logo

мулоқотҳо

Эмомалӣ Раҳмон бо медали "60 - солагии ЮНЕСКО" сарфароз гардонда шуд

20 август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Боковаро ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози мулоқот Ирина Бокова ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон медали "60 - солагии ЮНЕСКО" - ро тақдим намуд. Дар паёми расмии ЮНЕСКО дар ин хусус, аз ҷумла омадааст: "Бо эътирофи ҳамбастагии амиқ ба ҳадафҳои поягузории сулҳи устувор ва мусоидат ба рушди босубот, аз ҷумла тавассути ташаббусҳо барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи об, муколамаи байналмилалӣ, табодули дастовардҳои илмӣ ва татбиқи босуръати Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва Ҳадафҳои аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ пазируфташудаи рушд Созмони маориф, илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо медалии ҷашнии "60 - солагии ЮНЕСКО" сарфароз мегардонад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гардидан бо ин мукофоти боэътиборро боиси шарафмандӣ номида, изҳор дошт, ки онро "пеш аз ҳама самараи заҳмату талошҳои пайвастаи тамоми мардуми куҳантамаддуни Тоҷикистон дар роҳи эъмору таҳкими пояҳои давлати навин ва эътибори он дар арсаи байналмилалӣ медонам".
Ба Ирина Бокова, ҳамчунин барои ташриф ба Тоҷикистон ва иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об арзи сипос карда шуд.
Бо ёдоварӣ аз таърихи 20-солаи ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО қаноатмандона таъкид гардид, ки тайи ин давра дар Тоҷикистон як силсила лоиҳаҳои муҳим дар соҳаҳои маориф ва илм, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва осори ғайримоддӣ мавриди татбиқ қарор гирифт.
Аз баргузорсозии Ҳамоиши байналмилалии иҷрокунандагони мусиқии классикии "Шашмақом", ворид намудани ҷашни 1150-солагии асосгузори адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рудакӣ ба Феҳристи ҷашнҳои ЮНЕСКО, ворид кардани шаҳраки қадимаи Саразм ба феҳристи мусаввараҳои мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ва ба феҳристи Мероси табиии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани "Боғи миллии Тоҷикистон - кӯҳҳои Помир" арзи хушнудӣ карда шуд.
Ҳамчунин изҳори боварӣ шуд, ки барномаву ташаббусҳои дигари пешниҳоднамудаи Тоҷикистон низ дастгирӣ меёбанд. Аз ҷумла ба зарурати таъсиси Бунёди Фонди байналмиллалии ЮНЕСКО оид ба наҷоти пиряхҳо дар Тоҷикистон, ташкил ва гузарондани экспедитсияи 3-юм ба қаторкӯҳҳои Помир ва ворид намудани 3 - ҳазорсолагии Ҳисор ба Феҳристи ЮНЕСКО дар соли 2015 таъкид гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз имконот ва ҳавасмандии Тоҷикистон ба иштирок дар Барномаи байналмилалии гидрологии ЮНЕСКО ёдовар шуда, изҳор дошт, ки "мо метавонем мавзӯи обро дар сохтори асосии он босамар ва фаъолтар пешбарӣ намоем". Дар робита ба ин мавзӯъ пешниҳод гардид, ки бо мусоидати ЮНЕСКО дар назди Академияи илмҳои Тоҷикистон Кумитаи миллӣ доир ба масъалаҳои гидрология таъсис дода шавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.13    №: 113    Мутолиа карданд: 556

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед