logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Восеъ, 28 октябри соли 2013

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Қабл аз ҳама барои истиқболи гарму самимиатон, ки нишонаи меҳмоннавозиву ҳимматбаландӣ ва пуштибонии ҳамаҷонибаи шумо аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат мебошад, арзи сипос карда, ба ҳар яки шумо хушбахтиву иқболи нек ва хонаи ободу файзу баракат орзу менамоям.
Мардуми меҳмоннавозу заҳматқарини ноҳияи Восеъ дар зарфи солҳои истиқлолияти давлатӣ саъю талоши худро барои иҷрои дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати мамлакат, инчунин амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ равона карда, то имрӯз дар раванди ободониву созандагӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори иқтисодии Ватани маҳбубамон саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон низ аз ҷониби худ ҳамаи захираву имкониятҳоро барои тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва беҳтар гардонидани шароити зиндагии аҳолии мамлакат, аз ҷумла сокинони ноҳияи Восеъ сафарбар намудааст. Мардуми заҳматкаши ноҳия ҷавобан ба чунин ғамхориву дастгириҳои давлату Ҳукумат ва ба шукронаи сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ софдилона кору фаъолият карда, то имрӯз ба нишондиҳандаву натиҷаҳои хеле назаррас ноил шудаанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои рушди ноҳия қариб 410 миллион сомонӣ равона гардидааст. Аз ҷумла аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ барои ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, сохтмони иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 310 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Дар натиҷаи дастгирии доимии Ҳукумати мамлакат тайи солҳои охир теъдоди корхонаҳои истеҳсолӣ се баробар афзуда, фаъолияти муназзами корхонаҳои коркарди пахта, истеҳсоли намак ва масолеҳи сохтмон таъмин гардидааст ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 32 миллион сомонии соли 2007 ба 72 миллион сомонӣ дар соли 2012 расидааст.
Дар ҳудуди ноҳия кони «Хоҷа Мӯъмин» ҷойгир аст, ки тибқи маълумоти мутахассисон захираи он дар қисмати рӯизаминии кон зиёда аз 31 миллиард тоннаро ташкил медиҳад ва яке аз захираҳои калонтарини намак дар дунё мебошад. Бояд гуфт, ки то имрӯз се корхона бо коркард ва истеҳсоли намак машғул буд, ки дар як сол ҳамагӣ 10 ҳазор тонна намак истеҳсол мекард. Субҳи имрӯз мо дар маросими ба истифода додани якчанд иншооту корхонаҳои нави замонавӣ, аз ҷумла корхонаи коркард ва истеҳсоли намаки ҷавобгӯй ба талаботи меъёрҳои истеъмолӣ бо иқтидори истеҳсоли 12 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол иштирок доштем.
Вобаста ба ин, як масъалаи муҳимро хотиррасон менамоям, ки соҳибкорон метавонанд бо воридоти технологияҳои пешрафта коркарди намакро ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида, содироти онро ба хориҷи кишвар ба роҳ монанд.
Имрӯз ҳамчунин Маркази тиҷоративу хизматрасонии «Султони Кабир» бо сехи дӯзандагӣ барои 700 ҷойи корӣ дар ду баст, толори варзишӣ барои машқу тамрини 500 нафар варзишгар дар як вақт ва маркази дилхушии кӯдакон барои 500 нафар кӯдакон ба истифода дода шуд. Умуман дар иншооти зикршуда ба шумули маркази тиҷоративу хизматрасонӣ 4500 нафар аҳолии ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Дар ҷараёни сафари имрӯзаи мо инчунин маркази дилхушии кӯдакон ва нуқтаҳои нави хизматрасоние, ки аз тарафи Ҷамъияти «Хутал» бунёд гардидааст, ба фаъолият оғоз карданд. Баъди ба истифода супоридани иншооти имрӯза дар маҷмӯъ тақрибан панҷ ҳазор шаҳрвандони ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд, ки музди миёнаи маоши кормандон аз 400 то 800 сомониро ташкил медиҳад.
Аз фурсат истифода намуда, ба ҳамаи соҳибкорони бонангу номус, ки дар баробари обод намудани як гӯшаи диёрамон инчунин барои ҳамватанони азизамон садҳо ҷойҳои корӣ муҳайё намудаанд, миннатдории самимии Ҳукумати кишварро изҳор менамоям ва дар фаъолияти минбаъдаи ободгаронаву ватандӯстонаашон барори кор мехоҳам.
Масъалаи фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва бо шуғл фаро гирифтани аҳолии бекор яке аз масъалаҳои марказии сиёсати иҷтимоии давлати мо мебошад. Дар ин раванд тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Восеъ зиёда аз 22 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд. Инчунин қариб ҳафт ҳазор нафар сокинони ноҳия ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ фаро гирифта шуда, соҳиби касбҳои гуногун ва ҷойи кор гардидаанд.
Ноҳияи Восеъ яке аз минтақаҳои калонтарини аграриву саноатии кишвар буда, 85 фоизи аҳолии қобили меҳнати он дар соҳаи кишоварзӣ машғули кор мебошад. Дар натиҷаи заҳмати шабонарӯзии кишоварзони ноҳия соли 2012 дар ҳаҷми қариб 600 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ 14 баробар зиёд мебошад. Тибқи таҳлилҳо имкониятҳои ноҳия дар самти боз ҳам афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёданд ва зарур аст, ки ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани боғдориву сабзавоткорӣ, пахтакорӣ, моҳипарвариву занбӯриасалпарварӣ, инчунин чорводорӣ чораҳои иловагӣ андешида шаванд.
Ноҳияи Восеъ яке аз калонтарин ноҳияҳои пахтакорӣ мебошад ва зарур аст, ки барои рушди минбаъдаи ин соҳа ва коркарди пахта ҳамаи имконияту захираҳо истифода гарданд. Ҳоло майдони боғу токзори ноҳия зиёда аз ду ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли 1992-ум 730 гектар зиёд ва ҳаҷми истеҳсоли мева 6 баробар афзоиш ёфтааст. Кишоварзони ноҳия тасмим гирифтаанд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда майдони боғҳои навро то ба 1000 гектар расонанд.
Бо мақсади рушди соҳа зарур аст, ки соҳибкорони ноҳия таҷрибаи боғпарварони дигар минтақаҳои кишварро доир ба афзун гардонидани ҳаҷми истеҳсол, коркард ва содироти маҳсулоти тайёр, инчунин аз талафёбӣ эмин доштани маҳсулот ҳамаҷониба истифода намоянд.
Ноҳияи Васеъ дар гузаштаи начандон дур бо деҳқонони асилу пуртаҷрибаи худ шӯҳрат дошт. Бинобар ин, кишоварзон ва соҳибкороне, ки бо истеҳсолу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд, бояд кӯшиш кунанд, ки бо азхуд кардани заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва умуман баланд бардоштани маданияти истифодаи замин истеҳсоли маҳсулотро зиёд карда, шӯҳрати собиқаи ноҳияро барқарор намоянд ва бо ҳамин роҳ дар таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон-ҳифзи амнияти озуқаворӣ саҳми сазовори худро гузоранд.
Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар барои таъмини шаҳрвандони ноҳия бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва сохтмони манзили истиқоматӣ тибқи қарорҳои Ҳукумати мамлакат се ҳазор гектар ва танҳо дар давоми чор соли охир қариб 400 гектар замин ҷудо гардидааст. Яъне беш аз 21 ҳазор оила соҳиби замини наздиҳавлигӣ шудааст ва аз 188 ҳазор нафар сокинони ноҳия беш аз 100 ҳазор нафар шароити манзили худро беҳтар кардаанд. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки тақсимоти замин бояд дар доираи қонун ва тартиби муқарраршуда роҳандозӣ гардида, дар ин раванд дар навбати аввал оилаҳои ҷавон ба эътибор гирифта шаванд.
Дӯстони арҷманд!
Масъалаи таъмиру азнавсозӣ ва бунёди роҳу пулҳо ҳамчун яке аз омилҳои муҳимтарини тараққиёти мамлакат самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлати Тоҷикистон мебошад. Чанд рӯз пеш бунёду азнавсозии роҳи Восеъ-Ховалинг ба маблағи умумии 425 миллион сомонӣ оғоз гардид, ки 40 километри он аз ҳудуди ноҳияи Восеъ мегузарад ва арзиши лоиҳавии ин қисмати роҳ беш аз 100 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ин шоҳроҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ, бешубҳа, барои осон гардидани мушкилоти мардуми ноҳияи Восеъ ва вусъат пайдо кардани татбиқи лоиҳаҳои рушди ноҳия ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард. Дар баробари ин, зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ ба масъалаи таъмиру барқарорсозии роҳҳои маҳаллӣ ва ободонии маҳаллии зист низ эътибори махсус зоҳир карда шавад.
Боиси қаноатмандист, ки вақтҳои охир дар кори хайри сохтмону навсозии роҳу пулҳо соҳибкорони маҳалливу шахсони саховатпеша фаъолона саҳм мегузоранд. Масалан, бо ҷалби имкониятҳои соҳибкорони ноҳия то имрӯз дар Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов ду пул ва дар Ҷамоати деҳоти ба номи Рӯдакӣ ду гузаргоҳ сохта, ба истифода дода шудааст.
Бо дарназардошти ин, ки дар соҳаи маорифи ноҳия солҳои пеш як қатор мушкилоти ҷиддӣ, аз ҷумла нарасидани ҷойи нишаст, дар вагонҳо гузаронидани дарс ва ҳолати дар се баст таълим гирифтани хонандагон мушоҳида мегардид, Ҳукумати мамлакат дар ин самт хеле корҳоро анҷом дод. Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда дар ҳудуди ноҳия 25 мактаби нав ва 42 синфхонаи иловагӣ сохта шуда, 32 мактаб пурра таъмиру навсозӣ гардидааст ва ҳоло сохтмони 5 мактаби нав дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар ноҳияи Восеъ мактаб-интернатҳои Кадучӣ ва Арал фаъолият мекунанд, ки дар онҳо ятимон ва фарзандони оилаҳои камбизоат ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Муассисаҳои мазкур таҳти ғамхории доимии давлат қарор дошта, чанде пештар мактаб-интернати Кадучӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президент ба маблағи беш аз як миллиону 400 ҳазор сомонӣ таъмиру азнавсозӣ карда шуд ва ҳоло таъмиру азнавсозии мактаб-интернати Арал ба маблағи як миллиону 100 ҳазор сомонӣ идома дорад.
Бо вуҷуди ин, Вазорати маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадоранд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша то оғози соли хониши оянда мушкилоти боқимондаи муассисаҳои таълимиро ҳаллу фасл намоянд. Дар баробари ҳалли масъалаҳои соҳаи маориф рушди соҳаи тандурустӣ ва пешгириву табобати бемориҳо низ дар маркази диққати давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад.
Бо ҳамин мақсад маблағгузории соҳаи тандурустии ноҳияи Восеъ аз 35 ҳазор сомонии соли 1997-ум то ба 11 миллион сомонӣ дар соли 2012 афзоиш ёфтааст, яъне буҷети соҳаи тандурустии ноҳия 312 баробар зиёд шудааст.
Илова бар ин, дар даврони истиқлолияти давлатӣ барои бунёд ва таъмиру таҷҳизонидани муассисаҳои тиббии ноҳияи Восеъ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 17 миллион сомонӣ сарф шудааст.
Дар натиҷаи тадбирҳои то имрӯз амалигардида сатҳи хуруҷи бемории сил дар миқёси ноҳия коҳиш ёфта, тамоюли беморшавӣ, маъюбӣ ва фавт аз ин намуди беморӣ хеле кам шудааст. Бо мақсади пешгирии бемории сил беморхонаи замонавӣ ва маркази диспансерии зидди сил бунёд ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ба истифода супорида шудааст. Имрӯзҳо дар Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев сохтмони беморхонаи минтақавӣ ба маблағи 5 миллион сомонӣ дар марҳалаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Чунонки медонед, давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳаллу фасли мушкилоту масъалаҳои наврасону ҷавонон ҳамеша эътибори ҷиддӣ дода, дар самти таълиму тарбияи онҳо, рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин тарбияи касбӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани насли ҷавони кишвар ҳамаи чораҳои имконпазирро амалӣ карда истодааст. Ноҳияи Восеъ аз қадимулайём бо варзишгарону паҳлавонони номдори худ машҳур буда, варзиш шуғли дӯстдоштаи наврасону ҷавонони ноҳия мебошад. Вобаста ба ин, ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия супориш дода мешавад, ки бо мақсади фарогирии ҳарчи бештари аҳолӣ ва махсусан наврасону ҷавонон ба варзиш ва дигар чорабиниҳои оммавию варзишӣ доир ба таъсиси маркази ҷавонон ва бунёди майдону толорҳои варзишӣ чораҷӯӣ намоянд.
Ҳамчунин Вазорати молия, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент вазифадор карда мешаванд, ки масъалаи дар маркази ноҳия бунёд намудани як варзишгоҳи замонавиро омӯхта, ба Президенти кишвар пешниҳод намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар ҳудуди ноҳияи Восеъ ёдгории беназири таърихи тоҷикон - қалъаи Ҳулбук ҷойгир мебошад. Тавре ки аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, дар замони Сомониён дар қаламрави Хатлон маданияти шаҳрдорӣ хеле тараққӣ карда буд. Дар ин мавзеи ҳокимнишин, ки бо номи қалъаи шоҳони Хатлон машҳур аст, ҳанӯз дар замонҳои пешин шабакаҳои корезу обсофкунӣ, партовгоҳ, обрасонии кӯчаҳо, гаҷандоваи нақшин дар деворҳо, яъне гаҷкорӣ ва дигар ҳунарҳои нафиса васеъ истифода мешуданд. Ҳунари бинокорӣ ва гаҷкории мардуми Ҳулбуки Хатлон машҳури оламиён гардида, устоҳои моҳири ин мавзеъро ба қаламраву кишварҳои дигар барои бунёди қасрҳо даъват мекарданд.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар давлату Ҳукумати мамлакат ба хотири ҳифзу гиромидошти суннатҳои неки миллӣ ва санъати волои шаҳрсозиву шаҳрдории ниёгонамон корҳои тармиму навсозии ин мавзеъро ба роҳ монда, то имрӯз барои барқарорсозии қалъаи Ҳулбук беш аз 14 миллион сомонӣ харҷ намудааст. Бо вуҷуди ин, хотирнишон месозам, ки илова ба тадбирҳои то ба ҳол андешидашуда мутахассисону масъулон ва бинокорони иншооти мазкур вазифадоранд, ки бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб кардани сайёҳону меҳмонон ба ин ёдгории нодири таърихиву фарҳангӣ корҳои боқимондаи барқарорсозиро бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонанд. Зеро тибқи мушоҳидаҳо сол то сол шумораи меҳмонону сайёҳон барои тамошои қалъаи Ҳулбук зиёд шуда, танҳо дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ панҷуним ҳазор нафар барои дидани ин қалъаи таърихӣ омадаанд, ки қисми зиёди онҳоро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, масъулони соҳа ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки ба хотири рушди инфрасохтори мамнӯъгоҳ, аз ҷумла сохтмони меҳмонхона ва фароҳам сохтани шароити мусоид барои истироҳату фароғати сайёҳону меҳмонон ва умуман рушди сайёҳӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Ҳамзамон бо ин, ба роҳбарону масъулони ноҳия супориш дода мешавад, ки бо дарназардошти самтҳои афзалиятноки соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ барномаи рушди ноҳияро таҳия карда, барои баррасӣ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.
Ноҳияи Восеъ дар мавзее ҷойгир аст, ки барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар коргоҳҳои саноативу тиҷоратӣ имкониятҳои васеъ дорад. Аз ҷумла дар ноҳия имкониятҳои васеъ барои таъсиси корхонаи истихроҷи масолеҳи сохтмон, яъне регу шағал ва истеҳсоли маҳсулоти бетонӣ мавҷуданд, ки ин масъала бояд аз ҷониби мутахассисон мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Ҳамчунин дар ноҳия барои таъсиси корхонаҳои хурди коркарди мева ва истеҳсоли консерва низ шароиту имкониятҳои зиёд вуҷуд доранд, ки истифодаи оқилонаи онҳо омили муҳими муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва пешгирӣ кардани талафоти меваю сабзавот мебошад.
Ноҳия бо номи қаҳрамони миллии халқи тоҷик – Восеъи диловар номгузорӣ шудааст. Чунонки аз корномаи ин шахсияти таърихӣ бармеояд, ӯ тимсоли инсони озодандеш, ҷонибдори зиндагӣ дар фазои осуда ва адолату инсоф буд. Дар зиндагиномаи Восеъ дар баробари шуҷоату мардонагӣ инчунин хислатҳои неки башардӯстона, аз қабили дастгирии табақаҳои камбизоату эҳтиёҷманд мавқеи муҳим дорад. Мо аз ҳолномаи ин марди шуҷоъ хуб огоҳ ҳастем, ки ӯ нисбат ба ятимон чӣ гуна хайрхоҳӣ намуда, ҳаммарому ғамхори мардуми заҳматкаш буд. Боиси хурсандист, ки корнома ва амалҳои хайри ӯ имрӯз аз ҷониби шахсони саховатпешаи диёрамон, бахусус соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳияи Восеъ идома меёбанд ва онҳо дароз кардани дасти кумак ба ятимону маъюбон ва эҳтиёҷмандону камбизоатҳоро қарзи имонии худ медонанд.
Мусаллам аст, ки пешрафти ноҳия дар солҳои қаблӣ бо кору фаъолияти содиқонаи шахсиятҳои маъруфи он робитаи бевосита дорад ва корномаи ҳар кадоми онҳо имрӯз воситаи хуби тарбияи насли ҷавону худогоҳи миллатамон мебошад. Дар пешрафти бахшҳои гуногуни ҳаёти кишварамон хизмати садҳо нафар фарзандони номбардори ноҳияи Восеъ хеле бузург аст, ки имрӯз корномаи онҳо аз ҷониби афроди ватандӯсту бонангу номус дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ноҳия идома дошта, шогирдону дастпарварони онҳо барои пешрафти Ватани маҳбубамон содиқона хизмат карда истодаанд.
Аз ин хотир, вазифаи роҳбарону фаъолони ноҳия, раисони ҷамоату маҳаллахонаҳо, аҳли зиё ва шахсони обрӯманду таҷрибадор аз он иборат аст, ки минбаъд низ мардум ва хусусан ҷавононро ба таҳкими сулҳу субот, риояи қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, корҳои созандагиву ободкорӣ ва сарфаю сариштакорӣ ҳидоят намуда, амалҳои неки инсонӣ, аз ҷумла дастгирии ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва тарбияи дурусти фарзандон роҳнамоӣ кунанд.
Рӯз аз рӯз беҳтар шудани шароит ва сатҳи зиндагии мардум, болоравии масъулияти ватандориву ватансозии сокинон моро бори дигар ба чунин хулоса водор месозад, ки мо танҳо бо ваҳдату ҳамбастагӣ ва заҳмати созандаву содиқона ба рӯзҳои аз ин ҳам нек хоҳем расид. Итминони комил дорам, ки мардуми ҳимматбаланд ва бонангу номуси ноҳияи Восеъ дар оянда низ бо заҳмати созандаи хеш барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон ва мустаҳкам гардидани пояҳои давлати миллиамон саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.
Бо чунин ниятҳои нек ба ҳамаи шумо хушбахтиву хушрӯзӣ, хонаи обод, рӯзгори пурфайз ва барори кор мехоҳам.
Доимо саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.13    №: 144    Мутолиа карданд: 707

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед