logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар маросими ифтитоҳи беморхонаи марказии ноҳияи Ашт, 15 сентябри соли 2013

Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамагӣ се моҳ қабл, яъне тобистони соли ҷорӣ, мо дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Суғд ба ноҳияи Ашт омада, бо мардуми ноҳия мулоқот доштем.
Ҳамон рӯзҳо ба мақомоти дахлдори вилоят ва ноҳия супориш дода будем, ки ҷиҳати таъмиру азнавсозии роҳҳои дохилии ноҳия, инчунин барои сари вақт ва сифатнок анҷом додани сохтмони бинои беморхонаи марказии ноҳия, ки қариб сӣ сол пеш оғоз гардида, ба иншооти сохтмонаш нотамом табдил ёфта буд, чораҳои бетаъхир андешанд. Яъне ноҳияи Ашт то имрӯз беморхонаи марказӣ надошт ва чунин ҳолат тақозо мекард, ки барои ҳарчи зудтар сохта, ба истифодаи аҳолӣ супоридани ин муассисаи ниҳоят зарурӣ чораҷӯӣ карда шавад.
Барои сохтмони бинои нотамоми беморхона аз буҷети давлат зиёда аз 15 миллион сомонӣ сарф гардида, бунёди он аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент бо ҷалби беш аз 100 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ дар муҳлати кӯтоҳтарин ба анҷом расонида шуд.
Беморхонаи имрӯза, ки мо чанд лаҳза пештар ифтитоҳ намудем, барои бистарӣ намудани 150 нафар пешбинӣ гардидааст ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои имрӯза бунёд гашта, бо таҷҳизот ва асбобҳои муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Бо истифода аз фурсат ҳамаи шумо - кормандони соҳаи тандурустии ноҳия ва тамоми сокинони ноҳияи Аштро ба муносибати мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи нави тандурустӣ, ки туҳфаи идонаи Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми заҳматкаши ноҳия мебошад, самимона табрик гуфта, ба ҳамаи онҳое, ки дар сохтмони он саҳми арзанда гузоштаанд, миннатдорӣ баён менамоям ва ба ҳамаи сокинони ноҳия саломатии бардавом, хушбахтӣ, файзу баракати рӯзгор ва ояндаи пурсаодат орзумандам.
Ҳамчунин бо истифода аз фурсат мехоҳам як масъалаи муҳимро хотирнишон созам. Ҳамаи ободиҳое, ки имрӯз аз тарафи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири пешрафти ҳаёти ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои мардуми кишвар амалӣ карда мешаванд, пеш аз ҳама аз баракати соҳибистиқлолӣ, сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати миллӣ сарманшаъ мегиранд.
Ҳоло мо ба ҳар гӯшаи диёрамон, ки меравем, мушоҳида мекунем, ки мардуми Тоҷикистон ба шукронаи фазои орому осудаи кишвар бо дили гарм ва ба ояндаи неки кишвар ба кори созанда машғуланд ва пайваста кӯшиш карда истодаанд, ки зиндагии имрӯзашон аз дирӯз ва фардояшон аз имрӯз беҳтар гардад.
Ҳамдиёрони азиз!
Солҳои охир ҳар як сокини кишварамон мушоҳида карда истодааст, ки роҳбарияти давлат барои ҳифзи тандурустии аҳолӣ ҳамаи шароиту воситаҳои имконпазирро фароҳам оварда истодааст, зеро миллати солим асоси пешрафт ва ояндаи неки давлат ва ҷомеа мебошад.
Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат сол аз сол ба соҳаи тандурустии кишвар таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд, аз ҷумла дар вилояти Суғд барои фаъолияти босамар ва сифатноки муассисаҳои тандурустӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонии тиббӣ аҳамияти махсус дода, дар ин самт ҳар сол ҳаҷми маблағгузориро афзоиш медиҳад.
Агар дар соли 2007 аз буҷет барои соҳаи тандуpустии вилоят ҳамагӣ 30 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шуда бошад, пас дар соли ҷорӣ ба ин мақсад 217 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2007 чандин баробар зиёд мебошад.
Аз соли 2011 то инҷониб барои харидорӣ кардани таҷҳизоти муосири тиббӣ ва осон гардидани мушкилоти сокинон дар самти ташхису табобат аз ҳисоби буҷети давлатӣ иловатан ҳар сол як миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад.
Дар давоми солҳои 2007-2012 дар вилоят бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, маблағҳои мақомоти маҳаллӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ, инчунин бо ҷалби соҳибкорон ва аҳолӣ 109 муассисаи тиббӣ бунёд гардида, 615 иншооти соҳа азнавсозӣ карда шудааст.
Дар ин раванд сохтмони маркази дилшиносӣ, шӯъбаи бачагонаи бемориҳои хун, маркази эндокринологӣ, маркази солимгардонии бемориҳои шараёну дил, беморхонаҳои марказии ноҳияи Шаҳристон, ҷамоати Хистеварз ва шӯъбаи бачагона дар ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба итмом расонида шуданд.
Инчунин дар ин давра аз 108 марказ ва бунгоҳи саломатии амалкунандаи вилоят 66 адади онҳо ба талаботи имрӯза мутобиқ гардонида шуда, муассисаҳои тандурустии вилоят қариб бо 100 адад нақлиёти санитарии ёрии таъҷилӣ ва хизматӣ таъмин карда шуданд.
Ғайр аз ин, баъди қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ" алҳол дар вилоят 127 муассисаи тиббии хусусӣ фаъолият менамояд, ки онҳо барои ташхис ва табобати аҳолии ниёзманди вилоят саҳми худро гузошта истодаанд.
Дар ин раванд солҳои охир ҷиҳати ба талаботи имрӯза мутобиқ гардонидани заминаи моддиву техникии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Ашт низ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешаванд. Масалан, танҳо дар соли 2010 дар ҳудуди ноҳия 15 марказ ва хонаи саломатӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд.
Илова бар ин, соли 2011 бо маблағгузории соҳибкорони ноҳия марказ ва бунгоҳи тиббӣ бунёд карда шуд, ки айни ҳол ба сокинон хизмати тиббиву беҳдоштӣ расонида истодааст.
Соли гузашта бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ чор хонаи саломатӣ азнавсозӣ карда шудааст.
Умуман дар давоми солҳои 2010-2013 барои муассисаҳои тиббии ноҳия ба маблағи зиёд таҷҳизоту асбобҳои зарурии замонавӣ харидорӣ карда шудааст. Алҳол сохтмони бинои иловагии шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказӣ бо маблағгузории Сафорати Ҷопон ва бинои асосии беморхонаи Ҷамоати деҳоти Понғоз ба масоҳати умумии ду ҳазор метри мураббаъ идома дорад.
Дӯстони азиз!
Бояд қайд кард, ки саҳми зодагони ноҳияи Ашт дар пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишварамон хеле калон мебошад. Имрӯз низ фарзандони ноҳияи Ашт дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии кишварамон фаъолияти босамар доранд.
Вазифаи падару модарон, устодону омӯзгорон ва пирону шахсони обрӯманду рӯзгордида аз он иборат аст, ки насли ояндасози кишварамонро дар пайравӣ ба кору пайкори ибратбахши гузаштагон ва рӯҳияи баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намоянд. Зеро ояндаи ободи Ватан ва тараққиёти бомарому устувори он дар навбати аввал аз ҷавонон вобаста мебошад.
Бинобар ин, таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, мусаллаҳ гардонидани онҳо бо илму дониши муосир ва ахлоқу одоби ҳамида вазифаи муқаддас ва қарзи ҳар як падару модар, аҳли ҷомеа ва мактабу маориф мебошад.
Аз ин хотир, зарур медонам, ки мо минбаъд низ ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" бояд ҳамчун яке аз вазифаҳои афзалиятноки ҳам сохтору мақомоти давлатӣ ва ҳам падару модарон, аҳли зиё ва умуман тамоми ҷомеа муносибат кунем.
Аз ин рӯ, аз кормандони маориф, бахусус омӯзгорон, падару модарон, аҳли зиё, пирони рӯзгордида ва мақомоти салоҳиятдори ҳифзи ҳуқуқ тақозо мегардад, ки фаъолиятро дар самти иҷрои муқаррароти қонуни зикршуда ҳамаҷониба тақвият бахшанд.
Бовар дорам, ки ҳамаи мову шумо - мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз бо заҳмати созанда диёрамонро боз ҳам ободу зеботар гардонида, мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари фарҳангпарвару сулҳдӯст поянда медорем. Ин орзу ва нияти неки мо танҳо бо ваҳдату ягонагии сокинони кишвар, пойдории сулҳу субот ва заҳмати пайваставу пайгиронаи мардум ҷомаи амал хоҳад пӯшид.
Бо ҳамин ниятҳои нек ба мардуми ватанпарасту заҳматкаш ва меҳмоннавозу сарбаланди ноҳияи шӯҳратманди Ашт саломативу саодатмандӣ, шодкомиву иқболи нек ва дар амалӣ гаштани ниятҳои неку созандаатон барору комёбӣ орзу менамоям.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.09.13    №: 121    Мутолиа карданд: 634

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед