logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул карда шудааст (Ахбори  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №9, мод. 68; мод. 69; №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4,    мод. 149; мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675; мод. 750; с. 2003, №8, мод. 456; мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346; №7, мод. 452; мод. 453; с. 2005, №3,     мод. 126; №7, мод. 399; №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод.3; №6, мод. 444; мод. 447; №10, мод. 803; №12, қ. 1, мод. 986; №12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80; №7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155; №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161; №7-8, мод. 605; с. 2012, №4, мод. 258; №7, мод. 694), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 2 моддаи 23, банди л) қисми 1 моддаи 62, банди г) қисми 2 моддаи 130, банди г) қисми 2 моддаи 131, банди д) қисми 3 моддаи 138, қисми 1 ва банди б) қисми 3 моддаи 179 ва қисми 1 моддаи 1791 калимаҳои "яроқ", "яроқи" ва "яроқнок" мутобиқан ба калимаҳои "силоҳ", "силоҳи" ва "мусаллаҳ" иваз карда шаванд.
2. Ба диспозитсияи қисми 1 моддаи 1792 пас аз калимаҳои "истифодаи онҳо" калимаҳои "барои таъминоти молиявии террорист ё ташкилоти террористӣ" илова карда шаванд.
3. Дар моддаи 180:
- матни модда қисми 1 ҳисобида шавад;
- қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"2) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарар ба саломатӣ ё дигар  оқибатҳои вазнин гардида бошад, -
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.".
4. Дар банди г) қисми 2 моддаи 181, банди г) қисми 2 моддаи 182, банди в) қисми 2 моддаи 183, банди г) қисми 3 моддаи 184 ва банди г) қисми 5 моддаи 1841 калимаи "яроқ" ба калимаи "силоҳ" иваз карда шавад.
5. Дар қисми 4 моддаи 1842:
- ба банди б) пас аз калимаҳои "бо маслиҳати пешакӣ" калимаҳои "ё гурӯҳи муташаккил" илова карда шаванд;
- банди г) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"г) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошанд;";
- банди г) банди д) ҳисобида шуда, дар он калимаи "яроқ" ба калимаи "силоҳ" иваз карда  шавад.
6. Дар қисми 4 моддаи 1843:
- ба банди б) пас аз калимаҳои "бо маслиҳати пешакӣ" калимаҳои "ё гурӯҳи муташаккил" илова карда шаванд;
- банди г) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"г) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошанд;";
- банди г) банди д) ҳисобида шуда, дар он калимаи "яроқ" ба калимаи "силоҳ" иваз карда  шавад.
7. Дар эзоҳи моддаи 185, қисми 1 моддаи 188, ном ва бандҳои б), г) қисми 1 моддаи 1944, ном ва қисми 1 моддаи 1945, ном, қисмҳои 1, 3, 4 ва эзоҳи моддаи 195, эзоҳи моддаи 1951, ном ва қисмҳои 1, 4 моддаи 196, ном ва матни моддаи 197, ном ва қисмҳои 1, 2 моддаи 198, ном ва қисмҳои 1,2 моддаи 199, банди а) қисми 3 моддаи 237, банди в) қисми 4 моддаи 249 ва банди в) қисми 4 моддаи 250 калимаҳои "яроқашро", "яроқи", "яроқ", "яроқи ҳамвормили шикорӣ" ва "Яроқи" мутобиқан ба калимаҳои "силоҳашро", "силоҳи", "силоҳ", "силоҳи суфтамили шикорӣ" ва "Силоҳи" иваз карда шаванд.
8.  Дар моддаи 262:
- қисми 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"1) Анҷом додани амалиёти молиявӣ ё аҳдҳои дигар бо маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё молу мулки дигар, ки баръало даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда мебошанд, бо мақсади рӯйпӯш ва пинҳон намудани сарчашмаи  ба даст овардани ин молу мулк ва ё  мусоидат намудан ба ҳар гуна шахсе, ки дар содир намудани ҷиноят иштирок намудааст, то ки ӯ тавонад аз ҷавобгарӣ барои кирдорҳои содирнамудааш саркашӣ намояд, инчунин рӯйпӯш ё пинҳон кардани хусусияти аслӣ, маҳали ҷойгиршавӣ, тарзи ихтиёрдорӣ, ҷойивазкунӣ, ҳуқуқ ба молу мулк ё мансубияти он, ҳамчунин ба даст овардан, соҳибӣ кардан, истифода бурдан ё ихтиёрдории  чунин молу мулк, -
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин муҳлат ҷазо дода мешавад.";
- дар банди 2) эзоҳ калимаҳои "маблағҳои пулӣ ё арзиши молу мулке" ба калимаҳои "даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардае" иваз карда шаванд;
- банди 3) эзоҳ хориҷ карда шавад;
- ба эзоҳ бандҳои 3), 4), 5), 6) ва 7)  бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"3) Даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда - ҳама гуна молу мулке, ки бевосита ё бавосита дар натиҷаи содир намудани ҷиноят ба даст оварда шудаанд.
4) Агар даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда қисман ё пура ба дигар молу мулк табдил дода шуда бошанд ё ба шакли дигар гардонида шуда бошанд, он гоҳ чунин молу мулк мусодира карда мешавад.
5) Агар даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда  ба молу мулки аз сарчашмаҳои қонунӣ гирифташуда ҳамроҳ карда шуда бошанд, он гоҳ бе расонидани зарар ба ҳар гуна ваколатҳои марбут ба манъ ё ҳабси он қисми молу мулк, ки ба арзиши даромадҳои ҳамроҳшуда мувофиқ меояд, мусодира карда мешавад.
6) Нисбат ба фоида ё дигар манфиатҳое, ки аз  даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда аз молу мулке, ки даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ба он табдил дода шудаанд ё ба шакли дигар гардонида шудаанд ё аз молу мулке, ки ба он  даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда  ҳамроҳ карда шудаанд, гирифта шудаанд, чораҳои дар моддаи мазкур зикршуда бо ҳамон тарз ва дараҷае, ки нисбат ба  даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда  пешбинӣ шудаанд, татбиқ карда мешаванд.
7) Маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ва дигар молу мулке, ки   бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудаанд,  инчунин фоида ё дигар манфиатҳое, ки аз ин даромадҳо ба даст оварда шудаанд, бо тартиби пешбининамудаи моддаи 78 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодира карда мешаванд.".
9. Дар қисми 2 моддаи 289, банди а) қисми 2 моддаи 297, банди б) қисми 3 моддаи 316, ном ва матни моддаи 326, банди в) қисми 2 моддаи 365,  банди б) қисми 2 моддаи 369, банди б) қисми 2 моддаи 370, банди г) қисми 2 моддаи 373, қисми 3 моддаи 375, ном ва матни моддаи 382,  ном ва матни моддаи 384, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 386, ном ва қисми 1 моддаи 387, қисми 2 моддаи 388, ном ва қисми 1 моддаи 393, ном ва матни моддаи 397, матни моддаи 399 ва матни моддаи 405 калимаҳои "яроқи", "яроқ", "яроқе" ва "сариштакунии яроқ" мутобиқан ба калимаҳои "силоҳи", "силоҳ", "силоҳе" ва "нигоҳдории силоҳ" иваз карда шаванд.
10. Қисми 3 моддаи 402 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"3) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар:
а) бо ҳуҷуми мусаллаҳона;
б) аз тарафи гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад;
в) боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад, -
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе 13 июни соли 2013, № 966


Қарори
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     Ш.ЗУҲУРОВ
ш.Душанбе, 20 марти соли 2013,  №1107

 


Қарори
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"- ро баррасӣ намуда, қарор  мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    М.УБАЙДУЛЛОЕВ
ш.Душанбе,12 июни  соли 2013, №495


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.06.13    №: 87-88    Мутолиа карданд: 784

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед