logo

сафарҳо

Иқтидори неругоҳи Норак ба 3195 мегаватт хоҳад расид

Оғози сафари кории Президент ба шаҳри Норак
13 август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ва иштирок дар ифтитоҳи чанд иншооти муҳими нав ва ҳамчунин оғози сохтмони иншооти дигари оянда ба шаҳри Норак сафар кард.
Тайи боздид аз шаҳри Норак бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастгоҳи нави барқтақсимкунии элегазии 220 - киловолтаи неругоҳи Норак ва як зумра иншооти муҳими дигар ифтитоҳ ёфта, сохтмони чанд иншооти оянда оғоз меёбад. Ҳамчунин бо фаъолони шаҳр ва мардуми касбу кори гуногун мулоқоту суҳбатҳои судбахш доир хоҳад шуд.
Боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ифтитоҳи бинои сеошёнаи истиқоматӣ бо маркази савдо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Норак оғоз ёфт.
Тавре зикр гардид, ин бино бо харҷи 1,4 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфта, дар ошёнаи якумаш маркази савдо ва нуқтаҳои дигари хизматрасонӣ ҷойгир шудааст. Бунёдгузори ин бино соҳибкор Абдурраҳим Назаров азм дорад, ки ин қисмати биноро ба соҳибкорони хурду миёна дар давоми як соли аввал ба таври ройгон ба иҷора диҳад, то ки онҳо оғози кори худро бе мушкилӣ ба роҳ монанд. Дар ҳамин қисмати бино зиёда аз 20 нафар бо кори доимӣ таъмин мегардад.
Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми бино 8 хонаи 3 ва 4-ҳуҷрагии истиқоматӣ омода шудааст, ки бе ороиши дохилӣ мутаносибан бо нархи 25 ва 30 ҳазор доллари амрикоӣ ба фурӯш гузошта мешаванд.

Маркази хизматрасонӣ ва
бозори нав мавриди
баҳрабардорӣ қарор гирифтанд
13 август дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Норак Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони мактаби нави замонавӣ барои 660 хонанда дар як баст оғоз бахшид.
Ин мактаб аз 22 синфхонаи ба таври муосир муҷаҳҳаз, аз ҷумла 7 синфхонаи дарсҳои озмоишӣ, толору утоқҳои гуногун, ошхона, толорҳои маҷлису варзиш ва майдони варзишӣ иборат хоҳад буд. Тавре иттилоъ доданд, ҳамин рӯзҳо дар шаҳри Норак сохтмони боз якто ҳамин гуна мактаб оғоз меёбад. Барои ҳарду мактаб, ки дар маҷмӯъ барои беш аз 2500 хонанда дар 2 баст пешбинӣ шудаанд, ҷудо намудани наздик ба  70 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар маркази шаҳри Норак бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як бинои панҷошёнаи маркази хизматрасонӣ ифтитоҳ ёфт, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муродалӣ Ятимов бунёд ёфтааст. Танҳо дар 2 ошёнаи омодагаштаи ин бино беш аз 40 нафар бо кори доимӣ таъмин мешавад. Ошёнаи якуми бино барои маркази савдо ва хизматрасониҳои дигар пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи дуюми он коргоҳи дӯзандагӣ омода гардидааст, ки дар он 23 нафар занону духтарони маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Дар ошёнаҳои болоии бино, ки ба наздикӣ омода хоҳанд шуд, меҳмонхона, сартарошхона ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ҷойгир шуда, дар онҳо қариб 30 нафари дигар соҳиби кор мегарданд.
Дар паҳлӯи ин бино бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бозори нави шаҳри Норак ифтитоҳ ёфт, ки аз ду бинои дуошёна ва як бинои сеошёна иборат буда, дорои беш аз 300 ҷойи корӣ мебошад. Ин бозори зебою мураттаб аз ҷониби бародарони соҳибкор Назаровҳо бо харҷи қариб 5,5 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дар он фурӯшгоҳҳои маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, либосворӣ, саноати сабуку хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, супермаркет, меҳмонхона ва коргоҳҳои дӯзандагию заргарӣ ҷойгир  мешаванд.
Коргоҳи дӯзандагии он аллакай омода буда, дорои 50 ҷойи корӣ аст.
Дар ин ҷо дӯхти либосҳои гуногуни мардонаю занона, кӯдакона, корӣ, мактабӣ, либосвории арӯсӣ ва ғайра ба роҳ монда мешавад. Бунёдгузорони бозор бо ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон уҳдадор шуданд, ки то охири сол дар ҳамин коргоҳ боз 50 ҷойи кории дигар бунёд намоянд.
Коргоҳи заргариаш, ки филиали корхонаи заргарии шаҳри Кӯлоб хоҳад буд, бо 50 ҷойи корӣ то охири соли равон бояд омода шавад. То он вақт шумораи умумии ҷойҳои корӣ дар ин бозори замонавӣ ба 400 хоҳад расид.
Меҳмонхонаи он бо 21 ҳуҷра дорои 42 кати хоб ва шароити хуби замонавӣ хоҳад буд.
Зимни шиносоӣ бо корхонаи хусусии Тоҷикгидромонтаж Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти истеҳсолии он аз наздик шинос шуд. Ин корхонаи дар гузашта барои сохтмони неругоҳи Норак бунёдёфта, дорои таърихи пурифтихор аст. Бо вуҷуди ин, корхона дар солҳои 90- уми асри гузашта бо сабабҳои маълум қариб аз кор боз монда, ба ҳолати ногувор рӯ ба рӯ омада буд. Вале, пас аз  хусусӣ шудан умри дубора пайдо намуда, дар он истеҳсоли маҳсулоти гуногун ба роҳ монда шуд.
Ҳоло танҳо дар коргоҳҳои коркарди филизот беш аз 30 нафар кафшергари моҳир ва дигар мутахассисони баландпоя ба истеҳсоли конструксияҳои гуногуни оҳанию пулодӣ барои неругоҳҳои барқи обӣ, иншооти гидротехникӣ, роҳу пулҳо, нақбҳо ва дигар иншоот машғуланд.
Ғайр аз ин, дар корхона, вобаста ба шароити замони муосир, ба истеҳсоли дигар маҳсулоти бозоргир низ машғуланд. Аз ҷумла дар коргоҳи дӯзандагии он бо ҷалби 20 нафар занону духтарони хонашин дӯхти либосҳои гуногун, пеш аз ҳама либосҳои корӣ барои бинокорон ва коргарони дигари худи корхонаи Тоҷикгидромонтаж ба роҳ монда шудааст. Бо маслиҳати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти корхона уҳдадор шуд, ки дар давоми 5 моҳи оянда боз як коргоҳи дӯзандагӣ бо 40 ҷойи корӣ бунёд намоянд.

Корхонаи таҷрибавӣ –
механикӣ умри дубора пайдо кард
13 август Сарвари давлат
Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо кори ба замони муосир мутобиқгардидаи корхонаи таҷрибавӣ - механикӣ, ки дар бунёди неругоҳи Норак ва дигар неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон нақши намоён гузоштааст, аз наздик шинос шуд.
Чунонки   иттилоъ   доданд,   ин    корхонаи   тамоман   аз  фаъолият      бозмонда   соли  2006  аз  ҷониби соҳибкорони   маҳаллӣ   харид   гардида, умри дубора пайдо намуд.
Аз соли 2006 ба ин сӯ дар ин корхона вобаста ба ҳаҷми корҳои истеҳсолӣ ва талаби фармоишгарон аз 80 то 150 нафар машғули кор аст. Ҳоло дар ин ҷо 115 нафар коргару мутахассиси баландпоя бо кори доимӣ таъмин мебошад.
Дар коргоҳҳои гуногуни ин корхона ҳоло 25 намуд масолеҳи сохтмонии аз филиз ва сим омодашаванда, аз қабили тӯрҳои соҳилбандию деворсозӣ, панҷараҳои оҳанин, конструксияҳои филизӣ барои бунёди биноҳои таъиноти мухталиф, иншооти бузурги гидротехникӣ, мустаҳкамсозии канораҳои роҳҳои мошингард дар минтақаҳои кӯҳистон ва ғайра истеҳсол мегардад.
Роҳбарияти корхона мутахассисони қаблии ин корхонаро, сарфи назар аз синну соли нафақавиашон, бо маоши калон ба кор ҷалб намуда, дар муддати кӯтоҳ мутахассисони хуби ҷавонро омода карда, фаъолияти рақобатпазиронаи муассисаро ба роҳ мондаанд.
Дар натиҷа корхона қарзҳои пешинаро пура пардохт намуда, аз нав фоидаовар шуд. Аз ҳисоби даромади корхона ҳоло технологияи навтарин ворид шуда, коргоҳҳои нави истеҳсолӣ омода мегарданд.
Як дастгоҳи муосири оҳанбурӣ, ки бо неруи барқ кор мекунад, бо камтарин масраф метавонад оҳани ғафсиаш то 10 см-ро бибурад ва аз он маҳсулоти гуногун омода намояд.
Фаъолияти коргоҳҳои нави истеҳсоли электрод, тавлиди гази оксиген ва гази азот бо технологияи навтарини ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуда, маҳсулоташон дар бозори дохилӣ харидорони бешумор доранд.
Дар коргоҳҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ аз сим ва тунукаи оҳанин фаъолияти ибратбахшу фоидаовар ба роҳ монда шудааст. Масолеҳи сохтмонии тунукаӣ, ки асосан барои пӯшондани боми  биною иншооти гуногун истифода мешавад, аз ҷумла, ба истилоҳ, металлочерепитса дар ин корхона бо сифати баланду эътимодбахш истеҳсол мегардад.
Яке аз корҳои ибратбахши дар ин корхона роҳандозишуда ҷамъоварии скутерҳои барқӣ аст, ки бе сарфи сӯзишворӣ бо неруи барқи аккумулятор ҳаракат мекунад. Суръати аз ҳама зиёди ин скутерҳо 60 км/соат буда, бо як қувваи аз аккумулятор гирифта то 60 км мегардад. Аккумулятори он мисли телефонҳои ҳамроҳ дар шароити одии хонагӣ аз хатҳои барқ қувва мегирад. Нархаш аз 3 то 4 ҳазор сомонӣ мебошад.
Дар ҳудуди ҳамин корхона Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо намунаҳои гуногуни маҳсулоти ҳамаи корхонаҳои саноатии шаҳри Норак шинос шуд.
Тавре аён гардид, ҳоло аксари корхонаҳои ин шаҳри саноатӣ фаъолияти самарабахш ба роҳ мондаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти корхонаи Бофандаи Норак, бо назардошти имкониятҳои мавҷудааш, дастур дод, ки дар муддати кӯтоҳ 300 ҷойи корӣ бунёд намуда, шумораи умумии коргаронро ба 400 нафар расонанд.

Туҳфаҳои хотиравӣ
ба ятимон

13 август дар маркази шаҳри Норак Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакону наврасон, ки аз падар ва модар ятим мондаанд, ёрии моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Ҳамин тариқ, нахуст 16 нафар кӯдаку наврас, ки ҳам аз падар ва ҳам аз модар ятим мондаанд, аз ёриҳои моддии Сарвари давлат бархӯрдор гардиданд.
Сипас  Президенти  кишвар      Эмомалӣ Раҳмон ба 150 нафар писар аз оилаҳои ниёзманд, ки хатнасурашон дастаҷамъона,  ба таври хайрия, ба роҳ монда шуд, ёрии  моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Ёрии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба 10 ҷуфти навхонадор, ки тӯйи арӯсиашон дастаҷамъона, ба таври хайрия,  ба роҳ монда шуд, расид.

Мулоқот
бо фаъолони шаҳр

13 август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар қасри фарҳанги шаҳри Норак бо роҳбарият ва фаъолони шаҳр мулоқот намуд.
Зимни мулоқот дастовардҳои шаҳри Норак дар бахшҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар солҳои охир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, барои таъмини рушди босуботу босуръати минбаъдаи ин шаҳри ҷавон, вале бисёр машҳуру овозадор ба масъулон супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар  охир маҳфили тӯлонии пурсишу посух ҷараён гирифт, ки зимни он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба суолу дархостҳои сершумори аҳли толор ҷавоб гуфт. Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар муддати кӯтоҳи оянда бо ҷалби маблағҳои зарурӣ аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ беш аз 18 километр роҳҳои дохилии шаҳри Норак навсозӣ хоҳанд шуд.

Маркази нави 220 –
киловолтаи тақсимоти барқ ифтитоҳ ёфт
13 август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба неругоҳи Норак ташриф оварда, бо корҳои навсозии он аз наздик шинос шуд.
Нахуст бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастгоҳи нави 220-киловолтаи тақсимоти барқ, ки бо навтарин технологияи аврупоӣ дар давлатҳои Италия, Фаронса, Олмон ва Швейтсария бунёд ёфтааст, ба кор дароварда шуд.
Тавре аён гардид, ин дастгоҳи пуриқтидор дар дохили як бинои масоҳаташ ҳамагӣ 4 садяк ҷойгир шудааст. Зеристгоҳи қаблии 220-киловолтаи неругоҳи Норак, ки зиёда аз 40 сол боз хизмат мекард, дар майдони қариб 3 га ҷойгир буд.
Дар паҳлуи ин маркази нави муосир бунёди боз як бино идома дорад, ки дар он дастгоҳи нави 500-киловолтаи тақсимоти барқи неругоҳи Норак, ки низ аз ҷониби ширкатҳои бонуфузи аврупоӣ ALSTON омода мегардад, ҷойгир хоҳад шуд. Дар натиҷа зеристгоҳи ҳозираи 500-киловолтаи неругоҳи Норак, ки майдони қариб 5 гектарро ишғол намудааст, дар дохили як бинои хурд ҷойгир карда мешавад.
Мавриди зикри хос аст, ки ин дастгоҳҳои 220 ва 500-киловолтаи тақсимоти барқ аз технологияҳои навтарини ҷаҳонӣ буда, дар қаламрави пасошӯравӣ Тоҷикистон дуюмин кишвар аст, ки воридот ва истифодаи онро ба роҳ мондааст. Пеш аз Тоҷикистон танҳо Русия аз чунин технология баҳравар гардидааст.
Ин дастгоҳҳо афзалиятҳои хеле зиёд доранд. Истифодаи содаю бехатар, дарозумрӣ ва каммасрафӣ аз афзалиятҳои асосии ин дастгоҳҳост. Тавре зикр гардид, ин дастгоҳҳо бе тармими куллӣ 30 сол хизмат хоҳанд кард ва хароҷоти тармиму навсозӣ ба маротиб кам мешавад.
Дастгоҳи 220-киловолтаи тақсимоти барқи неругоҳи Норак бо харҷи 25 миллион евро, ки 7 миллионаш грант ва 18 миллионаш қарзи имтиёзноки дарозмуддати Олмон аст, бунёду омода гардид.
Дастгоҳи 500-киловолтаи тақсимоти барқи неругоҳи Норак бошад, бо харҷи 67 миллион доллари амрикоӣ, ки 55 миллионаш гранти Бонки осиёии рушд ва зиёда аз 12 миллионаш саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, омода мегардад.
Мутахассисони ҷавони муҳандисию техникии Тоҷикистон, ки ин ва дигар дастгоҳҳои муосири неругоҳи Норакро идора мекунанд, дар кишварҳои Олмон, Фаронса, Италия ва Швейтсария таҳсили илм намуда, нозукиҳои ин касбро хуб аз худ кардаанд.
Зимни шиносоӣ бо кори толори идораи мутамаркази неругоҳи Норак Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ибратбахши муҳандисзанони соҳиби тахассуси олӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Тавре зикр гардид,  аз 20 нафар корманди ин маркази идоравӣ 10 нафараш занону духтаронанд, ки ҳама соҳибтахассус мебошанд.
Президенти  кишвар  Эмомалӣ  Раҳмон, ҳамчунин бо рафти навсозии чархаҳои барқзои неругоҳ аз наздик шинос шуд. Чунонки зикр гардид, то имрӯз чархҳои кории ду чархаи ин неругоҳ иваз шуда, сеюмаш ба ин ҷо дастрас гардидааст ва баҳори соли оянда васл хоҳад шуд. Як дарбанд ва ё дарвозаи курашакли обӣ, ки дар ҷаҳон нодир аст, низ мавриди навсозӣ қарор дорад.
Бо қаноатмандӣ иттилоъ дода шуд, ки бо навсозии куллии ҳамаи чархаҳои неругоҳ иқтидори лоиҳавии он, ки бо мурури замон ва хӯрдашавии таҷҳизот аз 3000 то 2700 мегаватт коҳиш ёфтааст, натанҳо барқарор, балки 195 мегаватти дигар илова мегардад. Яъне, пас аз чанд соли дигар иқтидори неругоҳи Норак аз 2700 мегаватти ҳозира ба 3195 мегаватт хоҳад расид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.13    №: 111    Мутолиа карданд: 771

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед