logo

сафарҳо

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Хатлон бобаракат буд

Марҳилаи дуюми таҷдиди роҳи
мошингарди Қурғонтеппа-Дӯстӣ ба поён расид

5 июл бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи дуюми роҳи мошингарди Қурғонтеппа-Дӯстӣ ба масофаи 18 км расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Тавре зикр гардид, таҷдиди ин қитъаи роҳ тайи як солу як моҳ бо харҷи 19 миллион доллари амрикоӣ маблағи грантии Ҳукумати Япония анҷом дода шуд.
Дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Қурғонтеппа навсозии роҳҳои дохилии шаҳр оғоз ёфт. Чунонки иттилоъ доданд, дар навбати аввал наздики 5 км роҳҳои мошингарди дохили шаҳр дар муддати кӯтоҳ таҷдид мешаванд.

Корхонаи "Ресанда"-и шаҳри Қурғонтеппа дубора эҳё гашт
5 июл дар ҶСК "Ресанда"-и шаҳри Қурғонтеппа бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳҳои нави ресандагӣ, бофандагӣ, рангу бори ришта ва матоъ, дӯхти либос ва ҷӯроббофӣ ба кор дароварда шуданд.
Тавре зикр гардид, ҶСК "Ресанда" аз соли 2007 ба ин сӯй бо сабаби кӯҳнаю фарсуда шудани техникаю таҷҳизот ва дар бозор рақобат карда натавонистан ҳамагӣ бо 15-20% иқтидораш фаъолият мекарду бас.
Аз ин сабаб имсол роҳбари корхона, соҳибкори маҳаллӣ Нусратулло Файзуллоев тасмим гирифт, ки дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ба роҳбарӣ гирифта, бо ворид намудани техникаю таҷҳизоти нав ба ин муассисаи бузурги истеҳсолӣ умри дубора бахшад.
Тавре аён гардид, имрӯз эҳёи тадриҷии корхона ба назар мерасад. Бо харҷи 6,5 миллион доллари амрикоӣ ба корхона таҷҳизоти нави технологияи муштараки Чину Кореяи Ҷанубӣ ворид шуд. Ҳамин тариқ фаъолияти ресандагӣ, бофандагӣ, рангу бори ришта ва матоъ, дӯхти либосвории гуногун ва бофтани ҷӯроб ва дигар ашёи трикотажӣ, аз қабили футболка, таҳпӯшҳои мардонаю занона ва ғайра ба роҳ монда шуд. Ба ин тартиб дар ин корхона коркарди нахи пахта то маҳсулоти тайёри ниҳоӣ, ки аз ҷумлаи супоришҳои доимии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст, ба назар мерасад.
Корхона бо иқтидори кунунияш дар як шабонарӯз метавонад 5-6 тонна матоъ, 5 ҳазор ҷуфт ҷӯроб, 1000 дона футболка ва тибқи фармоиши мизоҷон миқдори зарурии либосворӣ истеҳсол намояд. Дар маҷмӯъ имрӯз дар як шабонарӯз то 10 ҳазор тонна маҳсулоти тайёр истеҳсол мешавад. Дар як сол дар ин корхона аз 8,5 ҳазор тонна нахи пахта маҳсулоти тайёри ниҳоӣ тавлид мегардад.
Ҳоло дар ҳамаи коргоҳҳои корхона 650 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Танҳо дар коргоҳҳои дӯзандагӣ 315 мошини дӯхти либос васл гардидааст. Дар сурати дар ду баст ташкил намудани кор танҳо шумораи дӯзандаҳо ба 630 нафар хоҳад расид.
Тавре иттилоъ дода шуд, таҷдиди корхона, воридоти технологияи нав ва зиёд намудани ҷойҳои корӣ идома доранд. Дар марҳилаи дуюми навсозӣ, ки то тирамоҳи соли равон ба поён мерасад, шумораи коргарон ба 2,5 ҳазор нафар расонда хоҳад шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳибкори фаъол арзи сипос карда, фаъолияти ӯро намунаи ибрат номид.

Аквапарк дар деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар
5 июл дар Ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маркази нави бозию дилхушии обӣ-аквапарк ё худ парки обӣ мавриди истифодаи умум қарор гирифт.
Тавре зикр гардид, ин аквапарк бо як осоишгоҳи зебои замонавӣ дар 10 га замини соҳили рӯди Вахш аз ҷониби соҳибкорони маҳаллии ширкати "Эъмор" бо харҷи беш аз 20 миллион сомонӣ бунёд меёбад. То имрӯз барои омодасозии аквапарк ва оғози сохтмони биноҳои чорошёнаю шашошёна ва дигар иншооти ёрирасони осоишгоҳ беш аз 3 миллион сомонӣ сарф шудааст.
Чунонки иттилоъ доданд, дар аквапарк ва осоишгоҳи нави ин мавзеъ зиёда аз 200 нафар соҳиби кор ва маоши баланд хоҳанд шуд. Тавре аён гардид, шодию нишоти кӯдакону наврасонро аз ифтитоҳи ин маркази обии бозию дилхушӣ ҳадду канор нест. Дарвоқеъ аквапарк бо тарҳи хеле зебою назаррабо ва бо завқу салиқаи баланд сохтаву муҷаҳҳаз шудааст.
Хотиррасон бояд намуд, ки ин аквапарки муосир дар миёни шаҳрҳои Қурғонтеппаю Сарбанд дар ҳудуди ноҳияи Бохтар қарор дошта, аз он кӯдакону наврасони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ин минтақаи вилояти Хатлон метавонанд баҳравар гарданд.
 
Эмомалӣ Раҳмон
Чжао Ҷиро ба ҳузур пазируфт

5 июл дар шаҳри Қурғонтеппа Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ҳайати расмии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжао Ҷиро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба таҳким ва густариши минбаъдаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин баррасӣ шуданд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи амалии санадҳои сершуморе, ки миёни ду кишвар дар сатҳу зинаҳои гуногун ба имзо расидаанд, зоҳир гардид.
Изҳори боварӣ шуд, ки ба сатҳи шарикии стратегӣ расидани муносиботи Тоҷикистону Чин оғозбахши марҳилаи сифатан нави робитаҳои гуногунпаҳлуи ду ҳамсояи дӯсту бародар мегардад.

Арӯсиву домодӣ ва хатнасури
дастаҷамъона дар ноҳияи Вахш

6 июл дар ноҳияи Вахш низ дар пайравӣ ба иқдомоти башардӯстонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тӯйи хайрияи дастаҷамъонаи 10 ҷуфти навхонадорон ва 150 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд ороста шуд.
Ба ҳар яки онҳо низ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кумаки моддии яквақта ва туҳфаҳои арзишманди хотиравӣ тақдим гардид.
Ба 10 ҷуфти навхонадорон дар баробари телевизор, яхдон, мошини либосшӯйӣ, ҷиҳози хоб, қолин ва дигар ашёи рӯзгор 8 садякӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони хона дода шуд.

Мактаб-гимназия барои хонандагони болаёқат
дар ноҳияи Вахш мавриди истифода қарор гирифт

6 июл, бегоҳии рӯз, дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии Кӯлоби ноҳияи Вахш, ки аз ҷумлаи калонтарин хоҷагиҳои ин ноҳия ба шумор меравад, мактаб-гимназияи хусусии байналмилалӣ барои хонандагони болаёқат расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Тавре иттилоъ дода шуд, ин мактаб, ки бо 32 синфхонаи ҳамаҷониба муҷаҳҳаз барои 640 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ, роҳбари хоҷагии мазкур Қурбоналӣ Юсуфов бо харҷи беш аз 25 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.
Синфхонаҳои мактаб, вобаста ба фанҳои дарсӣ, бо компютерҳо, тахтаҳои электронӣ, дигар воситаҳои муосири таълимӣ, аз ҷумла барои ташкили дарсҳои фосилавӣ дар робита бо дигар мактабҳои дохил ва хориҷи кишвар муҷаҳҳаз мебошад. Барои дарсҳо аз фанҳои дақиқ, ба мисли физика, кимиё ва биология синфҳои озмоишӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ омода мегарданд. Барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ синфҳои лингафонӣ ҳам муҷаҳҳаз мешаванд. Барои дарсҳои ҳунаромӯзии писарону духтарон бошад устохонаҳои муҷаҳҳази дуредгарӣ, дӯзандагӣ, пухтупази хӯрок ва ғайра пешбинӣ шудаанд.
Толори маҷлисии мактаб дорои 200 ҷойи нишаст буда, имкон аст, ки дар он ҳар гуна маҳфилҳои илмию фарҳангӣ ва дилхушӣ ба роҳ монда шаванд. Ошхонаи мактаб ҳам бо 200 ҷойи нишаст дорои шароити хуби замонавӣ мебошад. Толори варзишии мактаб барои намудҳои гуногуни машқу тамрин ва бозиҳо, аз ҷумла фитнес ва тенниси рӯйи миз пешбинӣ шудааст.
Мактаб ҳамчунин дорои майдони калони варзишӣ барои футбол ва дигар бозиҳо буда, дар як паҳлуи он майдони тенниси калон ҳам бо тамоми шароити муосир бунёд ёфтааст. Майдони калони варзишӣ дорои 1,5 ҳазор ҷойи нишасти болопӯшида мебошад. Дар ҳудуди ин мактаб ҳавзи болопӯшидаи шиноварӣ низ сохтаанд, ки ба стандартҳои варзишии ҷаҳонӣ мутобиқ аст. Ҳамаи иншооти варзишии мактаб дорои шароити зарурӣ барои ташкил ва гузарондани мусобиқаҳои байнимактабии сатҳи ноҳия, вилоят ва ҳам ҷумҳурӣ мебошанд.
Хобгоҳи зебою муосири мактаб барои 400 нафар хонандаи ба ҷойи зист ниёздошта пешбинӣ шудааст. Дар он тамоми шароити будубоши шаборӯзӣ, дарстайёркунӣ ва истироҳату фароғат муҳайё мебошад. Беш аз 2,4 км роҳҳои дохил ва атрофи мактаб бо харҷи 2 миллион сомонӣ ободу мумфарш шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ, таҷҳизоти васлгардида ва омодасозии шароити таълимӣ, будубош ва истироҳату фароғат дар ин мактаб баҳои баланд дода, ба Қурбоналӣ Юсуфов ва ҳамаи онҳое, ки дар иҷрои ин кори воқеан пурсавоб саҳм гузоштаанд, арзи сипосу қадрдонӣ кард. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид дошт, ки хонандагон барои таҳсил дар ин мактаб бояд тариқи озмун аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҳам минтақаҳои дигари кишвар қабул карда шаванд. Тибқи ҳидоятҳои Президенти кишвар, роҳбарияти мактаб ва ҳам омӯзгорони он бояд омодагӣ ва касбияти баланди сатҳи байналмилалӣ дошта бошанд.
Дар майдони бошукӯҳи варзишии мактаб Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва намояндагони сершумори соҳаи маорифи вилояти Хатлон бо иштироки масъулони ҷумҳуриявии ин соҳа ва ҳамчунин роҳбарону фаъолони ноҳияи Вахш машварати корӣ доир намуд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба соҳибкори ин мактаби муҳташамро бунёднамуда ва ҳамаи соҳибкорони дигаре, ки мактабу иншооти дигари варзиширо бунёд намудаанд, арзи сипос кард.
Бо ёдоварӣ аз тадбирҳои сершумору муттасили Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи маориф дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Вахш аз масъулони соҳа даъват карда шуд, ки таълиму тарбияи насли наврасро дар сатҳу сифати баланд ба роҳ монанд.
Ҳамчунин доир ба рушди соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла кишоварзӣ, саноат, роҳсозӣ ва ғайра супориш дода шуд. Таъкид гардид, ки кишти такрорӣ ва истифодаи пурсамари ҳар ваҷаб замини корами обӣ васеъ ба роҳ монда шавад.
Президенти  кишвар Эмомалӣ Раҳмон мужда расонд, ки рӯзҳои наздик барои навсозии қисмати зиёди роҳҳои мошингарди маркази ноҳияи Вахш аз манбаъҳои ҷумҳурӣ маблағ ҷудо карда мешавад. Изҳори боварӣ шуд, ки дар идома додани таҷдиди роҳҳои маҳаллии мошингард соҳибкорон низ саҳми худро дареғ намедоранд.
Дар охири мулоқот миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли нишаст маҳфили тӯлонии пурсишу посух баргузор гардид. Зимни он ба пурсишу дархостҳои зиёди иштирокдорони мулоқот посух дода шуд.

Ифтитоҳи шифохонаи нави бемориҳои сил
дар вилояти Хатлон

7 июл боздиди кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои Бохтар, Вахш ва Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон идома ёфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш ташриф оварда, дар маросими тантанавии ифтитоҳи шифохона ва диспансери нави вилоятии бемориҳои сил иштирок намуд.
Зимни шиносоӣ бо шароити хуби ташхису табобати бемории сил, аз ҷумла зикр гардид, ки шифохона ва диспансери нави вилоятии бемории сил бо 8 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ва кумаки хориҷӣ бунёд ёфтаанд. Диспансери нав дорои утоқҳои муҷаҳҳази муоинаю ташхиси беморӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои ташхиси ултрасадоӣ, рентгени электронии рақамӣ ва ғайра ва шифохона дорои 60 кати хоб мебошад.
Танҳо дастгоҳи рентгени электронӣ, ки навтарин ва нахустин дар Тоҷикистон мебошад, бо маблағи 500 ҳазор доллари амрикоӣ харидорӣ шудааст. Ин муассисаи тиббӣ дорои утоқҳои физиотерапия, намакдармонӣ, қимиздармонӣ ва варзиши тиббӣ низ буда, ба талаботу стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардидааст.
Шифохона дорои шароити осоишгоҳӣ ва шабакаи ягонаи мустақили гармидиҳӣ мебошад. Заминаи моддию техникии махсус, ҳамчунин барои дарсҳо ва табобати фосилавӣ бо шаҳри Душанбе, шифохонаи Мачитон ва муассисаҳои дигари ин соҳа дар дохил ва хориҷи кишвар муҳайё гардидааст.
Шифохона хоҷагии хурди ёрирасон низ дорад, ки дар он чорво, аз ҷумла аспу говҳои ҷӯшоӣ барои гирифтани шир ва қимиз парвариш меёбанд. Ба раиси ноҳияи Вахш дастур дода шуд, ки барои зиёд намудани имконоти хоҷагии ёрирасони ин шифохона ба он замини иловагӣ ҷудо намоянд. Тавре таъкид гардид, яке аз давоҳои асосии бемории сил хӯроки хуби серғизо мебошад.
Дар шифохона ва диспансери нави вилоятии бемориҳои сил беш аз 80 нафар мутахассисони баландпоя ба кор ҷалб шудаанд.Чунонки зикр гардид, беморхонаи пешинаи вилоятии бемории сил  дар ноҳияи Бохтар қарор дошта, хеле фарсуда гардидааст.
Ба иттилои роҳбарони соҳа, сохтмони боз як бинои иловагии табобатӣ дар назди шифохонаи нави вилоятӣ бо 100 кат ва 2 шифохонаи дигар, яке бо 60 ва дигарӣ бо 100 кат дар ноҳияи Восеъ ва шаҳри Кӯлоб идома дорад.
Дар ҳамин шифохонаи вилоятии бемории сил Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сардухтурони муассисаҳои тандурустии вилоятӣ, минтақавӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқоти судманд анҷом дод.
 Сарвари  давлат  Эмомалӣ      Раҳмон бо ёдоварӣ аз шароити хубе, ки барои муоина, ташхис ва табобати беморон дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон муҳайё гардидааст, ҳозирин ва кулли олимону мутахассисони ин соҳаро ба муносибати ҷиддию ғамхорона бо ниёзмандон, омодасозии босифати кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла барои кор бо дастгоҳҳои навтарини замони муосир, даъват намуд.
Изҳори хушнудӣ шуд, ки солҳои охир Тоҷикистон аз кишвари ба хориҷа барои табобати шаҳрвандонаш муроҷиаткунанда ба давлати қабулкунандаи беморони хориҷӣ барои ташхису табобат табдил ёфтааст. Зикр гардид, ки танҳо соли гузашта беш аз 3 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон табобати босифат гирифтаанд.

Корхонаи коркарди тухмӣ дар ноҳияи
Бохтар фаъол шуд

7 июл дар Ҷамоати деҳоти "Сарвати Истиқлол"-и ноҳияи Бохтар корхонаи поксозӣ, лучсозӣ ва заҳролудкунии тухмии зироатҳои кишоварзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Тавре зикр гашт, бори нахуст чунин корхона дар вилояти Суғд фаъол гардида буд. Дар вилояти Хатлон, ки калонтарин минтақаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакории кишвар аст, ин корхона бо супоришу маслиҳати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо харҷи қариб 2,5 миллион доллари амрикоӣ бунёд ёфт. Ин корхона имкон дорад, ки дар як шабонарӯз то 32 тонна тухмии пахта ва 80 тонна тухмии ғалладонаро ба кишт омода созад.
Сарвари  давлат  Эмомалӣ    Раҳмон дастур дод, ки аз соли 2014 сар карда, танҳо тухмиҳои дар чунин корхонаҳо коркардшуда кишт шаванд. Таъкид гардид, ки аз ин ҳисоб ҳазорҳо тонна тухмӣ сарфа мешавад, зеро агар ҳозир дар як га замин аз 100 то 125 кг тухмии коркардношудаи пахта кишт шавад, аз тухмии коркардшуда 25 килограммаш барои як га кифоя аст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин мавзӯъро таҳлил намуда, изҳор дошт, ки "агар дар ҷумҳурӣ бо ҳамин роҳ 80 ҳазор тонна чигити пахта сарфа шавад, аз он 16-17 ҳазор тонна равған истеҳсол кардан мумкин аст". "Аз 15 ҳазор тонна чигит, ки  ҳар сол дар вилояти Хатлон кишт мешавад, дар сурати истифода аз тухмии босифати коркардшуда, 12 ҳазор тоннааш сарфа мешавад ва аз он имкон аст, ки 1600 тонна равған ва 7 - 8 ҳазор тонна хӯроки чорво истеҳсол шавад", - таъкид дошт Сарвари давлат.
Тавре зикр гардид, нархи тухмии дар чунин корхона омодашуда нисбат ба тухмии бекоркард ва тозанашуда, албатта, баландтар аст, вале аз ҳисоби сифат, самарабахшӣ ва сарфи ками тухмӣ ҳангоми кишт хароҷоти деҳқон кам ва манфиаташ хеле бештар мегардад. 
 Дар ин корхона 30 нафар аз аҳолии маҳаллӣ бо кор таъмин шуда, аз 400 то 800 сомонӣ маош мегиранд.

Ҷалолиддини Румӣ: 16 ҷуфт ба ҳам
пайваст ва 200 кӯдак хатнасур дошт

7 июл боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо иштирок дар тӯйи хайрияи дастаҷамъонаи 16 ҷуфти навхонадорон ва хатнасури 200 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд оғоз ёфт.
Ин маросими бошукӯҳ ва дар айни замон каммасрафи хайрия дар деҳаи Чапаеви Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ баргузор гардид.
Ба  ҳар  як  оилаи  ҷавон  аз   ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кумаки моддии хайрия ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гашт, ки аз телевизор, яхдон, мошини дӯзандагӣ, чангкаш, қолин ва дигар ашёи рӯзгор иборат аст. Ба кӯдакони хатнашавандаи оилаҳои ниёзманд бошад, сару либоси гуногун, дучарха, дигар бозичаҳои кӯдакона ва ғайра тақдим шуданд.
Базми шодию фараҳи дастаҷамъона, ки барои навхонадорон ва кӯдакони хатнашаванда ва ҳамчунин наздикону пайвандони онҳо барпо гардид, басо зебою хотирмон ҷараён гирифт. Нишоти бепоёни онҳо беш аз ҳама аз иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин базми хурсандиашон буд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сипас ба ошёнаи дуюми ҳамин бино баромада, ҳамчунин ба 359 нафар кӯдакону наврасон ва донишҷӯёни 7 ноҳияи вилояти Хатлон, ки аз падар ва ҳам модар ятим мондаанд, кумаки моддӣ расонд. Онҳоро аз ноҳияҳои Ҷалолиддини Румӣ, Ҷиликӯл, Қумсангир, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрави вилояти Хатлон ҷамъ овардаанд.
Ба наврасони аз синфи 7 боло ва донишҷӯёни ятим дар баробари дигар ашёи зарурӣ, яктоӣ планшет тақдим шуд. Ҳамин тариқ, тайи боздиди корӣ аз вилояти Хатлон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба 629 нафар ятимони бе падару модар кумаки моддӣ расонд. Ҳамчунин дар шаҳри Қурғонтеппа ва 3 ноҳияи ин минтақа ҷашни 46 ҷуфти навхонадорон ва 600 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд ба таври дастаҷамъона гузаронда шуд.
Сарвари  давлат  Эмомалӣ    Раҳмон бо назардошти ҳузур доштани роҳбарият ва масъулони бахшҳои иҷтимоии ноҳияҳои мазкур онҳо ва кулли мардуми саховатпешаро ба ғамхории доимӣ ба аҳолии ниёзманди кишвар, пеш аз ҳама ятимону бепарасторон, пирону барҷомондагон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва ғайра ҳидоят намуд.

Оғози сохтмони
корхонаи коркарди меваю сабзавот
ва ифтитоҳи филиали нави
"Тоҷиксодиротбонк"

7 июл дар деҳаи Чапаеви Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ҳамчунин сохтмони як корхонаи бузурги коркарди меваю сабзавот оғоз ёфт ва филиали "Тоҷиксодиротбонк" ифтитоҳ ёфт.
Дар ин филиали "Тоҷиксодиротбонк", ки дар ошёнаи якуми бинояш, мағоза низ мавҷуд аст, 20 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Зимни гузоштани санги асоси сохтмони корхонаи коркарди меваю сабзавот, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки он дар майдони 5 га замин бо иқтидори коркарди 10 тонна меваю сабзавот дар як шабонарӯз то моҳи сентябри соли 2014 бояд сохта, ба кор дароварда шавад.
Корхона бо харҷи беш аз 4 миллиону 100 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, дар он 205 нафар бо кор таъмин хоҳанд шуд.

Маркази хизматрасонӣ
дар хизмати мардум

7 июл дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як бинои сеошёнаи маркази хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Тавре зикр гардид, дар ин бино 150 нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Сарвари  давлат  Эмомалӣ    Раҳмон зимни боздид аз коргоҳи дӯзандагии он, ки дорои 40 мошини либосдӯзӣ аст, ба соҳибкорони соҳибмулк маслиҳат дод, ки ҳамаи толорҳои биноро пура ба коргоҳҳои дӯзандагӣ табдил диҳанд. "Дар ин сурат 500 ҷойи корӣ, асосан барои занону духтарони маҳаллӣ омода мегардад, ки  кори  хайру  савоб  хоҳад  буд",  - таъкид дошт Президенти  кишвар Эмомалӣ Раҳмон.

Мактаби нав оғӯш кушод
7 июл дар даромадгоҳи маркази ноҳияи  Ҷалолиддини  Румӣ  бо иштироки  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Зимни шиносоӣ бо шароити мактаб иттилоъ дода шуд, ки он бо 16 синфхона барои 800 нафар хонанда дар 2 баст пешбинӣ шудааст. Чунонки зикр гардид, ин мактаб аз ҳисоби буҷети маҳаллии ноҳия бунёд ёфта, мизу курсӣ ва бисёр ашёи дигари он аз корхонаҳои истеҳсолии ҳамин ноҳия харидорӣ шудаанд.
Сарвари  давлат  Эмомалӣ    Раҳмон дастур дод, ки дар назди мактаб боз як бинои таълимӣ бунёд намоянд ва синфхонаҳои махсуси фанҳои физика, кимиё, биология ва дигар фанҳои дақиқро бо олоту воситаҳои техникӣ ва озмоишӣ таъмин намоянд.

Нахустин дармонгоҳ ва шифохонаи хусусӣ
7 июл дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ дар ҳузури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахустин дармонгоҳ ва шифохонаи хусусӣ дарҳои худро ба рӯйи ниёзмандон боз намуд.
Зимни шиносоӣ бо шароити ин муассисаи тиббӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дармонгоҳи он дар як басти корӣ метавонад ба 150 нафар ниёзмандон хизмат расонад.
Шифохона дорои 110 кати хоб буда, дар ҳар ду ҷузъи ин муассиса беш аз 120 нафар кормандони соҳаи тиб бо кори доимӣ таъмин мешаванд.
Ин муассисаи тиббӣ бо техникаю таҷҳизоти муосири муоина, ташхис ва табобат муҷаҳҳаз буда, ба он мутахассисони баландпоя ба кор даъват шудаанд. Аз ҷумла шуъбаи ҷарроҳии он дорои дастгоҳе аст, ки бо он амалиёти ҷарроҳӣ бе буридани бадан танҳо бо сӯрох кардан анҷом дода мешавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.07.13    №: 91    Мутолиа карданд: 723

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед