logo

илм

Чароғи ҳидоят

Ҳар гаҳ ки сухан аз илмҳои  табиатшиносӣ, бахусус илми биология равад ва ҳам агар аз шахсиятҳои  фарҳехтаву абармардони он  ёдовар шаванд, албатта, номи  Арбоби хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, олими оламшумули соҳаи биология ва физиологияи одам, доктори илмҳои биологӣ, профессор Толиб Рӯзиевро ба забон меоранд.
Инчунин, ҳатман аз сифатҳои ҳамидаву нотакрор ва худодод, хоксорию меҳнатдӯстӣ, дарёдилию ҳимматбаландӣ ва инсондӯстию хайрхоҳии ӯ мегӯянд. Борҳо  шунидаем, ки гуфтаанд: "Устоди зиндаёд  марде буд ҷоннисори илму фарҳанг ва тӯли умри бобаракати хеш аз худ ёдгориҳои беназир боқӣ гузошт".
Хизматҳои арзандаи устодро доктори илми тиб,  яке аз асосгузорони кафедраи Биология ва физиологияи одами Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино  Фозил Абдураҳмонов чунин ёдовар мешавад: "Садҳо мақолаю тадқиқотҳои илмию лаборатории ӯ айни замон дар кафедраҳои институтҳои ҷаҳон мавриди  истифода қарор доранд."
Фозил Абдураҳмонов Рӯзиевро падидаи тозаи олами илми муосир номида, таъкид карданд: "Рисолаи доктории ӯ, ки дар Донишкадаи аввали тиббии шаҳри Маскав бомуваффақият ҳимоя гардида буд, барои на танҳо Тоҷикистон, балки барои илми Шӯравии собиқ дастоварди арзанда маҳсуб меёфт.  Дастоварди  ин  олими забардаст шарафи олимону илми дақиқи Тоҷикистонро зинаҳо боло бурд. Ҳамин қадами пурфайзи ӯ сабаб гардид, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон як гурӯҳ олимони соҳибкасбу соҳибҳунар дар атрофаш ҷамъ омада, дар ташкил ва инкишофи минбаъдаи илмҳои биологияву физиология саҳм бигиранд ва бо кашфиётҳои худ симову равиши хоси илмиро  ба вуҷуд оранд,  ки аз тарафи марказҳои илмии ҷаҳон эътироф гарданд.
Ин рисолаи доктории олим то ба имрӯз дар  кафедраи донишгоҳи  мо китоби рӯимизии ҳар олиму толиби илм аст."
Солҳое, ки Т. Рӯзиев фаъолияти босамарро ба ҳайси устод ва олими унвонҷӯй дар факултаи биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз кард, аҳди ташаккули мактаби илмҳои дақиқи кишвар буд. Аз он рӯзҳо зиёда аз 55 сол сипарӣ гардидааст. Дар ин муддат ин боргоҳи илму фанро ҳазорон толибилмон аз тамоми кишвар ва беруни он гузаштанд ва дар қатори даҳҳо устоди соҳибмаърифат аз чашмаи илму дониши Толиб Рӯзиев низ ошомидаанд. Дар тайёр намудани муаллимони фанни биология барои тамоми мактабҳои таҳсилоти миёна хизмату саҳми устод зиёду чашмрас аст.
Дар ҳамин давра дар пойгоҳи ҳамин даргоҳ ва дар заминаи дастовардҳои олимони факултаи биологияи донишгоҳ барои институтҳои илмию тадқиқотии Академияи илмҳои Тоҷикистон ходимони болаёқати илмӣ тайёр карда шуд.

*  *  *
Дар баробари сохтмонҳои бузурги аср - азхудкунии водии Вахш - манбаи асосии ашёи хоми ватанӣ - пахта - маҳсулоти аҳамияти стратегӣ дошта, идома дошт. Волидайни олими оянда дар қатори ҳазорон ҳамдиёронаш на аз рӯи манфиат, балки бо амри виҷдон ва ҷавоби сазовор ба муроҷиати роҳбарони давлати вақти кишвар барои пайвастан ба ин бозсозии аср аз шаҳри Конибодоми бостон ба ҷануби кишвар кӯч бастанд. Дар қатори 2-3 ҷомадони сафарӣ ин оиларо гаҳвора низ ҳамроҳӣ мекард. Тифлаки 1-сола - Толибҷон дар дасти модар фориғ аз таҳаввулот дар хоби ноз буд…
Таърихро одамон бо дасти хеш месозанд. Дар ҳама вақту замон мардумро абармардони сарсупурда, шахсиятҳои соҳиби қудрати созмондеҳӣ дошта ба пеш, ба сӯи навгониҳо ҳидоят кардаанд.
 Оилаи  Рӯзиевҳоро ҷавонмарди хушқаду қомат, меҳрубону серташвише бо оғӯши кушода пешвоз гирифту ҳамон замон аз пайи ҷобаҷо карданашон шуд. Баъдтар аҳли оила бо ин ҷавони фаъол - сарвари ҷавонон - комсомолони ноҳияи Қараланг (ҳозира ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ) Сироҷиддин Исоев аз наздик шинос ва дӯстони қарин гардиданд. Ин ҳамон Сироҷиддинест, ки минбаъд, қариб се даҳсола ноҳияро роҳбарӣ намудаву барои саҳми бузургаш дар сохтмони ҳаёти нав ва дастовардҳои бемислаш дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии бузургтарин ноҳияи водӣ аввал ба унвони "Устоди пахтаи Тоҷикистон" ва сипас унвони олии "Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ" қадр гардидааст. Сари синаи ин марди корро нуҳ ордени олии давр дар баробари ситораи қаҳрамонӣ зеб медод. Ин ҳамон Сироҷиддин Исоевест, ки имрӯз ҳамагон ба некӣ ёдаш меоранду  аз рӯи ихлос, эҳтирому сипос шаҳраку мактабу кӯчаҳои ноҳияро ба номаш гузоштаанд.
Фазои нав, муҳити созгор дар ташаккули  Толибҷони ҷавон нақши мусбат гузошт. Мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм намуда, бо роҳхати махсус ба Омӯзишгоҳи шаҳри Қурғонтеппа дохил шуд.  Онро низ бо дипломи сурх ба итмом расонда, соли 1955 ба  курси аввали  факултаи биологияи Донишгоҳии миллии Тоҷикистон дохил мегардад.
Ҳанӯз ҳангоми таҳсил дар курси якум устодони шинохта ин ҷавони меҳнатдӯсту шефтаи илму амалро "таги чашм" карда буданд. Барои мустақилона дар озмоишгоҳ кор кардан ва ба корҳои таҷрибавӣ машғул шуданаш ҳам иҷозат доданд. Озмоишгоҳ хонаи дуюми ин толиби илм гашта буд. Натиҷа ҳамин гардид, ки ӯ факултаи биологияро бо баҳои аъло хатм карда, бо пешниҳоди устодон дар ин факулта ба кор шурӯъ кард ва ҳамзамон  дар  аспирантура таҳсилро идома дод.

*  *  *
Раҳи фарогирии илму дониш, бахусус улуми табиӣ саҳл нест… Дигар барои Толибҷони ҷавон, ки бо омӯзиши душвортарин масоили илмии он замон "панҷа нарм мекард", оғоз шуданд шабҳои бехобӣ, заҳмати фарогирии асосҳои илм ва ҳазорон маротиба аз санҷиши лабораторӣ гузарондани фарзияву хулосаҳои илмӣ. Заҳмати чандинсолааш бор овард ва таҳти роҳбарии академики Академияи илмҳои  Иттиҳоди Шӯравӣ  Г. Сомсонидзе рисолаи номзадӣ ҳимоя кард. Чанде баъд барояш унвони устодӣ - дотсенти кафедраро низ лоиқ диданд.
Дар пеш қуллаҳои нав - орзуҳои дигари илмӣ меистоданд. Олими ҷавон ба ҳайси як мутахассиси баркамол барои фатҳи қуллаи орзуҳояш қадам мезад. Дар бахши биология  ва физиологияи одам  мақолаву натиҷаи тадқиқотҳои лабораториаш пайваста рӯи чопро медиданду барои алоқамандони ин илм аз падидаи нав дар соҳаи илм дарак медоданд. Тадқиқотҳои илмӣ ва натиҷаҳои дар озмоишгоҳҳо ба дастовардаи вайро натанҳо дар  Тоҷикистон, балки дар дигар марказҳои илмии  дунё истифода мебурданд.
Истеъдоди азалӣ ва меҳнатдӯстии Толибҷон устодаш  - академик Сомсонидзеро ба ҳайрат меовард. Ин олими соҳибному соҳибтаҷриба  борҳо Т. Рӯзиевро ба Маскаву  Тифлис барои  кор таклиф намудааст.  Вале Толибҷон пайванди хоку диёри бобоӣ буд, ин обу хоки муқаддасро ба чизе иваз карда намешавад. Хуб  медонист, ки  вай аз Маскаву Тифлис ва дигар марказҳои машҳури илмӣ дида, ба кафедрааш, ба донишгоҳаш, ба диёраш заруртар аст. Баъдҳо ба тамоми дастовардҳои илмӣ, унвону дараҷаҳо расид, вале ин иродаи хешро то ба охири умр пойдор нигаҳ дошт. Вай то баромадан ба нафақа декании факулта, мудирии кафедраи "Биология ва физоологияи одам"- ро ба зимма дошту бо мароми ҷавонмардӣ ва қарзи фарзандӣ барои илми кишвараш содиқона хидмат намуд.
Аз хотираҳои дӯстону пайвандон ва ҳазорон шогирдонаш метавон чандин китоб навишт. Дар ҳама ҷо, дар ҳар рӯзгор марди соҳиби обрӯ ва соҳибсухану соҳибдил боқӣ монд. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоса рӯзгоре дошт. Дӯстону шогирдонаш ӯро бо хислатҳои наҷибаш - меҳрубонию дар суханаш устувор будан, мешинохтанд. Хислатҳои ҷавонмардӣ дар ҷавҳари ҷони ҷавони асил ҷой дошт. Дардошно ва ҳамшарики атрофиён буд.

*  *  *
Устоди арҷманд Толибҷон Рӯзиев падари меҳрубони  фарзандон ва бобои азизи набераҳо буд. Фарзандони соҳибилму соҳибкасбаш, ки бо касбу ҳунари худ камар ба хизмати ҷомеа бастаанд, дар баробари осори бебаҳои ин олими соҳибном, самари боғи умри пурфайзи ӯянд: Лола - номзади илми  филологӣ, дотсент, мудири кафедраи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Фирӯза - корманди масъули идораи хоҷагии коммуналию манзилии шаҳр, Ваҳҳобҷон - эпидемиолог, Зулфия - муаллимаи Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Конибодом, Аброрҷон - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дар  арафаи ҳимояи рисолаи докторӣ мебошад. Дар ҳама ҷо, дар ҳама ҳолат зиндагиномаи пуршараф ва пур аз ҳикмати падари бузургвори худро ҳар яке аз онҳо сармашқи кору зиндагии худ сохтаанд. 
Ҷашни 70-умин солгарди Толибҷон Рӯзиев, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, дар баробари эътирофу арҷгузории хизматҳояш, ҳисоботи умри пурфайзаш низ гашт. Зиёда аз ин зиндагиномаи ин шахсияти нотакрор, китоби ҳикмат мебошад. Аз гуфтаҳои шогирдон устод шод буд. Зеро илме, ки ба он умри азизашро сарф кардааст, ворисони арзанда дорад ва кори ӯву роҳи ӯро давом хоҳанд дод.
Ҳама аз хизматҳояш, аз кашфиёту осораш, ки чун чашмаи мусаффо доимо шогирдони лабташнаи маърифатро шодоб месозад, бо меҳру эҳтиром ва сипос сухан гуфтанд.
Имрӯз ин шахсияти шоиста дар миёни мо нест. Аммо садҳо кашфиёту таҳқиқотҳояш, китобу мақолаҳои пурарзишаш мавриди истифодаи устодону шогирдони мактабҳои таҳсилоти  миёнаву олии ҷумҳурӣ, марказҳои илмию тадқиқотии кишвар ва хориҷ  қарор доранд.

Нозимҷон ФОЗИЛОВ,
узви Иттифоқи
журналистони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.13    №: 122    Мутолиа карданд: 1461

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед