logo

сафарҳо

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат

Субҳи 3 октябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як зумра иншооти иҷтимоию фарҳангӣ ва иқтисодӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф овард.
Боздиди кории Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон аз маркази шаҳри Ваҳдат бо ифтитоҳи як бинои панҷқабатаи истиқоматӣ, ки дар қабати якум ва таҳхонааш маркази савдо ва хизматрасониҳои гуногун ва хонаи ақди никоҳ ҷойгир шудааст, оғоз ёфт.
Дар хонаи ақди никоҳи ин бинои зебои навбунёд ҷашни домодиву  арӯсии дастаҷамъонаи хайрияи 10 ҷуфти ҷавон аз оилаҳои ниёзманд барпо шуд. Дар ҳамин толор Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба 40 нафар наврасону ҷавонони аз падару модар ятиммонда кумаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Ба ҳар яки онҳо, аз ҷумла дафтарчаҳои амонатии Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" бо 1000 сомонӣ дар суратҳисобашон ва яктоӣ планшет барои кор бо технологияҳои муосири иттилоотӣ тақдим гардид. Туҳфаҳои арзишманд, аз ҷумла асбобҳои барқии рӯзгордорӣ ба 10 ҷуфти навхонадорон низ супурда шуд.
Дар таҳхонаи бино коргоҳи дӯзандагӣ омода шудааст, ки дар он то 30 нафар занону духтарон соҳиби кори доимӣ мегарданд. Соҳибкори маҳаллӣ Файзалӣ Раҷабов, ки ин биноро бунёд намудааст, бо маслиҳати Сарвари давлат уҳдадор шуд, ки як коргоҳи калони дӯзандагии дигар бо 200 ҷойи корӣ бунёд намояд. Бо ишора ба шумораи аҳолии шаҳри Ваҳдат, ки ба 300 ҳазор нафар расидааст ва 61 ҳазор мактаббачаи он таъкид гардид, ки талаботи мардум ба либосворӣ, аз ҷумла либоси мактабӣ бояд аз ҳисоби маҳсулоти корхонаҳои маҳаллӣ қонеъ гардонда шавад.
Дар 4 қабати болоии бино 32 хонаи аз як то чорҳуҷрагӣ ҷойгир шудаанд, ки бо тарҳи зебову дилнишин сохтаю муҷаҳҳаз гардидаанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз чанд хонаи он дидан карда, ба тарҳи бино ва сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дод.

Шиносоӣ бо корхонаи хурди саноатии мебел, оҳангарӣ ва дӯзандагӣ
Дар шаҳраки Андигони шаҳри Ваҳдат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо кори пурсамари корхонаи хурди саноатии мебелсозӣ, оҳангарӣ ва дӯзандагӣ шинос шуд.
Дар ин корхона беш аз 70 нафар ҷавонону духтарон соҳиби кори доимӣ гардидаанд. Дар ошёнаи якуми корхона коргоҳҳои мебелсозӣ ва оҳангарӣ ҷойгир шуда, дар ҳар яки он даҳнафарӣ ҷавонон ба кору ҳунаромӯзӣ ҷалб гаштанд.
10 нафар ҷавонон, ки дар коргоҳи оҳангарӣ машғули коранд, дар ин ҷо ҳам ҳунар меомӯзанд ва ҳам маҳсулоти гуногун истеҳсол намуда, 700 сомонӣ моҳона мегиранд.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ, ки дар ошёнаи дуюм ҷойгир шудааст, 50 нафар занону духтарон бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Онҳо ба дӯхти либосвории гуногун, аз ҷумла барои мактаббачагону табибон, коргарони касбу кори мухталиф, арӯсу домод, болопӯшҳои ҷойхоб ва ғайра машғул буда, ҳамчунин ҳунари гулдӯзию зардӯзӣ меомӯзанд.

Ташриф ба Гимназияи хонандагони лаёқатманди ба номи Абулфазли Балъамӣ
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Гимназияи хонандагони лаёқатманди ба номи Абулфазли Балъамии шаҳри Ваҳдат бо рафти таълиму тарбияи насли наврас бевосита шинос шуд.
Ин гимназияи дорои анъанаҳои шуҳратманди шаҳри Ваҳдат соли 2012 бо харҷи 2,7 миллион сомонӣ мавриди навсозӣ қарор гирифта, бинои дуошёнаи он ба сеошёна табдил дода шудааст. Ҳоло дар ин муассисаи таълимӣ 300 нафар хонанда бо таълиму тарбияи хушсифат фаро гирифта шудаанд.
Гимназия дорои 20 синфхона аст ва 14- тои он синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ мебошанд. Ду синфхона барои ҳунаромӯзии духтарон ва писарон махсус гардонда шудааст.
Маҳсули эҷод ва ихтирооти хонандагон дар ошёнаи якум ба маъраз гузошта шуда буд, ки мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт.

Ифтитоҳи Кохи маърифати шаҳри Ваҳдат
Дар маркази шаҳри Ваҳдат бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои Кохи маърифат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар Кохи маърифати шаҳри Ваҳдат толори бузурги маҳфилҳои фарҳангӣ бо 170 ҷойи нишаст, 2 толори махзани китоб, толори калони китобхонӣ, чопхонаи дорои дастгоҳу таҷҳизоти муосир барои ба табъ расондани маводи гуногуни чопӣ, ҳуҷраҳои кории бахши занон ва ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, коргоҳҳои рӯзномаи маҳаллии "Шаҳриёр" ва маҷаллаи "Бахтофарони Ваҳдат" ва шуъбаи Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ дар шаҳри Ваҳдат ҷойгир шудаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи намояндагони шоирону нависандагон ва дигар зиёиёни эҷодкори кишвар бо шароити кору эҷод дар ин муассисаи фарҳангу маърифат бевосита шинос шуда, ба тарҳи бино ва сифати сохтмону таҷҳизот баҳои баланд дод.

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон
Дар боғи марказии фарҳангию фароғатии шаҳри Ваҳдат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сершумори шаҳр мулоқоти ошкорою самимӣ анҷом дод.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ваҳдат ва нақши мардуми заҳматқарини онро дар пешрафту шукуфоии кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, вазифаҳои ояндаро барои тараққиёти бештар муайяну мушаххас намуд.
Тибқи супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ   Раҳмон бояд даҳҳо км роҳҳои маҳаллии шаҳри Ваҳдат аз ҷониби соҳибкорони шаҳри Ваҳдат навсозӣ шуда, бо ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ корҳои зиёди бунёдкорию созандагии дигар анҷом дода шаванд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.10.13    №: 131    Мутолиа карданд: 646

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед