logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ОМОРИ ДАВЛАТӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2010 "Дар бораи омори давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2010, №1, мод.12; №7, мод. 562) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Дар муқадимаи Қонун калимаҳои "пеш бурдани" ба калимаи "пешбурди" иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 2:
- дар сархати шашум калимаҳои "худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар мақомоти давлатие" ба калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд;
- дар сархати нӯҳум калимаҳои "ва дигар ҷараёнҳои ҷамъиятӣ" ба калимаҳои "ва равандҳои дигари ҷамъиятӣ" иваз карда шаванд;
- ба сархати чордаҳум баъди калимаи "махзани" калимаи "ҷамъбастии" илова карда, калимаи "ҳисобкардашудаи" хориҷ ва калимаи "феҳрист" ба калимаи "регистр" иваз карда шавад;
- дар сархати ҳаждаҳум калимаи "муҳофизати" ба калимаи "ҳифзи" иваз карда шавад;
- сархати нуздаҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- барӯйхатгирӣ - яке аз усулҳои мушоҳидаи баҳисобгирии сартосарии воҳидҳои оморӣ, ки дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақту замони муайян гузаронида мешавад;".
4. Ба қисми 1 моддаи 6 пас аз калимаҳои "мебошад, ки" калимаи "ташкил," илова карда, калимаи "менамоянд" ба калимаи "менамояд" иваз карда шавад.
5. Дар моддаи 7:
- дар сархати панҷум калимаи "намояд," ба калимаи "намуда," иваз карда шавад;
- сархати ҳафтум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинӣ намудааст, амалӣ намояд.".
6. Дар моддаи 8:
- дар сархати дуюм калимаи "феҳристҳои" ба калимаи "регистрҳои" ва калимаи ", инчунин" ба калимаи "ва" иваз карда шаванд;
- сархати даҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- дар доираи ваколати худ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул намояд;";
- сархати ёздаҳум дар таҳрири зайл илова карда шавад:
" - дигар ҳуқуқҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар намудааст, амалӣ намояд.".
7. Дар сархати шашуми моддаи 9 калимаҳои "васоити ахбори омма" ба калимаҳои "воситаҳои ахбори омма" иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 10:
- дар қисми 2 калимаи "муносибатҳои" ба калимаи "усулҳои" иваз карда шавад;
- дар ҷумлаи дуюми қисми 3 калимаҳои "Шӯрои байниидоравӣ" ба калимаҳои "Шӯрои байниидоравии оморӣ" иваз карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаи "Шӯроро" ба калимаҳои "Шӯрои байниидоравии омориро" иваз карда шавад.
9. Номи боби 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"БОБИ 3. ТАШКИЛ ВА ПЕШБУРДИ БАҲИСОБГИРИИ ОМОРИ РАСМӢ"
10. Дар қисми 2 моддаи 13 калимаҳои "умумигардонидашудаи оморӣ ва таҳлили" ба калимаҳои "омории ҷамъбастӣ ва таҳлилии" иваз карда шаванд.
11. Дар моддаи 14:
- ҷумлаи якуми қисми 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"1. Мушоҳидаҳои оморӣ аз тарафи мақоми ваколатдор нисбати воҳидҳои оморӣ ва субъектҳои баҳисобгирии омори расмӣ гузаронида мешаванд.";
- ба қисмҳои 2 ва 3 пас аз калимаи "Мушоҳидаҳои" калимаи "омории" илова карда шавад;
- дар қисми 4 калимаҳои "муқаррар карда" ба калимаи "пешбинӣ" иваз карда шаванд.
12. Дар моддаи 15:
- дар қисми 2 калимаҳои "Пеш бурдани" ба калимаи "Пешбурди" иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаи "феҳрист" ба калимаи "регистр" иваз карда шавад.
13. Дар номи моддаи 19 калимаҳои "вайрон кардани" ба калимаҳои "риоя накардани талаботи" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 22 июли соли 2013, № 996


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи омори давлатӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи омори давлатӣ" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 22 майи соли 2013, № 1185

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон "Дар бораи омори давлатӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи омори давлатӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи омори давлатӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 4 июли соли 2013, № 529


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.13    №: 100-105    Мутолиа карданд: 825

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед