҳо доир ба ҳамаи масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва мувофиқати устувори қавлу амали Чин дар рушди ҳамкории гуногунҷанба бо Тоҷикистон такя мекунанд”.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бо ишора ба заминаи мустаҳками қарордодию ҳуқуқӣ ва ҳусни боварию эътимоди дуҷониба изҳор дошт, ки “Ҷумҳурии Мардумии Чин минбаъд низ аз рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ва таҳкими асосҳои истиқлоли давлатии ин кишвари дӯсту ҳамсоя дастгирӣ хоҳад кард”.
Ба сатҳи стратегӣ баромадани муносиботи Тоҷикистону Чин дорои манфиати зиёд барои ҳар ду ҷониб номида шуд. Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки аз ин ба баъд дар таърихи муносиботи Тоҷикистону Чин марҳилаи нав оғоз ёфта, уфуқҳои васеи ҳамгироӣ боз мегарданд.
Бо қаноатмандӣ аз рушди босуботи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки ҳанӯз соли 2011 ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни ду кишвар аз 2 миллиард доллари амрикоӣ гузашта буд. Тавре зикр гардид, Чин ба сегонаи бузургтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон ворид шуда, ҳиссаи он дар сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар баробар ба 40% аст.
Ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, технологияҳои иттилоотӣ, илму техника, маориф, фарҳанг, ҷаҳонгардӣ ва ғайра изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, пешниҳод намуд, ки барои ба сатҳи стратегӣ расондани муносиботи ду кишвар Барномаи ҳамкории гуногунҷанба барои солҳои 2014-2019 таҳия ва қабул карда шавад. Ҳамчунин ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе -  Пекин зарур шумурда шуд.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба ҳамгироӣ дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ сурат гирифт. Дар ин робита таваҷҷуҳи зиёд ба масоили амнияти минтақавӣ ва дурнамои авзои Афғонистон, хусусан пас аз соли 2014, зоҳир гардид.
Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин даъват намуд, ки дар вақти барояш мувофиқ ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ, зимни маросими имзои санадҳо 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба истиқрори муносибатҳои шарикии стратегӣ;
Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкории иқтисодию техникӣ;
Протоколи ҳамкорӣ миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи назорати сифат ва карантини Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба талаботи фитосанитарӣ барои содироти меваҷоти тару тоза аз Тоҷикистон ба Чин;
Созишнома миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;
Созишномаи қарзӣ миёни Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон Амонатбонк ва Бонки давлатии рушди Чин;
Ду Созишномаи қарзӣ миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Чин дар бораи маблағгузории лоиҳаи “Шаҳри бехатар” оид ба идораи шабакаи автоматии роҳи мошингард ва лоиҳаи навсозии зеристгоҳи барқии 500 киловолтаи Регар;
Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Dong Ying Heli Investment and development co. Ltd – и Чин оид ба сохтмони корхонаи коркарди нафт дар ҷануби Тоҷикистон.
Тибқи созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию техникӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 200 миллион юан (32,2 миллион доллари амрикоӣ) грант ё худ кумаки бебозгашт расонда мешавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.13    №: 69-70    Мутолиа карданд: 571

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед