logo

ҳукумат

Буҷети давлатии кишвар баррасӣ гашт

30 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар оғози маҷлис масъалаи кадрӣ баррасӣ шуда, аъзои нави ҳайатҳои мушовараи Вазорати корҳои хориҷӣ ва Хадамоти гумрук тасдиқ карда шуд.

Сипас лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014" ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2015 ва 2016 мавриди муҳокима қарор гирифт.
Тавре зикр гардид, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли 2014 ба андозаи 48,5 миллиард сомонӣ, болоравии ҳаҷми истеҳсолот бо ифодаи реалӣ 7,6%, таваррум 7,5% ва индекси дефлятор 5,9% ба нақша гирифта шудааст.
Ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ бошад, 13 миллиарду 901 миллион сомонӣ (28,7% ММД) муқаррар гардидааст, ки нисбат ба Буҷети давлатии соли 2013 15,3% ё худ 1,8 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Буҷети давлатӣ барои соли 2014 низ чун солҳои дигар бештар хислати иҷтимоӣ хоҳад дошт, зеро қариб нисфи он ба ин соҳаҳо нигаронда шудааст.
Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 ва 2016 бошад, тибқи дурнамо, мутаносибан ба андозаи 15,3 миллиард ва 16,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз рушди бонизоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, ки новобаста ба таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва дигар омилҳои манфии беруна, ба назар мерасад, изҳори қаноатмандӣ кард. Ҳамзамон таъкид гардид, ки сохторҳои дахлдори давлатӣ барои минбаъд низ муътадил нигоҳ доштани рушди иқтисодиёт ва таъмини нишондодҳои буҷети давлатӣ бояд бо масъулияти дучанд заҳмат кашанд.
Барномаи давлатии қарзгирии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016 тасдиқ шуд.
Сипас раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир ба рафти иҷрои Нақшаи азхудкунии заминҳои нави обёришаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 ҳисобот дод.
Тибқи нақшаи мазкур дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шодобсозии 1347 га замини нав ва ҷудо намудани 12 миллиону 704 ҳазор сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудааст. Тайи солҳои 2008-2012 дар 7 ноҳияи вилоят бо харҷи 5,6 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ 917 га замини нав шодоб гардида, ба истифодаи кишоварзӣ супурда шуд ва ҳолати мелиоративии 402 га замини корам беҳтар гардид. Ба 39 гектари дигар дар ҳамин муҳлат бо ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ об бароварда шуд. Соли равон 100 га замин дар ноҳияи Ванҷ аз худ карда мешавад. Ғайр аз ин, соли 2013 98 га заминҳои партов ба гардиши кишоварзӣ дубора ворид гардида, дар майдони 12219 га зироатҳои гуногун кишт карда шудааст.
Мутобиқи Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 шодоб намудани боз 800 гектар замини дигар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар назар аст.
Тавре зикр гардид, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имкони аз худ кардани боз 4800 га заминҳои нав вуҷуд дорад. Аз ин хотир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки минбаъд ҳар сол то 200 га замин дар ин вилоят шодоб карда шавад.
Як зумра лоиҳаи қонунҳо ва хулосаҳои Ҳукумат ба лоиҳаи қонунҳо доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гаштанд. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳо "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон", "Дар бораи бехатарии радиатсионӣ", "Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ" ва "Дар бораи ислоҳоти замин" пешниҳод карда шуд. Ҳамчунин хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дастгирии давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор" маъқул дониста шуд.
Шартномаи консессионӣ доир ба бунёди Маркази барқугармидиҳии Шӯроб тасдиқ гашт. Чунонки иттилоъ дода шуд, ин марказ бо иқтидори истеҳсоли 300 мегават нерӯи барқ бо ҷалби беш аз 400 миллион доллари амрикоӣ сармояи мустақим бунёд карда мешавад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди маҷлис ба масъулин доир ба омодагии ҷиддӣ ба зимистони пешомад супоришҳои мушаххас дод. Аз мардуми саховатпеша даъват карда шуд, ки дар арафаи иди мубораки Қурбон ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дасти мадад дароз намоянд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.10.13    №: 130    Мутолиа карданд: 860

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед