logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (ҚИСМИ ЯКУМ)

Моддаи 1. Ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум), ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 1999 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №6, мод. 153; мод. 154; с. 2001, №7, мод. 508; с. 2002, №4, қ. 1, мод. 170; с. 2005, №3, мод. 125; с. 2006, №4, мод. 193; с. 2007, №5, мод. 356; с. 2010, №3, мод. 156; №12, қ. 1, мод. 802; с. 2012, №7, мод.700; №12 қ. 1 мод 1021), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар банди якуми қисми 2 моддаи 48 калимаҳои "истеҳсолӣ ва матлубот" ба калимаҳои "тиҷоратӣ ва кооператсияи матлубот" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 50:
- дар қисми 2 калимаи "истеҳсолӣ" ба калимаи "тиҷоратӣ" иваз карда шавад;
- ба қисми 3 баъд аз калимаи "кооперативҳои" калимаҳои "ғайритиҷоратӣ, кооператсияи" илова карда шаванд.
3. Ҷумлаи якуми қисми 3 моддаи 56 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Намояндагию филиалҳо шахси ҳуқуқӣ набуда, бо қарори мақоми дахлдори шахси ҳуқуқӣ, ки онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи шахси ҳуқуқӣ муайян намудаанд, таъсис дода мешаванд.".
4. Дар қисми 4 моддаи 62 калимаи "матлубот" ба калимаи "ғайритиҷоратӣ" иваз карда шавад.
5. Дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи 71, қисми 2 моддаи 99, қисми 2 моддаи 115 калимаи "истеҳсолӣ" ба калимаи "тиҷоратӣ" иваз карда шавад.
6. Дар номи §3 боби 4 калимаи "ИСТЕҲСОЛӢ" ба калимаи "ТИҶОРАТӢ" иваз карда шавад.
7. Дар моддаи 118:
- дар номи модда калимаи "истеҳсолӣ" ба калимаи "тиҷоратӣ" иваз карда шавад;
- қисми 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"1. Кооператив - иттиҳодияи мустақил ва ихтиёрии бо тартиби муқарраргардида бақайдгирифташуда мебошад, ки дар асоси узвияти шахсон бо мақсади қонеъ намудани талаботи муштараки иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар талаботи онҳо, инчунин саъю кӯшиши шахсони мазкур тавассути муттаҳидкунии молу мулк (аъзоҳаққии саҳмӣ) ва таъсиси ташкилоти ба таври демократӣ идорашавандаи молу мулки якҷоя таъсис дода мешавад.
Кооперативи тиҷоратӣ ташкилоти тиҷоратӣ буда, мутобиқи оиннома асосан ба шахсони сеюм хизмат мерасонад. Даромади софи кооперативи тиҷоратӣ метавонад дар байни аъзои он тибқи тартиби  муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооперативҳо" ва оинномаи кооператив тақсим карда шавад.";
- дар қисми 2 калимаҳои "истеҳсолӣ", "қонун дар бораи кооперативҳои истеҳсолӣ" ва "масъулияти иловагӣ" мутаносибан ба калимаҳои "тиҷоратӣ", "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооперативҳо" ва "масъулият" иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаҳои "истеҳсолӣ "ё "артел"" ба калимаи "тиҷоратӣ" иваз карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаи "истеҳсолӣ" ба калимаи "тиҷоратӣ" ва калимаҳои "қонун дар бораи кооперативҳои истеҳсолӣ" ба  калимаҳои  "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооперативҳо" иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 119:
- дар номи модда ва қисми 1 калимаи "истеҳсолӣ" ба калимаи "тиҷоратӣ" иваз карда шавад;
- аз қисми 2 калимаҳои "дар бораи хусусият ва тартиби иштироки меҳнатии аъзои он дар фаъолияти кооператив ва масъулияти онҳо барои риоя накардани ӯҳдадорӣ дар мавриди иштироки шахсии меҳнатӣ;" ва "иловагии" хориҷ  карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаи "панҷ" ба калимаи "се" иваз карда шавад.
9. Дар моддаи 120:
- дар номи модда ва қисми 1 калимаи "истеҳсолӣ" ба калимаи "тиҷоратӣ" иваз карда шавад;
- қисми 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"4. Фоидаи кооператив дар байни аъзояш мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооперативҳо" ва оинномаи кооператив тақсим карда мешавад. Молу мулке, ки пас аз барҳам додани кооператив ва қонеъ гардонидани талаботи кредиторони он боқӣ мемонад, дар байни аъзои он мутаносибан бо саҳмашон тақсим карда мешавад.".
10. Дар моддаи 121:
- дар номи модда калимаи "истеҳсолӣ" ба калимаи "тиҷоратӣ" иваз карда шавад;
- дар қисми 1:
- банди якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Дар кооперативи дорои шумораи зиёда аз сад аъзо Шӯрои нозирони кооператив таъсис дода мешавад, ки он фаъолияти раёсати кооперативро назорат мекунад.";
- дар банди дуюм ҷумлаи якум хориҷ карда, калимаи "Онҳо" ба калимаҳои "Раёсати кооператив" иваз карда шавад;
- дар банди сеюм калимаҳои ", инчунин раиси кооператив", "ё раиси" хориҷ карда шуда, калимаҳои "Шӯрои", "метавонад" ва "раёсат" мутаносибан ба калимаҳои "Аъзои шӯрои", "метавонанд" ва "раёсати" иваз карда шаванд;
- дар банди якуми қисми 3 калимаҳои "қонуни кооперативҳои истеҳсолӣ" ба калимаҳои "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооперативҳо" иваз карда шаванд.
11. Дар моддаи 122:
- дар ном ва матни модда калимаи "истеҳсолӣ" ба калимаи "тиҷоратӣ" иваз карда шавад;
- қисми 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"3. Узви кооператив, узви собиқ ё вориси узви фавтидаи кооператив метавонанд саҳми худро танҳо ба узви амалкунанда ё ояндаи кооператив гузашт кунанд, ба шарте ки чунин гузашткунӣ ба фоидаи кооператив бошад. Тартиби гузашт кардани саҳм тибқи оинномаи кооператив муқаррар мегардад.";
- қисми 6 хориҷ карда шавад.
12. Дар ном ва матни моддаи 123 калимаи "истеҳсолӣ" ба калимаи "тиҷоратӣ" иваз карда шавад.
13. Дар моддаи 128:
- дар номи модда калимаи "матлубот" ба калимаи "ғайритиҷоратӣ" иваз карда шавад;
- қисми 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"1. Кооперативи ғайритиҷоратӣ ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда, мутобиқи оинномаи кооператив асосан ба аъзои худ хизмат мерасонад. Даромади софи кооперативи ғайритиҷоратӣ, ки дар натиҷаи хизматрасониҳо ба шахсони сеюм ба даст оварда шудааст, дар байни аъзои он тақсим карда намешавад ва ин даромад ҷиҳати рушди минбаъдаи он сарф карда мешавад. Дар сурати асосан ба шахсони сеюм хизмат расондани кооперативи ғайритиҷоратӣ, он бояд ба кооперативи тиҷоратӣ табдил дода шавад.";
- дар қисми 2 калимаи "матлубот" ба калимаи "ғайритиҷоратӣ" иваз карда шавад;
-  дар қисми 3 калимаи "матлубот" ба калимаи "ғайритиҷоратӣ" иваз карда шуда, калимаҳои "ва ё калимаҳои "иттиҳоди матлубот" ё "ҷамъияти матлубот""  хориҷ карда шаванд;
- қисми 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад;
"4. Вазъи ҳуқуқии кооперативҳо, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои аъзои онҳо бо Кодекси мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооперативҳо" ба танзим дароварда мешаванд.";
- қисмҳои 5 ва 6 хориҷ карда шаванд.
14. Ба Кодекс моддаи 1281 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 1281. Кооператсияи матлубот
1. Иттиҳоди ихтиёрии шаҳрвандон дар асоси узвият бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи моддии саҳмдорон бо роҳи муттаҳид сохтани аъзоҳаққии онҳо кооператсияи матлубот эътироф карда мешавад.
2. Асосҳои ҳуқуқии ташкили фаъолият, вазъи ҳуқуқии кооператсияи матлубот ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои саҳмдорон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" муқаррар карда мешаванд.".
15. Дар қисми 4 моддаи 242 калимаи "матлуботи" ба калимаи "ғайритиҷоратии" иваз карда шавад.
16. Дар моддаи 246:
- аз қисми 1 калимаҳои "ва бинокорӣ" хориҷ карда шаванд;
- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"3. Ҳуқуқи моликии шахси сохтмони худсаронаро анҷомдода аз ҷониби суд ба шарте эътироф карда мешавад, агар қитъаи замин мутобиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин шахс барои сохтмони иморат дода шуда бошад.
Агар нигоҳ доштани сохтмони худсарона ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи дигар шахсонро вайрон кунад ё ба ҳаёт ва саломатии онҳо ё бехатарии иншооти дар атрофи ин сохтмон ҷойгиршуда таҳдид намояд, ҳуқуқи моликии ин шахс эътироф карда намешавад.".
17. Дар қисми 1 моддаи 307 калимаҳои "кооперативи истеҳсолӣ" ба калимаи "кооператив"  иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 22 июли соли 2013, № 976


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 20 феврали соли 2013,  № 1075

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании
Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)"  ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 4 июли соли 2013, № 508


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.13    №: 100-105    Мутолиа карданд: 987

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед