logo

мулоқотҳо

Оғози сафари кории Президент ба ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав

20 июл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи корхонаи коркарди нафт ба ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав сафар кард.

Боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияҳои ин водии зарнисор бо шиносоӣ бо фаъолияти ибратбахши деҳқонони хоҷагии Ҳайдар Мирови ноҳияи Ҳисор оғоз ёфт. Дар ин ҷо, асосан ба ҳосили фаровони ҷуворимакка барои дон, ки аз тухмии нави навъи пионер 31N27 гибрид F1 ба даст омадааст, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Тавре иттилоъ дода шуд, деҳқонони хоҷагӣ аз ин навъи тухмӣ беш аз 120 - сентнерӣ дони ҷуворимакка аз ҳар гектараш рӯёнданианд. Ба гуфтаи мутахассисон, дар ҳолати дуруст ба роҳ мондани коркарди пурраи агротехникӣ аз ин навъи тухмӣ то 140 - сентнерӣ дон аз ҳар гектар ҷамъоварӣ кардан мумкин аст.
Сарвари  давлат  Эмомалӣ     Раҳмон ба масъулони соҳаи кишоварзии кишвар дастур дод, ки истифода аз чунин тухмиҳои серҳосил ва умуман таҷрибаи пешқадами деҳқонону мутахассисони асил дар тамоми ҷумҳурӣ паҳн карда шавад.
Тавре зикр гардид, аҳли заҳмати ин хоҷагӣ асосан бо сабзавоткорӣ ва истеҳсоли хӯроки чорво машғул буда, дар парвариши дигар зироатҳо низ таҷрибаҳои ибратбахш касб намудаанд. Масалан, аз ҳар гектар  картошкаи барвақтӣ то 340 - сентнерӣ ҳосил гирифтаанд, ки барои ин мавсим ва ин минтақа нишондоди рекордӣ будааст.
Кишти такрорӣ низ дар ин хоҷагӣ васеъ ба роҳ монда мешавад. То имрӯз дар майдони 34 гектар  кишти дубораи зироатҳои ба ин мавсим мувофиқ ба роҳ монда шудааст.
Ба гуфтаи роҳбарияти ноҳия, нишондодҳои соҳаи кишоварзӣ имсол дар тамоми ноҳия баланду умедбахшанд. Масалан, дар ҳоҷагии Баракати чорводори ноҳия аз ҳар гектари пиёзи барвақтӣ 800 - сентнерӣ ҳосил гирифтаанд, ки ин ҳам дастоварди хеле баланд аст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.07.13    №: 98-99    Мутолиа карданд: 535

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед