logo

муҳоҷират

Нома ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Мо, як гурӯҳ тоҷикистониён, ки дар вилоятҳои Свердлов, Тюмен ва Челябински Федератсияи Русия бо ҳукми тақдир кор ва умр ба сар мебарем, ҳамеша аз вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишварамон бохабарем. Ҳарчанд дур аз кишвари азизамон бошем ҳам, бо ҳисси баланди миллӣ мисли модар ватанамонро дӯст медорем.
Тавре ки ба ҳамаи мо маълум аст, имрӯз Ватани азизамон аз норасоии қувваи барқ танқисӣ мекашад. Мавриди ёдоварист, ки соли гузашта аз норасоии барқ қисме аз беморхонаҳо, мактабҳо фаъолияти дилхоҳ  надоштанд, баъзе кӯдакон ва пиронсолон дар беморхонаҳо бистарӣ гардиданд.
Мо медонем, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои об дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷойи дуюм ва дар Осиёи Марказӣ ҷойи якумро ишғол менамояд, аммо ҳамагӣ 5 фоизи ин иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ (520 млрд. Квт/с) истифода мешавад. Бо сабабҳои нарасидани сармоя сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва дигар нерӯгоҳҳои барқи обӣ тӯл кашида истодаанд.
Мо сиёсати хирадмандонаи Шуморо ҳаматарафа дастгирӣ намуда, дар роҳи раҳонидани Ватани азизамон аз вартаи бӯҳрони энергетикӣ ва иҷрои  нақшаҳои бузурги соҳа комёбиҳо таманно дорем.
Мо дарк намудаем, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик имкониятҳои бузург доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар Федератсияи Русия 300 ҷамъияти тоҷикон, соҳибкорони инфиродӣ, роҳбарони ширкатҳои гуногун кор ва фаъолият менамоянд. Шукронаи Яздони Пок, ки ҳамаи мо шароити хуби зиндагӣ дорем. Бинобар ин, ҳамчун шаҳрванди Ватан омода ҳастем, ки дар иҷрои  сохтмони нерӯгоҳҳои нави барқи обӣ иштирок намуда, саҳми шахсии худро аз сидқи дил  ба иқтисодиёти Тоҷикистон гузорем.
Аз фурсат истифода бурда, ба ҳамаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ, миллӣ, маданӣ, соҳибкорон ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Русия кор ва зиндагӣ доранд, бо ҳисси баланди миллӣ ва ифтихори ватандорӣ муроҷиат менамоем, ки лоиҳаи «Энергетикаи муҳоҷирони Тоҷикистон»-ро дастгирӣ карда, ҷиҳати дар амал тадбиқ шудани он саҳми шахсии худро гузоранд.
Бо арзи эҳтиром ба Шумо, мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, муроҷиат карда, хоҳиш менамоем, ки ба дастгирии пешниҳоди мо барои муайян сохтани механизми сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи тоҷикони муқими Федератсияи Русия ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур диҳед.
Мо боварии комил дорем, ки баъди муайян шудани механизми мушаххаси сармоягузории лоиҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ҳар як фарзанди баору номуси тоҷик, ки дар Федератсияи Русия истиқомат менамояд, қарзи шаҳрвандии худро ба ҷо оварда, мувофиқи имконият ихтиёран барои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии ватанамон ҳиссаи шахсии худро мегузорад.
Ба Шумо - Ҷаноби Олӣ барои дастгирии ҳамаҷонибаатон миннатдории худро баён намуда, умри дарози бобаракат, саломатии бардавом ва комёбиҳои беназирро орзу мекунем.

Бо камоли эҳтиром Ф. МИРЗОЕВ- раиси ҷамъияти «Сомон», ш. Екатеринбург, Х. ҲАЙДАРОВ - раиси ҷамъияти «Дидор», ш. Екатеринбург, А. КАРИМОВ  – раиси ҷамъияти тоҷикони муқими ш. Тюмен, И. РАҶАБОВ  – раиси маркази миллӣ-фарҳангии тоҷик -«Сомониён», ш. Челябинск, С. ИДИЕВ - директори ҶММ «Ориён-Урад», ш. Екатеринбург, Ш. ДАВЛАТОВ - директори ҶММ «Уралский центр занятости мигрантов», ш. Екатеринбург, С. РАҲИМҶОНОВ - менеҷери агентии муҳоҷирати Нелегатов ист», ш. Екатеринбург, И. НЕЪМАТОВ - соҳибкори инфиродӣ, ш. Екатеринбург, Ш. НУРИДДИНОВ  – директори ҶММ «Юристконсулт», ш. Екатеринбург.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 939

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед