logo

фарҳанг

ЛАҲЗАҲОИ ДИЛПАЗИР

"ХАЙРИЯТ ТАЛХАКАФ НАШУДААСТ"

Бо духтарчаам, ки андаке беш аз ду сол дошт, ба театри ба номи Лоҳутӣ ба тамошои намоишнома рафтам. Духтарам аз қаҳрамонони ҷомаву салладор ва ҳайбати бозиашон тарсида, ба гиря даромад. Ночор бозиро тарк карда, ба кӯча баромадем. Ин асно ҳунарпешаи шинохта устод Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов дучорамон омад ва авзои духтарамро дида, пурсид:
- Ба духтарак чӣ шуд?
- Аз бозии ҳунарпешаҳо тарсид.
- Кадом намоишномаро тамошо кардед?
-  "Чархи гардон"- и Нур Табаровро.
- Хайрият талхакаф нашудааст, аз ин намоишнома ман ҳам тарсида, берун баромада будам.


ТАНҚИДИ АҶИБ

Китоби шеърҳои Салимшо Ҳалимшо аз чоп баромаду ман дар ҳузури Ҳайрат Шанбезода ӯро ба ин муносибат табрик кардам.
- Қасидаҳоятон бисёр аҷоиб, устод, аммо, ба фикрам, баъзе маъниҳоро на ҳар хонанда мефаҳмад, - андешаамро баён кардам ман.
- Атоҷон, барои фаҳмидани шеърҳои Салимшо тамоми географияро азёд донистан лозим, - гуфт дар омади гап Ҳайрати хушсухан.

ЭРОДИ МИРШАКАР

Шоир Маҳмадалишо Ҳайдаршо шеъре навишт дар бораи саге, ки ба шаҳр баромада, раҳи хонаашро гум кардааст. Шеърро барои доварӣ ба назди устод Мирсаид Миршакар бурд. Устод онро хонд ва чунин эрод гирифт:
- Э, Ҳайдаршо, ин ту ҳастӣ, ки баъзан арақ хӯрда, аз ғояти мастӣ роҳи хонаатро гум мекунӣ, саг ҳеҷ вақт роҳи хонаашро гум намекунад.
 
"ЗАБОНРО ДАР КУҶО ОМӮЗАМ?"

Китоби шеърҳои Салимшо Ҳалимшоро дар ҷаласаи Иттифоқи нависандагон ба муҳокима гузоштанд. Ҳар кас ҳар чи гуфт ва аз ҷумла, устод Муъмин Қаноат эрод гирифт, ки забонаш суст аст.
Ин сухани Муъминшо ба Салимшо сахт расид, ки дар поёни ҷаласа асабонӣ гуфт:
- Муъминшои азиз, охир, ба кор биёям, ҷаласаҳои мо ба русӣ гузаранд, бозор равам, мардум ба узбакӣ гап занад, ба хона равам, занам маро ба шуғнонӣ ҳақорат кунад, аз рӯйи инсоф бигӯед, ки забони тоҷикиро дар куҷо омӯзам?!

МАСЛИҲАТИ АҶИБ

Шоири афғонӣ Беранги Кӯҳдоманӣ шоир Нафасбек Раҳмониро бо худ ба мағоза бурд, то барояш телевизор харанд. Хеле гаштанд, Кӯҳдоманӣ дар харид диранг кард ва Нафасбек дилтанг шуд. Ниҳоят ба растае расиданд ва Беранг маслиҳат хост:
- Нафасбек соиб, кадомашро харам: ранга ё сиёҳсафедро?
- Мисли худат берангашро бихар, - маслиҳат дод Нафасбек.

МАҶЛИСИ НОЗИРӢ

Ману нависанда Маҷид Салим дар ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат", ки сармуҳаррираш шоир Ҳабибулло Нозирӣ буд, кор мекардем. Рӯзе дар мошини Нозирӣ сӯйи чопхона мерафтем. Банохост ба ёди сармуҳаррир чизе расиду гуфт:
- Бачаҳо, як масъалаи ниҳоят зарур пеш омадааст, ба идора рафта маҷлис даъват кардан даркор.
- Гапат бошад, дар даруни мошин гуфтан гир, ту ҳамагӣ ҳамин қадар коргар дорӣ, - гуфт Маҷид Салим.

ШОИРИ ИБЛИС

Дар Иттифоқи нависандагон панҷоҳсолагии шоире таҷлил мешуд. Султон Шоҳзода ба ин шахс ҳусни таваҷҷуҳ надошт, аммо ба хотири шеъри хубаш ба он маҳфил омада буд. Пас аз поёни ҷаласа як даста гули зебо ба соҳибҷашн дод ва ин байти Нодирпурро барояш хонд:
Иблис, эй Худои бадиҳо, ту шоирӣ,
Ман борҳо ба шоириат рашк бурдаам.

ҲАЙРАТИ ҲАЙРАТ

Дар замони Шӯравӣ азбаски котибони авввали Кумитаи марказии ҳизби коммунист, ки кӯтоҳ ЦК - аш мегуфтанд, буданд, умури роҳбарии ҷумҳурӣ ҳам дар дасти мардуми вилояти Ленинобод (Суғд) буд. Рӯзе Ҳайрат Шанбезода ба муҳаррири рӯзномае, ки дар он кор мекард, чунин киноя задаст:
- Домулло, шумо ҳарфи "ц"-ро талаффуз карда наметавонед, лекин ЦК-ро чӣ хел гирифтаед, ман ҳайрон?

ПУЛИ МУФТ

Шоир Эмом Алӣ дар ҳузури ман ба устод Салимшо садсомоние дод. Ман бо шӯхӣ гуфтам:
- Устод, ба ин пул маро ресторан мебаред?
- Албатта, пули муфт ғалтидаст, рафтем.
Эмом Алӣ ҳам аз шӯхӣ намонд:
- Ин хел бошад, ман ҳам бо шумо меравам.

БЕАҚЛӢ

Рӯзе дар кӯча устод Салимшоро дучор омадам. Табъаш хеле хуш буд. Сабаб пурсидам. Гуфт:
- Нафақа гирифтам.
- Чи кори хубе, - гуфтам ман, - акнун зиёфат мехӯрем гӯй.
- Не, ман дар умрам ин хел беақлӣ накардаам ва нахоҳам кард, - гуфт бо қатъият Салимшо.

ШЕЪРИ АСИЛ

Шоир Абдулқодири Раҳим нақл кард, ки корманди телевизон буду устод Нодир Шанбезодаро ба студия даъват кард, то шеърҳояшро бихонад. Қаблан устодро огоҳ карда буд, ки азбар бигӯяд. Аммо Шанбезода ҳар бор мисраъеро гум мекард ва коргардон корро аз сар мегирифт. Абдулқодир ба танг омад ва ӯро сарзаниш кард:
- Аҷиб одам будаед Шумо, устод, тамоми "Шоҳнома", осори Ҳофиз, Лоҳутӣ, Эраҷ Мирзоро азбар медонеду наход чор шеъратонро аз бар карда натавонед?!
- Писарам, охир онҳо шеъранд, шеър! Агар навиштаи мо ҳам шеър мебуд, азбар мекардем, - посух медиҳад Шанбезодаи ростқавл.

БОАҚЛ

Шоир Салимшо Ҳалимшо аз пеши хонаи ҳамсояаш мегузашт. Писараки хурдсоле пеши дари хонааш нишаста буд, бо камоли одоб ба устод салом гуфт ва ба хона даъват кард. Салимшо пурсид:
- Ту писари кистӣ?
- Писари фалон шоир.
- Кош ҳамин ақлатро падарат медошт, - гуфт Салимшо ва роҳашро давом дод.

Ато МИРХОҶА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.10.13    №: 138-139    Мутолиа карданд: 821

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед