logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҲУНАРҲОИ БАДЕИИ ХАЛҚӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003 "Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №8, мод. 466) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Пас аз рақами бобҳои Қонун аломати нуқта гузошта шавад.
3. Дар моддаи 1 сархатҳо бо аломати дефис ( - ) ишора карда шаванд.
4. Дар моддаи 2 калимаҳои "дигар қонунҳои" ба калимаҳои "дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии" иваз карда шаванд.
5. Дар қисми дуюми моддаи 4 калимаҳои "Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо" ба калимаҳои "Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ва калимаи "тайёркардашавандаро" ба калимаи "тайёршавандаро" иваз карда шаванд.
6. Дар моддаи 5:
- дар матни қисми якум калимаҳои "Мақомоти ҳокимияти иҷроия" ба калимаҳои "Мақомоти ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд;
- сархати якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- заминаи меъёрии ҳуқуқиро баҳри рушди соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ муҳайё мекунанд;";
- сархати чорум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- ба устоҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ ва шогирдони онҳо барои гирифтани таҳсилоти касбӣ дар муассисаҳои таълимие, ки барномаҳои таълимии ҳунарҳои бадеии халқиро амалӣ месозанд, мусоидат менамоянд;";
- ба сархати шашум баъд аз калимаи "ассотсиатсияҳо," калимаи "фондҳо," илова карда шавад;
- сархатҳои ҳаштум, нуҳум ва даҳум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"- кафолати озодии эҷодкориро дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ таъмин менамоянд;
- таҳқиқоти илмиро дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ дастгирӣ менамоянд;
- ба рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ мусоидат менамоянд;";
- дар қисми дуюм калимаҳои "Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо" ба калимаҳои "Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.
7. Дар қисми якуми моддаи 13 калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.
8. Дар сархати шашуми моддаи 14 калимаҳои "таҳсилоти умумии миёна, инчунин дар рафти таълиму тарбияи эстетикӣ ва бадеии беруназмактабӣ" ба калимаҳои "муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, инчунин дар раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ" иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 16:
- дар қисмҳои якум ва дуюм калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо" ва "Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо" мувофиқан ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ва "Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.
- дар қисми дуюм калимаи "амвол" ба калимаҳои "молу мулк" иваз карда шавад.
10. Аз номи моддаи 17 калимаҳои "бо мамлакатҳои хориҷӣ" хориҷ карда шаванд.
11. Аз номи моддаи 18 калимаи "миллии" хориҷ карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 22 июли соли 2013, № 1006


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 17 апрели соли 2013, № 1153

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
 "Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ"-ро  баррасӣ намуда, қарор мекунад:
 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 4 июли соли 2013, № 539


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.13    №: 100-105    Мутолиа карданд: 735

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед