logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара, 12 октябри соли 2013

Ҳамдиёрони гиромӣ!
Дӯстони азиз!
Аз дидори қаблии мову шумо - мардуми шарафманд ва бонангу номуси Чоркӯҳ қариб шаш сол сипарӣ шуд. Тавре ки мо имрӯз итминон ҳосил кардем, дар ин муддати начандон тӯлонӣ сокинони Чоркӯҳ бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои ободу зебо гардонидани диёри худ корҳои созандагиву бунёдкориро хеле вусъат бахшидаанд.
Дастовардҳои ободкоронаи шумо аз руҳияи баланди ватандории мардуми сарбаланди шаҳри Исфара шаҳодат медиҳанд. Пешаи асосии сокинони Чоркӯҳ кишоварзӣ буда, дар ҳудуди он калонтарин хоҷагии кишоварзии минтақа - кооперативи истеҳсолии «Чоркӯҳ» ва 12 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ тавассути истифодаи бисёр оқилонаву босамари обу замин дар маҷмӯъ барои пешрафти иқтисодиёти шаҳри Исфара ва кишвар саҳми муносиб мегузоранд.
Мо аз субҳи имрӯз бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар кооперативи истеҳсолии «Чоркӯҳ», ки аъзои он бо парвариши ғалладонаву картошка ва боғдориву чорводорӣ машғуланд, шинос шудем. Зимни суҳбат кишоварзон изҳор доштанд, ки онҳо имсол ният доранд, ки аз ҳар як гектар то 70 сентнер гандум ва 250 сентнер картошка ҷамъоварӣ намоянд. Албатта, ин нишондиҳандаи хеле хуб аст ва бовар дорам, ки мардуми заҳматқарини Чоркӯҳ тавассути меҳнати софдилонаашон ба нияти неки худ ноил мегарданд.
Кишоварзони кооперативи истеҳсолии «Чоркӯҳ» дар зарфи чанд соли охир собит намуданд, ки дар сурати истифодаи оқилонаи обу замин ва риояи агротехникаи парвариши зироат хоҷагиҳои баландкӯҳ низ метавонанд ба нишондиҳандаҳои бисёр хуби истеҳсолӣ ноил гарданд. Масалан, хоҷагӣ соли гузашта аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 60- сентнерӣ ҳосили гандум ба даст овардааст, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин дар миқёси мамлакат ба ҳисоб меравад.
Ҳангоми сафари қаблӣ супориш дода будам, ки дар заминаи хоҷагии мазкур соҳаи тухмипарварӣ рушд дода шавад. Ҳоло кооперативи истеҳсолии «Чоркӯҳ» як қатор хоҷагиҳои мамлакатро бо тухмии хушсифату серҳосили гандум таъмин карда истодааст.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Як сол муқаддам Ҳукумати мамлакат «Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Исфараро барои солҳои 2013-2017» ба тасвиб расонид. Дар барномаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва ҷалби манбаъҳои дигари маблағгузорӣ татбиқи лоиҳаҳои зиёд пешбинӣ шудааст.
Дар ин раванд, бо мақсади рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ татбиқи 15 лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 10 миллион сомонӣ дар назар дошта шудааст.
Дар доираи барномаи зикршуда дар ҳудуди ҷамоат сохтмони ду иншооти тандурустӣ, ду муассисаи таълимӣ дар маҳаллаҳои Навобод ва Лангар, се толори варзишӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ, таъмиру азнавсозии мактаб ва кӯдакистон, сохтмони иншоот ва таҷдиди шабакаҳои обрасонии деҳа, таъмири 13 километр роҳ дар қисмати роҳи Шӯроб - Чоркӯҳ -Хоҷаи Аъло ва таъмири пул дар роҳи Чоркӯҳ - Шӯроб бояд амалӣ карда шавад.
Чанд рӯз пеш, яъне дар арафаи сафари кории мо дар маҳаллаи Лангар, ки яке аз деҳаҳои калонтарини Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ба ҳисоб меравад, мактаби нав ба истифода супурда шуд. Бояд гуфт, ки аз замони шӯравӣ то инҷониб дар ин деҳа мактаби алоҳида вуҷуд надошт ва толибилмони ин маҳалла масофаи ду-се километрро тай карда, барои таҳсил ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 мерафтанд.
Мактаби навбунёд аз се ошёна иборат буда, барои 720 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон бо ин, бояд ёдовар шуд, ки дар зарфи 22 соли соҳибистиқлолии мамлакат ин шашумин мактаби навбунёд дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ мебошад.
Баъди сафари охирини мо ба Чоркӯҳ мутобиқи дастуру супоришҳои Президенти кишвар барои таъмиру азнавсозии иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ ва роҳҳои деҳоти Чоркӯҳу Ворух аз ҳисоби маблағҳои иловагии буҷети мамлакат қариб 4 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд.
Дар сиёсати имрӯзаи давлат ва Ҳукумати мамлакат пешбурди тарзи ҳаёти солим ва обутоби ҷисмонии насли наврас ва ояндасози Ватанамон мақоми хосаро ишғол менамояд. Бинобар ин, масъалаи бунёди иншооти нави варзишӣ ва таъмиру азнавсозии иншооти мавҷудаи соҳа дар маркази таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати кишвар қарор дорад.
Танҳо дар давоми солҳои 2011-2012 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 316 иншооти варзишӣ ба маблағи умумии беш аз 80 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷет ва бо ҷалби маблағҳои соҳибкорони ватанӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Тибқи “Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017» ва бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон барои бунёди варзишгоҳҳо дар деҳаҳои Чоркӯҳ, Сурх, Навгилем, Чилгазӣ ва Шаҳрак қитъаҳои замин ҷудо карда шуданд.
Бо вуҷуди он ки дар деҳоти Чоркӯҳ майдони замини обӣ ниҳоят кам аст, вале мо барои амалӣ гардидани дархости аҳолӣ ҷиҳати бунёди варзишгоҳи нави замонавӣ, ки ҳоло дар он қарор дорем, қариб якуним гектар замини обӣ ҷудо кардем. Бунёди ин иншоот, ки бо ҳиммати соҳибкори маҳаллӣ Лайсиддин Юсуфов ва дастгирии сокинони Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ оғоз гардид, дар як муддати кӯтоҳ ба анҷом расида, имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Варзишгоҳ барои панҷ ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, дар он се толори варзишӣ, аз ҷумла барои гӯштингирӣ, майдони футбол, волейболу баскетбол ва теннис бо тамоми шароити зарурӣ барои дӯстдорони варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим хизмат расонида метавонад. Ба истифода додани варзишгоҳ ва якчанд корхонаи нав бори дигар аз он дарак медиҳад, ки нақши соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории хурду миёна дар рушди минтақаҳои кишварамон, аз ҷумла шаҳри Исфара сол аз сол назаррас гардида истодааст.
Дар робита ба масъалаи тақсимоти замин мехоҳам ба як нукта ишорат намоям. Дар давоми соли гузашта ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ мутобиқи қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар мавзеи Моҳпарӣ барои 800 оилаи эҳтиёҷманди деҳоти Чоркӯҳ қитъаҳои замин ҷудо карда шуд, ки ин иқдом, бешубҳа, ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ мусоидат мерасонад.
Ҳамзамон бо ин, тибқи супориши Роҳбари давлат ба 3800 хоҷагӣ барои ташкили хоҷагиҳои ёрирасон қариб 100 гектар замин тақсим карда шуд, ки ин иқдом низ боиси беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум хоҳад гардид. Умуман, дар натиҷаи чорабиниву тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон яке аз мушкилоти асосии сокинони Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, яъне таъмини эҳтиёҷмандон бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ асосан ҳал шуда истодааст.
Дӯстони азиз!
Дар шаҳри Исфара, аз ҷумла Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпешае, ки бо таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва бо ҳамин роҳ боз ҳам ғанӣ гардонидани даромади буҷети маҳаллӣ, даромади аҳолӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии ҳамдиёрони худ саҳми ҷавонмардона мегузоранд, кам нестанд.
Маҳз бо талоши чунин ҷавонмардон солҳои охир дар ҳудуди деҳа Маркази ҷавонон, растаи соҳибкорон бо 26 нуқтаи хизматрасонӣ бунёд гардидаанд, ки дар онҳо қариб 120 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.
Инчунин соҳибкорони ҷамоат барои ворид намудани таҷҳизоти нави технологӣ ва таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Масалан, имрӯз бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Абдурофеъ Қосимов сохтмони корхонаи коркарди меваи хушк ва коргоҳи дӯзандагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар он 120 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷойи кор таъмин гардидаанд.
Соҳибкори дигар Қаюмҷон Алиев дар ояндаи наздик як маркази нави хизматрасониро ба истифода медиҳад, ки дар он барои 70 нафар сокинони ҷамоат ҷойи кори доимӣ муҳайё мегардад. Ҳамаи ин иқдом ва ташаббусҳои соҳибкорони маҳаллӣ, пеш аз ҳама, нишонаи эҳсоси баланди ватандӯстонаи онҳо мебошад. Аз ин рӯ, бо истифода аз фурсат ба ҳамаи соҳибкорони ватандӯсту ташаббускор, ки бо роҳи ташкили корхонаҳои муосир ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар ва таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳми олиҳимматона мегузоранд, изҳори ташаккур менамоям.
Мехоҳам як нуктаро бо қаноатмандӣ зикр намоям, ки дар ҷараёни сафари имрӯза ба Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва умуман шаҳри Исфара натиҷаи заҳмату талошҳои ватандӯстонаи ҳар яки шуморо дар давоми чанд соли охир бори дигар эҳсос намудам. Ба шарофати ҳамин ҳиммату ғайрати ҳар яки шумо як гӯшаи дурдасти кӯҳистони кишварамон ҳоло воқеан ба як мулки ободу зебо табдил ёфтааст.
Шумо ҳамчун мардуми ватандӯст ва баору номус бо истифода аз неруи ақлонӣ ва сарҷамъии хеш бори дигар собит намудед, ки миллати мо метавонад дар муттаҳидӣ корҳои бузургеро барои наслҳои имрӯзу оянда ба ёдгор гузошта, заминаи зиндагии шоистаро ба ворисони худ фароҳам оварад.
Баъд аз ду рӯз иди саиди Қурбон, ки таҷассумгари раҳму шафқат ва хайру сахо мебошад, фаро мерасад. Бо истифода аз фурсат ҳамаи шуморо бо фарорасии ин иди суннатиамон табрик гуфта, ба хонадони шумо ризқи фаровон, файзу баракат ва осоиши зиндагиро орзу менамоям.
Ҳамзамон бо ин, таъкид месозам, ки соҳибкорону тоҷирон, дигар шахсони саховатманд ва умуман онҳое, ки дасти расо доранд, иҷрои яке аз фазилатҳои асосии иди Қурбон, яъне дасти кумак дароз кардан ба мискинону ниёзмандонро, ки рамзи имону тақво ба Худои таоло ва меҳрубонӣ ба атрофиён мебошад, фаромӯш насозанд.
Итминони комил дорам, ки самараи неки кору пайкор ва ташаббусҳои созандаи шумо ҳамчун намуна барои фарзандону наберагон ҷиҳати зиндагии шоиста ва рӯзгори ободу осуда хизмат хоҳад кард. Бо чунин ниятҳои нек бори дигар ба ҳамаи шумо - сокинони шарафманди Чоркӯҳ хонаи обод, рӯзгори осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Ҳамеша сарбаланду хонаобод бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.10.13    №: 136    Мутолиа карданд: 537

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед