logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, дар маросими оғози сохтмони роҳи мошингарди Восеъ – Ховалинг, ноҳияи Ховалинг, 29 сентябри соли 2013

Дӯстони азиз!
Ҳозирини муҳтарам!
Ин лаҳзаҳо, ки мову шумо ба муносибати оғози корҳои таҷдиду азнавсозии шоҳроҳи Восеъ – Ховалинг, яъне шурӯъ гардидани боз як иқдоми созандаи Ҳукумати мамлакат ҷамъ омадаем, мехоҳам ҳар яки шуморо ба ифтихори ин рӯйдоди муҳим табрик гуфта, ба мутахассисону роҳсозон ва ҳамаи онҳое, ки дар ин кори хайр ширкат хоҳанд кард, барору комёбӣ орзу намоям.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз ибтидои солҳои истиқлолият масъалаи таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишварро ҳадафи муҳимтарини фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати татбиқи амалии ин ҳадаф то имрӯз пайваста азму талош дорад.
Бунёди роҳу пулҳо дар замони давлатдории навини мо василаи асосиву муассири пешрафти иқтисодии давлат ва таъмини шароити зиндагии сазовори шаҳрвандони мамлакат ба шумор меравад.
Имрӯз метавонем бо қаноатмандӣ изҳор намоем, ки дар натиҷаи тадриҷан амалӣ гардидани сиёсати бунёдкориву созандагии Ҳукумати мамлакат яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон, яъне аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар асосан ҳал карда шуд ва ҳоло робитаи доимӣ ва бехавфу бемамониати нақлиётии миёни ҳамаи минтақаҳои мамлакат дар тамоми фаслҳои сол таъмин мебошад.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани робитаи нақлиётии байни шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳоло чор лоиҳаи муҳими сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингарди Айнӣ -Панҷакент, Душанбе –Ҳисор-Шаҳринав- Турсунзода, Шӯрообод – Шоҳон ва Шоҳон –Зиғар марҳалаи сеюм татбиқ шуда истодааст. Илова бар ин, Ҳукумати мамлакат ният дорад, ки дар ояндаи наздик таҷдиду азнавсозии роҳи Рашт – Навободро оғоз намояд.
Вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои зикршуда Вазорати нақлиёт вазифадор аст, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор, аз ҷумла мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо масъалаи дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои ба нақша гирифташударо таҳти назорати доимӣ қарор диҳад.
Мо имрӯз бо мақсади идома бахшидан ба раванди муҳайё кардани шароити муосири коммуникатсионии кишвар бо ҷалби имкониятҳои молиявии Бонки Осиёии Рушд ба татбиқи яке аз лоиҳаҳои муҳиму афзалиятнок дар ин самт, яъне таҷдиду азнавсозии роҳи Восеъ -Ховалинг оғоз намудем.
Бояд гуфт, ки ин иқдоми Ҳукумати мамлакат аз ҷониби Шӯрои Бонки Осиёии Рушд дастгирӣ ёфт ва бонки мазкур маблағи 350 миллион сомониро ҳамчун грант бо ин мақсад ҷудо намуд. Маблағи умумии лоиҳаи мазкур 425 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки қариб 40 миллион сомонии онро Ҳукумати Тоҷикистон ҳиссагузорӣ мекунад. Бо истифода аз фурсати муносиб, ба раёсати Бонки Осиёии Рушд, ки намояндагони он дар ин ҷо ҳузур доранд, барои ҳамкориҳои судманду созанда дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ миннатдории Ҳукумати мамлакатро баён менамоям.
Бонки Осиёии Рушд аз соли 1998 то ба имрӯз дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисоди миллии мо ба маблағи умумии беш аз 5 миллиард сомонӣ қарзу грант ва кумакҳои техникӣ ҷудо намудааст. Ҳоло бо дастгирии бонки мазкур якчанд лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика ва таҷдиду азнавсозии роҳу пулҳо амалӣ шуда истодаанд, ки, бешубҳа, ба рушди минбаъдаи кишварамон кумаки зиёд хоҳанд кард. Итминон дорам, ки ҳамкориҳои созандаву судманд бо шарикони рушд ҷиҳати маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ минбаъд низ густариш хоҳанд ёфт.
Ташаббуси Ҳукумати мамлакат оид ба маблағгузории лоиҳаи таҷдиди роҳи Восеъ – Ховалинг бо дарназардошти аҳамияти минтақавии лоиҳа аз тарафи Бонки Осиёии Рушд дастгирии ҳамаҷониба ёфт. Роҳи мошингарди Восеъ - Ховалинг баъди таҷдиду барқарорсозӣ ҳамчун қитъаи пайванди Шоҳроҳи бузурги абрешим боиси афзоиши мубодилаи молу маҳсулот ва рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои мамлакат хоҳад гардид. Зеро бунёди шоҳроҳҳои муосири транзитӣ тавассути қаламрави кишвар имконият медиҳад, ки соҳибкорони ватанӣ ва субъектҳои иқтисодии кишварҳои минтақа аз тариқи Тоҷикистон мубодилаи молу маҳсулотро афзоиш диҳанд.
Лоиҳаи таҷдиду азнавсозии роҳи зикршуда бо дарозии қариб 88 километр аҳамияти калони иқтисодиву иҷтимоӣ дошта, дар ҳудуди ноҳияҳои Восеъ ва Ховалинг амалӣ карда мешавад ва ин роҳ ноҳияҳои зикршуда, инчунин минтақаи ҷойгиршавии корхонаҳои истихроҷу коркарди маъданҳои табииро бо маркази вилоят ва пойтахти мамлакат мепайвандад.
Роҳи мазкур инчунин робитаи нақлиётиро бо се коридори байналмилалӣ, аз ҷумла ба воситаи ноҳияи Тавилдара ба коридори 3, яъне роҳи Душанбе – сарҳади Қирғизистон, ба воситаи шаҳри Қурғонтеппа ба коридорҳои 5 ва 6, яъне шоҳроҳи Душанбе – сарҳади Афғонистон ва тавассути шаҳри Кӯлоб ба роҳи Душанбе – Хоруғ – Мурғоб – Кулма – шоҳроҳи Қароқурум таъмин менамояд.
Дар идомаи лоиҳаи зикршуда аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таҷдиду азнавсозии роҳи Лабиҷар – Тавилдара-Дарвоз ба масофаи 135 километр чораҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд, ки ин иқдом низ ба васеъ гардидани имкониятҳои транзитии кишвар мусоидат менамояд.
Баъди ба анҷом расидани ин лоиҳаи сармоягузорӣ имконият фароҳам меояд, ки ҳаракати осону бемамониати воситаҳои нақлиёт дар байни шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва робитаи нақлиётии се давлати ҳамҷавор – Афғонистону Қирғизистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути Тоҷикистон таъмин карда шавад. Аз ҷониби дигар, роҳи нав боис мегардад, ки дар шафати он иншооти нави хизматрасониву истироҳатӣ бунёд гардида, барои аҳолии маҳаллӣ ва сайёҳону меҳмонони дохиливу хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад ва садҳо нафар сокинон соҳиби ҷойи корӣ ва даромади хуб гарданд. Масалан, танҳо барои иҷрои корҳои таҷдиду азнавсозии роҳи мазкур беш аз сесад нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ ҷалб карда мешаванд.
Вобаста ба ин, Вазорати нақлиётро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани лоиҳаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.  Такроран таъкид менамоям, ки дар ҷараёни татбиқи лоиҳаи бунёди роҳ бояд ба сифати корҳо ва масолеҳи сохтмон аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад. Зеро ин роҳ аҳамияти минтақавӣ дошта, бояд ба наслҳои имрӯзу фардо хизмат намоянд.
Дар хотир бояд дошт, ки роҳ баробари омили муҳими рушди савдову тиҷорат будан, инчунин яке аз шартҳои асосии пешрафти соҳаи туризму сайёҳӣ, фароҳам гардидани ҷойҳои нави корӣ ва тадриҷан баланд шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мебошад. Ҳамзамон бо ин, мехоҳам таъкид намоям, ки роҳбарони ноҳияҳои Восеъ ва Ховалингро зарур аст, ки ба ҷараёни амалишавии лоиҳаи мазкур ҳамаҷониба мусоидат карда, бо истифода аз ҳамаи воситаву имкониятҳо, аз ҷумла сармоягузориҳои дохилӣ ба масъалаҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳои маҳаллӣ ва ободсозии кӯчаву хиёбонҳо ва маҳалҳои зист таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.
Итминони комил дорам, ки бо азму иродаи қавии мутахассисону коргарони мо бунёди роҳи мазкур бо сифати баланд ва дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расида, барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани шаҳру ноҳияҳои кишвари соҳибистиқлоламон, аз ҷумла рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияҳои Восеъ ва Ховалинг такони ҷиддӣ мебахшад.
Дар охир, бори дигар ҳамаи шумо – ҳамватанони азизро ба муносибати оғози бунёди боз як иншооти муҳим табрик гуфта, ба ҳар яки шумо хушбахтиву рӯзгори обод ва ба сохтмончиёну роҳсозон барори кор орзу менамоям.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.13    №: 127-128    Мутолиа карданд: 510

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед