logo

илм

Самари илм басо ширин аст

Убайдулло Қурбонов, чун олими варзида, тарбиятгари бемисл, микроҷарроҳ, ҷарроҳи тармиму пластики чирадаст, сарвари мушфиқу ғамхор, имрӯз дар кишвар ва берун аз он шуҳрати зиёд дорад.
Соли 1984 факултаи муолиҷавии Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм кардааст.

Солҳои 1984 - 2005 ординатори клиникии кафедраи ҷарроҳии госпиталии ДДТТ, ҷарроҳ, мудири шуъбаи ҷарроҳии тармимӣ ва пластикӣ, муовини директори Маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳо ва қафаси сина буд.
Соли 2004 ба унвони доктори илмҳои тиб мушарраф гардидааст.
Аз моҳи августи соли 2005 ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино мебошад.
Шуҳрату маҳбубияти ӯ пас аз ин зиёдтар гардид. Дар донишгоҳ чун воқеан таҳаввулот кард, таҳаввулоти назаррас. Сатҳи таълиму тарбия боло рафт. Нахуст тамоми шароитро фароҳам овард. Китобҳои тадрисӣ ба забони давлатӣ таълифу нашр гардиданд. Ҳафтавору маҷаллаи илмӣ таъсис дода шуд. Устодон дар дохил ва берун аз кишвар ба бозомӯзӣ фаро гирифта шуданд, такмили ихтисос намуданд. Омӯзгорон ба муҳимтарину умдатарин мавзӯъҳо рӯ оварданд, рисолаҳои илмӣ таълиф ва кашфиётҳову ихтироъҳо карданд. Дар мушкилтарин навъҳои ҷарроҳӣ ва табобати бемориҳо ба дастовардҳои бузург ноил гардиданд.
Дар нишастҳои матбуотӣ ҳамчун сарвари таълимгоҳ, донандаи хуби соҳа ба пурсишҳои хабарнигорони воситаҳои ахбори омма бо тамкини хос посухҳои мушаххасу пухта медод. Ҳеҷ саволро беҷавоб намегузошт. Агар пурсише ҳам ба фаъолияти ӯву омӯзгоронашон иртибот намегирифт, аз посух бо узре канора намегирифт. Баръакс, бо ишорае нозук, пас аз зикри он, ки бо корашон иртибот надорад, ҳатман посух медод.
Аз ҳамин нишастҳо дарёфтем, ки аз ибтидо роҳи омӯзишу илм барояш ҳамвор набуда ва ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ гардидааст. Аммо бо сабру таҳаммул, саъю кӯшиши пайваста ва азму иродаи қавӣ онро пушти сар мекардааст.
Посухҳояш моро ба дурнамои фаъолияти худу устодони донишгоҳ, пешрафти донишҷӯён ва рушди соҳа умедвор месохт. Ҳақиқати бисёре аз гуфтаҳояш бо дастовардҳо аён мегардид.
Убайдулло Қурбонов дар марказҳои бузурги тиббии Маскав, Санкт - Петербурги Русия, Франкфурти лаби Майн, Гиссени Олмон, Залсбурги Австрия такмили ихтисос ва сайқали донишу маҳорати касбӣ кардааст. Наздики 200 асару мақолаи илмӣ дар ҳаммуаллифӣ таълиф намудаву дар рӯзномаҳову маҷаллаҳои илмии кишвар ва берун аз он ба табъ расондааст.
Дар ҳамоишҳои бузурги илмии Австрия, Англия, Франсия, Олмон, Русия, Узбекистон ва дигар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ширкат варзидаву маърӯзаву гузоришҳои илмӣ намудааст. Соҳиби кашфҳо ва ихтироъҳои зиёд мебошад.
Соли равон силсилапажӯҳишҳои У. Қурбонов, доктори илми тиб, профессор, К.Ортиқов, доктори илми тиб, профессор, А. Давлатов, номзади илми тиб, ки иборат аз 40 мақолаи илмӣ, 24 кашфиёт ва 18 навовариро дар бар мегирифт, барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб пешниҳод шуда буданд. Рӯзнома ба хотири дастгирии онҳо маводеро ба табъ расонд, ки дастовардҳои даҳсолаи (солҳои 2001-2011) онҳоро дар соҳаи илми микроҷарроҳӣ ва ҷарроҳии таҷдиду тармим барои алоқамандон тавзеҳ медод.
Ин пешниҳод оид ба тармими нуқси инкишофи панҷа, ҷарроҳии рагу торҳои асаби осебрасидаи дасту по ва рафъи изҳои сӯхтагию контрактура дар панҷа, бандҳои дасту пойу гардан буд. Ҳамин тавр, имкон фароҳам омад, ки минбаъд нуқсҳои ҷисмонию эстетикӣ бартараф гарданд ва он одамонро нороҳат насозанд.
Мутахассисони соҳа эътироф намудаанд, ки онҳо воқеан ба илми микроҷарроҳӣ, махсусан ҷарроҳии таҷдидиву тармимӣ, усулҳои навро ворид сохтанд, ки арзишу аҳамияти зиёди илмӣ доранд ва дар пешрафти соҳа мусоидат мекунанд.
Муаллифони силсилапажӯҳишҳо дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба ин ҷоизаи пуршараф ноил гардиданд.
Аҳли эҷоди рӯзномаи "Ҷумҳурият" ва хонандагони сершумораш Убайдулло Қурбонов ва шариконашро ба Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино табрику таҳният гуфта, боз ҳам дастовардҳои беназирро таманно мекунанд ва тандурустияшонро мехоҳанд.

Абдулқодири РАҲИМ,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.09.13    №: 123-124    Мутолиа карданд: 1184

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед