logo

илм

Каррон: кашфиёти илмӣ ё ҳазёни навбатӣ?!

Тайи ду-се соли охир дар матбуоти даврӣ ҳангомае оид ба кашф гардидани шаҳри қадимтарин дар Дарвоз аз ҷониби доктори илмҳои таърих, узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Юсуфшоҳ Яқубов бархостааст. Кашшофи он Яқубов ва ҳаммаслаконаш аз қабили Муъмин Қаноат исбот карданианд, ки гӯё онҳо як саҳифаи ноаёни таърихи тоҷикро кашф намудаанд.

Ба ин хотир Яқубов китобчае ё ба гуфти худаш муаррифиномае бо номи "Кашфи шаҳри Каррон"-ро соли 2012 ба ду забон (тоҷикӣ, англисӣ) дар  ҳаҷми 20 саҳифа ба чоп расондааст. Он ҷо дар саҳифаи 2 далели ба давлати Тоҳириён 4000 дирҳам хироҷ додани Карронро оварда менависад, ки давлати Каррон бори аввал дар асри IX дар асари Ибни Хурдодбеҳ "Китоб-ал-масолик ва ал-мамолик" ёд мешавад. Ин ҳақиқат аст, аммо он ҷо навишта нашудааст, ки давлати Каррон, балки ҳамчун мулку  навоҳии дигари давлати Тоҳириён хироҷ медодааст. Оид ба ин далел муҳаққиқони зиёде навиштаанд, аз он ҷумла дар асари Бобоҷон Ғафуров "Тоҷикон" (саҳ.409), Ҳайдаршо Пирумшоев "Таърихи Дарвоз" (саҳ.28)  мукаммал оварда шудааст.
Яқубов дар мақолаи "Нигоҳе ба таърихи шоҳони Дарвоз" ("Миллат", №23 (92), аз 7 июни соли 2007)  доир ба ин ёдгорӣ менависад: "Болои кӯҳ, ҷойи қалъа нисбатан кушод буда, ҳудуди 10-15 га  заминро ташкил менамояд", аммо дар китобчаи хеш "Кашфи шаҳри Каррон" онро қалъа нею ба сифати шаҳр оварда, ҳудудашро 32 га муайян намудааст.  Дар санади дархостие, ки ба Ҳукумати ҷумҳурӣ расман пешниҳод намудааст, масоҳати шаҳр ба 100 га мерасад.
Хонандаи соҳибзавқ, худ қазоват кунед, кадоме аз ин нишондодҳои ҳудудӣ баёни ҳақиқат аст? Сабаб  чист, ки дар се хулосаи муаллиф се "ҳақиқат" оварда шудааст? Қобили қайд аст, ки дар тарзи навишти номи қалъа  аз тарафи олимон гуногунфикрӣ ба назар мерасад. Масалан,  дар шакли "Қаррон", "Карон","Каррон", "Қуррон" овардаанд. Дар "Луғатнома"-и Деҳхудо омадааст: "Карон ноҳияе аст миёни Кобул ва Бадахшон, ки дар он маъдани хорсинӣ аст". (Аз китоби "Алҷамоҳир", саҳ. 261).
Номи Каррон бори аввал дар замони ҳукмронии Абдуллоҳ ибни Тоҳир (828- 848) - намояндаи хонадони Тоҳириён ёд шудааст. Сайёҳи чинӣ Сюан Сзан соли 629- 640 аз ин манотиқ дидан карда, оид ба 27 мулки Тахористон маълумот додааст. Аз  ҷумла, Дарвозу Рӯшонро бо номи Кюмиту ё Кумед зикр карда, чунин навиштааст: "Ин кишвар дар масоҳати 2000 лӣ аз шарқ ба ғарб ва 200 лӣ аз шимол ба ҷануб тӯл кашидааст. Он дар миёни қаторкӯҳҳои бузурги Сунг Лин (Помир) воқеъ шудааст. Пойтахташ  тақрибан 20 лӣ масоҳат дорад. Аз самти ҷануби шарқӣ бо Оксус (Амударё) ҳамсарҳад аст, аз самти ҷануб ба кишвари Шикинӣ (Шуғнон) мерасад"(Si-yu-ki. Buddist records of Western World translated from the chinese of Hiuen Tsiang (629 A.d.) by Samuel Beal. Popular edition two volumes in one. London, 1884. р.42.) Як лӣ тақрибан баробар аст ба 350 м (С.Б). Чи тавре мебинем, хулосаҳои Юсуфшо Яқубов доир ба ному масоҳати қалъа якранг ба назар намерасанд. Барои то андозае ба баёни ҳақиқат наздик шудан муаллиф метавонист бо маҷмӯаи маълумотҳои чинӣ, ки аз тарафи шарқшиноси рус Н.Я.Бичурин тарҷумаву тафсир шудаанд ("Собрание сведений о народах обитавших в Средней Азии в древние времена" (Москва-Ленинград, 1953, ҷилди 2. саҳ. 323-324, ҷилди 3, саҳ. 9,12,35,43) рӯ оварад. Он гоҳ дармеёфт, ки дар он оид ба  мулкҳои Шуғнон, Вахон ва Кумед маълумоти муфассал оварда шудааст.
Шиносоӣ бо ин маҷмӯаи сарчашмаҳои чинӣ  ва дигар маъхазҳо касро ба хулосае меорад, ки дар асри VII Дарвоз ва Рӯшон бо номи умумии Кумед маълумият доштаанд. Игор Пянков маъхазу сарчашмаҳои асримиёнагиро омӯхта менависад: "Кумед,  Кумод мувофиқи маълумоти маъхазҳо халқи кӯчии сакоиянд, ки худро кумӣ мегуфтанд, дар соҳилҳои Кофарниҳон, Вахш, Қаротегин, ҷануби кӯҳҳои Ҳисор, инчунин Дарвоз зиндагӣ мекарданд." (Пянков И. В. Энсиклопедияи советии тоҷик. ҷ.3, саҳ. 540).
"Кашфиёт"- е, ки  Ю. Яқубов мехоҳад бо он хонандаро ба ҳайрат гузорад,   воқеан ба аҳли илм кайҳо маълум аст. Оид ба он дар сафарномаҳо, асарҳои муҳаққиқон маълумоти зиёде мавҷуд мебошад.  Ин маводро бостоншинос М.А.Бубнова дар таълифоташ "Археологическая карта Западного Памира" ҷамъ оварда, нисбатан муфассал шарҳ додааст. Аз ҷумла қайд намудааст, ки харобаҳои ин қалъа бо номҳои "Қалъаи Куҳна, Мадукакай, Қалъаи Хун, Қалъаи Кун" дар асарҳои А. Е. Регел (1881), П.Е. Косяков(1882), П.А. Кузнецов (1892), Д.В.Наливкин (1915), А.И Беляев (1916), В. Стебнова (1978) оварда шудаанд. Шарҳи маълумотҳои овардаи ин муаллифони рус дар чандин китобу мақолаҳои профессор  Ҳ. Пирумшоев, ки аз миёнаи солҳои 70-уми асри гузашта ин ҷониб борҳо рӯи чопро дидаанд, оварда шудаанд. Ахиран қариб тамоми маълумоти муаллифони тоинқилобии русу аврупоӣ  ва даҳҳо  ҳуҷҷатҳои аз бойгониҳо бадастомада доир ба ин масъала ва масоили дигари таърихи Дарвози асримиёнагӣ ва охири асримиёнагӣ дар китоби ин муаллиф "Таърихи Дарвоз", ки соли 2008  бо ҳаҷми беш аз 700 саҳифа рӯи чопро дидааст, мавриди таҳлили воқеъбинона қарор ёфтаанд. Аз чӣ бошад, ки ин таҳқиқгарон якдигарро тақвият дода, боре ҳам аз мавҷуд будани чунин китоб ёдовар нашудаанд.
Ю.Яқубов дар саҳифаи 4 китобчаи "Кашфи шаҳри Каррон" акси ин харобаҳоро баъди  ҳафриёт бо номи "панҷманор"оварда, чунин шарҳ додааст: "Шояд ин панҷманор рамзи панҷ бахши оташи муқаддас: Биризи Сунгаҳ, Ваху Вариёна, Уваруози Яшта, Возишта ва Спиништа бошанд", ки чунин хулоса дар асл  аз тахайюлоти бепояи ғайриилмӣ беш буда наметавонад. Аввал ин, ки агар ба тарҳи ин ёдгорӣ нигоҳ кунем, маълум мегардад, ки чор гӯшаи он манораҳо дошта, хонаи марказӣ гунбазпӯш мебошад. Ин намуди меъморӣ хоси замони исломӣ аст, пас возеҳ мегардад ки ин ёдгорӣ боқимондаи як  масҷид асту халос. Ба оини Маздо Ясно ва дини зардуштӣ ҳеҷ робитае надорад. Бозёфтҳое, ки аз он ҷо пайдо карда, аксашонро дар китоб овардаанд: "лӯлаҳои сафолӣ" (саҳ.11), "нақш дар гаҷ" (саҳ.12, 13, 16), "табақи гулдор" (саҳ.15) ҳама мутааллиқи асрҳои IХ -ХI мебошанд. Чунин зарфҳо ва деворнигораҳо дар рӯйи гаҷ аз шаҳраки Ҳулбук, қасри шоҳони Хатлон низ дарёфт шудаанд.
Дар китобча аз бозёфти як тангаи мисин сухан меравад, ки тибқи хулосаи ин бостоншинос ба асрҳои VI-VIII мелодӣ тааллуқ дорад. Касе, ки ба тангашиносӣ сару кор дорад, медонад, ки он ҳақиқат надорад. Оё санади як танга 200 сол (2 аср)-ро дар бар гирифта метавонад? Ба касе, ки каму беш маълумоти таърихӣ дорад, маълум аст, ки сиккаҳо (танга) аз номи ҳокиме сикка зада мешаванд ва соли ҳукмрониаш дар таърих аниқ маълум аст.
Чизи дигари ҷолиб он аст, ки аз Эрмитажи давлатии Русия Александр Никитинро барои омӯзиши ин ёдгорӣ даъват карда, ӯро чун "бостоншинос, донандаи забони паҳлавӣ, нодиртарин олим дар ин самт" ("Нигоҳ",  №18 (346) 24 июни 2013" муаррифӣ кардаанд. Дар асл бошад, А.Никитин дар шуъбаи сиккашиносии Эрмитажи давлатии Русия оид ба сиккаҳои замони Ашкониён (портҳо) таҳқиқот мебарад.
Аҷиб он аст, ки чаро ин "муттахассис" он сиккаи мисини дар боло ишора ёфтаро дақиқ муайян карда натавонистааст.
Дар санади дархостиаш Ю. Яқубов бе ягон асос тарҳи шаҳрро зиёда аз 100 гектар муайян кардааст.
Комилан ин ҳама аз ҳазёне беш нест. Аз чӣ бошад, ки Ю. Яқубов ва М. Қаноат мехоҳанд чунин як  таърихи дурӯғине эҷод созанд. Бино ба тахайюлоти эшон "ойини Маздо Ясно, ватани Зардушт Дарвоз аст". Ин ақидаи худро Яқубов дар китоби дарсии "Таърихи халқи тоҷик" барои синфи 5 низ пешниҳод карда, аз тарафи мутахассисони соҳа ва муаллимони ҷумҳурӣ ҷавоби ба он мувофиқ низ гирифта буд. Аммо бо вуҷуди ин бар хилофи илми ҷаҳонӣ ин ҳарзаи худро имрӯз низ идома мебахшад.
Ин "кашфиёт"-и бостоншинос Ю.Яқубовро ба асос гирифта М. Қаноат менависад: "Ин далел, ба назари ман, ба аҳли Дурроҷи Дарвоз будани падари Зардушт ишорат мекунад. Дигар ин ки модари Зардушт аз Роғ буд... Яъне, модари Зардушт, ки аз Роғ бошад, ман ба хулосае омадам, ки Роғ ҳамин Роғи имрӯза аст, ки дар соҳили чапи дарёи Панҷ воқеъ гардидааст. Роғ ва Кӯфа паҳлу ба паҳлу ҳастанд ва худи калимаи "роғ" маънии ҷои васеъро дорад". (Қаноат М. Ёддоштҳо ва бардоштҳо. - Душанбе, 2012. - саҳ.34).
Дар ин радиф бояд қайд кард, ки мо ба Муъмин Қаноат, чун адиб, шоири соҳибравия арзи эҳтиром дорем, вале чун муаррих, бешубҳа, худро нишон дода натавонистааст. Ба ин масоили мураккаби таърихӣ даст заданаш низ шарт набуд. Таърих илми дақиқ аст ва тахайюлоту фарзияҳои бепояро намепазирад.
То ҳол аз минтақаи Дарвоз ҳеҷ як далели бостоншиносие пайдо нашудааст, ки ба ҳазорсолаи 3-и пеш аз милод мансуб бошад. Ҳатто ёдгориҳои ибтидои асри оҳану асри миёнаи барва низ аз ин минтақа то ба ҳол ёфт нашудааст. Ю. Яқубов ва М.Қаноат бо овардани номҳои ҷуғрофии ин маҳал ба тахайюлот дода шуда,  исбот карданианд, ки онҳо пура авестоӣ буда, далел бар  онанд, ки ватани Зардушт инҷост.  Пешниҳод мекунад, ки номи "Роғ", ки гӯё зодгоҳи Зардушт будааст, дар номҳои то ба имрӯз боқимондаи мавзеоти Дарвоз, аз қабили "Пастироғ", "Дашти Роғ", "Пуштароғ", "Биброғ", "Вскроғ" ва ғайра, шакли авестоии худро нигоҳ дошта бошанд. Мо медонем, ки "Роғ" чун истилоҳ ё номи  мавзеъ дар тамоми қаламрави таърихии тоҷику форс то кунун во мехӯрад.
Оид ба таърихи Дарвоз М.Қаноат аслан далелҳоро аз китоби Ҳ. Пирумшоев "Таърихи Дарвоз" гирифта, гӯё онҳоро худ дар бойгониҳои  Маскаву Тошканд ба даст оварда бошад, аз ин рӯ бевосита ба  он бойгониҳо ишора намудааст. Дар асл бошад, иқтибос ва маълумотҳои дигар низ аз китоби муаллифи номбурда  бо баъзе тағйироти калимасозӣ, ки онро дар илм компилятсия меноманд, оварда шудаанд.
Боз бармегардем ба "кашфиёт"-и бостоншинос Ю. Яқубов шаҳри Каррон, ки мехоҳад онро ба рӯйхати ёдгориҳои қадима аз тарафи ЮНЕСКО   ворид созанд. Ва онро чун маркази тамаддуни тамоми минтақа, ки гӯё таърихи давлатдории беш аз 5 ҳазорсола дошта муаррифӣ намояд.
 Ба хонандагони таърихогаҳ маълум аст, ки чунин давлатҳои хурд  дар давраҳои асримиёнагӣ вобаста ба қонунияти амалкунандаи парокандагии феодалӣ дар тамоми минтақаҳои дунё, аз ҷумла Осиёи Марказӣ ва хосатан дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон арзи вуҷуд  доштанд. Дар Тоҷикистони шимолӣ то давраи ба Русия ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна чунин мулкҳои мустақил ва ниммустақили Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Фалғар, Мастчо ва ғайра, дар Бухорои Шарқӣ то ҳамроҳ кардани минтақа ба Аморати Бухоро (нимаи дуюми солҳои 60 - 70-уми асри XIX) Шаҳрисабз, Бойсун, Деҳнав, Қурғонтеппа, Қубодиён, Ҳисор, Кӯлоб, Балҷувон, Қаротегин, Дарвоз ва Ванҷ то миёнаи солҳои 40-уми ҳамин аср мустақилияти худро нигоҳ медоштанд. Ҳамин ҳолат дар мулкҳои Помири Ғарбӣ - Рӯшон, Шуғнон, Вахон ва Бадахшони имрӯзаи дар ҳудуди Афғонистон буда, мушоҳида карда мешуд. Ҳар кадоми инҳо, аз Қаротегин сар карда то Бадахшон, шоҳигарии мустақил буда, аз тарафи намояндагони сулолаҳои маҳаллӣ, ки худро аз авлоди Шоҳ Искандари Румӣ  мепиндоштанд,  идора карда мешуданд. 
Дар ҳар кадоме аз ин шоҳигариҳои собиқ ва бекигариҳои давраи ҳукмронии Аморати Бухоро , чунин қалъаҳо мавҷуд буданд ва имрӯз низ харобаҳои онҳо ба назар мерасанд, ки аз ҷиҳати меъморӣ ба ҳамдигар шабоҳат доштанд. Шояд ҳамаи инҳо дар як давраи муайяни таърихӣ пайдо шудаву воқеияти таърихии он давраро инъикос намоянд.  Ҳеҷ ба мантиқ рост намеояд,  ки яке аз онҳоро маркази тамаддуни минтақа ҳисоб карда, аз қалъаю марказҳои дигар сарфи назар намоем. Каррон яке аз чунин марказҳои шоҳигарӣ буда, дар давраҳои муайяни таърихӣ икишоф меёфт, вале на ба он дараҷае, ки ба маркази тамаддуни минтақа табдил ёбад.
Доир ба ҷои нав кӯчидани маркази маъмурии Дарвоз низ дар китоби Ҳ.Пирумшоев маълумоти муфассал оварда шудааст ва бо тахминҳои пешовардаи худ ин таҳқиқгарон чизеро илова карда натавонистаанд.
Дар хотима бояд зикр кард, ки на мардуми шарифи Дарвоз, на  халқи дигари тоҷик, ки офарандагони тамаддуни минтақа буда, марказҳои тамаддунофари он ба тамоми олам маълум аст, ба сохтани чунин фарзияҳои ғайриилмӣ эҳтиёҷ надоранд.
Тамаддунро дар болои санг ё пайраҳаи танге ба вуҷуд овардан имкон надорад. Решаи калимаи тамаддун, мадина - шаҳр мебошад ва қадимтарин марказҳои тамаддуни тоҷикон Марву Балх, Самарқанду Бухоро, Нишопуру Ҳамадону Исфаҳону Ҳирот ва ғайра ҳисоб меёбанд, ки аз тарафи муаррихони саршиноси ҷаҳонӣ эътироф шудаанд.
Фондҳоро набояд ба хотири суду манфиати шахсӣ  созмон дод. Беҳтар мешуд, ки фонди "Муаллими кӯҳистон" ба манфиати рушди маорифи ноҳияи Дарвоз фаъолияти хешро ба роҳ монад, на ба омӯзишу таҳқиқоти ёдгориҳои бостоншиносӣ, ки рисолати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносист ва на ба нашри китобҳои иғвоангез, ғайриилмӣ, пур аз ғараз, амсоли М. Қаноат "Ёддоштҳо ва бардоштҳо" - Душанбе, 2012.

С. БОБОМУЛЛОЕВ,
доктори илмҳои таърих


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.09.13    №: 123-124    Мутолиа карданд: 2511

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед