logo

энергетика

Ҳисобкунакҳои кортӣ - ҷавобгӯи талаботи замон

Дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ёвон,  шаҳри Сарбанд ва гурӯҳи  ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон насби ҳисобкунакҳои нави электронии кортӣ оғоз шудааст. Акнун мизоҷон маблағи истифодаи қувваи барқро пешпардохт карда, ба исрофи ин неруи созанда роҳ намедиҳанд.
Хабарнигори «Ҷумҳурият» Мирзои Фирӯз оид ба рафти насб кардани ҳисобкунакҳои нави барқӣ бо Қурбон Ҳайдаров, директори Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Шабакаҳои барқии Ёвон» ҳамсуҳбат шуд.

- Чӣ зарурат пеш омад, ки ба насби ҳисобкунакҳои электронии намунаи нав гузаштед?
- Мо аз аввали сол ба насби ҳисобкунакҳои электронии кортӣ шурӯъ кардем. Ба таври таҷрибавӣ дар 3 бино, ки 150 ҳуҷра дорад, ин гуна воситаҳои ченкунии қувваи барқро анҷом додем. Корхона ҳисобкунакҳо ва ҳам ноқилу воситаҳои ҳимоявиро аз ҳисоби худ васл кард.
Бартарии ҳисобкунакҳои нав дар он аст, ки корхона барқро ба мизоҷон насия намедиҳад. Агар мизоҷ барои 150 кВт маблағ гузаронда бошад, пас аз сарфи 130 кВт баробари 20 кВт дар суратҳисоб боқӣ мондан ҳисобкунак соҳибхонаро хабар медиҳад, ки барои истифодаи минбаъда маблағ пардохт намояд. Зеро баъди пура масраф гаштани маблағ интиқоли барқ худ аз худ қатъ мегардад.
Алҳол дар корхона 2 ҳазор адад  ҳисобкунаки электронии кортӣ  мавҷуд аст, ки бо хоҳиши мизоҷон дар ҳуҷраю ҳавлиҳо ва идораю муассисаҳо насб карда мешаванд.
Эътимод ба истифодаи ҳисобкунаки электронӣ  қавӣ аст. Дар сипарҳои тақсими барқ ҳар кадоми онҳо дорои ду асбоби пешгирисозандаи садама дорад. Бартарии дигари асбобҳои ченкунии нав дар он аст, ки дар ҳуҷраю ҳавлиҳо, корхонаю муассисаҳое, ки чунин ҳисобкунак гузошта шудаанд, ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқ аз байн меравад, яъне дуздии неру хотима меёбад.
- Бо насби ҳисобкунакҳои нав ва ба берун баровардани ҳисобкунакҳои қаблӣ фарқият дар ҷамъоварии маблағи қувваи барқи истифодабурда дида мешавад?
- Фарқият калон аст. Ҷамъоварии изофаи маблағи истифодаи барқ ҳар моҳ 15- 20  фоизро ташкил медиҳад. Қариб дар ҳама ҷамоатҳои деҳот аз дохили хонаҳо ба берун баровардани ҳисобкунакҳо ба охир расидааст. Чунин шаффофият имкон медиҳад, ки пеши истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ гирифта шавад.
- Ба тирамоҳу зимистони пешомад чӣ гуна омодагӣ дида истодаед. Дар ин масъала  ШСХК «Барқи тоҷик» ёрӣ мерасонад?
- Вазифаи масъулиятноке, ки дар назди коркунони шабака истодааст, ин омодагӣ ба фаслҳои тирамоҳу зимистони 2013 – 2014 мебошад. Тавре маълум аст, қисмати зиёди симчӯбҳо ва пояҳои оҳану бетонии интиқоли барқ 20-25  сол боз иваз карда нашудаанд. Ноҳияи мо минтақаи саноатии кишвар маҳсуб меёбад ва ҳар сол чандин корхонаю ташкилоти нав бунёд мегардад. Ҳамаи онҳоро бо қувваи барқ таъмин кардан зарур аст. Бар замми ин, тибқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ноҳия ба 1500 оила хонаҷо дода шудааст, ки ҳамаи онҳо ба кашидани хати қувваи барқ ниёз доранд. Маҳз, дар ин масъала ба мо ШСХК «Барқи тоҷик» мадад расонда истодааст. Соли гузашта 150 адад пояҳои оҳану бетонӣ дар се моҳи соли ҷорӣ бошад, дар хатҳои 6 – 10 кВт 100 дона пояҳои нав шинондем. Баробари ин ноқилҳо ва қисмҳои фарсудаи трансформаторҳоро  иваз карда истодаем. Ҳоло як мушкилот дар тавозуни хоҷагиҳо ва идораю муассисаҳои фалаҷгашта будани трансформаторҳо садди пешравии кор гашта истодааст. Ин масъала агар пурра ҳал мегардид, ташвиши мо кам ва бебарқии аҳолӣ коҳиш меёфт.
- Масъалаи талаботи корхона ба мутахассисони баландихтисос роҳи ҳалли худро меёбад?
- Дар корхонаамон алҳол зиёда аз 190 нафар фаъолият дорад, ки аксарияташ мутахассиси соҳа мебошад. Ҳар сол  ба мо 3-5 мутахассиси нав мефиристанд, ки  дар истеҳсолот муваффақона кор мекунанд. Пеш аз ҳама мутахассисони навро ба қитъаҳои асосӣ сафарбар намуда, бо ин роҳ мушкилоти мавҷударо ҳал менамоем.

Шарҳи Нозирҷон ЁДГОРӢ, сардори Маркази матбуоти Ширкати саҳомию холдингии кушодаи «Барқи тоҷик».
- Ширкати саҳомию холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» бо мақсади сарфаҷӯӣ, коҳиш додани талафоти энергияи барқ ва сари вақт ҷамъоварӣ намудани маблағи барқи истифодашуда аз соли 2011 тасмим гирифтааст, ки тамоми таҷҳизоту асбобҳои барқии кӯҳнашуда ва муҳлати истифодаашон гузаштаро бо таҷҳизоту асбобҳои барқии нави замонавӣ иваз намояд.
Дар ҳамин раванд, то имрӯз дар шаҳри Душанбе тибқи лоиҳаи «Кам кардани талафоти неру» ба тамоми гурӯҳи муштариён 167 ҳазору 768 адад ҳисобунаки барқии электронӣ насб карда ва боз 45 ҳазор адад ҳисобкунаки нав харид шудааст.
Дар шаҳрҳои Кӯлоб, Сарбанд, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ёвон насби ҳисобкунаки барқии кортӣ идома дорад. Таъмини мизоҷон бо чунин ҳисобкунакҳо як чанд афзалият дорад, аз ҷумла:
- пеши роҳи истифодабарии ғайриқонунии энергияи барқ гирифта мешавад;
- истифодабарандаи энергияи барқро водор мекунад, ки онро сарфакорона истифода намояд;
- сатҳи ҷамъоварии маблағи барқ баланд мешавад, чунки муштарӣ маблағи барқро пешпардохт менамояд ва танҳо дар ҳаҷми маблағи пардохт намудааш қувваи барқро истифода менамояд. Баробари тамом шудани маблағ интиқоли қувваи барқ қатъ мегардад;
- ниёз ба хидмати назоратчиён намемонад ва баъзе нофаҳмиҳое, ки имрӯз дар байни назоратчиён  ва муштариён ба вуқӯъомада, боиси муроҷиати мизоҷон ба мақомоти давлатию воситаҳои ахбори омма мегардад, аз байн мераванд ва ғайра.
Ширкати «Барқи тоҷик» ният дорад, ки корро дар ин самт идома диҳад ва пешбинӣ шудааст, ки дар вақтҳои наздик дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ҳисобкунакҳои индуксиониро бо ҳисобкунакҳои электронӣ иваз намояд. Инчунин, Ширкати «Барқи тоҷик» бо мақсади сарфаҷӯии энергияи барқ, пешгирии ҳодисаҳои истифодаи ғайриқонунии он ва нороҳат насохтани муштариён ҳангоми азназаргузаронии ҳисобкунакҳо зерсохторҳои худро вазифадор намудааст, ки аз ҳисоби худ ҳисобкунакҳои барқии муштариёнро аз дохили манзили зист ва корхонаҳо ба берун  бароранд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.13    №: 95    Мутолиа карданд: 1164

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед