logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи бинои иловагии мактаби рақами 56-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, 27 августи соли 2013

Устодон, падару модарон ва шогирдони азиз!
Ҳозирини арҷманд!
Имрӯзҳо тамоми мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе ба хотири пешрафти бахшҳои гуногуни ҳаёти мамлакат софдилона заҳмат кашида, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
Дар натиҷаи вусъат пайдо кардани раванди неки созандагиву ободкорӣ солҳои охир дар баробари рушду инкишофи дигар манотиқи мамлакат хусусан пойтахти ҷумҳуриамон тавассути заҳмати созандаи сокинони он ободу зебо мегардад.
Бунёди бинои нави иловагӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи  умумии рақами 56 барои 1280 хонанда дар ду баст, ки ҳоло бо ҳамроҳии шумо дар расми ифтитоҳи он ҳузур дорем, боз як намунаи равшани ободкории мардуми заҳматкашамон мебошад.
Мактаби таҳсилоти  миёнаи умумии рақами 56 аз соли 1964, яъне қариб ним аср инҷониб фаъолият дошта, имконияти лоиҳавии он барои 970 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ гардида буд. Аммо дар соли хониши 2012-2013 теъдоди шогирдони таълимгоҳи мазкур қариб ба се ҳазор нафар расида, бинобар зиёд будани теъдоди хонандагон таълим дар се баст ба роҳ монда шуд. Имрӯз бо ифтитоҳи бинои нави таълимӣ мушкилоти мавҷуда ҳалли худро пайдо кард. Зеро дар бинои навсохти имрӯза барои таълиму тарбияи хонандагон синфхонаҳои равшану барҳавои мутобиқ ба меъёрҳои муосир ва умуман ҳамаи шароити зарурии таълим фароҳам оварда шудааст.
Барои бунёди бинои мазкур аз ҳисоби буҷети давлат қариб 13 миллион сомонӣ сарф гардида, корҳои сохтмони он аз ҷониби Ҷамъияти «Ниёз» ба анҷом расонида шудаанд. Бинои нав дорои 36 синфхонаи таълимӣ, утоқи компютерӣ, озмоишгоҳҳои фаннӣ, толори варзишӣ барои 440 ҷойи нишаст ва майдончаи варзишӣ мебошад.
Худи ҳамин рӯз дар заминаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 97-и ноҳияи Сино боз як бинои навбунёди таълимӣ бо 640 ҷойи нишаст дар ду баст мавриди истифода қарор дода мешавад, ки он ба маблағи 10 миллион сомонӣ сохта шуда, аз 22 синфхонаҳои таълимии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ ва шароити мусоиди таълимиву варзишӣ иборат мебошад.
Ба муносибати ин рӯйдодҳои хотирмон, яъне дар арафаи соли нави хониш ва дар остонаи таҷлили ҷашни бистудусолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани муассисаҳои нави таълимиро ба ҳамаи шумо - шогирдони азиз, устодон ва падару модарони гиромӣ табрик гуфта, ба ҳамаатон тансиҳативу хушҳолӣ, ахлоқи намунавӣ ва хониши хубу аъло орзу менамоям.
Мактаб даргоҳи аз худ кардани донишу маърифат, одобу маданият ва тарбияи ахлоқи ҳамида мебошад. Зеро дар ботини ҳар як наврасу ҷавон тарбия кардани ҳисси инсондӯстиву накӯкорӣ, ба камол расонидани насли бонангу номус ва соҳибмаърифату соҳибкасб, дар зеҳну шуури кӯдакону наврасон густариш додани ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ, инчунин ташаккули ҷаҳонбинии васеъ ва расидан ба қадри арзишҳои неки маънавию ахлоқии миллӣ аз мактаб сарчашма мегирад.
Маҳз ба ҳамин хотир, давлату Ҳукумати кишвар масъалаи бо донишҳои мукаммалу муосир мусаллаҳ гардонидани хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, касбомӯзони омӯзишгоҳу коллеҷҳо ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакатро вазифаи доимӣ ва аввалиндараҷаи фаъолияти худ медонад. Чунки дар замони рушди босуръати илму техника ва таҳаввулоти технологии муосир ягон кишвари олам бидуни тарбия кардану ба камол расонидани мутахассисони баландихтисосу дорои ҷаҳонбинии васеъ, донандаи техникаву технологияҳои муосир ва афзоиш додани шумораи олимону муҳаққиқони соҳаҳои гуногун пешрафти ҷомеа ва давлатро таъмин карда наметавонад.
Аз ин хотир, Ҳукумати мамлакат солҳои охир дар тамоми қаламрави кишвар таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ ва синфхонаҳои иловагиро вусъат дода, онҳоро бо ҳамаи шароити мусоиди таълиму тарбия, таҷҳизоти муосир ва технологияҳои пешрафтаи коммуникатсионӣ таъмин карда истодааст.
Дар иртибот ба ин, мехоҳам як нуктаи муҳимро таъкид намоям, ки масъалаи таъмини пешрафти соҳаи маориф дар баробари сохтору мақомоти давлатӣ зиёиён ва умуман аҳли ҷомеа, хусусан омӯзгорон ва падару модарон, инчунин соҳибкорон ва шахсони саховатмандро вазифадор месозад, ки дар раванди фароҳам овардани шароит барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, баланд бардоштани донишу ҷаҳонбинӣ ва тақвияти ҳисси ватанпарастиву инсондӯстии онҳо фаъолона ширкат намоянд.
Бузургони фарҳангдӯсти мо беҳуда нагуфтаанд, ки дониш чароғи ақл, қуввати дил ва сарвати азимест, ки инсонро азизу муътабар мегардонад. Шахси донишманд ва соҳиби касбу ҳунар дар ягон давру замон душворӣ намекашад, зеро илми андӯхтааш ва касбу ҳунари азхудкардааш ҳамеша ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намуда, дар масири ҳаёт ба ӯ ҳамчун сипар хизмат менамояд. Шахс танҳо тавассути ақлу заковат, илму дониш ва касбу ҳунари худ метавонад дар ҷомеа соҳиби иззату эҳтиром гардад.
Дӯстони азиз!
Ҳарчанд ки дар давраи истиқлолият дар масъалаи беҳтар гардидани вазъи дӯконҳои китобфурӯшӣ, дастрасӣ ба китобҳои тозанашри таълимӣ, асарҳои бадеиву илмӣ ва матбуоти даврӣ дар шаҳру ноҳияҳои гуногун, аз ҷумла дар пойтахти кишварамон таҳаввулоти ҷиддӣ ба назар мерасад, аммо бояд гуфт, ки ҳанӯз ҳам аз ҷониби наврасону ҷавонон ва баъзан калонсолон бо маҳбубияти хоса истифода гардидани китоб ва маводи илмиву эҷодӣ ба таври зарурӣ ба назар намерасад.
Ин дар ҳолест, ки китоб ҳамқадами доимии миллати куҳанбунёду фарҳангии мо дар тамоми давру замонҳо, беҳтарин дӯст ва манбаи азбар кардани илму дониш маҳсуб гардида, мардуми моро ба олами рангоранги маънавиёт ҳидоят кардааст.
Ҳар яки мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки ақлу заковат ва хиради созанда бе мутолиаи китоб ва омӯхтани илму дониш ба даст намеояд. Зеро мураббии ҳамаи устодони олам китоб аст. Китоб дар ҳаёт чун омӯзгори беминнат хизмат намуда, инсонро ба ростиву росткорӣ, некиву накӯкорӣ, хирадмандиву мардонагӣ ва матонату бузургӣ раҳнамоӣ мекунад.
Вобаста ба ин, аз устодону омӯзгорон ва падару модарони муҳтарам хоҳиш карда мешавад, ки майлу рағбати ҷавононро ба хондани китоб, махсусан асарҳои бадеӣ, аз худ кардани осори мутафаккирони гузаштаву имрӯзаи миллати тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бедор намоянд, то ки онҳо дар оянда ҳамчун шахсони соҳибмаърифату донишманд ба воя расанд.
Илова ба татбиқи чорабиниҳо доир ба таъсиси китобхонаҳо ва дигар муассисаҳои маърифатӣ дар даврони истиқлолият дар кишварамон барои рушди забони модарӣ имконияти мусоид фароҳам оварда шуда, забони пурғановати тоҷикӣ дубора рӯҳи миллиашро соҳиб гардид.
Барои боз ҳам тақвият бахшидани мақоми сазовори забони тоҷикӣ зарур аст, ки ҳар як шаҳрванд ва дар навбати аввал наврасону ҷавонон забони тоҷикиро ба таври мукаммал ва дар сатҳи аъло аз худ карда, ҳатман ду забони хориҷиро ба мисли забони модарӣ донанд. Зеро дар замони пешрафту таҳаввулоти имрӯзу оянда бе донистани ду забони хориҷӣ кору фаъолият кардан ва муваффақият ба даст овардан бисёр мушкил мешавад.
Ҳамзамон бо ин, раванди иҷрои муқаррароти Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрӯзаи мо маҳсуб меёбад. Чунки ояндаи ободу осудаи ҷомеа ва давлат, қабл аз ҳама, аз фарзандони тарбиятдида, донишманду забондон, ҷаҳонбинии васеъдошта ва миллатдӯсту ватанпарвар вобаста аст.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар баробари амалӣ намудани чорабиниҳои мунтазам доир ба рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат яке аз ҳадафҳои давлату Ҳукумати кишвар фароҳам овардани имконият барои аҳолӣ ҷиҳати беҳтар намудани шароити манзил мебошад. То имрӯз ба мардум дар миқёси кишвар даҳҳо ҳазор гектар замин барои қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва сохтмони манзил тақсим карда шуд.
Субҳи имрӯз мо дар маҳаллаи “Ховарон”-и шаҳри Душанбе дар маросими ба 727 нафар оилаҳои эҳтиёҷманд тақсим намудани қитъаи замин барои сохтмони манзили шахсӣ ширкат намудем.
Дар давоми солҳои 2007-2013 дар ин мавзеъ аз ҳисоби буҷети шаҳр дар маҷмӯъ ба маблағи 41 миллион сомонӣ корҳои кашидани хатҳои барқ, бунёди зеристгоҳи барқӣ, роҳ, шабакаҳои обрасонӣ ва ободонии атрофи минтақа иҷро гардидаанд. Ҳамзамон бо ин, давоми соли ҷорӣ барои ободониву бунёди шабакаҳои инфрасохтори мавзеи зикршуда аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе қариб 70 миллион сомонӣ масраф карда мешавад.
Тибқи нақшаи генералии маҳаллаи “Ховарон” дар солҳои наздик як қатор иншооти муҳим, аз ҷумла чор мактаби нав бо тамоми шароити муосир, боғчаҳои бачагона, биноҳои маъмуриву маишӣ, ошхонаву марказҳои тиҷоратӣ, дармонгоҳ ва монанди инҳо сохта, ба истифода супорида мешаванд.
То назди шумо омадан мо боз як иншооти муҳим – майдони мошинронии муосирро ба истифода супоридем, ки бо навтарин усулу таҷҳизоти техникӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Иншооти зикршуда дуюмин майдони омода кардани ронандагони сатҳи баланди касбӣ, муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт ва умуман пешгирӣ кардани садамаҳои нақлиётӣ мебошад. Зеро тавре ки дар мулоқот бо ҷавонон зикр гардида буд, масъалаи аз тарафи ҷавонон торафт зиёд рӯй додани ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ мавриди нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст.
Ҳарчанд аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани садамаву ҳодисаҳо, бо суръати баланд идора кардани воситаҳои нақлиёт ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мунтазам чораҷӯӣ карда мешавад, лекин, мутаассифона, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди кишвар 617 ҳодисаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 265 нафар фавтида ва 900 нафари дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хеле зиёд мебошад.
Омӯзишу таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар пешгирӣ намудани садамаҳои нақлиётӣ, тарбияи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани донишу маҳорати касбии ронандагон муассисаҳои таълимие, ки бо тайёр кардани ронандагон машғуланд, бояд нақши муҳим бозанд.
Дар баробари ин, шароити кунунӣ аз ҳар як падару модар тақозо менамояд, ки дар масъалаи таълиму тарбияи фарзандон масъулияти баланд эҳсос намоянд ва дар баробари мактаб ба донишомӯзиву интихоби касб дастгиру мададгори фарзандон бошанд, насли наврасро дар рӯҳияи одобу ахлоқи ҳамида, эҳтиром ва риояи қонуну тартибот, дӯст доштани Ватан ва садоқат ба давлати худ ба воя расонанд.
Таъкидан иброз менамоям, ки волидайн бояд ба таълиму тарбияи фарзандон бо ҷиддият машғул шаванд ва ҳаргиз дар ин масъалаи нозук ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд. Пеш аз ҳама худи онҳо бояд барои кӯдакон намунаи ибрат бошанд, зеро хислатҳои неки онҳо ба фарзандон таъсири бевосита мегузорад.
Бовар дорам, ки шумо, толибилмони азиз, бо истифода аз шароити муҳайёкардаи давлату Ҳукумат ва тавассути хониши аъло ба мақсадҳои неки худ мерасед ва оянда якҷо бо ҳамсолонатон Ватани азизамонро соҳибӣ мекунед.
Бо ҳамин нияту орзуҳои нек ҳамаи шумо - фарзандони азиз, устодону омӯзгорон ва падару модарони гиромиро ба муносибати ифтитоҳ гардидани муассисаҳои нави таълимӣ, фарорасии соли нави хониш ва бистудусолагии истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, ба шумо таҳсили аъло, одобу ахлоқи шоистаи таҳсин ва маърифати баланди хештаншиносиву инсондӯстӣ орзу менамоям.
Ташаккур!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.13    №: 115    Мутолиа карданд: 756

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед