logo

мулоқотҳо

Аёдати сарбозони маҷрӯҳ

16 октябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шифохонаи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар гарнизони ҳарбии Суғд ба шаҳри Чкалов ташриф оварда, аз ҳоли сарбозоне, ки чанд рӯз пеш дар қатораи роҳи оҳан дучори садама шуда буданд, хабар гирифт.
Зимни боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шифохона хотиррасон гардид, ки 10 - уми октябри соли  равон наваскароне, ки аз шаҳри Хуҷанд ба маркази ҷумҳурӣ тавассути қатораи роҳи оҳан интиқол дода мешуданд, дар қаламрави Ҷумҳурии Узбекистон ба садама дучор шуданд. Бар асари аз роҳи оҳан баромада, сарозер шудани чанд вагон 45 нафар сарбозон ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Як нафар дар шифохонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд ҷарроҳӣ мешавад ва ҳолати ин сарбоз ҳоло муътадил аст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур дод, ки барои табобати босифат ва ба ҷойҳои доимии хизмати ҳарбӣ баргардондани ин муҳофизони ояндаи Ватан тадбирҳои судбахш андешанд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои роҳ надодан ба чунин садамаву дигар ҳолатҳои нохуш низ пайваста чораандешӣ бояд кард.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.10.13    №: 138-139    Мутолиа карданд: 613

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед