logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи мактаби нав дар ноҳияи Ҳисор, 5 сентябри соли 2013

Омӯзгорон ва хонандагони азиз!
Падару модарони гиромӣ!
Ҳозирини арҷманд!
Дар давоми рӯзҳои охир мову шумо шоҳиди он гардида истодаем, ки ба ифтихори ҷашни бистудуюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон ва оғози соли нави таҳсил дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат теъдоди зиёди иншооти нави соҳаи маориф бо тарҳи замонавӣ дарҳои худро ба рӯйи толибилмон боз намуда истодаанд.
Сохта ба истифода додани боз як таълимгоҳи нав дар маркази ноҳияи Ҳисор идомаи сиёсати созандаи давлату Ҳукумат ва далели равшани дастгирии доимии соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.
Бо истифода аз фурсат ҳамаи шуморо, қабл аз ҳама, ба ифтихори бистудусолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон ва ба муносибати ифтитоҳи боз як боргоҳи илму маърифат ва касбу ҳунар дар ноҳияи Ҳисор самимона табрик гуфта, ба бунёдкунандагони ин муассисаи таълимии хуштарҳу зебо арзи сипос менамоям.
Сохтмони мактаби мазкур соли 2012 дар майдони умумии қариб 7 гектар оғоз ёфта, бо харҷи 11 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ба анҷом расонида шуд. Бинои мактаб, ки барои қариб 1700 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, яке аз калонтарин мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар мебошад, аз 36 синфхонаи таълимӣ, 12 утоқи фаннӣ, инчунин толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ иборат аст. Ҳамаи синфхонаҳо ва утоқҳои корӣ бо таҷҳизот ва технологияҳои ҳозиразамон ҷиҳозонида шуда, барои хонандагону омӯзгорони мактаб туҳфаи хуби ҷашнӣ мебошад.
Мактаб дар таърихи миллати бостонии мо яке аз рукнҳои таркибии фарҳанги миллӣ ва макони муқаддас ба ҳисоб меравад. Вобаста ба талаботи давру замон ва пешрафти ҷомеа ин боргоҳи маърифат бояд симои нав касб намуда, ҷиҳати афрӯхтани нури маърифат ва ташаккули ахлоқи ҳамидаи инсонӣ беш аз пеш мусоидат намояд.
Бо ҳамин мақсад давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятнок таваҷҷуҳи хоса дорад.
Ҳамон тавре ки огоҳед, қариб дар ҳамаи мулоқоту суханрониҳои Роҳбари давлат рушди соҳаи маориф мақоми марказӣ дошта, зимни сафарҳои кориамон кушодани мактабҳои нави замонавӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Инчунин ғамхорӣ дар ҳаққи омӯзгор, аҳли илму маориф, донишҷӯён ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ин табақаи бонуфузи ҷомеа давра ба давра амалӣ карда мешавад.
Ҳамаи кӯшишҳои мо ба он равона шудаанд, ки нуфузу мартабаи омӯзгор ҳамчун зиёӣ, қувваи пешбаранда ва машъалафрӯзи ҷомеа боз ҳам баланд бардошта шуда, дастгириву ғамхории иҷтимоии давлатӣ нисбат ба омӯзгорон марҳала ба марҳала зиёд карда шавад.
Ҳозирини гиромӣ!
Ноҳияи Ҳисор дорои таърихи бисёр куҳан буда, яке аз марказҳои асосии фарҳангу маданияти миллӣ ва расму оинҳои мардумии халқи тоҷик мебошад.
Ба хотири арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати ин минтақаи номдори кишварамон бо қарори Ҳукумати мамлакат соли 2015 таҷлили ҷашни 3000 - солагии ноҳияи Ҳисор ба нақша гирифта шудааст ва барои истиқболи сазовори ин ҷашн корҳои ободонӣ ва созандагӣ босуръат идома доранд, ки мактаби имрӯза намунаи ободкориҳои дар доираи ҷашн ба нақша гирифташуда мебошад.
Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон мисли дигар минтақаҳои мамлакат дар ноҳияи Ҳисор баробари дигар бахшҳо соҳаи маориф низ хеле рушд ёфта, ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардидааст. Имрӯз дар ноҳияи Ҳисор зиёда аз 140 муассисаи таълимии ибтидоиву миёна, гимназия ва литсею мактаб-интернатҳои замонавӣ, инчунин коллеҷу омӯзишгоҳҳо амал мекунанд, ки дар онҳо беш аз 55 ҳазор нафар хонанда таҳсил менамояд. Дар таълимгоҳҳои мазкур наздики се ҳазор омӯзгор ба кори таълиму тарбия машғул мебошанд.
Азнавсозӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ, бунёди мактабу синфхонаҳои нав ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосир ҳамчун самти афзалиятноки рушди соҳаи маориф боқӣ монда, ин иқдом аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар ба таври доимӣ пайгирӣ карда мешавад.
Тибқи маълумот дар давоми солҳои 2011-2012 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ноҳияи Ҳисор 4 иншооти соҳаи маориф барои 850 ҷойи нишаст ба маблағи беш аз 3 миллион сомонӣ ба истифода дода шудааст. Имсол аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ноҳия сохтмони 2 мактаб барои 1280 хонанда ва таҷдиду тармими бинои боз 2 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар маркази ноҳия аз ҳисоби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон сохтмони муҷтамаи Гимназияи президентӣ бо 640 ҷойи нишаст ва сохтмони боз як мактаби нав бо 640 ҷойи нишаст идома дорад.
Тибқи нақша айни замон аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази Вазорати маориф корҳои лоиҳакашии сохтмони бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар назди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-и деҳаи "Ҳосилот"-и Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо дар арафаи анҷомёбист. Ҳоло аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ сохтмони мактаб барои 464 ҷойи нишаст дар Ҳофизқишлоқ ва як мактаби дигар барои 320 ҷойи нишаст дар деҳаи Сангчашма идома дорад.
Дӯстони азиз!
Дар шароити кунунии рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ мо бояд фарзандонамонро ба омӯзиши ҳарчи бештари илму донишҳои муосир, техникаву технологияҳои компютерӣ ва забондониву аз худ кардани касбу ҳунарҳо ҳидоят намоем.
Таъмини ин кор, пеш аз ҳама, ба савияи донишу маърифат ва фаъолияти омӯзгорон вобаста аст. Аз ин рӯ, дар навбати аввал бояд худи омӯзгорон дорои маърифати баланд, дониши амиқ ва рафтору гуфтори намунавӣ бошанд. Зеро танҳо омӯзгори асил метавонад шогирдони хешро тибқи талаботи замон тарбия намояд ва дар зеҳни онҳо талаби илму донишро тақвият диҳад.
Иҷрои ин кор, яъне тарбияи хуб ва таъмини шароити мусоид ба фарзандон дар айни замон вазифа ва рисолати азалии падару модарон низ мебошад. Агар ин рисолат бо фаъолияти созандаи омӯзгорон якҷоя пеш бурда шавад, яъне робитаи хубу доимии мактаб ва падару модарон ба роҳ монда шавад, фарзандон, албатта, ба роҳи рост мераванд ва таълиму тарбияи дуруст мегиранд.
Яке аз сабабҳои қабули қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" низ ҳамин аст, ки мо фарзандони худро аз синни хурдсолӣ тарбияи дуруст диҳем, онҳоро барои фарогирии донишҳои замонавӣ омода созем ва кӯдакону наврасонро тавре ба камол расонем, ки онҳо дар оянда ба манфиати ҷомеа ва давлат хизмати арзанда карда тавонанд.
Амалӣ намудани қонуни мазкур яке аз роҳҳои муассири ташаккули ҷомеаи солим ва дуруст ба камол расидани фарзандони мову шумо мебошад, ки ин амр аз масъулиятшиносии ҳар як падару модар, аҳли маориф ва тамоми афроди ҷомеа вобастагии мустақим дорад.
Аз ин лиҳоз, ҳамаи падару модарон, аҳли маориф ва тамоми ҷомеаро зарур аст, ки ба масъалаҳои тарбияи ахлоқӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии наврасону ҷавонон пайваста эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки вақтҳои охир таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ва падару модарон ба донишандӯзии хонандагони мактабҳои миёна торафт зиёд гардида истодааст ва талоши волидайн ҷиҳати ба дасти омӯзгори ботаҷриба ва ба мактаби дорои шароити хуби таълиму тарбия супоридани тақдири фарзандон эҳсос карда мешавад. Ин иқдоми бисёр хуб аст ва дар ин радиф зарур аст, ки ҳамкории мактаб ва оила дар тамоми давраи донишомӯзӣ ва таълиму тарбия ба роҳ монда шавад.
Устодон ва омӯзгорони обрӯманду соҳибистеъдоди мо бояд ҳамоҳангсози низоми самараноку доимамалкунандаи аз кӯдакистон ба мактаби ибтидоиву миёна ва аз мактаби миёна то ба мактаби олӣ интиқол додани толибилми босавод бошанд. Яъне устод то ба дараҷаи камолот расидан шогирд ва дастпарвари худро роҳбаладӣ намояд, то ки дар оянда фарзандони мову шумо ҳамчун мутахассиси дорои сатҳи баланди касбӣ ба воя расанд.
Омӯзгорони муҳтарам!
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз беаҳамиятии баъзе роҳбарони муассисаҳои таълимӣ истифода карда, равияву ҷараёнҳои тундрав ва ифротгаро як қисми ҷавонону наврасони ноогоҳро ба доми худ мекашанд, ки ин паёмади хуб надорад.
Бинобар ин, аз шумо - омӯзгорони муҳтарам, ки ташаккулдиҳандаи ҷаҳонбинии насли наврас ва пешбарандаи маърифати ҷомеа ҳастед, тақозо мегардад, ки насли наврасро ҳамеша ба роҳи рост ва риояву эҳтироми қонун ҳидоят намоед.
Ҷавонону наврасони мо набояд фирефтаи дасисаи гурӯҳҳои ифротгаро шуда, ҳаёти хешро қурбони нақшаҳои ғаразноки онҳо гардонанд. Илова бар ин, ба баъзе амалҳои нангин, аз ҷумла ба задухӯрдҳои байниҳамдигарӣ ва дигар ҷиноятҳо даст задани наврасону ноболиғон боиси нигаронӣ мебошад.
Худ қазоват кунед, ки танҳо дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ қариб 500 ҳолати ҷинояткории аз ҷониби мактаббачаҳо содиршуда ба қайд гирифта шудааст. Ин масъалаи бисёр ҷиддӣ ва ташвишовар буда, ҷиддан тақвият бахшидани корҳои тарбиявиро бо насли наврас тақозо менамояд.
Дар пешгирӣ намудани чунин падидаҳо падару модарон бештар бояд масъулиятшинос бошанд. Зеро, пеш аз ҳама, онҳо бояд бо рафтору гуфтор ва кирдори неки хеш фарзандонро ба роҳи рост ҳидоят намоянд.
Бинобар ин, бори дигар хотирнишон месозам, ки вазифаи муқаддас ва аввалиндараҷаи падару модар дар вуҷуди фарзанди хеш тарбия намудани ҳисси баланди ватандӯстиву инсонпарварӣ, ҳидояти ӯ ба роҳи рост, итоат ба қонунҳо, одобу ахлоқи нек ва азму талош ба омӯзиши илму дастовардҳои техника ва технологияҳои муосир мебошад.
Бовар дорам, ки дар ин кори хайр мардуми ноҳияи Ҳисор низ, ки бисёр фарзандони бонангу номус ва олимону донишмандони зиёдро ба воя расонидаанд, саҳми фаъолона мегузоранд.
Ҳамчунин итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Ҳисор бо истифода аз суннатҳои неку писандидаи аҷдодӣ минбаъд низ барои оромиву осоиши ҷомеа, ободии Ватан, таҳкими ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият саъю кӯшиши худро дареғ намедоранд.
Ман ба ғайрату номуси мардуми ноҳияи Ҳисор итминону эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор медорам, ки онҳо минбаъд низ бо дастгирии самимона аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат тамоми неруву ғайрати худро барои ободии Ватан ва пешрафти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон равона месозанд.
Дар фарҷоми сухан ҳамаи шумо - сокинони заҳматпешаву ҳимматбаланд, инчунин кулли устодону шогирдони ноҳияи Ҳисорро бо ҷашни фархундаи миллӣ, яъне солгарди истиқлолияти давлатӣ ва ифтитоҳи ин мактаби нави замонавӣ табрик гуфта, бароятон саодати рӯзгор, хонаи обод ва тамоми хушиҳои зиндагӣ, инчунин ба шогирдони мактаби навбунёд хониши хубу аъло ва ахлоқу одоби ҳамида орзу менамоям.
Бигзор сулҳу осоиш дар ҳар хонадони кишвар пойдор ва ваҳдати милливу Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон абадан устувор бошад!
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.09.13    №: 119    Мутолиа карданд: 521

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед