logo

маориф

Маориф ба маҷрои нав ворид гашт

Низоми маориф-калиди ҳама гуна пешравиҳост, вале он бояд тавре ба роҳ монда шавад, ки ҷавобгӯи талаботи таҳаввулоти навин бошад.

Эмомалӣ  РАҲМОН

Айни замон зиёда аз 500 санади меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ аз ҷониби парлумон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати маориф қабул шуда, ки санадҳои рӯимизии маорифчиёни кишваранд.  Инчунин беш аз 1580 мактаб таъмиру тармим ва аз нав сохта шуда, бо таҷҳизоти муосири замонавӣ таъмин гаштанд. Бо назардошти талаботи ҷаҳони муосир Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ қабул гардида, татбиқи даври аввали он анҷом ёфт. Даври дуюми Барномаи компютеркунонӣ идома дорад. Иҷрои таъминоти мактабҳо бо компютерҳо 96% иҷро ва 1082 мактаб бо шабакаи байналмилалии Интернет пайваст шуданд. Дар назди аксари шуъбаву раёсатҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ марказҳои компютерӣ таъсис ёфтанд.
Нақшаву барномаҳои таълимӣ, стандартҳои фаннӣ ва риштаҳои тахассусӣ борҳо мавриди таҷдиди назар қарор гирифта, ҷавобгӯ ба стандартҳои давлатӣ ва ҷаҳонӣ омода ва тасдиқ шуданд. Имрӯз тамоми зинаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ, китобҳои илмӣ, методӣ, тавсиявӣ таъмин мебошанд.
Дар соҳаи маориф мактабҳои типи нав аз қабили гимназияю литсей, коллеҷу академияҳо падид омаданд. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ низоми нави ҷаҳонии кредитӣ ҷорӣ гардид. Барномаҳои зиёде қабул  шуданд, ки зинаҳо ва самтҳои гуногуни соҳаи маорифро танзим менамоянд.
Вобаста ба раванди рушди босуръати илму техника ва таҳаввулоти технологии муосир ба камол расондани мутахассисони баландихтисосу дорои ҷаҳонбинии васеъ, донандаи техникаву технологияи муосир ва олимону муҳаққиқони соҳаҳои гуногун, ки метавонанд пешрафти ҷомеа ва давлатро таъмин намоянд,  санадҳое ба тавсиб расиданд, ки моҳияти тақвиятбахшӣ доранд. Санадҳои қабулшуда рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ, ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ, истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи дарёҳои хурд, офтоб, шамол, биомасса ва энергияи манбаъҳои зеризаминӣ, фаъолияти ихтироъкориву инноватсионӣ ҷиҳати рушду тақвияти технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, ислоҳоти системаи идораи давлатии кишвар бо мақсади дастрасии саривақтӣ  ба иттилоот тавассути ташаккули ҳукумати электронӣ, таъсиси паркҳои технологӣ ва пайвастани илм ба истеҳсолотро танзим менамоянд.
Бо назардошти талаботи ҷаҳони муосир ҷиҳати иҷрои яке аз бандҳои "Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2015" ва таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ, бахусус муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, баъдидипломӣ бо кадрҳои илмӣ чораҳои мушаххас андешида мешаванд. Яъне, бо мақсади дар ҷумҳурӣ тайёр кардани кадрҳои дорои дараҷаи илмии доктор (PhD) бо ташаббуси Вазорати маориф ва мувофиқаи вазорату идораҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила қарорҳо ба тасвиб расонд. Аз ҷумла, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос (PhD)" ва дар ҳамин замина "Дар бораи тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо барои дарёфт ва додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос" тасдиқ гардид. Аввали моҳи августи соли равон бо Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Стандарти давлатии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (докторантура)" тасдиқ гардид, ки тибқи талаботи он дар навбати аввал муассисаҳои таҳсилоти олии базавӣ ва илмие, ки неруи кадрии илмии самти тахассуси муайянро доранд, бо муайян кардани риштаҳои тахассусӣ, омода намудани нақшаву барномаҳои таълимӣ, таҳияи стандартҳои таълимии фаннӣ, китобҳои дарсӣ ва маводи дигари таълимӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои пешрафтаи хориҷии таҳсилоти олии касбӣ, ки барномаҳои аккредитатсияшудаи докторӣ доранд, барои таъсиси шӯроҳои диссертатсионии дифои рисолаҳои илмӣ бояд шароит муҳайё созанд.
Татбиқи амалии санадҳои мазкур имконияти хуберо барои магистрантону аспирантон, докторантон ва унвонҷӯён фароҳам меоварад, ки метавонанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаҳои илмӣ дифоъ намоянд. Дар низоми ҷаҳонии докторантураи PhD тайёр кардани мутахассисони дараҷаву унвони илмидошта ҳеҷ гоҳ низоми анъанавии мавҷударо инкор ва ё бекор намекунад, балки бо он баробар амал  менамояд. Яъне, тибқи талаботи банди 2-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012, №127 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос (PhD)" "Дипломи дараҷаи илмии доктор аз рӯи ихтисос (PhD) ва дипломи дараҷаи илмии номзади илм баробарарзиш дониста мешаванд".
Чунинанд шаммае аз дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соҳаи маориф, ки фараҳбахшу гуворо буда, маҳз тавассути сулҳу субот, ҳамдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ ба даст омадаанд. Ваҳдат нишонаи шукуфоӣ, осудагӣ, равнақи кишвар ва пойдории давлату Истиқлолияти комил аст.

Раҷабалӣ САНГОВ,
сармутахассиси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.09.13    №: 117-118    Мутолиа карданд: 589

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед