logo

иҷтимоиёт

Дарёҳои калонтарини Тоҷикистон

ДАРЁИ АМУ (Оксус , Амударё, Ҷайҳун)  аз қуллаҳои баланди Ҳиндукуш сарчашма гирифта, кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Туркманистонро убур намуда, ба баҳри Арал мерезад. Аз як шудани дарёҳои Панҷу Вахш номи Амуро гирифтааст. Дар сарсабзӣ, файзу баракати Мовароуннаҳр аз ҳама беш саҳим аст.
Дарозиаш 1414 км бо шохобаш Панҷ 2540 км буда, ҳавзааш дар масоҳати 309 ҳазор километри мураббаъ доман паҳн кардааст.

СИР яке аз дарозтарин ва серобтарин дарёҳои Осиёи Марказӣ аст. Тӯлаш 2212 километр, масоҳати ҳавзааш 219 ҳазор километри мураббаъ мебошад. Ба он дарёҳои Косонсой, Ғовасой, Чодаксой, Исфара, Сӯх, Хоҷабоқирғон мерезанд.
Дар ҳавзаи дарё 61 НБО-и хурду калон бунёд ёфтааст, ки бузургтаринаш НБО-и Қайроққум ("Дӯстии халқҳо") мебошад.
ЗАРАФШОН болообашро Мастчоҳ низ меноманд. Тӯлаш 781 километр, масоҳати ҳавзааш 41860 километри мураббаъ буда, аз пиряхҳои Зарафшон ибтидо мегирад. Зарафшон дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 100 шохоб дорад, ки калонтарини онҳо Фон, Киштуд, Моғиён мебошад.
ВАХШ дар ҷанубу ғарби ҷумҳурӣ ҷойгир буда, тӯлаш 524 км, масоҳати ҳавзааш 39100 километри мураббаъ аст. Аз якшавии дарёҳои Муғсую Сурхоб ба вуҷуд омадааст. Манбаи асосии пайдоишаш пиряхҳо ва барфи кӯҳистон мебошад. Барои обёрии заминҳои кишт ва гидроэнергетика пурмаҳсул истифода мешавад. Дар дарёи Вахш НБО-ҳои Норак, Бойғозӣ, Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, Сарбанд, Шаршара, Марказӣ ва ғайраҳо бунёд ёфтаанд, ки ба хоҷагии халқи ҷумҳурӣ хизмат мерасонанд.
Дар қисмати болоии он сохтмони НБО-и Роғун - калонтарин дар Осиёи Марказӣ бунёд гашта истодааст. Дар поёнобаш мамнӯъгоҳи "Бешаи палангон" ҷойгир аст.
КОФАРНИҲОН дар ҷанубу ғарби ҷумҳурӣ воқеъ буда, шохоби рости Омуст. Дар назди деҳаи Ромит баъди бо ҳам омехтани дарёҳои Сорбо ва Сардаи Миёна номи Кофарниҳонро ба худ гирифтааст. Тӯлаш 387 километр ва масоҳати ҳавзааш 11600 километри мураббаъ мебошад.
Ба он дарёҳои Симиганҷ, Варзоб, Хонақоҳ ва Элок ҳамроҳ мешаванд.

Таҳияи Мирзои ФИРӮЗ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.13    №: 112    Мутолиа карданд: 4400

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед