logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат, шаҳри Душанбе, 4 июли соли 2013

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Рӯзи нуҳуми июл моҳи шарифи Рамазон - моҳи хайру эҳсон, некиву накӯкорӣ, файзу баракат ва раҳмату мағфират фаро мерасад. Ба ин муносибат тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи шумо ҳозирини муҳтарамро самимона табрик гуфта, бароятон дар ин моҳи муборак саломативу саодатмандӣ, сабру таҳаммул ва матонату порсоӣ орзу менамоям.
Ҳадафи вохӯрӣ бо шумо - намояндагони аҳли зиё, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, кормандони бахши иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳаллаҳо, инчунин ходимони ташкилоту иттиҳодияҳои диние, ки дар кишварамон фаъолият доранд, пеш аз ҳама, ташкили ҳарчи беҳтари корҳо дар самти ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ва арзишҳои фарҳангиву динӣ барои боз ҳам устувор намудани вазъи муътадили имрӯза ва пешгирӣ кардан аз ҳар гуна кӯшишҳои халалдор сохтани фазои динӣ ва сиёсии кишвар мебошад.
Бинобар ин, ки аксари мутлақи мардуми кишварамон мусулмон ҳастанд, инчунин бо дарназардошти вазъи бисёр ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир имрӯз мехоҳам бо арҷгузорӣ ба дини мубини ислом ва арзишҳои волои он таваҷҷуҳи шуморо ба баъзе масъалаҳои муҳими сиёсати давлатии мо оид ба озодии виҷдон ва анъанаву суннатҳои миллиамон низ ҷалб намоям.
Албатта, ҷойи ифтихор ва хушнудист, ки арҷгузории воқеӣ ба арзишҳои миллӣ ва динӣ, хусусан арзишҳои дини мубини ислом ва эҳёи суннатҳои беҳтарини таърихиву фарҳангӣ ба мо маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ муяссар гардид. Яъне истиқлолияти давлатӣ барои дарк ва решадор гардидани худшиносии милливу динӣ ва озодиву ифтихори миллӣ шароит ба вуҷуд овард. Ва дар навбати худ эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамчун омили муҳимтарини маънавӣ ба таҳкими истиқлолияти давлатӣ мусоидат намуд.
Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз ҷомеаи мо ба таъриху фарҳанг ва ойину суннатҳои миллии худ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад. Таваҷҷуҳ ба суннатҳои таърихӣ ва фарҳангиву динӣ аз ҷониби ин ё он халқ падидаи тасодуфӣ нест.
Дар ин масъала мо ҷонибдори гуфтугӯи тамаддунҳо ва муносибати дӯстонаи фарҳангҳо буда, бори дигар таъкид менамоем, ки ҳар як фарҳанг арзиши нотакрор дорад, онро бояд эҳтиром ва ҳифз намуд, инчунин инкишоф додани фарҳанги худ ҳуқуқ ва вазифаи ҳар халқ аст.
Фарҳанги миллии тоҷикон дар ҳамбастагӣ бо арзишҳои динии мо дар тӯли ҳазору чорсад соли охир ташаккул ёфтааст ва давлати дунявии мо ба ин даврони таърихӣ ҳамчун як ҷузъи таркибии таърихи фарҳанги миллӣ муносибат мекунад. Фарҳанги исломии мо ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ бисёр ҷиҳатҳои арзишманд ва зиндагисоз дорад, ки истифодаи дурусту оқилонаи онҳо метавонад барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар ва ҳифзу таҳкими сулҳу амнияти умумӣ ва суботи сиёсии мамлакат хизмат намояд.
Солҳои охир давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рушду инкишофи фарҳанги исломии ҷомеа як силсила тадбирҳоро ба анҷом расонид. Маҳз истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон дод, ки арзишҳои милливу динии худро эҳё намуда, ҳуқуқу озодиҳои шахсии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба озодии виҷдонро ҳамчун арзиши олӣ эътироф кунем ва кафолат диҳем.
Соҳибихтиёрии давлатӣ дар баробари бунёди давлати миллӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба эҳёи арзишҳои динӣ ва ормонҳои таърихии миллат мусоидат кард.
Бо мақсади гиромидошти нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи тоҷик таҷлил намудани 1310-солагии пешвои мазҳабамон Имоми Аъзам ва соли бузургдошти ин шахсияти бузурги олами ислом эълон шудани соли 2009, баргузории ҳамоиши байналмилалии "Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир", таҷлили ҷашну санаҳои таърихии мутафаккирон ва шахсиятҳои бузурги диниву фарҳангии халқамон, аз ҷумла Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ва дигарон аз ҷумлаи иқдомоти зикршуда мебошанд.
Илова бар ин, ҳамчун рӯзҳои иди миллӣ таҷлил гардидани идҳои Рамазон ва Қурбон, пойтахти фарҳанги исломӣ интихоб шудани шаҳри Душанбе, таъсиси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат, додани мақоми давлатӣ ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва як силсила тадбирҳои дигар дар сатҳи давлатӣ далели равшани гиромидошти фарҳанги диниву мазҳабиамон мебошад.
Силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ ва таърихиву мазҳабӣ ҳамчун омили муассири бунёди давлати миллӣ ба мо имкон дод, ки ба ниёзҳои мухталифи ҷомеаи муосирамон ҳамчун миллати куҳанбунёди дорои фарҳанги асили сиёсиву динӣ ва адабиву ахлоқӣ ҷавоб гардонида, ба ташаккули худшиносии миллии халқи Тоҷикистон ғизои маънавӣ бахшем.
Соҳибихтиёрии давлатӣ шароит фароҳам овард, ки дар баробари эҳёи арзишҳои маънавию мазҳабӣ ҳуқуқу озодиҳои динии шаҳрвандон дар низоми давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таври назаррас ҳифз ва таъмин гардида, дар кишвар фазои озоди андешаи динӣ ба вуҷуд оварда шавад.
Бо супориши Роҳбари давлат нахустин маротиба китоби Қуръони карим бо забони тоҷикӣ дар се давра ба теъдоди умумии беш аз 200 ҳазор нусха аз чоп бароварда шуда, ройгон ба мардум тақсим гардид.
Аз ҳисоби буҷети давлат ва Фонди эҳтиётии Президент даҳҳо миллион сомонӣ ба чопи китобҳои илмӣ, ахлоқӣ ва эътиқодии фарҳанги исломӣ ҷудо гардида, садҳо асарҳои гаронбаҳои таърихӣ, ки асрҳои дароз дар гӯшаи фаромӯшӣ монда буданд, аз ҷумла "Саҳеҳ"-и Имом Бухорӣ, "Муснад"-и Имоми Аъзам, "Эҳёи улуми дин" ва "Кимиёи саодат"-и Имом Ғаззолӣ ва дигар осори пурқимат чоп ва дастраси мардуми мусулмони кишвар гардонида шуданд.
Вале ҳамаи ин ҳанӯз кам аст. Аз ин лиҳоз, ба Кумитаи оид ба корҳои дин, Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки таҳия ва нашри осори бузургони гузаштаамон, аз ҷумла мероси гаронбаҳои Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ ва дигар шахсиятҳои маъруфро ҳарчи бештар вусъат диҳанд.
Имрӯз шумораи масҷидҳо аз 17 адади замони шӯравӣ ба беш аз чаҳор ҳазор расида, теъдоди ҳоҷиёни кишвар аз 30 нафар то ба 200 ҳазор афзоиш ёфт ва Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз рӯи теъдоди масҷидҳо вобаста ба шумораи аҳолӣ ба мақоми аввал баромад.
Имрӯз ҳатто дар як ноҳияи Тоҷикистон дар муқоиса бо пойтахти давлатҳои исломӣ вобаста ба теъдоди аҳолӣ шумораи масҷидҳо бештар аст. Мисол, дар ноҳияи Рӯдакӣ ё ноҳияҳои вилояти Хатлон ба 1600 нафар як масҷид рост меояд, вале дар пойтахти баъзе давлатҳои исломӣ барои аз 2 то 5 ҳазор нафар як масҷид вуҷуд дорад.
Ҳоло ба маблағи зиёда аз 350 миллион сомонӣ дар пойтахти кишварамон бо истифодаи васеъ аз санъати меъмории миллиамон масҷиди бузурге бунёд шуда истодааст.
Ҳамчунин имрӯз барои адои фаризаҳои динии пайравони мазҳаби исмоилия ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё гардида, дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе Маркази исмоилия амал мекунад ва 83 нафар халифаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тибқи талаботи қонун озодона фаъолият доранд. Дар замони сохти гузашта доир ба ин масъалаҳо умуман ягон иқдомро амалӣ кардан қариб, ки ғайриимкон буд. Ин аст шарофату баракати соҳибистиқлолӣ ва риояву татбиқи асли таҳаммулгароии мазҳаби ҳанафӣ.
Албатта, афзоиши теъдоди масоҷид ва иттиҳодияҳои динӣ нишонаи равшани таъмини озодии эътиқод ва шароити мусоид барои рушди фарҳанг ва ахлоқи динӣ мебошад.
Ҳамзамон бо ин, беш аз ҳад яктарафа рафтан ва барои ҳар як кӯчаву паскӯча, ҳар як маҳаллаву гузаргоҳ безарурат, аз рӯи риёву худнамоӣ бунёд намудани масоҷид ва ҷойҳои ибодатӣ метавонад эҳтимоли муноқишаҳои бемаврид ва тафриқаандозиро дар байни мусулмонон зиёд намояд ва ба ваҳдату суботи ҷомеа халал ворид созад, ки ин ба моҳият ва рисолати муттаҳидкунандаи ислом ва дигар динҳо созгор нест.
Ба ёд овардани ҳукми қуръонӣ оид ба ҳодисаи масҷиди Зирор дар замони пайғамбари Худо ва бо дарназардошти такроршавии чунин фитнаҳо дар таърихи уммати исломӣ бисёр сабақомӯз мебошад. Қуръони карим фармудааст: "Ва онҳое, ки масҷиди Зирорро, ки сабаби зиёну куфр ва тафриқаандозӣ миёни мусулмонон ва камингоҳ барои онҳое, ки қаблан бо Худо ва паёмбари ӯ ба ҷанг бархостанд, ихтиёр кардаанд ва сахт савганд ёд мекунанд, ки ҷуз қасди нек надоранд. Вале Худо гувоҳӣ медиҳад, ки онон дурӯғгӯ ҳастанд".
Рисолати таърихии дин ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқаандозӣ дар байни уммати мусулмон. Ба ин маънӣ Қуръони карим мефармояд: "Ва шумо ҳама ба ресмони Худо чанг занед ва пароканда машавед". Ё дар ҷои дигар таъкид месозад: "Эй мардум, ба дурустӣ, ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо сохтем, то ба якдигар шиносо шавед".
Даъват ба муттаҳидӣ ва ваҳдат дар дигар китобҳои осмонӣ низ борҳо таъкид шудааст, ки дарки мазмун ва муҳтавои он дар шароити кунунӣ барои пайравони ҳамаи динҳо аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Воқеият гувоҳи он аст, ки истиқлолияти давлатӣ ба рушди фазои озодии эътиқод такони ҷиддӣ дод. Аммо вақти он расидааст таҳлил намоем, ки ин озодиҳои эътиқодӣ ва ин арҷгузориҳои мазҳабӣ ба истиқлолияти давлатӣ, ба ҳувияти миллӣ ва суботи кишвар чӣ натиҷаҳо додааст. Мутаассифона, қиёс ва натиҷагирӣ аз ҳолати рушди фазои эътиқоди динӣ нигаронкунанда аст.
Ифротгароӣ ва таассубу хурофот, коштани тухми кинаву адовати диниву мазҳабӣ, маргталабиҳои динӣ, суиистифодаи ислом бо ғаразҳои сиёсии гурӯҳиву шахсӣ ва дигар аъмоли номатлуб, ки имрӯзҳо ба тамоюли хатарнок табдил ёфта истодаанд, моро водор месозанд, ки дар ин самт тадбирҳои қатъӣ андешем.
Тавре ки дар боло гуфтам, замоне, ки дар Тоҷикистон ягон маркази таълими динӣ вуҷуд надошт ва ҳамасола фақат ду нафар мадрасаи Бухороро хатм мекард, теъдоди ҳоҷиён ва масҷидҳо ангуштшумор буд, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ҳурмату эҳтироми волидайн ва калонсолон, таҳаммулгароӣ, тарбияи фарзанд дар рӯҳияи илмомӯзӣ ва дигар амалҳои нек хеле баланд буд. Вале имрӯз бо 4 ҳазор масҷиду 6 мадраса, як гимназияву як донишкадаи исломӣ, беш аз 7 ҳазор нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти динии дохиливу хориҷӣ ва 200 ҳазор нафар ҳоҷӣ дар ҷомеа хурофотпарастӣ ва ифротгароиву таассуб афзуда истодааст ва ҳатто зуҳуроти бисёр хатарноки терроризм ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи маълумот имрӯз зиёда аз 80 оила аз ҷумлаи шаҳрвандони мо дар минтақаи Вазиристони Ҷумҳурии Исломии Покистон қарор доранд. Шумо мақсади ба он ҷо рафтани одамонро хуб медонед. Гузашта аз ин, баъзе шаҳрвандоне, ки ба мартабаи ҳоҷӣ мушарраф шудаанд, даст ба ҷинояту қонуншиканӣ мезананд. Масалан, танҳо дар соли 2012 ва панҷ моҳи соли ҷорӣ 50 нафар ҳоҷиён ҷиноят содир кардаанд.
Мо бо умед чандин мадраса ва мактаби динӣ кушодем, ки фарзандони мо таълими дурусти динӣ гиранд, вале даҳҳо нафари онҳо ба ҷиноят ва амалҳои террористӣ даст задаанд, модар ва падари тоҷик бо умед фарзандонро ба кишварҳои исломӣ ба таҳсил равон кардаанд, вале ҷасади баъзе ҷавононро аз хориҷа оварданд ва баъзеи дигар бо ҷурми амалҳои террористиву ифротгароӣ дар кишварҳои хориҷӣ, инчунин дар худи Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Вобаста ба чунин ҳодисаҳо як масъаларо ба таври қатъӣ хотиррасон месозам: онҳое, ки ба чунин амалҳои зишт даст мезананд ва низоми мусоиди ҷомеаи шаҳрвандиро суиистифода менамоянд, бояд донанд, ки давлат дар баробари пешниҳоди ҳуқуқу озодиҳо ҳамчунин вазифадор аст, ки риояи талаботи қонунро назорат ва таъмин намояд.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки фарҳанги динӣ дар кишвари мо танҳо бо фарҳанги исломӣ маҳдуд намешавад. Имрӯз дар Тоҷикистон дину мазҳабҳои дигар низ мавҷуданд ва мо ба эътиқодоти диниву арзишҳои фарҳангии пайравони онҳо арҷ мегузорем. Зеро таҳаммулгароӣ омили мавҷудияти ҷомеаи шаҳрвандӣ, асли фарҳанги динии мо ва асоси таълимоти пири мазҳабамон Имоми Аъзам буда, барои ҳамкорӣ ва муколамаҳои густурдаи дину мазҳабҳои гуногун заминаи мусоиде ба ҳисоб меравад.
Тоҷикистони муосир дар асоси Конститутсия ва меъёри конститутсионии дунявияти давлат, инчунин бо истифода аз таҷрибаи таҳаммулгароии мазҳаби ҳанафӣ эҳтироми ҳаққи мавҷудияти ақидаву андешаҳои дигари диниро дар мизони арзишҳои умумибашарии озодии эътиқод роҳандозӣ намудааст.
Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ беш аз як фоизи мардуми кишварро пайравони адёни ғайриисломӣ ташкил медиҳанд, то имрӯз дар Тоҷикистон 75 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ ҷиҳати қонеъ намудани талаботи эътиқодии пайравони онҳо аз қайди давлатӣ гузаштааст. Ин нишондиҳанда им-рӯз нисбат ба аксари давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон баландтар аст. Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ ва дунявӣ минбаъд низ ба пайравони адёни дигар дар доираи талаботи қонун арҷгузорӣ намуда, ҳамзамон таъкид месозад, ки онҳо низ ҳамчун шаҳрвандони комилҳуқуқи кишвар дар баробари озодиҳои эътиқодӣ масъулияти ватандорӣ, риояи қонуният, ҳифзи сулҳу субот, амнияти кишвар ва ваҳдати миллиро ба дӯш доранд.
Таърих гувоҳ аст, ки тамаддуни асили исломӣ дар ҳамаи давру замонҳои рушду тараққии худ ҳамеша таҳаммулгаро буда, ҳамкориву муносибатҳои ҳасана ва дӯстонаи он бо фарҳангу тамаддунҳои дигар пайваста назаррас буд.
Ба андешаи олимони исломшиноси ҷаҳон маҳз ҳамин ҳамдигарфаҳмии созанда, таҳаммулгароӣ, муносибатҳои дӯстонаву ҳамзистиву ҳамкорӣ бо фарҳангҳои дигар исломро ҳамчун фарҳанги созанда муддатҳо ба тамаддуни пешрафтаи ҷаҳонӣ табдил дода буд.
Дар баробари ин, таҷрибаи бисёр кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон як нуктаро собит менамояд: маҳз дунявият шароит фароҳам меорад, ки фарҳанги миллӣ бо арзишҳои динӣ вобаста ба ниёзҳои ҷомеа рушду такомул ёбанд ва шаҳрвандон расму ойинҳоро озодона риоя карда, талаботи эътиқодии худро қонеъ созанд. Ин раванд, дар ниҳояти кор, ба вусъат ёфтани ҷаҳонбинӣ ва баланд гардидани сатҳи маънавиёти мардум мусоидат мерасонад.
Имрӯз барои мардуми мусулмони мо тамоми шароит муҳайёст, ки озодона ҳамаи фаризаҳои диниро ба ҷо оранд. Касе ба масҷидравию намозгузорӣ, рӯзадорӣ ва ҳаҷравии онҳо монеъ намешавад. Яъне озодӣ ҳамин қадар мешавад.
Халқи Тоҷикистон баъд аз соҳиб  шудан ба истиқлолият бо  такя  ба  фарҳанги  миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ роҳи  бунёди  давлати  соҳибихтиёр,  демократӣ,  ҳуқуқбунёд  ва  дунявиро  пеш гирифта, муносибати оқилона ва ҳамкории судманди давлати дунявиро  ба  дин  пазируфт,  ки  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  асоси  ҳуқуқии  онро ташкил медиҳад.
Бешубҳа, шинохти ҷойгоҳи дурусти дин дар фарҳанг ва мафкураи миллӣ метавонад ба истиқлоли сиёсӣ ва таҳкими асосҳои давлати миллӣ мусоидат карда, яке аз омилҳои муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ, тақвияти суботу оромӣ ва амнияту устувории ҷомеа гардад. Бинобар ин, мо ҳамеша арзишҳои диниро чун ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ пазируфта, ба рушди онҳо ҳамчун василаи муассири тарбияи ахлоқӣ муносибат мекунем.
Мояи ифтихор аст, ки миллати куҳанбунёди тоҷик дар баробари дигар халқҳои мусулмон дар рушди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ саҳми арзанда ва барҷаста гузоштааст. Чунонки шумо медонед, беш аз 60 фоизи аҳли суннат ва ҷамоат пайрави мазҳаби Имоми Аъзам ҳастанд, ки асосгузори мактаби бузурги фиқҳӣ мебошад.
Хоҷа Муҳаммад Исмоили Бухорӣ дар олами ислом ҳамчун поягузори илми ҳадис эътироф гардида, асари ӯ "Саҳеҳи Имом Бухорӣ" чун бузургтарин китоби динӣ баъд аз Қуръони карим шинохта шудааст. Фарзандони фарзонаи халқи тоҷик, аз ҷумла Муҳаммад Ҷарири Табарӣ, Замахшарӣ, Мотурудӣ, Қозӣ Абулайс, Абуҳафси Кабир, Умари Хайём, Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино, Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ, Наҷмуддини Кубро ва Баҳоваддини Нақшбанд дар рушди илму фарҳанг ва тамаддуни исломӣ нақши бузург гузоштаанд.
Мероси оламшумули олимони машҳури мо бахши асили фарҳанги ғании миллиамонро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, мо дар пешбурди сиёсати давлати соҳибистиқлоламон дар баробари дигар унсурҳои фарҳанги миллӣ ба рушди фарҳанги динӣ низ эътибори доимӣ медиҳем.
Чунки мо мехоҳем бо симои хоси милливу фарҳангии хеш ҷойгоҳи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кунем ва дар он мақоми шоиста дошта бошем. Дар ин самт мо дастовардҳои назаррас дорем ва дастгириву пуштибонӣ ёфтани ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон гувоҳи мавқеи устувори мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Вале, мутаассифона, баъзе гурӯҳҳо ва доираҳо ин сиёсати давлати моро дуруст дарк накарда, мехоҳанд фарҳанги бой ва рангоранги гузаштаву имрӯзаи халқи моро дар чорчӯбаи арзишҳои динӣ маҳдуд созанд ё онро бо арзишҳои эътиқодӣ комилан муқобил гузоранд, ки ин иштибоҳи маҳз аст. Ин арзишҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ба ҳам муқобил гузошт, баръакс онҳоро тибқи талаботи замон ва манфиатҳои миллӣ вусъат бояд бахшид.
Фаромӯш набояд кард, ки тоҷикон таърихи исботшудаи беш аз панҷҳазорсола дошта, ҳанӯз пеш аз зуҳури ислом соҳиби фарҳанги асил ва анъанаҳои қадимаи давлатдорӣ буданд. Ҳарчанд давлати тоҷикон дар тӯли асрҳо борҳо мавриди ҳамла ва фишори аҷнабиён қарор гирифта буд, вале ниёгони мо маҳз ба шарофати забон ва фарҳанги бузурги худ тавонистаанд анъанаҳои давлатдории хешро нигоҳ доранд ё онҳоро аз нав эҳё намоянд.
Беҳуда нест, ки донишмандони аврупоӣ фарҳанги тоисломии мардуми тоҷикро ба қатори фарҳангҳои меҳварие ворид намудаанд, ки он дар ташаккул ва рушди фарҳанги халқҳои дигар таъсири амиқ гузошта, дар пешрафти фарҳанги исломӣ низ нақши арзанда бозидааст.
Ҳарчанд ки гузаштагони мо баъд аз қабули дини ислом ба муҳити фарҳангии исломӣ дохил гардиданд, вале тавассути забону фарҳанг ва суннату анъанаҳои бостонии худ ҳувияти миллиашонро нигоҳ доштанд ва бо роҳи эҳёву ҳифзи забони модарӣ ва анъанаҳои миллӣ тавонистанд давлатҳои Саффориёну Тоҳириён, баъдан давлати мутамаркази Сомониён ва сипас давлати Ғуриёнро таъсис диҳанд.
Давлати муосири миллӣ дар заминаи ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ ва ҳувияти миллӣ арзи вуҷуд карда метавонад. Дар замони ҷаҳонишавии босуръат мо амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ, зиндагии орому осуда ва устувории пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамон вақт пура таъмин карда метавонем, ки барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ пайваста саъю талош варзем ва кӯшиш намоем, ки арзишҳои диниамон барои рушди давлатамон хизмат намоянд ва ба ҳаёти маънавии мо ранги тоза бахшанд.
Мо бояд ба наслҳои ҷавон, ки идомадиҳандаи рисолати бузургу таърихии давлатдориамон мебошанд, пайваста таъкид намоем, ки аз таассубу хурофотпарастӣ ва ифротгароиву тангназариҳои диниву мазҳабӣ дур бошанд. Инчунин мо вазифадорем, ки ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастии фарзандони худро тақвият бахшем, то ки онҳо арзишҳои фарҳанги ғаниву рангоранги гузаштаи миллати худро қадр намоянд.
Мо дар ин масъала аз таҷрибаи мусбати кишварҳои мутамаддин низ бояд ибрат бигирем. Масалан, аксари мардумони аврупоӣ то асри чаҳоруми мелодӣ, яъне то ҳукмрон гардидани дини насронӣ диёнатҳои бисёрхудоии ориёӣ-аврупоӣ доштанд. Ҳамчунин юнониёну румиён фарҳанги ғании илмиву фалсафӣ ва тамаддуни пешрафтае доштанд, ки он дар муҳити дини масеҳӣ заминаи асосии давраи Эҳё дар Аврупо гардид.
Имрӯз мебинем, ки аврупоиҳо фарҳанги томасеҳии худро инкор намекунанд ва ба кӯшиши муқобилгузории ин ду зинаи рушду таҳаввули фарҳангӣ даст намезананд. То замони интишори ислом гузаштагони халқи тоҷик низ дорои фарҳангу тамаддун, дину оини бостонӣ ва соҳибкитоб буданд. Бинобар ин, мо имрӯз набояд ба саҳифаҳои заррини таърихи чандинҳазорсолаи миллати худ аз рӯи таассуб ё ноогоҳии динӣ хати батлон кашем ва таърихи гузаштаи халқи хешро инкор созем. Чунонки мушоҳида мегардад, баъзеҳо арзишҳои бузурги ахлоқиву маънавии миллиро, ки дар ташаккул ва рушди фарҳанги мардумӣ то имрӯз нақши муайянкунанда мебозанд, нодида гирифта, мехоҳанд онҳоро ба арзишҳои динӣ муқобил гузоранд.
Дар арафаи Наврӯз баъзе сару садоҳо баланд шуданд, ки ин ҷашн моли фарҳанги мо нест. Муаллифони чунин мавод набояд фаромӯш кунанд, ки баръакс Наврӯз яке аз ҷашнҳои воқеан ва табиатан милливу мардумии мост ва бо ягон дину мазҳаб муносибат надорад. Чунин муносибати ғаразноку кӯтоҳназарона ба арзишҳои миллӣ, ки таърихан қадимтар буда, омили муҳими худшиносии афроди ҷомеа мебошанд, пояҳои фарҳанги давлатдории миллиро, бешубҳа, халалдор месозад.
Мо набояд аз ёд барорем, ки миллати мо кӣ буд ва тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ чӣ корҳоро кардааст. Зеро фаромӯш кардани таърихи пуршарафи халқ, дар ниҳояти кор, ба нестшавии рӯҳи миллат бурда мерасонад. Бузургони илми сиёсат беҳуда нагуфтаанд: "Барои он, ки миллатро нест кунӣ, бояд ӯро аз решаҳои таърихиаш, аз ҷумла забону фарҳангаш ҷудо созӣ".
Ман доим таъкид мекунам, ки вақте забону фарҳанги халқ аз байн рафт, давлат низ худ ба худ аз байн меравад. Таърих чунин мисолҳоро бисёр медонад. Аз ин рӯ, муносибат ба таърихи фарҳанг, ба таърихи тафаккури динии миллат ва расму оинҳои милливу динӣ низ ҷузъи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин буда, бояд дар чаҳорчӯби илм ва асли дунявият ҳақиқатнигорона арзёбӣ гардад.
Ман дар суханрониҳои худ аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ чандин маротиба иброз дошта будам, ки мо ба дини мубини ислом чун ба як сарчашмаи асосии маънавӣ ва рӯҳониву ахлоқӣ эҳтиром мегузорем, зеро ислом ба яке аз рукнҳои муҳими ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва ахлоқи ҷомеаи мо табдил ёфтааст.
Аз ин нуқтаи назар, мо бояд дини мубини исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем. Барои давлатдории муосири мо иттиҳоди тамоми мардуми кишвар ва дар асоси он ташаккул ва инкишоф додани ҳувияти ягонаи миллӣ сарчашма ва омили муҳими пешравии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ба ҳама маълум аст, ки аксарияти кулли мардуми Тоҷикистон, аз лиҳози эътиқоди динӣ мусулмон мебошанд ё ҳувияти фарҳангии худро ба он алоқаманд меҳисобанд. Аз ин рӯ, мо нисбат ба тақдири диндорӣ, озодии имону эътиқод ва инчунин масъалаи ташаккул ва рушди ҳувияти динии мардум бетараф буда наметавонем. Алалхусус дар шароите, ки дар баъзе кишварҳои исломӣ раванди сиёсисозии ислом ва алангаи низоъҳои таърихиву мазҳабӣ авҷ гирифта, хатари тавсеаи он ба тамоми олами ислом таҳдид дорад, мо бояд тозагии мазҳаби худро нигоҳ дорем ва зиракии сиёсиамонро тақвият бахшем.
Мардуми мо бояд хуб дар ёд дошта бошанд, ки мудохилаи берунӣ ба ин равандҳо барои ҷомеа чӣ оқибатҳои фоҷиабор дорад. Аз ин рӯ, бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.
Дини мубини ислом мардумро ба ваҳдату иттифоқ даъват карда, тафриқаву низоъро мазаммат менамояд ва онро иллати кинаву адоват ва заъфу пойбандии мусулмонон аз дигарон мешуморад. Худованди мутаъол дар Қуръони карим шахсони тафриқаандозро маҳкум намуда, паёмбари худ ва уммати исломро барои дурӣ ҷустан аз онҳо ҳидоят менамояд.
Дар ин хусус Қуръони карим чунин мефармояд: "Дар ҳақиқат касоне, ки динашонро пароканда сохтанд ва гурӯҳ- гурӯҳ гардиданд, ту ҳеҷ робитае ба онҳо надорӣ ва корашон танҳо ба Худост. Он гоҳ ба он чӣ анҷом медоданд, огоҳашон хоҳад кард". Дар ҳадиси расули Худо низ омадааст: "Бар шумо ягонагӣ ва парҳезгорӣ аз тафриқа воҷиб мебошад".
Эҳтиром намудани арзишҳои милливу динӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлати Тоҷикистон аст. Дар баробари ин, мо бояд стратегияи муносибати давлат ва динро дар мизони манфиатҳои мардуми кишвар, ҳуқуқ ва озодиҳои эътиқодии онҳо ва муҳимтар аз ҳама, ба хотири амнияту соҳибихтиёрии миллӣ дар доираи Конститутсия пайгирона такмил диҳем.
Мутаассифона, ҳикмат ва моҳияти ин ҳақиқатро на ҳама дуруст дарк мекунанд. Баъзе ашхос ва гурӯҳҳои муайян аз ҳуқуқу озодиҳои демократӣ суиистифода намуда, мехоҳанд ғаразҳои сиёсии худро аз мавқеи дин асоснок созанд.
Онҳо ҳамчунин бо даъвоҳои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои мусулмонон, ҳифзи асолат ва ҳувияти динӣ байни шаҳрвандони кишвар тухми тафриқаву низоъ кошта, ба мафкураи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд, суботи ҷомеа ва амнияти давлатро халалдор месозанд ва ҳатто мехоҳанд маҷрои инкишофи ҷомеаро тағйир диҳанд.
Онҳо на танҳо мухолифи талаботи қонуни давлат ва ахлоқи ҷомеа амал менамоянд, инчунин таъкидҳои қуръониро роҷеъ ба он, ки "фитна бадтар аз қатл аст", дарк намекунанд. Чунин ашхос сиёсати таҳаммулгароёнаи давлат ва тарбияи рӯҳияи миллиро аз тариқи эҳтиром гузоштан ба меросу анъанаҳои таърихии халқамон як навъ амали парастиши ниёгон ва беэътиноӣ ба ислом қаламдод мекунанд.
Мутаассифона, баъзе шахсони содда ва зудбовар фирефтаи суханони дурӯғини чунин бадхоҳону бадандешон мешаванд. Каломи осмонии Худованди якто - Қуръони азимушшаън муъминонро огоҳ кардааст, ки ба гуфтаҳои фосиқону мунофиқон бовар накунанд.
Чунончи Худованд дар ояти 6 сураи "Ҳуҷурот" мефармояд: "Эй касоне, ки имон овардаед, агар фосиқе бароятон хабаре овард, таҳқиқ кунед, мабодо аз рӯи нодонӣ ба мардуме осеб бирасонед, он гоҳ аз коре, ки кардаед, пушаймон шавед".
Ман бо камоли масъулият мегӯям, ки давлати Тоҷикистон ба ҳамаи динҳо эҳтиром мегузорад, вале ба хотири таъмини амният ва оромиву суботи ҷомеа пеши роҳи ҳама гуна ҷудоиандозиву тафриқаангезиро қотеъона хоҳад гирифт.
Мо бояд хуб дар хотир дошта бошем, ки давлати демократӣ ва дунявӣ ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ ва эътиқодиро эътироф мекунад ва кафолат медиҳад, вале ин ҳуқуқу озодиҳо касеро аз масъулият дар назди қонун ва неъмати истиқлолияти давлатӣ, таърихи миллат ва дигар манфиатҳои миллат ва давлати Тоҷикистон озод намесозад.
Ҳама гуна ҳуқуқ ва ҳама гуна озодиҳо аз чаҳорчӯби муқаддасоти миллӣ, ки Конститутсия ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ эътироф кардаанд, берун баромада наметавонад. Ин мазмун дар қонунгузории аксари давлатҳои мутамаддини миллӣ дарҷ шудааст ва Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлати мустақили миллӣ берун аз ин воқеият қарор дошта наметавонад. Хушбахтона, аксари мутлақи мардуми кишварамон ҷонибдори ин сиёсат ҳастанд, зеро хуб медонанд, ки ин ба манфиати миллат ва давлат аст.
Конститутсияи Тоҷикистон асли ҷудо будани ташкилотҳои диниро аз давлат ҳатмӣ шуморида, татбиқи онро барои пешгирӣ намудани мудохилаи манфиатҳои сиёсиву ғаразноки шахсӣ ва гурӯҳӣ ба озодии эътиқод шарти муҳими таъмини ҳуқуқи конститутсионии одамон ба озодии виҷдон меҳисобад.
Ба таври сунъӣ сиёсикунонии ислом дар масири таърих барои тамаддуни исломӣ ва мардуми мусулмон оқибатҳои фоҷиабор овардааст. Аз таърих медонем, ки суиистифода кардан аз дини ислом барои расидан ба ғаразҳои сиёсӣ ва мансабхоҳӣ ба задухӯрдҳои шадиди мазҳабӣ ва хунрезиҳо сабаб шудааст.
Баъзеҳо ҷудо будани иттиҳодияҳои диниро аз давлат ҳамчун тазод байни асли дунявият ва дин маънидод карда, бо ҳамин роҳ масъаларо ба мардум нодуруст шарҳ медиҳанд ва чунин мешуморанд, ки гӯё давлат динро аз ҳаёти ҷомеа берун мекарда бошад, ки ин комилан хатост. Ҳол он ки давлат ба дин ҳамчун як рукни асосии фарҳанги миллӣ муносибат карда, онро натанҳо аз ҳаёти иҷтимоии шаҳрвандони худ дур насохтааст, балки дар бахшҳои фарҳангӣ, маънавию ахлоқӣ ва иҷтимоӣ бо созмону иттиҳодияҳои динӣ ҳамкории наздик дорад ва ин яке аз хусусиятҳои асосии модели давлати дунявии мо мебошад.
Дини мубини ислом дар баробари рушду такомули низоми фарҳангиву маънавӣ дар ҷаҳонбинии бисёр халқу миллатҳо нақши муассир гузоштааст. Вале фаромӯш набояд кард, ки арзишҳои маънавию ахлоқии исломӣ дар тӯли таърихи мавҷудияти худ бар асари омилҳои сиёсӣ борҳо зери хатар мондаанд. Аммо донишмандон ва мутафаккирони динӣ ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки мардумро ба роҳи рост ва маърифати воқеии исломи муътадил раҳнамоӣ кунанд.
Аз ин лиҳоз, ба олимон ва ходимони дини мо зарур аст, ки барои таъмини амну осоиши кишварамон бо истифода аз имкониятҳои фикриву зеҳнии хеш дар ҳалли масъалаҳои мубрам саҳм гиранд, ҳамон тавре ки дар вақташ пири мазҳабамон Имоми Аъзам ва шогирдонаш мардумро ба амалҳои нек, таҳаммулгароӣ ва субот даъват мекарданд.
Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки анҷом додани корҳои ҷиддии таҳқиқотӣ доир ба мақом ва нақши ислом дар ҷомеаи муосир натанҳо масъалаи сирф илмӣ, балки иқдоми дорои аҳамияти муҳими амалӣ мебошад. Ҳарчанд ин масъала дар назари аввал содда менамояд, аммо дар асл бисёр мураккабу печида ва ҳассос аст. Вале чунонки мебинем, дар ин самт то ҳанӯз кори назаррасе анҷом дода нашудааст.
Аз ин рӯ, Маркази исломшиносӣ, институтҳои марбутаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафедраҳои ҷомеашиносии мактабҳои олӣ ва ҳамаи олимону донишмандони соҳаро зарур аст, ки корҳои таҳқиқотиро дар ин самт вусъат бахшида, ба аҳли ҷомеа асарҳои таҳлилии илмӣ пешниҳод намоянд.
Такроран хотиррасон мекунам, ки масъалаи хусусияти ифротгароӣ касб кардани баъзе равияву ҳаракатҳои исломӣ имрӯз ба яке аз мушкилоти ҷиддии олами ислом мубаддал гардидааст ва таъсири онро мо дар кишвари худамон низ эҳсос мекунем. Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 32 ҳодисаи ифротгароиву террористӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҷойи таассуф аст, ки имрӯз ҷаҳони ислом гирифтори низоъҳои қавмӣ ва мазҳабиву мафкуравӣ гаштааст.
Муборизаҳои геополитикӣ, аз як ҷониб ва мухолифатҳои қавмиву мазҳабӣ аз ҷониби дигар, дар қолаби муборизаҳои сиёсӣ тобишҳои гуногуни динӣ гирифтаанд. Дар заминаи ҳамин муборизаҳо дар олами ислом ҳизбу ҳаракатҳои диниву сиёсӣ ҳамчун василаи амалисозии манфиатҳои геополитикиву қудратҷӯёнаи давлатҳо фаъол шудаанд.
Вобаста ба ин, борҳо гуфта будам ва боз таъкид менамоям, ки ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард.
Зарур аст, ки ба истифодаи ислом бо чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифротгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд.
Дар ин росто, байти машҳуреро дар хотир бояд дошт, ки мегӯяд:
Ислом ба зоти худ
надорад айбе,
Ҳар айб, ки ҳаст, дар
мусулмонии мост.
Бузургтарин хатарҳое, ки ба ҷомеаи муосир таҳдид доранд, таассубу ифротгароӣ, терроризм ва бо мақсадҳои ғаразноки гурӯҳӣ ба тарзи сунъӣ сиёсӣ намудани ислом аст.
Ҳимояи ислом аз ин зуҳуроти номатлуб танҳо кори мақомоти давлатӣ нест, балки вазифаи асосии иттиҳодияҳои динӣ, Маркази исломии Тоҷикистон, Шӯрои уламо ва ҳар як донишманди улуми исломӣ низ мебошад. Зеро касе ҳаққи суиистифода аз эътиқод ва эътимоди динии мо ва махлутгардонии онро дар муборизаҳои шахсиву сиёсӣ надорад.
Ифротгароӣ ва таассуб дар ҳар шакл ба ҳар миллату давлат ва дину эътиқоди мардум хатари зиёд дорад. Ҳоло чунин расм шудааст, ки зуҳури таассубу ифротгароӣ ва терроризмро бештар ба бекорӣ ва бенавоиву камбизоатӣ нисбат медиҳанд.
Албатта, мо мефаҳмем, ки фақру бекорӣ барои зуҳури ифротгароӣ ва терроризм дар тамоми ҷаҳон шароити мусоид ба вуҷуд меоварад, вале бояд гуфт, ки мудохилаи хориҷӣ бо истифода аз сатҳи пасти саводу фарҳанг ва маърифати дунявию динӣ, нохудогоҳӣ, бетараф будан нисбат ба арзишҳои волои милливу динӣ дар замони муосир аз омилҳои асосии пайдоиш ва шиддат гирифтани ифротгароӣ гардидааст.
Мутаассифона, масъулони сохтору мақомоти давлатӣ, ходимони дин ва онҳое, ки дониши динӣ доранд, ба ин масъала на ҳамеша бо ҷиддият машғул мешаванд ва баъзе мавридҳо дар рафъи ин камбудиҳо камфаъолиятӣ ё ҳатто бепарвоиву бетарафӣ зоҳир менамоянд.
Ҷомеаи мо ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонист ва таъсири ҷараёнҳои ифротии навзуҳур тавассути шабакаи интернет ва дигар воситаҳои иттилоотӣ ба шуури баъзе ҷавонони ноогоҳи мо низ эҳсос мегардад. Як қисми ҷавонон дар пайравӣ аз ҳамин андешаҳои ифротӣ ҳатто арзишҳои миллиро аз нигоҳи маҳдуди худ ширку бидъат эълон кардаанд.
Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба таври возеҳ собит месозад, ки маҳз рушди илму технологияҳои муосир асос ва шарти муҳимтарини пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Бинобар ин, моро низ зарур аст, ки ба рушди иқтисодиву технологии кишварамон, тараққиёти илму маориф, тарбияи кадрҳо ва ҳарчи бештар ҷорӣ кардани техникаву технологияҳои муосир диққати махсус диҳем.
Вобаста ба ин, бояд таъкид намуд, ки муассисаҳои таҳсилоти динӣ дар баробари таълими динӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, азхуд кардани технологияҳои иттилоотӣ ва омӯзиши ихтисосҳои гуногуни дигарро низ ба роҳ монанд.
Дар иртибот бо ин, мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо боз ба як масъалаи муҳими суннатии ҳаёти ҷомеа ҷалб намоям. Дар фарҳанги мусулмонии мардуми Осиёи Марказӣ шахси доно, порсо ва таҳсилоти динидоштаро "мулло" мегӯянд. Имрӯз бошад, ҳар касеро, ки либоси рӯҳонӣ мепӯшад, сарфи назар аз сатҳи саводнокӣ ва тақводорияш "мулло" меноманд.
Чун сухан доир ба либоси ходимони дин рафт, мехоҳам як нуктаро таъкид созам. Ба фикрам, имрӯз вақти он расидааст, ки имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, ки масъулияти баландро дар тарбияи диниву ахлоқии мардум ба уҳда доранд, бояд худашон аз назари ботиниву зоҳирӣ ва, албатта, аз лиҳози саводу дониш ва ахлоқу маънавиёт дар ҷомеа намуна бошанд.
Имрӯз расм шудааст, ки баробари унвони муллоро соҳиб шудан баъзе шахсон ба амалҳое даст мезананд, ки қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ ҳисоб шуда, ному мартабаи шахси диндор ва мусулмонро доғдор месозад. Масалан, ба қарибӣ дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ҷинояте содир шуд. Шаҳрванд Абдураҳмонов Ҷаббор бо лақаби "Мулло Ҷаббор" 7 нафар ҷавононро гумроҳ намуда, ба онҳо талқин кардааст, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро кӯрхат мекунад ва касе аз корҳои анҷомдодаи ҷинояткорон огоҳ намешавад.
Дар натиҷаи чандин амали ҷинояткорӣ тавассути ин ҷавонони гумроҳ, ки мулло ба онҳо роҳбаладӣ намудааст, молу амволи шаҳрвандон ба маблағи қариб ду миллион сомонӣ дуздида шуда, аз ҷониби иҷрокунандагони ҷиноят ба мулло ба маблағи қариб дусад ҳазор сомонӣ музд пардохта шудааст.
Чанд сол пештар Собир Гиёеви 34-сола, сокини ноҳияи Восеъ, ки ӯро мардум бо лақаби "Мулло Собир" мешиносанд, бо як зан издивоҷ мекунад ва пас аз чанд муддат духтари хурдсоли ин занро, ки аз ӯ 27 сол хурд, яъне ноболиғи 12-сола мебошад, ба никоҳи худ дароварда, ба ҳамин роҳ ҷиноят содир кардааст ва аз рӯи парвандаи ӯ ҳоло тафтишот рафта истодааст. Ӯро имомхатиби масҷиди панҷвақтаи деҳаи Навободи ҳамин ноҳия Хӯҷамов Қурбонназар никоҳ кардааст.
Ҳолати дигари ба ҷинояти нанговар даст задани шахси дорои мартабаи ҳоҷӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бо роҳи фиреб ноболиғонро дар хонаи истиқоматии худ ба майнӯшӣ ҷалб намуда, дар ҳолати мастӣ бо роҳи зӯроварӣ ба номуси зани тоҷик гурӯҳӣ таҷовуз намудаанд, ки аз ин амали нафратовар як зани боиффат бадном гардидааст.
Моҳи феврали соли ҷорӣ дар ноҳияи Рӯшон шаҳрванд Ардабоев Собир бо лақаби "Шайх Собир" дастгир шуд, ки якҷо бо шахси қаблан ду бор судшуда 20 килограм маводи мухаддирро аз Афғонистон ба Тоҷикистон интиқол додааст.
Мисоли дигар. Аҳроров Мирғиёс, сокини шаҳри Истаравшан, худро ба мардум ҳамчун домуллои табиб муаррифӣ карда, нисбати як зани бемор ҳаракатҳои бадахлоқона содир намудааст ва тибқи Кодекси ҷиноятӣ аз озодӣ маҳрум карда шудааст.
Ё худ дигар сокини шаҳри Истаравшан Султонов Дилшод низ худро чун домуллои табиб муаррифӣ карда, дар муносибат бо як зани бемор, ки аз ӯ қариб 20 сол ҷавон аст, ба рафтори бадахлоқона роҳ дода, тибқи қонун ба маблағи 18 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шудааст.
Шаҳрванд Ашӯров Мусаям, сокини ноҳияи Рашт, дар хонаи истиқоматии худ дар шаҳри Душанбе дар ҳолати ғайрисанитарӣ ба таълими ғайриқонунии ноболиғон машғул шуда, яке аз шогирдони худро барои азхуд накардани сабақ бо роҳи сӯзонидан бо дарзмол ҷазо додааст.
Ё ин ки Пардаев Шералӣ, сокини ноҳияи Ёвон, ки ду бор бо гуноҳи нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ва қаллобӣ маҳкум шудааст, баъди озод шудан аз маҳбас дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод худро ба одамон ҳамчун табиби бисёр бемориҳо, аз ҷумла табиби бемориҳои нобиноӣ, безурётӣ ва бисёр бемориҳои дигар муаррифӣ карда, инчунин бо муллоӣ ва фолбинию ҷодугарӣ машғул шуда, молу пули зиёди мардумро азхуд кардааст, дар ҳоле, ки худаш то ҳанӯз гирифтори бемории нашъамандӣ мебошад.
Дар робита ба масъалаҳои зикршуда, ба Кумитаи оид ба корҳои дин ва Маркази исломии Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки ба масъалаи тозагии симои ахлоқиву маънавии ходимони дин эътибори ҷиддӣ диҳанд ва ҳамзамон бо ин, то охири соли равон сару либоси намунавии хатибони масҷидҳои ҷомеъро бо таҷассуми унсурҳои фарҳанги миллӣ қабул намуда, курсҳои бозомӯзии хатибонро тавассути ҷалби олимону донишмандони соҳа дар дохил ва хориҷ роҳандозӣ намоянд.
Мулло дар ҳар сурат, агар аз аҳли савод ва тақво бошад, набояд аз дин истифодаи моддӣ кунад ва динро воситаи касб дар зиндагии худ қарор диҳад. Қуръони карим возеҳан мегӯяд, ки намунаи диндории ҳақиқӣ адои рисолат ва иҷрои воҷиботи динӣ барои ҳар як муъмин, хосатан ходимони масҷидҳо ҳамчун ибодат барои ризои Худост ва подоши он низ дар дасти Парвардигор мебошад.
Худованд дар сураи Ҳуд, ояти 29-уми каломи осмонии худ мефармояд: "Эй қавми ман, барои ин рисолат подоше аз шумо дархост намекунам. Подоши ман ҷуз бар уҳдаи касе, ки маро офаридааст, нест. Пас оё намеандешед?".
Дар ислом бо меҳнати ҳалоли худ рӯзӣ ёфтан суннату пешаи пайғамбарон, намунаи олии пайравӣ кардан ва шарафи бузурги диндорист. Ислом меҳнати ҳалолро асл ва арзиши олӣ меҳисобад. Муҳимтар аз ҳама, шарафу каромати инсонро ба меҳнат марбут дониста, одамро ба сӯи касби муносиб ташвиқ ва тарғиб мекунад. Баракати Худо ба ҳаракати бандагон вобастагӣ дорад.
Дар ислом пешаеро касб кардан фарз аст; танҳо меҳнат рӯзии инсонро таъмин намуда, гадоиро аз байн мебарад, одамонро аз ҳамдигар бениёз ва дар як вақт қобилияту тавоноии дастаҷамъии онҳоро афзун месозад.
Ҳама пайғамбарону бузургони дин касбу ҳунаре доштанд ва тавассути ранҷу заҳмат нон мехӯрданд. Ҳазрати Довуд ҳангоми вохӯрӣ бо як кафшгар гуфтаанд: "Эй мард! Кор кун ва бихӯр, зеро Худованд касеро, ки кор кунад ва бихӯрад, дӯст дорад." Расули акрам аввал шуғли чӯпонӣ доштанду баъд тиҷорат кардаанд ва Имоми Аъзам низ тиҷорат кардаанд.
Мо аз зиндагиномаи ин шахсиятҳои барҷаста медонем, ки онҳо аз музду фоидаи ҳалоли худ ба ҳазорон нафар ниёзмандон кумак кардаанд. Деҳқонии Мавлоно Яъқуби Чархӣ ва мударрисии Имом Ғазолӣ ҳар яке мактаби бузурги заҳматкашӣ, покизагӣ ва ризқи ҳалолро мемонад, ки барои имрӯз манбаи сабақомӯзист. Аз ин рӯ, ходимони динро зарур аст, ки дар баробари дониши динӣ гирифтанашон касби муайянеро барои дарёфти ризқи ҳалол азхуд намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар баробари он ки мо аз назари ислом ба омӯзиши касбу ҳунар арҷгузорӣ менамоем, набояд аз ёд барорем, ки имомхатибони масҷидҳои ҷомеи кишварамон дар баробари қишрҳои мухталифи ҷомеа дар кори тарбияи маънавию динии мардуми Тоҷикистон нақши бориз доранд.
Таҷрибаи кишварҳои мусулмоннишин таърихан дастгирии молиявии давлатии онҳоро эътироф ва таъмин кардааст. Аз ин хотир, супориш дода мешавад, ки Вазорати молия, Кумитаи оид ба корҳои дин якҷо бо дигар сохторҳои марбута доир ба муқаррар кардани маоши расмии имомхатибони масҷидҳои ҷомеи кишвар аз моҳи январи соли 2014 чораҷӯӣ намоянд.
Имомхатибон ва уламои динӣ бояд, пеш аз ҳама, худашон намунаи ибрат бошанд, сатҳи донишу маърифати худро мунтазам баланд бардоранд, ҷонибдори пешрафту тараққиёт ва ташаббускори амалҳои неку созанда ба хотири ободии Ватан бошанд. Зеро чунонки имрӯзҳо, яъне дар замони пешрафти кайҳонии илму технология аз ҳаёти баъзе кишварҳои исломӣ мушоҳида мекунем, бе омӯзиши илму технология давлат тараққӣ намекунад, рушд намеёбад ва зиндагии мардум беҳ намешавад.
Баръакс, ходимони дин ва шахсиятҳои рӯҳонӣ дар ҳар як суҳбату амри маъруфи худ бояд ҷавононро дар баробари риояи ахлоқу одоби ҳамидаи инсонӣ ба омӯхтани илму дониш, аз худ кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва обод кардани Ватан даъват намоянд. Ин аз воҷиботи динӣ ва қарзи инсонии онҳост. Зеро ҷавонони мо ҳар қадар босаводу соҳибмаърифат, соҳиби касбу ҳунар ва огоҳу донишманд бошанд, ояндаи Ватан ҳамон қадар обод мешавад ва нерумандии давлат меафзояд. Ҳамчунин, дар хотир бояд дошт, ки Худованди мутаол омӯхтани илмро ҳам ба марди мусулмон ва ҳам ба зани мусулмон фарз гардонидааст.
Яке аз саҳобаҳои паёмбари киром фармудааст: "...Талаби илм ибодат аст, такрори илм тасбеҳ аст, омӯзонидани илм барои касе, ки намедонад, садақа аст, худро ба илм бахшидан ин қаробат ба Худованд аст. Роҳи омӯзиши илм роҳи ҷаннат аст…".
Имом Ғазолӣ дар "Эҳёи улуми дин" менависад: "Чизе, ки инсонро аз баҳоим, яъне ҳайвонҳо фарқ мекунонад, илм аст.".
Дар асри нави ҳазорсолаи сеюм дунё дигар мешавад ва инсоният ҳар рӯз кашфиёту ихтирооти нав мекунад, тайёраи бесарнишин ва автомашинаи беронанда месозад, вале мо бо масъалаҳое саргардон ҳастем, ки салла чӣ гуна бошаду ҷомаро чӣ гуна бояд пӯшид. Гӯё дар ҷомеа мушкилоти дигар вуҷуд надошта бошад.
Мо набояд гузаштаи таърихиро фаромӯш кунем, ки ҳамин зоҳирбиниву зоҳирпарастӣ уммати исломро аз пешрафту тараққиёт боздошта, қаламравҳои мусулмоннишинро пойбанду асири давлатҳои мутараққӣ гардонида буд. Дар ҳоле ки мусулмони таҳсилкарда бояд ҷавҳари таълимоти Каломуллоҳро доир ба хондан ва талаби маърифат, яъне омӯхтани илму дониш, ҳифзи марзу бум ва ба воситаи кашфиёту ихтироот ободу пешрафта гардонидани Ватан сармашқи зиндагии худ қарор диҳад.
Ҳамчунин ба хотир биёрем, ки тамаддуни ислом даҳҳо нафар олимони бузургро дар риёзиёт, улуми табиӣ, физика, нуҷум ва ғайра ба камол расонида буд. Гузашта аз ин, фаромӯш накунем, ки аввалин ояти ваҳйшудаи Худованд ба расулаш бо калимаи "бихон" оғоз мешавад, яъне "бихон ба номи Парвардигорат, ки ҷаҳонро офарид".
Вобаста ба ин, андешаҳоеро, ки чанде пештар гуфта будам, бори дигар хотиррасон ва таъкид месозам, ки хурофот ва таассубу ифротгароӣ ҷа-ҳолат ва торикист ва ба мардуми Тоҷикистон танҳо бадбахтӣ меорад, на чизи дигар.
Сабаби асосии ин омилҳои манфӣ бесаводӣ ва дур шудан аз илм аст. Бинобар ин, ба ҳамаи ходимони динӣ ва уламои исломӣ муроҷиат карда, бори дигар таъкид менамоям, ки ба мактабхониву илмомӯзии ҷавонону духтарон монеъ нашавед.
Ҳамчунин як масъалаи муҳимро фаромӯш накунед, ки вақте афроди миллат бесавод мемонанд, дар ҷомеа торикӣ доман паҳн мекунад ва мардум дар ҷаҳли мураккаб қарор мегирад. Дар робита ба ин, фармудаи Паёмбари исломро аз хотир набароред, ки гуфтааст: "Он, ки дар роҳе равад ва дар он илмеро ҷӯяд, Худованд барои ӯ роҳе ба сӯи биҳишт омода мекунад".
Бинобар ин, бори дигар таъкид месозам, ки ба илму донишомӯзии ҷавонон монеа эҷод накунед ва ба ризқу рӯзии онҳо зомин нашавед. Агар ҷавонони мо илм ва касбу ҳунар нагиранд, оянда давлатро кӣ соҳибӣ мекунад? Кӣ Ватанро обод месозад? Кӣ роҳу неругоҳ бунёд мекунад? Кӣ корхона месозад? Кӣ кашфиёту ихтироъкорӣ мекунад? Илму маориф, тиббу фарҳанг, саноату кишоварзӣ ва умуман зиндагии давлат ва ҷомеаро кӣ идора мекунаду пеш мебарад?
Вобаста ба ин, хотирнишон менамоям, ки акнун баъди дастаҷамъона сохтани масҷидҳо мо бояд мактабу беморхонаву дармонгоҳ, нақбу роҳҳои мошингард ва корхонаҳои саноатӣ созем, яъне Ватанамонро обод кунем ва зиндагии мардумро аз имрӯза беҳтару хубтар гардонем.
Аз фурсат истифода намуда, мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба як масъалаи муҳими ахлоқӣ, ки дини мубини ислом ва динҳои ҷаҳонӣ иҷро ва риояи онро аз воҷиботи имонӣ ва инсонии пайравонашон эътироф кардаанд, ҷалб намоям.
Ин масъала раҳму шафқат ва дастгирии муҳтоҷону ниёзмандон аст. Ислом дар қатори панҷ рукни асосии худ ба ятимону муҳтоҷон додани закот ва садақаву фитри рӯзаро аз рукни асосӣ ва сеюми асли мавҷудияти худ эътироф кардааст.
Мусулмони доранда бояд ба фоидаи эҳтиёҷмандон хайру саховат намуда, ҳиссаи муайяни моли худро ҳамасола садақа диҳад. Вале онҳое, ки доранда нестанд, додани садақаву закот ба онҳо ҷоиз нест.
Ояти 18 сураи ал-Ҳадид дар тарғиби садақот чунин мефармояд: "Дар ҳақиқат мардону занони садақадиҳанда ва ононе, ки ба Худо қарзи некӯ додаанд, эшонро подоши дучандон гардад ва аҷри некӯ хоҳанд дошт". Аммо барои ба низом даровардани садақоту хайрот, хосатан ба мақсади ба ниёзмандони ҳақиқӣ расонидани хайроти муъминон уламо ва ходимони масоҷиди кишварро лозим аст, ки бо омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи дигар кишварҳои исломӣ роҳу воситаҳои мувофиқи шаръиро ҷустуҷӯ намуда, мардумро ба корҳои хайр роҳнамоӣ кунанд.
Дар робита ба ин, бояд таъкид намуд, ки дастгирии ниёзмандон, махсусан ятимон, аз ормонҳо ва вазифаҳои динӣ буда, ба сарпарастӣ қабул намудани онҳо шараф ва савоби бузургро доро мебошад. Худованд ба воситаи Расули худ ба чунин сарпарастон башорат медиҳад: "Касе, ки ятими худӣ ва бегонаро сарпарастӣ намояд, ману ӯ монанди ин ду дар биҳишт мебошем."
Қуръони карим дар ояти 60 - уми сураи Тавба додани садақаро асосан ба фақирон, мискинон ва қарздорону мусофирон ҷойиз донистааст. Аҳодиси набавӣ садақаи фитрро барои камбағалону муҳтоҷон ва ятимону барҷомондагон муқаррар кардааст.
Имрӯз дар кишварамон тахминан 102 ҳазор наврасон ятим, 3800 нафар кӯдакон ятими пура, яъне бе падару модаранд ва 200 ҳазор оила камбизоат буда, ҳамагӣ ба гурӯҳҳое мансубанд, ки Худованд додани садақаро ба онҳо фарз гардонидааст.
Ба фикрам, ҳоло вақти он расидааст, ки иттиҳодияҳои динӣ дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ҷоннок намудани тарғиби дурусти пардохти садақаву хайрот чораҷӯӣ намуда, тавассути шахсони саховатманду хайрхоҳ ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоатро таҳти сарпарастӣ гиранд.
Ҷиҳати аз назари эътиқодӣ мақсаднок сафарбар шудани садақаи шаҳрвандон Маркази исломии Тоҷикистон, масҷидҳои ҷомеи марказ ва масҷидҳои ҷомеи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба ятимону муҳтоҷон ва оилаҳои камбизоат вобаста карда шаванд. Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ба номи ятимон суратҳисоби махсус кушода шудааст. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки фитри рӯза ва дигар кумакҳои моддӣ ба суратҳисоби онҳо гузаронида шаванд.
Ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, комиссияҳои доимӣ, Кумитаи оид ба корҳои дин ва Вазорати маориф, инчунин хатибони масҷидҳо ва уламои дин супориш дода мешавад, ки чунин ҳамкориву дастгирии молиявиро ба тариқи дастаҷамъона роҳандозӣ намоянд.
Ҳамчунин хотирнишон месозам, ки ташвиқу тарғиб ва фаҳмонидани тарзи ҳаёти солим ба мардум ва махсусан ба ҷавонону наврасон, пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ ва умуман қонуншиканӣ, аз роҳҳои хатарнок, махсусан нашъамандӣ ва дигар амалҳое, ки ба генофонди миллат зарба мезананд, вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи виҷдонии ходимони дин низ мебошад.
Яке аз рукнҳои асосии дини мубини ислом анҷом додани фаризаи ҳаҷ мебошад. Хотирнишон бояд кард, ки ба шарофати истиқлолият барои адои фаризаҳои динӣ, аз ҷумла сафари ҳаҷ, ҳамаи шароит муҳайё шудааст ва ҳамасола беш аз шаш ҳазор нафар шаҳрвандони кишварамон ба зиёрати ҷойҳои муқаддаси ислом мераванд.
Ҳамзамон бо ин, бояд гуфт, ки баъзе шахсон маросими ҳаҷро ба василаи худнамоиву зоҳирпарастӣ табдил дода, безарурат панҷ-шаш маротиба ва ҳатто зиёда аз ин ба ҳаҷ рафтаанд.
Худатон қазоват кунед, ки ин амали онҳо чӣ мантиқ ва чӣ ҳикмат дорад. Фикр мекунам, ки агар шахсони сарватманд ба ҷои худнамоиву зоҳирпарастӣ ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва шахсони муҳтоҷу дармонда дасти ёрӣ дароз кунанд, ба деҳа ё кӯчае об баранд, мактаб ё синфхонае созанд ва роҳеро обод кунанд, савобу аҷри бештаре хоҳанд гирифт. Бузургони мо беҳуда нафармудаанд, ки:
Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи
акбар аст,
Аз ҳазорон Каъба як дил
беҳтар аст.
Давлати Тоҷикистон ба маросими ҳаҷ ҳамчун яке аз рукнҳои панҷгонаи ислом эҳтиром мегузорад ва ба ин масъала эътибори хоса медиҳад, вале риояи талабот ва ҳикмати он, ки тавассути меъёрҳои шаръӣ муқаррар ва муайян шудаанд, шарт ва зарур аст. Ин амал бар касоне воҷиб аст, ки тавоноии рафтан ба сӯи онро доранд, гуфта мешавад дар ояти 97 сураи Оли Имрон.
Мутаассифона, мо бисёр ҳолатҳоеро медонем, ки шаҳрвандонамон бо вуҷуди шароити ногувори худ ва эҳтиёҷмандии пайвандонашон на як бору ду бор ба зиёрати хонаи Худо мераванд. Ҳатто бемороне, ки рафтан барои онҳо воҷиб нест, бо ҳар роҳу восита кӯшиш мекунанд ба зиёрати хонаи Худо раванд. Бинобар ин, Кумитаи оид ба корҳои дин, Маркази исломӣ ва уламову ходимони динро зарур аст, ки дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳиро ба таври ҷиддӣ ба роҳ монанд.
Ҳозирини арҷманд!
Шаш сол пеш мо бо мақсади ба низом даровардани баъзе расму ойинҳои мардумӣ, ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои молии шаҳрвандон, баланд бардоштани фарҳанги маъракаороӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ нахустин қонуни миллии кишвар - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо"-ро қабул кардем.
Вақт ҳамчун ҳаками бузург собит сохт, ки қабули чунин як қонуни бунёдӣ иқдоми саривақтӣ ва зарурӣ буда, ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва рафъи мушкилоти мардум мусоидат намуд, манфиатҳои мардуми кишварро дар шароити ҷаҳонишавии фарогир ва буҳронҳои пайдарпайи молиявию иқтисодӣ, гармшавии иқлими сайёра ва хушксоливу камобӣ, болоравии мунтазами нархҳои маводи озуқа дар доираи арзишҳои миллӣ, динӣ ва умумибашарӣ ҳифз кард.
Дуруст будани иқдоми моро ҳамин далел низ тақвият мебахшад, ки пас аз қабули қонуни мазкур дере нагузашта, он дар баъзе кишварҳои ҷаҳон низ ҳамовозӣ пайдо намуд ва боиси пайравӣ гардид.
Мо ҳамчун давлати иҷтимоӣ дар ҷустуҷӯи ҳалли мушкилоти мардум саъй намуда, аз фазои озоди ҷомеаи шаҳрвандӣ истифода кардем ва ҳаққи қонунгузории халқро дар давлати демократӣ дастгирӣ карда, ба қабули қонуне муяссар шудем, ки табиатан миллӣ ва мардумӣ мебошад.
Таҷрибаи таърихӣ собит менамояд, ки майлу хоҳиш ба карру фар, худнамоиву худхоҳии фардҳо ва гурӯҳҳо на як бору ду бор мушкилиҳои вазнинро ба дӯши тамаддунҳо ва давлатҳо ниҳодааст.
Аз ин рӯ, сарчашмаҳои диниву адабӣ ва ахлоқии халқҳои мутамаддину пешрафта сарфаю сариштакориро ба хотири тарбияи беҳтари инсон тарғиб намуда, исрофкорию худнамоиро маҳкум кардаанд. Ҳамаи китобҳои осмонӣ - Қуръону Инҷил ва Тавроту Забур сарфакориро таълим дода, инсониятро ба зиндагии орому муназзам ҳидоят кардаанд.
Дар ояти 185 сураи Бақараи Қуръони маҷид омадааст: "Худо барои шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад", яъне Худо халқ кард шуморо на барои он, ки зиндагиатон душвор гардад.
Бузургони илму адаби мо Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ғазолӣ, Саноӣ, Аттор, Саъдиву Ҳофиз, Носири Хусраву Мавлонои Румӣ исрофкорӣ, харҷи беҳуда, карру фарри зиёдатӣ ва нозидану болидан аз моли дунёро амали нохуб ҳисобида, хоксориву накӯкорӣ ва ёрӣ ба ниёзмандонро аз амалҳои муҳими инсонӣ ва имонӣ шуморидаанд.
Тавре ки чанде пештар дар суханронии худ дар вилояти Суғд гуфта будам, тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид айни замон аз 7 нафар аҳолии олам як нафар ҳамарӯза гурусна буда, ҳар рӯз тахминан 20 ҳазор кӯдакони синни то 5 - сола бо сабаби камғизоӣ ва гуруснагӣ ба ҳалокат мерасанд. Ҳоло беш аз як миллиард нафар аҳолии кураи замин мунтазам аз гуруснагӣ азият мекашад.
Ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба таҷрибаи даврони гузашта ва бо дарназардошти воқеияти зиндагӣ, яъне аз бори гарони зиёдаравӣ раҳо намудани мардум ва таъмини шароит барои зиндагии осудаи имрӯзу оянда ҳамин роҳро пеш гирифт.
Қонуни миллии кишвар, қабл аз ҳама шароити мусоиди баргузории маъракаҳоро фароҳам овард. Дар як муддати кӯтоҳ тӯйҳои домодию арӯсӣ ду баробар афзоиш ёфта, ҳазорҳо ҷавонписарону ҷавондухтарон, ки бо сабаби надоштани шароити молиявӣ хонадор шуда наметавонистанд, оила барпо намуданд.
Тӯйҳои домодию арӯсӣ, ки дар солҳои 2005 ва 2006 ҳар сол ба 50 ҳазор мерасид, дар соли 2008 ба 107 ҳазор ва солҳои баъдӣ ҳамасола аз 100 ҳазор гузашт.
Амалишавии қонун ҳамчунин ба нигоҳ доштани захираҳои пулии шаҳрвандон дар бонкҳо шароит фароҳам овард. Дар давоми шаш соли амали қонун захираҳои пулии мардум дар бонкҳо беш аз 20 баробар афзоиш ёфта, анъанаи гирифтани қарз ба хотири баргузории тӯю маросимҳо аз байн рафт ва шумораи воситаҳои нақлиёти шахсӣ тайи ин муддат ба маротиб зиёд гардида, истифода аз хизматрасониҳои иттилоотӣ ва мобилӣ дучанд шуд.
Шаҳрвандон имкон пайдо намуданд, ки ба беҳтар кардани шароити зист, бунёди манзилҳои истиқоматӣ, ободу зебо намудани хонаву кошона ва муҳимтар аз ҳама ба тарбияи фарзандони худ диққати бештар диҳанд.
Вобаста ба раванди татбиқи қонун мехоҳам як нуктаро махсус зикр намоям. Риояи талаботи қонуни миллӣ аз ҳар ҷиҳат ба фаъолияти ходимону уламои динии кишвар вобастагӣ дорад. Зеро аксари маросимҳои азодорӣ, ки ба шакли хурофот ва исрофкорӣ баргузор мегардад, бе иштироки қишри рӯҳонии мамлакат номумкин аст.
Қуръони карим "исрофкоронро бародарони шайтон шуморида", исрофкориву хароҷоти зиёдатиро манъ намудааст. Бинобар ин, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, кумитаҳои маҳаллаҳо, Кумитаи оид ба корҳои дин, Комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, Маркази исломии Тоҷикистон ва Шӯрои уламо, имомхатибони масҷидҳо ва ходимони дин, инчунин Прокуратураи генералӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки ҷиҳати тарбияи сарфаю сариштакории шаҳрвандон мунтазам чораҷӯӣ кунанд ва нисбат ба вайронкунандагони қонун тадбирҳои қатъӣ андешанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар оғози асри нав ҷомеаи башарӣ дар баробари мушкилоти зиёди молиявию иқтисодӣ ва экологиву табиӣ бо хатарҳои ҷиддӣ, аз ҷумла торафт доман паҳн кардану шиддат гирифтани ифротгароиву терроризм ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ рӯ ба рӯ гардидааст. Ва чунонки аз воситаҳои ахбори омма хабар доред, солҳои охир дар аксари мавридҳо ҷомеаи кишварҳои исломиро сабабгори бисёр мушкилоту таҳдидҳои зикршуда медонанд.
Дар чунин шароит мо вазифадорем, ки барои ҳифзи ҷомеа аз таъсири манфии ҳама гуна зуҳуроти номатлуби хатарзо, нигоҳ доштани сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва таъмину таҳкими амнияти давлат ва халқамон ҳамеша омода бошем.
Бовар дорам, ки дар чунин вазъи ҳассос дини мубини ислом бо арзишҳои олии худ, аз ҷумла дар самти тарбияи мардум дар рӯҳияи таҳаммулгароӣ ва тарғиби суботу оромӣ ҳамчун неруи муттаҳидкунандаи афроди миллат ва ҷомеа хизмат мекунад. Ва дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносии миллӣ ва ватандориву ватанпарастӣ нақши муассир мебозад.
Ҳамзамон бо ин, дар шароити торафт мураккаб гардидани авзои минтақа ва ҷаҳон рисолати ходимони дин аз он иборат аст, ки бо такя ба суннатҳои аҷдодии миллӣ ва таълимоти дини мубини ислом аҳли ҷомеаро ба ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ҳифзи амнияту суботи ҷомеа ва созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят намоянд ва дар амалӣ гардидани ҳадафҳои бузурги давлати соҳибистиқлоламон, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии он ва ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон саҳми шаҳрвандии худро гузошта, нисбат ба оромиву суботи ҷомеа ва рушди давлату миллат бетараф набошанд.
Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як роҳбар ва шахси масъул, фаъолони ҷомеаи кишвар, пеш аз ҳама, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кумитаҳои маҳаллаҳо, падару модарон, устодону омӯзгорон, олимону адибон ва умуман аҳли зиё, инчунин ходимони дин ва ҳар як фарди бонангу номус аз он иборат аст, ки арзишҳои олии фарҳанги милливу диниамон - некиву накӯкорӣ, адлу инсоф, хайру саховат ва дастгирии ятимону дармондагонро дар байни мардум, хусусан ҷавонон, мунтазам тарғиб намоянд.
Ҳамаи мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама, худамон намунаи нангу номуси ватандорӣ бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлати Тоҷикистон гирем, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту ватанпарвар бошем.
Мо бояд аз хотир набарорем, ки Худованд хушбахтии ҳар халқ ва ободии ҳар кишварро ба дасти худи ӯ вогузор кардааст. Ҳар миллате, ки мехонад, медонад, кӯшиш мекунад ва заҳмат мекашад, албатта, обод мешавад, зеро Қуръони карим фармудааст: "Худо ҳолатеро, ки ба қавме бошад, тағйир намедиҳад, то вақте ки онҳо (худ) он чиро, ки дар замирашон аст, тағйир диҳанд". Пас моро зарур аст, ки ба тағйир ва такмили замири худ дар хештаншиносиву ватандорӣ рӯ оварем.
Итминон дорам, ки бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон минбаъд низ вазифаи муқаддаси худро ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона иҷро намуда, ҳамаи саъю талош ва ҳиммату ғайрати худро барои ободии Тоҷикистони азизамон сафарбар хоҳед кард.
Дар охир ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон саломатӣ ва тавфиқу комёбиҳо орзу намуда, ба даргоҳи Худованди мутаол ва Офаридгори замину осмон дуо мекунам, ки амну амонии мулкамон, сулҳу суботи мардуми кишварамон ва хонаободии ҳар сокини Ватани маҳбубамонро поянда гардонад.
Ҳамаи моро ба роҳи рост ҳидоят намояд, мамлакати моро аз офатҳо нигаҳбон бошад ва раҳмату баракати худро ба ин сарзамин зиёда гардонад. Мардуми ин диёрро зиндагии орому саодатмандона насибу рӯзӣ созад, ҷавонони ин миллатро дар паноҳи худ нигаҳбон бошад ва ба онҳо тавфиқи зиндагӣ ато фармояд!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.07.13    №: 91    Мутолиа карданд: 620

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед