logo

сафарҳо

Идомаи сафари кории Сарвари давлат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Боздид аз маркази маъмурии
ноҳияи Шуғнон


9 октябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як зумра иншооти нави бо маблағҳои ҷумҳуриявӣ сохташударо ифтитоҳ намуда, ба сохтмони чанд бинои дигар оғоз бахшид.
Нахуст дар деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнон бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дидбонгоҳи нави марзбонӣ, ки бо маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ сохта ва муҷаҳҳаз гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар зарфи 4 моҳи охир дар атрофи шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон бо маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 4 - то чунин дидбонгоҳи марзбонӣ бо беҳтарин шароити хизматӣ сохта ба истифода супурда шуд. З дидбонгоҳи дигари марзбонӣ дирӯз аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Қӯшунҳои марзбонии кишвар ифтитоҳ ёфтаанд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки соли оянда аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ боз 4 дидбонгоҳи дигар, аз ҷумла сетоаш дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд карда шавад.
Зимни боздид аз дидбонгоҳи марзбонии Тишор Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шароити хизматӣ ва маишии он баҳои баланд дод. Калиди рамзии бинои нави дидбонгоҳ ба сардори дидбонгоҳ Аскаралӣ Саидов аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон супурда шуд.
Аз ҷониби роҳбарияти Қӯшунҳои марзбонӣ ва ҳайати шахсии ин дидбонгоҳ ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муҷассамаи манораи дидбонии марзбонӣ ҳадя шуд. Сарвари давлат дастур дод, ки ин туҳфаи зебо ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон дастрас карда шавад.
Президенти кишвар, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави дидбонгоҳро ба марзбонони шуҷои Ватан табрик гуфта, онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ҳидоят намуд.


Ифтитоҳи як зумра биноҳои нав  

Дар маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 5 иншооти нав, ки бо маблағгузории ҷумҳуриявӣ бунёд ёфтаанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва ба сохтмони як бинои панҷошёнаи истиқоматӣ оғоз бахшида шуд.
Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои комиссариати ҳарбии ноҳияи Шуғнонро ифтитоҳ намуд, ки дар он беҳтарин шароити кору хизмат барои кормандони комиссариати ҳарбӣ муҳайё гардидааст.
Сипас бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон биноҳои нави прокуратура, шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ва шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шуғнон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Сохтмони даҳҳо биноҳои нави маъмурӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон - шаҳраки Ваҳдат идома дорад. Соли гузашта дар ин ҷо сохтмони 40 иншоот бо маблағгузории ҷумҳуриявӣ оғоз ёфта буд.
Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои панҷошёнаи истиқоматӣ, ки аз ҷониби «Тоҷиксодиротбонк» бунёд хоҳад ёфт, оғоз бахшид.


Филиали «Агроинвестбонк»
дар шаҳраки Ваҳдат


Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдат-маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон филиали Бонки саҳомии «Агроинвестбонк» ифтитоҳ ёфт.
Зимни шиносоӣ бо ин бинои зебо зикр гардид, ки то ин вақт  «Агроинвестбонк» дар  ноҳияи Шуғнон танҳо як маркази хизматрасонӣ дошт. Бо ифтитоҳи филиал шумораи кормандони бонк 12 нафар афзун гардид.
То ин вақт сандуқи қарзии бонк дар ноҳия аз 3,5 миллион сомонӣ иборат буд. Акнун ин нишондод бояд афзун гардад ва ба аҳолии Шуғнон, ки танҳо дар шаҳраки Ваҳдат 10 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, хизматрасонии босифат пешниҳод карда шавад.

Мулоқот бо мардум

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар боғи деҳқони асил Низом Шоҳабутолибов, ки дар як гӯшаи шаҳраки Ваҳдат  қарор дорад, бо роҳбарияту фаъолон ва мардуми сершумори ноҳияи Шуғнон мулоқоти самимӣ анҷом дод.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия ва ободонии маркази нави маъмурии он  - шаҳраки Ваҳдатро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои таъмини рушди минбаъдаи ин диёри кӯҳистон супоришҳои мушаххас дод.


Дархостҳои мардум иҷро мешаванд 

9 октябр, нимаи дуюми рӯз, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф овард. Меҳмони олимақомро дар ин ноҳияи баландкӯҳ бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Рустамбек Юсуфбекови ноҳияи Ишкошим бо фаъолияти ибратбахши хоҷагии ёрирасони қисми низомии марзбонии «Н» бевосита шинос шуд.

Марзбонон дар майдони 6 га картошкаи навъи кардинал кишт намуда, умед доранд аз ҳар гектараш 250 - сентнерӣ ҳосил ба даст оваранд. Ба андешаи роҳбарияти қисми низомӣ ин миқдор ҳосил имкон медиҳад, ки онҳо на танҳо талаботи худ, балки тамоми марзбонони дар ноҳияи Мурғоб қарордошта ва ҳам шифохонаи низомии шаҳри Хоруғро бо картошка таъмин намоянд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз замини картошкаи навъи «Бадахшон 1», ки аз ҷониби хоҷагии деҳқонии Муборакқадамов кишт шудааст, дидан кард.
Ин хоҷагӣ дорои 125 га замини корам буда, дар 25 га картошка кишт намудаанд. Картошкаи навъи «Бадахшон 1» дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи биологияи шаҳри Хоруғ  дар майдони 0,6 га ба таври таҷрибавӣ кишт шудааст. Ба ҳисоби гектар аз ин навъ онҳо мақсад доранд, ки 260-300 -сентнерӣ ҳосил ба даст оваранд. 60%-и ин ҳосил картошкаи тухмӣ хоҳад буд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки бо истифода аз захираҳои фаровони замин дар ин ноҳия майдони кишти картошка афзун карда шавад.
Деҳқонони картошкапарвари ноҳия арз карданд, ки шумораи трактор ва мошинолоти кишоварзӣ барои вусъат додани корҳои соҳа басандагӣ намекунад. Ноҳия қариб 3 ҳазор га замини корам ва ҳамагӣ 6 трактор дорад. Ҳамаи ин тракторҳо бо мошинолоти заруриаш соли 2008 аз ҷониби Президенти кишвар ба кишоварзони ноҳия ҳадя шуда буд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ҷумҳуриявӣ дастур дод, ки то оғози мавсими киштукори соли 2014 ба ин ноҳия боз 8 трактор бо тамоми мошинолоташ дастрас шавад.
Дар боғи хушманзари деҳаи Дашти ин мавзеъ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони аҳли ҷамоаи ноҳияи Ишкошим мулоқоти судманд анҷом дод.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла шодоб гардидани 280 га замини навро дар ноҳияи Ишкошим натиҷаи хуби иҷрои супоришҳо доир ба аз худ кардани заминҳои бекорхобида номида, таъкид дошт, ки имконоти аз худ кардани заминҳо дар ин ноҳия ҳоло ҳам хеле зиёд аст. Дар ноҳияҳои Ванҷу Ишкошим имкони аз худ кардани беш аз 4 ҳазор га замини нав мавҷуд аст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ доир ба рушди заминаи сайёҳӣ дар ноҳияи Ишкошим супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки Ишкошим бо қарор доштанаш дар яке аз шохаҳои Шоҳроҳи Бузурги Абрешим ва бо ёдгориҳои бешумори бостонии таърихию фарҳангӣ, обҳою гиёҳҳои шифобахш ва дигар захираҳои ғании табиияш дорои имконоти хеле фарох барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳону истироҳаткунандагон аз дохил ва хориҷи кишвар мебошад.
Масъулини соҳаи нақлиёту роҳсозӣ вазифадор гардиданд, ки дар муҳлати кӯтоҳ тамоми роҳҳои маркази ноҳияи Ишкошимро пурра навсозӣ намуда, доир ба тармими  дигар роҳҳои маҳаллӣ низ тадбирҳо андешанд.
Дастуру ҳидоятҳои дигар зимни посух ба суолу дархостҳои мардуми Ишкошим дода шуд, ки иҷрои босамари онҳо боиси пешрафту шукуфоии бештари ин минтақа дар оянда хоҳад шуд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки ояндаи наздик барои таъмини деҳаи Дашти ноҳияи Ишкошим бо оби тозаи нӯшиданӣ тадбирҳо андешида шаванд.

Дасти мадад ба ятимони ВМКБ

9 октябр, бегоҳии рӯз, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ ба кӯдакону наврасони аз падару модар  ятиммондаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ёрии моддӣ расонд.
Дар қаламрави вилоят 183 нафар кӯдаку навраси аз падар ва ҳам модар ятиммонда ба сар мебаранд. Дар ин ҷо 161 нафар аз шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Шуғнон, Рӯшон, Роштқалъа, Ишкошим ва Мурғоб аз ёрии моддии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдор гардиданд. Ба 22 нафари дигар аз ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ дар ноҳияи Дарвоз ёрии моддии Президенти кишвар дирӯз дастрас гардида буд. Кумак аз маҷмӯи пурраи сару либоси зимистона, дафтарчаҳои амонатӣ аз Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» бо як миқдор маблағи пасандоз барои оянда ва туҳфаҳои хотиравӣ иборат аст. Ба ятимони маъюб, ҳамчунин аробачаҳои маъюбӣ тақдим шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз кӯдакону наврасони ятим даъват намуд, ки дилшикастаю руҳафтода набошанд, зеро онҳо пайваста зери ғамхории давлату ҳукумат қарор мегиранд. Таъкид гардид, ки то хатми мактаби миёна ва муассисаҳои миёнаю олии касбомӯзӣ ва ҳам бо кор таъмин шудан онҳо аз чунин ғамхорӣ бархӯрдор хоҳанд буд.

Маркази бемориҳои
сили ВМКБ соҳиби
бинои нав шуд


10 октябр сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маркази маъмурии он – шаҳри Хоруғ идома ёфт. Нахуст дар маҳаллаи Бархоруғи шаҳри Хоруғ бинои нави Маркази бемориҳои сили вилоят дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ ёфт.
Бинои пешинаи ин марказ хеле фарсуда шуда, шароити корию маишияш ба талабот ҷавобгӯ набуд. Бинои нав бо харҷи 10 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ ва гранти Хазинаи глобалӣ бунёд ёфта, дорои таҷҳизоти навтарини муоина, ташхис ва табобати беморони сил ва ҳамчунин шароити муосири маишӣ мебошад. Дар ин ҷо дастгоҳу таҷҳизоти муосири гаронарзиш, аз ҷумла рентгени рақамӣ, ки арзишаш 450 ҳазор доллари амрикоӣ аст, дастгоҳи дандонпизишкӣ, таҷҳизоти ташхиси фаросавтӣ, сабти барқии кори дил, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва ғайра насб гардидаанд.
Марказ дорои 4 шуъба – шуъбаҳои беморони сили мутобиқшуда, кӯдакона, озмоишгоҳ ва дармонгоҳи озмоишӣ мебошад. Дар маркази вилоятии бемориҳои сил, ҳамчунин дастгоҳҳои тибби фосилавӣ васл гардидааст, ки тавассути он табибон бо ҳамкасбони худ аз шаҳри Душанбе, дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва ҳам хориҷи кишвар ба таври мустақим дар тамос шуда, машварат мекунанд.
Дар ин бино, ки барои 45 кати хоб пешбинӣ шудааст, то 48 нафар табибон ва дигар кормандон бо кори доимӣ таъмин мегарданд. Тавре иттилоъ доданд, дар бинои кӯҳнаи марказ пас аз тармиму навсозиаш диспансери вилоятии бемориҳои сил ҷойгир карда мешавад.

Гузоштани хишти аввали
нахустин бинои нӯҳошёна
дар шаҳри Хоруғ


10 октябр дар шаҳри Хоруғ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ду бинои истиқоматӣ бо 44 хонаи барҳаво мавриди истифода қарор гирифта, ба сохтмони нахустин бинои нӯҳошёна дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон асос гузошта шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Мактаби президентии шаҳри Хоруғ, ки имрӯз ба яке аз беҳтарин муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ табдил ёфтааст, ташриф оварда, бинои истиқоматии дорои 20 хонаро барои омӯзгорони ин мактаб мавриди истифода қарор дод. Инак хонаводаи 20 омӯзгори Мактаби президентии шаҳри Хоруғ дар ин бино соҳиби хонаҳои зебою барҳаво ва дорои шароити хуби зиндагӣ шуданд. Калид ва санадҳои хонаҳо ба қисмате аз соҳибхонагон аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон супурда шуд.
Бино дорои хонаҳои ду ва сеҳуҷрагии басе васею барҳаво аст. Хонаҳои дуҳуҷрагии он аз 102 ва сеҳуҷрагӣ аз 120 метри мураббаъ иборат мебошанд. Бинои муҳташам бо харҷи беш аз 7,5 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ бунёд ёфтааст.
Дар маркази шаҳри Хоруғ аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони нахустин бинои нӯҳошёнаи истиқоматӣ дар қаламрави ин вилоят оғоз бахшида шуд.
Бино иборат аз се қисмат ва 190 хона дар зарфи се сол бо харҷи беш аз 133 миллион сомонӣ бунёд хоҳад ёфт. Хонаҳои ин бино як, ду ва сеҳуҷрагӣ буда, бо нархҳои нисбатан арзону дастрас, пеш аз ҳама ба табақаҳои иҷтимоии аҳолӣ, пешкаш хоҳанд шуд.
Як бинои шашошёнаи истиқоматӣ бо 24 хонаи ду ва сеҳуҷрагӣ дар ҳудуди отряди сарҳадии шаҳри Хоруғ барои кормандони сохторҳои қудратӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Хонаҳои ин бино ҳам басо васею барҳаво буда, мутаносибан аз 102 ва 120 метри мураббаъ иборатанд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ дар ҳар ду бинои нави истиқоматӣ баҳои баланд дод. То соли оянда дар ҳамин мавзеъ боз як бинои дигари истиқоматӣ бо 48 хона барои кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот сохта, ба истифода дода мешавад.
Дар ҳудуди отряди сарҳадӣ, ҳамчунин як маркази таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дорои беҳтарин шароити таълимӣ, корию хизматӣ ва маишӣ мебошад. Хобгоҳи ин марказ охири соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Бинои кории мақомоти
вилоятии чор идораи ҷумҳуриявӣ
дар Хоруғ қомат афрохт


Дар маркази шаҳри Хоруғ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як бинои боҳашамати чорошёна ифтитоҳ ёфт, ки дар он ҳуҷраҳои кории мақомоти вилоятии чор идораю муассисаи ҷумҳуриявӣ ҷойгир шудаанд. Ин муассисаҳо Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғл ва муҳоҷират, Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ ва Хадамоти давлатии ташхиси тиббии иҷтимоӣ мебошанд.
Дар таҳхона ва ошёнаи чоруми ин бино, ҳамчунин маркази таълимии калонсолон ҷойгир шудааст, ки дорои шароити хуб барои омӯзиши касбу ҳунари гуногун мебошад.
Дар ин ҷо шароити зарурӣ барои омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагӣ, ҷӯроббофӣ, тоқидӯзӣ, заргарӣ, ороиши рӯю мӯй барои мардону занон ва ғайра муҳайё гардидааст.
Танҳо дар 2 соли охир дар ин марказ 6 ҳазор нафар калонсолон соҳиби касбу ҳунар шуда, ҳоло аз нисф зиёди онҳо дар сохтмонҳои сершумори шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят бо кор таъмин гардидаанд.
Бинои дорои 32 ҳуҷраи корӣ бо харҷи зиёда аз 4,2 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ сохта ва муҷаҳҳаз гардидааст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.13    №: 134-135    Мутолиа карданд: 715

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед