logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ КИТОБДОРӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 2003 "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2003, №8, мод.455; с.2008, №12, қ.2, мод.1013; с.2010, №12, қ.1, мод.838) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Дар моддаи 1:
- дар сархати дуюм калимаи "фонд" ба калимаҳои "фонди китобхона" иваз карда шавад;
- дар сархати сеюм пас аз калимаҳои "истифодабарандагони китобхонаҳо" калимаҳои ", тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи китобдорӣ" илова ва калимаи "мешавад" ба калимаи "мешаванд" иваз карда шаванд;
- дар сархати панҷум калимаҳои "ташкилоту муассисаҳои" ба калимаҳои "муассиса ва дигар ташкилотҳои" иваз карда шаванд;
- дар сархати ҳаштум калимаҳои "ҳама гуна мақомоти ҳокимияти давлатӣ" ба калимаҳои "мақомоти давлатӣ" ва аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шаванд;
- сархатҳои нуҳум ва даҳум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"- фонди китобхона - маҷмӯи ҳуҷҷатҳои дорои мундариҷа, таъинот ва моҳияти гуногун, ки ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, коркард, феҳристнигорӣ, ҳифз ва истифодаашон бо мақсади хизматрасонии китобдорӣ ҳатмӣ мебошад;
- китобҳои нодир - китобҳои дастнавис, литографӣ ва чопие, ки дорои арзиши баланди маънавию моддӣ буда, аҳамияти хоси таърихӣ, илмӣ, фарҳангӣ доранд ва нисбат ба онҳо реҷаи махсуси ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, коркард, феҳристнигорӣ, ҳифз ва истифода муқаррар шудааст.".
3. Дар қисми якуми моддаи 4 калимаҳои "Ҳама гуна мақомоти ҳокимияти давлатӣ" ба калимаҳои "Мақомоти давлатӣ" иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 5:
- дар қисми якум калимаи "маълумот" ба калимаҳои "сатҳи таҳсилот, ҳолатҳои ҷисмонӣ ва равонӣ" иваз карда шавад;
- сархатҳои қисми дуюм бо аломати дефис "-" ишора карда шаванд.
5. Қисми чоруми моддаи 6 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Дар сурати аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи китобдорӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот чун ҳуҷҷатҳо ва коллексияҳои дорои аҳамияти махсус ва китобҳои нодир сабт шудани моликияти хусусии шаҳрванд ӯ ҳуқуқ дорад, ки ҷиҳати ҳифз ва нигоҳдории онҳо аз дастгирии давлат бархурдор бошад.".
6. Дар моддаи 7:
- сархатҳои қисми дуюм бо аломати дефис "-" ишора карда шаванд;
- қисми панҷум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Истифодабарандагони китобхона, вобаста ба талабот ва шавқу рағбати худ, аз ҳуқуқи интихоби озодонаи китобхона бархурдоранд.".
7. Дар қисми дуюми моддаи 9 калимаҳои "вайрон карда" ба калимаҳои "риоя накарда" иваз карда шаванд.
8. Дар сархати дувоздаҳуми моддаи 11 калимаҳои "ба фурӯш расонанд" ва "муҳофизат" мувофиқан ба калимаҳои "ба фурӯши музоядавӣ гузоранд" ва "ҳифз" иваз карда шаванд.
9. Ба моддаи 12 қисмҳои чорум, панҷум ва шашум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Китобхонаҳои давлатӣ ӯҳдадоранд, ки тибқи дархости истифодабарандагон ба онҳо оид ба фаъолияти худ барои ташаккул ва истифодаи фондҳояшон маълумот пешниҳод намоянд.
Китобхонаҳо ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, коркард, феҳристнигорӣ, ҳифз ва истифодаи ҳуҷҷатҳоеро, ки ба таркиби фондҳояшон дохиланд, таъмин менамоянд.
Китобхонаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дигар ӯҳдадориҳоро низ амалӣ намоянд.".
10. Қисми чоруми моддаи 14 хориҷ карда шавад.
11. Дар моддаи 15:
- сархати сеюм хориҷ карда шавад;
- сархатҳои шашум ва ҳафтум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"- таъсис ва маблағгузории муассисаҳои таълимӣ оид ба тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи китобдориро ба роҳ мемонад;
- стандартҳои давлатии китобдориро муайян ва ташкили низоми таъминоти иттилоотии фаъолияти китобдориро таъмин менамояд;".
12. Ба моддаи 151 сархати ҳафтум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- тайёр кардан, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва бо кор таъмин намудани кормандони соҳаи китобдориро амалӣ месозад;".
13. Дар моддаи 16:
- дар қисми сеюм калимаи "муҳофизату" ба калимаи "ҳифзу" иваз карда шавад;
- қисми чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Китобҳои нодир бахши махсусан пурарзиши фонди китобхона буда, ба китобҳои ягонаи нодир ва коллексияҳои китобҳои нодир, ки маҷмӯи ҳуҷҷатҳо ба ҳисоб мераванд, тақсим мешавад.".
14. Дар моддаи 18:
- дар қисми сеюм:
- ба сархати якум баъд аз калимаи "илмӣ" калимаи ", феҳристнигорӣ" илова карда шавад;
- ба сархати ёздаҳум пеш аз калимаи "ҷамъоварӣ" калимаи "харид, " илова карда шавад:
- дар сархати сездаҳум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;
- сархатҳои чордаҳум, понздаҳум, шонздаҳум ва ҳабдаҳум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"- ташкили маркази татбиқи технологияи нави китобдорӣ бо мақсади тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон;
- ташкили китобхонаи электронӣ;
- таъмини дастрасии китобхонаи электронӣ барои истифодабарандагон ва дигар китобхонаҳо;
- таъмини бехатарии техникӣ, амнияти истифода ва хизматрасонии китобхонаи электронӣ.";
- қисми чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи муздноки китобхонаи электрониро ба роҳ монда, маблағи бадастомадаро барои такмили низоми электронии ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, коркард, феҳристнигорӣ, ҳифз ва истифодаи ҳуҷҷатҳои он истифода барад.".
15. Дар номи боби 8 калимаи "КАФОЛАТИ", дар ном ва матни моддаи 23 калимаи "Ҳимояи" мувофиқан ба калимаҳои "ҲИФЗИ" ва "Ҳифзи" иваз карда шаванд.
16. Номи боби 10 бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
17. Дар ном ва матни моддаи 251 калимаҳои "вайрон кардани" ва "вайрон мекунанд" мувофиқан ба калимаҳои "риоя накардани" ва "риоя намекунанд" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 22 июли соли 2013, № 1008


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 22 майи соли 2013, № 1191

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ"- ро  баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 4 июли соли 2013, № 541


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.07.13    №: 106-107    Мутолиа карданд: 2022
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед