logo

илм

Ёди дӯст…

( Ба гиромидошти хотираи  олим Амонбадал Норов)

Инсони хушбахту накӯкор  бо ҳастӣ ва амали хайри хеш  дар қалби одамон нақш мегузорад. Ҳангоми реҳлат ҷояш холӣ мемонаду ӯро аз рӯи хидматҳои ба ҷо овардааш ба некӣ ёд мекунанд. Ҳамин хислатҳо ба Амонбадал Норов,  яке аз олимони шинохтаи соҳаи кишоварзӣ, сардори шуъбаи селексия, технологияи чорвои гӯштӣ ва қутоспарварии Институти чорводории АИКТ, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент, хос буд.
Амонбадал Норов 12 декабри соли 1944 дар деҳаи Гузари Боди ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд ба дунё омадааст. Ҳанӯз аз синни хурдӣ бо сабаби дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ фавтидани падараш ҳамчун коргари саҳроӣ ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз намудааст. Солҳои 1963-1965 хидматро дар сафҳои артиш ба анҷом расонда, таҳсилро дар Омӯзишгоҳи касбию техникии рақами 20-и ноҳияи Шаҳристон идома додааст. Солҳои 1968-1973 дар факултаи зоотехникии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур) таҳсил намуда, соҳиби  тахассуси "зоотехник -  олим" гардид ва бо роҳхати Вазорати кишоварзӣ дар "Парваришгоҳи гӯсфандони зоти ҳисорӣ"-и  ноҳияи Шаҳринав ба кор омад.
Ҷавону лаёқатманд ва илмдӯст, аз соли 1974 дар Институти илмӣ-таҳқиқотии чорводории Тоҷикистон ба ҳайси аспирант корҳои илмиро дар мавзӯи "Рушду такомул ва афзоиши маҳсулнокии ҷавонаҳои асилзоти қалмиқӣ, қутосҳо, наслҳои дурагаи қалмиқу маҳаллӣ ва чорвои маҳаллӣ дар шароити кӯҳсори Тоҷикистон" ба анҷом расонда, онро соли 1985 дар Шӯрои диссертатсионии умумииттифоқӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон  дифоъ  намуд.
Баъдан, фаъолияти худро бефосила дар вазифаҳои ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ, ходими калони илмӣ, ходими пешбарандаи илмӣ ва аз соли 2007 дар вазифаи мудири шуъбаи "Селексия, технологияи парвариши говҳои гӯштӣ ва қутоспарварӣ" - и Институти чорводории Тоҷикистон идома додааст.
Амонбадал  Норов яке аз нахуст олимоне буд, ки силсилаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва эҷодиашро тайи 40 сол барои рушду такомули яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки чорводории кишвар, алалхусус соҳаи чорвои гӯштӣ ва қутоспарварӣ нигаронидааст. Дар ин радиф, таҳқиқотҳои мақсадноку ҷолиби хешро баҳри ташкилу нигоҳдории подаҳои асилҷинси чорвои зотҳои гӯштӣ, тавассути услубҳои дурагаву гибридкунонии онҳо бо говҳои зебумонанди маҳалливу қутосҳо дар шароити баландкӯҳи минтақаи Лахши ноҳияи Ҷиргатол, барои ба даст овардани наслҳои дурагаву гибридии сермаҳсул, инчунин дар шароити миёнакӯҳии кишвар (хоҷагиҳои ба номи "Восеъ"-и ноҳияи Ховалинг, ба номи С. Сафарови ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон) оид ба афзоишдиҳии зотҳои гови гӯштӣ ва дурагаву гибридкунонии онҳо бо буқаҳои зебуи ҳиндубразилӣ  идома додааст.
Маврид ба ёдоварӣ аст, ки дар ҷаласаву машваратҳо, семинару конфронсҳои илмӣ-амалӣ, ки ҳамасола дар минтақаҳои гуногуни кӯҳистон доир карда мешуданд, устод Амонбадал Норов ҳамчун роҳбари барномаи илмӣ, дар назди мутахассисон ва олимони соҳаи кишоварзӣ оид ба пешрафт ва ҳалли масъалаҳои мубрами соҳа баромад мекард ва тавсияҳои судманд пешниҳод менамуд.
Ба ҳайси ходими пешбарандаи илмӣ ва сарвари шуъба дар Пажӯҳишгоҳи чорводории кишвар оид ба мавзӯи "Тарҳрезии системаи селексия, технологияи афзоишдиҳии ҷинси говҳои гӯштӣ ва қутосҳо", корҳои илмиро анҷом медод. Ҳамеша дар алоқамандӣ бо истеҳсолот, ба мутахассисони соҳа кӯмаки худро дареғ намедошт. Муддатҳои тӯлонӣ зимни сафарҳои хизматӣ дар навоҳии баландкӯҳи кишвар барои ҳифзу нигоҳдории хазинаи миллии ирсии зотҳои чорвои гӯштӣ талош меварзид.
Дар давоми беш аз 40 соли собиқаи илмию эҷодиаш зиёда аз 80  мақолаву китоб ва дастурҳои илмӣ-таълимӣ таҳия намудааст, ки  14 номгӯйи он дар маҷаллаҳои илмӣ-касбии Федератсияи Русия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нашр шудаанд. Аз мероси илмии ӯ  монографияҳои "Парвариши чорвои гӯштӣ дар минтақаи кӯҳии Тоҷикистон", "Чорвои гӯштӣ дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон", ва рисолаҳои таълимии "Тарзи афзоиш ва парвариши говҳои сергӯшт дар минтақаҳои кӯҳӣ", "Зотпарварӣ" барои донишҷӯёну мутахассисони соҳаи чорводорӣ" ва даҳҳо тавсияву дастурамали илмӣ-истеҳсолӣ, аз ҷумла "Афзоишдиҳии соҳаи чорвои гӯштӣ дар шароити кӯҳсори Тоҷикистон", дастурамалҳо оид ба баҳодиҳии говҳои зоти гӯштӣ, баҳодиҳии қутосҳои экотипи помирӣ ва ғайраҳо ба чоп расидаанд, ки  ҳоло ҳамчун заминаи боэътимоди назариёти пешбурди соҳа мавриди омӯзиш қарор доранд.
Устод А. Норов баробари фаъолияти илмӣ, ҳамчун олим ва омӯзгори варзида, аз соли 1993 то нафасҳои охирин дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ба донишҷӯён сабақ омӯхт ва дар тайёр намудани беш аз 1,7 ҳазор мутахассисони соҳаи чорводории кишвар саҳм гузоштааст.
Ҳамзамон, бо дарки масъулияти баланд, барои ҷамъбасти ниҳоии натоиҷи таҳқиқотҳои ҷолибу бисёрсола, дар мавзӯи "Таҳияи усулҳои назариявӣ ва амалии баланд бардоштани хусусиятҳои ирсиву маҳсулнокии чорвои зотҳои  сергӯшт ва қутос дар Тоҷикистон" рисолаи доктории худро ба сомон расонид. Вале, умр вафо накард, ин марди некдилу хушзамир то рӯзи муаррифии он аз олам даргузашт…

Фазлиддин ИКРОМОВ,
директори Институти
 чорводории АИКТ, н.и.к.,
Хайриддин ҶАЛОЛОВ,
доктори илмҳои кишоварзӣ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон
Додоҷон ЭРГАШЕВ, доктори илмҳои биологӣ, профессор
Р. РАҲМОНОВА, ходими илмӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.10.13    №: 138-139    Мутолиа карданд: 1194

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед