logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими оғози сохтмони роҳи оҳани Туркманистон - Афғонистон - Тоҷикистон, Туркманистон, 6 июни соли 2013

Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Маликгулиевич Бердимуҳаммадов!
Ҷалолатмаоби муҳтарам Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай!
Бинокорони арҷманд!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Мо имрӯз шоҳид ва ширкаткунандаи рӯйдоди таърихӣ ва дорои аҳамияти минтақавӣ ҳастем. Аз ин рӯз сар карда, орзуи чандинсолаи мардумони Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон, ки аз бунёди роҳи оҳани пайвасткунандаи се кишвари бародар иборат буд, ҷомаи амал мепӯшад. Ин рӯйдод, бешубҳа, дар саҳифаҳои таърихи ҳамкории халқҳои мо бо ҳарфҳои зарин сабт хоҳад гардид.
Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз мо, сарони се давлат, дар Ашқобод санади татбиқи амалии муштараки лоиҳаи имрӯзаро ба имзо расонида будем. Ва инак, имрӯз, яъне баъди дуюним моҳ, ба шарофати талошҳои пайгиронаи Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбангулӣ Маликгулиевич Бердимуҳаммадов мо бори дигар дар сарзамини зебои туркманҳо ҷамъ омадем, то ки ин маросими бошукӯҳи оғози бунёди роҳи нави оҳанро баргузор намоем.
Мо итминон дорем, ки ин шоҳроҳи ҳамкориҳо ва азми созандаи мамлакатҳои мо на фақат беҳтарин василаи ҳаракати мусофирон ва интиқоли борҳо, балки омили муҳими таҳкими дӯстиву бародарии мардумони кишварҳоямон хоҳад гашт.
Аҳамияти стратегии ин роҳ на танҳо аз нигоҳи боз ҳам бештар ба ҳам наздик гаштани кишварҳо ва мардумони мо, балки дар самти ҳалли як силсила масъалаҳои минтақавии иқтисодӣ, инфрасохторӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ низ комилан возеҳ мебошад.
Тавре таҷрибаву амалия собит месозад, дар ҷодаи рушди босуръат фақат давлатҳое ҳамаҷониба муваффақ мегарданд, ки миёни ҳамдигар роҳҳои хуб ва муосири иртиботӣ дошта бошанд. Гузашта аз ин, шабакаи роҳҳои мошингарду оҳан, ки аллакай бунёд ёфтаанд, ё худ сохта мешаванд, намунаи эҳёи воқеии Роҳи бузурги абрешим мебошанд.
Тасодуфӣ нест, ки роҳҳои оҳанро ба "рагҳои хунгард" ташбеҳ медиҳанд. Дар ин росто дар солҳои наздик ба истифода додани роҳи нави оҳан рушди муштараки устувори моро ба хотири ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии аҳолии кишварҳоямон, таҳкими робитаҳои арзишманди башарӣ ва албатта, боло бурдани сатҳи зиндагии шаҳрвандон имконпазир хоҳад кард.
Табиист, ки қад - қади роҳи нави оҳан ва алалхусус дар атрофи истгоҳҳои он ҳаёти сокинони маҳаллӣ ва заминҳои бекорхобида ободу зебо гашта, корхонаҳо, нуқтаҳои нави савдо ва шабакаҳои хизматрасонӣ ба фаъолият шурӯъ хоҳанд кард.
Ин роҳ барои мураттаб боло бурдани сатҳи зиндагии мардумонамон ва муҳайё шудани имконоту ҷойҳои ҷадиди корӣ шароити мусоид эҷод хоҳад кард, ки он, дар навбати худ, ҷиҳати рушди неруҳои созандаи кишварҳоямон заминаи мустаҳкаме хоҳад шуд.
Беҳуда нест, ки дар замони муосир масъалаи бунёди роҳҳои нави байнидавлатии оҳан, бемуболиға, аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарини ҳамкориҳои минтақавӣ ба шумор меравад. Агар минтақаи мо дар маҷрои равандҳои глобалию минтақавӣ, аз ҷумла дар масири роҳҳои транзитӣ, қарор гирад, пас ин ба таҳкими тамоюлоти ҳамгироӣ такони бузург бахшида, ин қаламравро ба иттиҳоди воқеии минтақавӣ табдил хоҳад дод.
Тоҷикистон, ба мисоли Туркманистону Афғонистон, ҷонибдори самимии ҳамкориҳои мукаммал ва судманди минтақавӣ мебошад. Зеро фақат эҷоди шароити мусоид барои ҳаракати озоди молу хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи корӣ имкон фароҳам месозад, ки дар солҳои наздик маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои минтақаи мо ҳадди ақал ду баробар афзоиш ёбад.
Зиёда аз ин, матлабе бебаҳс аст, ки Осиёи Марказӣ фақат ба ҳайси бозори ягона метавонад барои сармоягузорон ҷолиб ва муносиб бошад.
Агар дар бораи кишварҳои мо сухан равад, пас бояд тазаккур диҳем, ки солҳои охир миёни онҳо робитаҳои тиҷоратӣ бо суръати баланд густариш меёбанд. Бо бунёди инфрасохтори нақлиётиву транзитӣ рушди соҳаҳои гуногуни истеҳсолот тавсеа хоҳанд ёфт. Ва дар ин арса барои фаъолияти муштараки мо яқинан майдони васеъ вуҷуд дорад.
Мутмаинам, ки анҷоми сохтмони роҳи нави оҳан ва дар ояндаи начандон дур мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он ба мо имкон фароҳам хоҳад овард, ки ба сӯи ҳадафҳои созандаву дарозмуҳлатамон зудтар ва хубтар ҳаракат кунем.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ба дӯстам Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Маликгулиевич Бердимуҳаммадов барои даъваташон ҷиҳати ширкат дар ин чорабинии муҳими таърихӣ изҳори сипос менамоям. Ҳузури Ҷалолатмаоб, дӯсти мо, Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Ҳомид Карзай низ ба ин маросим шукӯҳи тозае зам кард.
Иҷозат фармоед, бад-ин васила ҳамаи мардумони кишварҳоямон ва аз ҷумла тамоми ҳозиринро ба муносибати ин рӯйдоди муҳим табрик гӯям ва ба ҳар яки шумо саломативу саодат ва дар кору зиндагиатон, аз ҷумла дар татбиқи амалии ин тарҳи муҳим барори кор орзу намоям.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.06.13    №: 80    Мутолиа карданд: 625

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед