logo

мулоқотҳо

Мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Гарлики Туркманистон

5 июн  дар   шаҳраки  Гарлики Туркманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон се мулоқоти судманд анҷом дод.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Ҳар ду ҷониб таъкид бар он доштанд, ки минбаъд низ ҳамгироии судбахши худро ба нафъи мардумони ду кишвар ва кулли минтақа густариш мебахшанд.
Дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай доир ба масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Афғонистон гуфтугӯй сурат гирифт.
Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои ҳалли масоили вобаста ба сохтмони роҳи оҳани  Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, татбиқи дигар лоиҳаҳои минтақавӣ, аз қабили хати барқии CASA-1000 ва густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ зоҳир гардид.
Табодули андеша, ҳамчунин доир ба таҳкими ҳамгироии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ду мамлакат, аз ҷумла барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади миёни ду кишвар ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддиру аслиҳаи оташфишон доир гашт.
Дар шаҳраки Гарлик, ҳамчунин мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Гурбангулӣ Бердимуҳаммадов баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории минтақавию ҷаҳонии се кишвари дӯсту ҳамсоя, аз ҷумла дар ҷараёни сохтмон ва ба баҳрабардорӣ расондани роҳи оҳани  Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон баррасӣ шуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.06.13    №: 80    Мутолиа карданд: 531

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед