logo

сафарҳо

Cафари Сарвари давлат ба ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон

27 октябр  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сафар кард.
Боздиди кории Сарвари давлат аз ноҳияи Фархор оғоз ёфт.
Дар маркази ноҳияи Фархор бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст биноҳои нави Кумитаи иҷроияи маҳаллии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.
Дар саҳни ҳавлии бино Сарвари  давлат Эмомалӣ Раҳмон ба як зумра аъзои нави Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон  шаҳодатномаҳои узвиятро тақдим намуд.
Сипас дар маркази ноҳияи Фархор китобхонаи марказии ноҳия ифтитоҳ ёфт. Зимни шиносоӣ бо бинои китобхона, аз ҷумла зикр гардид, ки он бо харҷи 1 миллиону 450 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бунёд ёфта, дорои 15 ҳуҷраи корӣ, хазинаи бузурги китоб, толори калони китобхонӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ мебошад. Ҳоло китобхона дорои 122 ҳазор номгӯй китоб аст, ки қариб 600 номгӯяш адабиёти тозанашр аст. Китобхона, ҳамчунин дорои толори калони электронӣ бо 30 адад компютери ба интернет пайваст мебошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар ин толор курсҳои омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ ба роҳ монда шавад, то ки наврасону ҷавонон ҳамқадам бо рушди босуръати илму технологияҳои муосир таълиму тарбият ёбанд.
Омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби рақами 10 Абдулҳамид Маҷидов, аз китобхонаи шахсиаш, ки 7 ҳазор нусха китоб дорад, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чанд нусха китобҳои нодири таърихиро ҳадя намуд.
Зимни ифтитоҳи осорхонаи нави ноҳиявӣ, ки дар як гӯшаи боғи фарҳангию фароғатӣ қарор дорад, иттилоъ дода шуд, ки ин бинои зебои дуошёна бо харҷи 2 миллион сомонӣ маблағҳои мутамаркази ҷумҳуриявӣ бунёд ёфтааст.
Осорхона дорои 2 толори бузург ва ҳуҷраҳои гуногун буда, ҳоло дар онҳо беш аз 200 нигораю дигар ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Президенти  кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ, ки аз ҷониби ширкати СУР САФ анҷом дода шудааст, баҳои баланд дод.
Бостоншиносони ҷумҳурӣ бо хурсандӣ иттилоъ доданд, ки дар арафаи ин сафар дар ҳудуди ноҳияи Фархор бозмондаҳои як шаҳри бостонӣ пайдо гардидаанд. 72 ёдгорие, ки дар ҷойи он то имрӯз ошкор гардидааст, ба осори аввалҳои ҳазораи дуюми пеш аз мелод рост меояд. Яъне ин шаҳр, ба тахмини бостоншиносон ҳамон Фархори овозадори бостонӣ аст, ки беш аз 4 ҳазор сол таърих дорад.

Кумаки моддии Президент ба ятимон ва ҷавонони ниёзманд

Дар  маркази  ноҳияи  Фархор  Президенти  кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ҷашни хайрияи арӯсию домодӣ ва хатнасури кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд иштирок намуд.
Бо саҳмгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ ба таври дастаҷамъона  тӯйи хайрияи арӯсию домодии 15 ҷуфти ҷавон ва хатнасури 150 писарча аз хонаводаҳои ниёзманд ба роҳ монда шуд. Сарвари  давлат  Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як ҷуфти ҷавон ва кӯдаки хатнашаванда кумаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо 38 нафар кӯдакону наврасони аз падару модар ятиммондаи ноҳия суҳбат намуда, ба ҳамаи онҳо кумаки яквақтаи моддӣ расонд. Таъкид гардид, ки ин кӯдакону наврасон то синни балоғат расидану ба ҳаёти мустақил қадам гузоштан бояд пайваста аз ғамхорию дастгирии мақомоти масъули давлатӣ бархӯрдор бошанд.

Таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ ва ифтитоҳи бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ

Дар маркази ноҳияи Фархор бо иштирок Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба навсозии роҳҳои маҳаллӣ оғоз бахшида шуд.
Дар муддати як соли оянда бо саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ, аз ҷумла Ғуломалӣ Бояков, Бекмурод Шарифов, Акбаршо Неъматов ва Диловар Муҳиддинов 23 км роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ мешаванд.
10 км роҳ аз ҷониби танҳо  Диловар Муҳиддинов, ки соҳибкори тоҷик дар Федератсияи Русия мебошад, таҷдид хоҳад шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки навсозии роҳҳои маҳаллӣ бояд марҳила ба марҳила идома дода шавад.
Дар маркази ноҳияи Фархор Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Бинои нави мақомоти маҳаллии ин сохтори давлатӣ дорои шароити хуби корӣ буда, ба тамоми талаботи кор дар ин соҳаи басо муҳим мувофиқ аст.

Ифтитоҳи мактаби нави замонавӣ ва оғози сохтмони беморхонаи муосир

Дар деҳаи "Тоҷикистон"-и Ҷамотаи деҳоти Ғайрати ноҳияи Фархор бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки аз ҷониби Диловар Муҳиддинов, соҳибкори тоҷик дар Федератсияи Русия, бо харҷи 7 миллиону 245 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, барои 420 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.
Аз ин маблағҳо қариб 750 ҳазор сомонӣ ба хариди таҷҳизот ва ашёи таълимӣ сарф гардида, синфхонаҳои фаннии мактаб мувофиқ ба талаби замон муҷаҳҳаз шудаанд.
Сохтмони ин мактаб ҳанӯз солҳои 80- уми асри гузашта оғоз шуда, танҳо ошёнаи аввал ва қисмате аз ошёнаи дуюми он бунёд ёфта будааст. Бо сабабҳои маълум аввали солҳои 90- ум сохтмон қатъ гардида буд.
Аз ин хотир ин соҳибкори маҳаллӣ дар партави сиёсати бунёдкоронаю созандагии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баста, сохтмони ин иншооти таълимиро ба итмом расондааст.
Дар ҳудуди ҳамин деҳа аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон санги асоси як маҷмааи тиббӣ, ки аз беморхона, таваллудхона ва дармонгоҳ иборат хоҳад буд, гузошта шуд.
Ин иншоот низ аз ҷониби ҳамин соҳибкори ватандӯст Диловар Муҳиддинов сохта ва бо таҷҳизоти тиббии аврупоӣ муҷаҳҳаз карда мешавад.

Оғози сохтмони як зумра иншооти муҳим

Дар  ноҳияи  Фархор  бо  иштироки  Сарвари давлат Эмомалӣ  Раҳмон сохтмони як зумра иншооти нави замонавӣ оғоз ёфт, ки дар онҳо садҳо нафар аз аҳолии маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ хоҳанд шуд.
Дар маркази ноҳия санги асоси як мактаби нави замонавӣ гузошта шуд, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Нозимов сохта хоҳад шуд.
Тибқи нақшаи соҳибкор бинои ин мактаб бо ду ошёна барои 1300 хонанда дар 2 баст пешбинӣ шуда буд.
Бо маслиҳати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифта шуд, бинои сеошёна ва хеле аз нақшаи кунунӣ фарохтар шавад ва 1200 нафар хонандаро дар як баст фаро бигирад. Барои ин ба роҳбарияти ноҳия дастур дода шуд, ки масоҳати замини барои сохтмони мактаб пешбинишуда, зиёд карда шавад.
 Тибқи маслиҳати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мактаб бояд толори барҳавои варзишӣ, толори  маҷлисӣ бо 300 ҷойи нишаст ва ошхона бо 150 ҷой низ дошта бошад, то ки ба талаботи замон мутобиқ шавад.

Дар маркази ноҳия бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сохтмони бинои нави филиали "Тоҷпромбонк" низ оғоз ёфт, ки ин бино ҳамчунин дорои меҳмонхона бо 20 ҷойи хоб хоҳад буд.
Дар Ҷамоати деҳоти Ғайрати ноҳияи Фархор сохтмони як корхонаи ресандагӣ оғоз ёфт, ки бо харҷи 40 миллион сомонӣ маблағҳои  "Тоҷиксодиротбонк" аз ҷониби ширкати ватании "Адолат" дар зарфи як сол анҷом хоҳад ёфт.
Корхона дорои иқтидори коркарди 4 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол буда, дар он 300 нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Як сол пеш дар паҳлуи ин мавзеъ корхонаи пахтатозакунӣ сохта ба кор дароварда шуда будааст, ки дар он 150 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Дар ин корхона дар як шабонарӯз 300 тонна пахта коркард мешавад.
Роҳбари "Тоҷиксодиротбонк" Тоҷиддин Пиров ва раиси ширкати "Адолат" Акбаршо Неъматов дар посух  ба маслиҳатҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қавл доданд, ки оянда дар ҳамин ҷо корхонаҳои бофандагӣ ва дӯзандагӣ низ бунёд намуда, коркарди пурраи нахи пахтаро ба роҳ мемонанд.
Онҳо ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар маркази ноҳияи Фархор 2 бинои ҳафтошёнаи истиқоматии дорои 60 хона бо харҷи 20 миллион сомонӣ дар зарфи як сол сохта ба хоҳишмандон пешкаш менамоянд.

Варзишгоҳи нави марказӣ оғӯш кушод

Дар  маркази  ноҳияи  Фархор  бо  иштироки  Президенти  кишвар  Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи нави марказӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки басо зебою муҳташам аст.
Варзишгоҳ бо сарфи 12 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бунёд ёфта, дорои зиёда аз 10 ҳазор ҷойи нишаст мебошад.
Мардуми Фархор, бахусус ҷавонону наврасони дӯстдори варзиш ва тарзи ҳаёти солим, ки дар ин иншооти боҳашамати варзишӣ ҳузур доштанд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукргузорӣ аз сиёсати бунёдкорона ва самимияти баланд истиқбол гирифтанд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз минбари ин варзишгоҳи зебо суханронӣ намуда, аз авҷи баланди бунёдкорию созандагӣ дар ноҳияи Фархор изҳори хушнудӣ кард. Хусусан ба соҳибкорони баору номуси маҳаллӣ, ки дар бунёди иншооти зиёди иқтисодию тиҷоратӣ, коммуникатсионӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ саҳми намоён доранд, арзи сипосу қадрдонӣ кард.
Дар майдони фарохи варзишгоҳ барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ намоиш дода шуд. Ин чорабинии дилнишин аз оғози фаъолияти ин иншооти бузурги навбунёд башорат медиҳад.

Корхонаи коркарди намак дар Восеъ

Субҳи 28 октябр сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар ноҳияи Восеъ идома ёфт.
Дар ноҳияи Восеъ нахуст бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи хусусии коркарди намак бо номи Хоҷа Муъмин ифтитоҳ ёфт, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҳмуд Ҳусейнов бунёд ёфтааст ва дар як шабонарӯз метавонад то 120 тонна намакро коркард намояд, 50 кас бо кори доимӣ ва то 30 нафари дигар бо корҳои мавсимӣ таъмин гардидаанд.
Коркард, шустану  поксозии намак ва  бастубанди он бо технологияи муосири стандарти ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуда, маҳсулоташ барои содирот ба бозорҳои хориҷи кишвар ҳам нигаронда шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ёдноккунии намак, ки барои нигоҳ доштани сиҳатии мардум басо муҳим аст, сифати сатҳи ҷаҳонии маҳсулот ва ба содирот нигарондани он таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ҳамчунин таъкид дошт, ки бояд иқтидори истеҳсолӣ ва шумораи ҷойҳои корӣ афзун карда шавад.
Дар маркази ноҳияи Восеъ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими хайрияи тӯйи арӯсии 20 ҷуфти ҷавон ва хатнасури 120 писарча аз хонаводаҳои ниёзманд, ки ба таври дастаҷамъона ба роҳ монда шудааст, иштирок намуда, ба ҳар яки онҳо кумаки яквақтаи моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба кӯдакону наврасони аз падар ва ҳам модар ятиммондаи ноҳияи Восеъ, ки шумораашон 86 нафар аст, кумаки яквақтаи моддӣ расонда, туҳфаҳои хотиравӣ дод.

Ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалиев соҳиби беморхона шуд

Дар Ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон беморхонаи деҳотиро мавриди истифода қарор дод, ки дорои 40 кати хоб аст.
Беморхона, ки дар майдони 1 га ҷойгир шудааст, бо харҷи 5 миллион сомонӣ маблағҳои Вазорати тандурустии кишвар   сохта ва бо таҷҳизоти замони муосир муҷаҳҳаз гардидааст ва дорои шуъбаҳои физиотерапия, бемориҳои дарунӣ, кӯдакона, таваллудхона ва озмоишгоҳ мебошад. Дар шуъбаҳои мазкур дастгоҳҳои муосири гаронарзиш, аз қабили дастгоҳҳои ташхиси фаросавтӣ, нафасдиҳии сунъӣ, кардиограммаи барқӣ, бормошини дандонпизишкӣ ва ғайра насб гардидаанд. Беморхона дорои дастгоҳи рентгени сайёр низ мебошад.
Беморхона барои хизматрасонӣ ба 60 ҳазор аҳолии ҷамоатҳои деҳоти Миралӣ Маҳмадалиев ва "Гулистон"-и ноҳияи Восеъ пешбинӣ шудааст. Дар ин беморхона 50 нафар табибону дигар кормандон ба мардум хизмат мерасонанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба  беморхонаи навбунёд 2 мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ҳадя намуд.

Ифтитоҳи Маркази тиҷорат ва хизмарасонии “Султони Кабир”

28 октябр дар маркази ноҳияи Восеъ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маркази тиҷорат ва хизматрасонии “Султони Кабир”-ро ифтитоҳ намуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Тавре зикр гардид, бинои сеошёнаи маркази тиҷорату хизматрасонӣ, ки дар он беш аз 4,5 ҳазор нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Аваз Кабиров дар майдони 4 га бунёд ёфтааст.
Ин марказ аз 2 толори бузурги варзишӣ барои хизматрасонӣ ба 1000 нафар варзишгарони бахшҳои гуногун дар як рӯз, чанд толори калони дӯзандагӣ бо зиёда аз 1000 ҷойи корӣ дар 2 баст, толори дилхушии кӯдакон барои 500 нафар дар як вақт, толору дӯконҳо ва қаторҳою майдончаҳои тиҷоратӣ, ҳамчунин таваққуфгоҳ барои мошинҳо иборат аст.
Зимни шиносоӣ бо кори коргоҳи дӯзандагӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар ин ҷо 350 нафар занону духтарон бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Оянда шумораи онҳо бояд ба 1000 нафар расонда шавад. Ҳоло 25 нафар барои омӯзиши ҳунари дӯзандагӣ ба шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд фиристода шудаанд, ки 350 сомонӣ стипендия мегиранд. Маоши дӯзандаҳо 600-700 сомонӣ ва аз коромӯзон 400 сомонӣ аст.
Дар толорҳои бузургу барҳавои варзишӣ, ки бо ашёву олоти зарурӣ муҷаҳҳаз шудааст, 20 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Толорҳои варзишӣ барои намудҳои гуногун пешбинӣ шудаанд. Майдони махсус ё худ ринг барои муштзанӣ, карате ва дигар намудҳои муҳорибавии варзиш, ки дар ин ҷо мавҷуд аст, ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй мебошад. Дар ин толорҳо дар як рӯз беш аз 1000 нафар варзишгарон дар як рӯз машқу тамрин мекунанд.
Маркази дилхушии кӯдакон, ки бо дастгоҳҳои навтарини техникӣ муҷаҳҳаз гардидааст, дарозию паҳноияш 140 ба 18 метр ё худ масоҳаташ 2520 метри мураббаъ аст ва барои 500 нафар кӯдакон дар як вақт пешбинӣ шудааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, сохтмону таҷҳизонидани маркази тиҷорату хизматрасонии Султони Кабир ҳанӯз идома дорад ва то моҳи июли соли 2014 шумораи коргаронаш ба 4,5 ҳазор нафар мерасад. То имрӯз дар ин ҷо беш аз 1000 нафар соҳиби кори доимӣ шудаанд. Дар сохтмони ин иншоот то ҳол 18 миллион сомонӣ харҷ шудааст ва то охир наздики 30 миллион сомонӣ масраф мегардад.
Соҳибкори маҳаллӣ Аваз Кабиров, ки ин иншооти муҳташамро бунёд намудааст, бо маслиҳати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон уҳдадор шуд, ки боз якчанд иншооти дигар бунёд намояд. Аз ҷумла таъкид дошт, ки ояндаи наздик як меҳмонхонаи замонавӣ дар маркази ноҳия ва як варзишгоҳ бо 5 ҳазор ҷойи нишаст барои тамошобинон дар ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ бунёд менамояд.
Дар майдони васеи ошёнаи якуми маркази “Султони Кабир” Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми ноҳияи Восеъ мулоқоти судбахш анҷом дод.
Зимни суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳия дар солҳои охир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳои асосӣ барои оянда муайяну мушаххас карда шуд.
Мужда расонда шуд, ки соли оянда дар маркази ноҳияи Восеъ бо маблағгузорӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ сохтмони як варзишгоҳи бошукӯҳ оғоз хоҳад ёфт.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ташаббускори ноҳия, аз ҷумла Маҳмуд Ҳусейнов, Авазхон Кабиров ва дигарон барои дастгирии арзанда аз сиёсати бунёдкоронаю созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос карда, изҳори боварӣ намуд, ки соҳибкорони дигари соҳибнуфуз низ минбаъд дар ободонии сарзамини бобоӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.
Дар  охир  миёни  Сарвари  давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми ноҳия маҳфили пурсишу посух баргузор гардид. Зимни маҳфил баҳри ободонии бештари ноҳияи Восеъ ва бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи мардум дар назди масъулон вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Боздид аз шаҳри Кӯлоб

Ҳамон рӯз боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Кӯлоб, аз деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Зарбдор оғоз ёфт.
Дар ин ҷо бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон санги асоси сохтмони як мактаби замонавӣ гузошта шуд, ки бо харҷи беш аз 8 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори зодаи ҳамин деҳа Комилҷон Каримов дар зарфи 2 соли оянда сохта, ба мардуми ин деҳа ҳадя карда мешавад.
Аз шиносоӣ бо лоиҳаи бинои мактаб аён гардид, ки он сеошёна буда, барои 1300 хонанда дар 2 баст пешбинӣ шудааст. Ин мактаб бо тарҳу усулҳои замонавӣ бунёд ёфта, дорои тамоми шароити муосири таълиму тарбияи насли наврас, аз ҷумла синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, озмоишгоҳҳо, устохонаҳои ҳунаромӯзӣ, толори барҳавои маҷлисӣ, ошхона, толори универсалии варзишӣ, майдони стандартии футбол, корти теннис ва ғайра хоҳад буд.
Мавриди зикр аст, ки то ҳол ин деҳа танҳо як мактаби ибтидоӣ доштааст. Хонандагони синфҳои болоӣ барои идомаи таҳсил ҳар рӯз 2 километр масофаро тай карда, ба мактаби деҳаи дигар мераванд.

Шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии Сабз

Он рӯз зимни шиносоии Президенти мамлакат бо фаъолияти ибратбахши аъзои хоҷагии деҳқонии Cабзи шаҳри Кӯлоб, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки он дорои 300 га замин буда, дар 185 га пахта, 50 га ғалладона, 2,5 га сабзавот кишт намудааст. Дар майдони 36 га боғи намунавии меваҳои содиротӣ бунёд намудаанд, ки дар миёни қаторҳои он низ пахта кишт шудааст.
Хоҷагӣ 420 аъзо дорад ва аксари онҳо деҳқонону боғпарварони моҳир мебошанд. Аз ҳар гектар заминҳои пахтаашон то имрӯз ба ҳисоби миёна 40 - сентнерӣ ҳосил ғундоштаанд ва имкони ҷамъоварии беш аз ин ҳанӯз мавҷуд аст.
Роҳбари хоҷагӣ Нуралӣ Шарипов аз фоидаи зиёди корҳои кишоварзии хоҷагӣ изҳори хушнудӣ карда, иттилоъ дод, ки азм доранд барои кӯдакони аъзои хоҷагӣ ва мардуми деҳоти наздик як бинои зебои кӯдакистон бунёд намоянд.

Ифтитоҳи Мактаби Президентӣ дар шаҳри Кӯлоб

Инчунин он рӯз дар маркази шаҳри Кӯлоб бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мактаби боҳашамати Президентӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки барои 640 нафар хонандагони хушлаёқат аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон пешбинӣ гардидааст.
Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар ин мактаби замонавӣ, аз ҷумла аён гардид, ки ин иншооти муҳими таҳсилотӣ бо тарҳи  зебо ва мутобиқ ба меъёрҳои баланди соҳаи маориф бунёд ёфтааст.
Дар ин бино барои тамоми фанҳои дақиқ, аз ҷумла физика, кимиё ва биология, омӯзиши технологияҳои компютерӣ ва ҳунаромӯзии духтарону писарон синфҳои махсуси муҷаҳҳаз омода гардидаанд. Ду синфхонаи компютерӣ дорои 50 компютер буда, синфхонаҳои забономӯзӣ бо дастгоҳҳои лингофонӣ муҷаҳҳаз шудаанд.
Толори маҷлисии мактаб дорои 608 ҷойи нишаст буда, дорои имкони баргузории ҳар гуна чорабиниҳои фарҳангӣ ҳам ҳаст. Толори варзишии мактаб универсалӣ буда, ҳамчунин 300 ҷойи нишаст барои тамошобинон дорад. Ошхонаи мактаб барои 320 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, мутобиқ ба меъёрҳои баланди беҳдоштӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Дар мактаби Президентӣ барои ҳамаи 640 нафар хонандаи он хобгоҳи зебою муҷаҳҳаз бунёд ёфтааст, ки дорои тамоми шароити зист, дарстайёркунӣ ва истироҳату фароғат мебошад. Дар назди мактаб, ҳамчунин як бинои нӯҳошёнаи истиқоматӣ қомат афрохтааст, ки дар он 36 омӯзгор бо аҳли хонаводаашон бо манзили зист таъмин гардидаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шароити беҳтарини дар ин мактаб муҳайёгардида изҳори хушнудӣ карда, омӯзгорону хонандагонро ба омӯзиши амиқи илмҳои замона ҳидоят намуд.

Ифтитоҳи беморхона ва дармонгоҳи қисми мустақили
раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон

Дар маркази шаҳри Кӯлоб бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон беморхона ва дармонгоҳи қисми мустақили раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ифтитоҳ ёфт.
Тавре зикр гардид, беморхонаи мақомоти маҳаллии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб дорои 25 кати хоб ва шароити хуби муоина, ташхис ва табобати беморон аст. Дармонгоҳи он барои қабули 150 нафар ниёзмандон дар як басти корӣ пешбинӣ шудааст. Ҳарду қисмати ин муассисаи муосири тиббӣ бо харҷи 3,4 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфта, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидааст. Дар ин биноҳо 32 нафар кормандони соҳаи тиб бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Дар ин бино аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шумораи зиёди собиқадорони ин соҳа кумаки яквақтаи моддӣ ва роҳхатҳо ба осоишгоҳҳои машҳури кишвар тақдим карда шуд, ки туҳфаи арзанда дар арафаи солгарди навбатии Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номида шуд.

Оғози сохтмони меҳмонхонаи 16-ошёна дар хиёбони
Исмоили Сомонӣ

Дар  хиёбони  Исмоили Сомонии шаҳри  Кӯлоб  Президенти  кишвар  Эмомалӣ  Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони меҳмонхонаи 16-ошёнаи дараҷаи 5 ситора оғоз бахшид.
Ин меҳмонхона ҳам аз ҷиҳати баландӣ ва ҳам дараҷаи байналмилалии 5 ситора дар шаҳри Кӯлоб нахустин хоҳад буд. Тибқи лоиҳа, ин меҳмонхона дорои 200 ҷойи хоб буда, бо харҷи 8,2 миллион доллари амрикоӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҳмадсодиқ Кулулов дар зарфи 2 соли оянда, яъне то ҷашни 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бунёд ёфта, ба як гӯшаи шаҳри Кӯлоб нафосати тоза мебахшад.

Ифтитоҳи як зумра корхонаҳои нави истеҳсолӣ

Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон се корхонаи истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Президент ба маҳаллаи корвонгузари шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, бинои дуошёнаи корхонаи дӯзандагиро мавриди истифода қарор дод.
Тавре иттилоъ доданд, ин корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Бобохон Қурбонов бунёд ёфта, дар он беш аз 50 нафар занону духтарон ба кори доимӣ ҷалб шудаанд.  Дар корхона ошхона ва дигар шароити муосири маишӣ низ сохта ва муҳайё гардидааст.
 Ҳамчунин зикр гардид, ки соҳибкор Бобохон Қурбонов ҳамроҳи бародаронаш пеш аз ин ҳам чанд иншоот бунёд намудааст ва оянда низ дар ободонии шаҳри Кӯлоби бостонӣ азми устувори иштирок кардан дорад.
Дар маркази шаҳри Кӯлоб бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи муосири орд ба кор дароварда шуд, ки бо харҷи беш аз 6 миллион сомонӣ бо ҷалби технологияи навтарин аз Ҷумҳурии Туркия бунёд ёфтааст. Дар ин корхона ҳар шабонарӯз 90 тонна орди хушсифати бозоргир истеҳсол мешавад. Ҳоло дар ин ҷо наздики 100 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд ва оянда шумораи ҷойҳои корӣ боз ҳам афзун мешавад, зеро дар ин мавзеъ коргоҳи истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво ва дигар коргоҳҳо низ бунёд хоҳанд ёфт.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Далери шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, як корхонаи коркард ва бастубанди меваи хушкро расман ба кор даровард.
Тавре зикр гардид, ин корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҳотам Саидов дар ҳамкорӣ бо шариконаш аз ширкати «Исфара Фуд»-и шаҳри Исфараи вилояти Суғд бунёд ёфта, алҳол нахустин чунин корхона дар шаҳри Кӯлоб мебошад. Бо иқтидори кунунияш дар ин корхона имкони коркарди 3 ҳазор тонна меваи хушк дар як сол мавҷуд аст. Бо технологияи муосире, ки дар ин ҷо насб гардидааст, меваи хушк тоза, шуста ва хушк карда шуда, дар бастаҳои зебои бозоргир бастубанд мешавад.
Ҳоло дар ин ҷо 35 нафар бо кор таъмин гардидаанд ва оянда бо зиёд шудани иқтидори корхона шумораи коргарон ба наздики 100 нафар расонда хоҳад шуд. Як қисми коргарони ин корхона занони маъюб мебошанд, ки бо нияти дастгирӣ аз сиёсати башардӯстонаи Сарвари давлат ва ғамхории доимии ӯ ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ба кор ҷалб шудаанд.
Бегоҳии рӯз Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб ҳамчунин оромгоҳи олиму мутафаккири бузурги Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, бо ҳайати ҳамроҳи худ ба руҳи поки ин бузургмард ва ба хотири таъмини ободию шукуфоии бештари Тоҷикистони азиз  дуою фотиҳа карданд.

Ифтитоҳи мактаби нави замонавӣ дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Восеъ ва идомаи боздид аз шаҳри Кӯлоб

Субҳи 29 октябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Саричашмаи Ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ ташриф оварда, мактаби нави замонавии онро ифтитоҳ намуд.
Сарвари давлат ба либоси ягонаи мактабӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид дошт, ки бояд роҳбарияти мактабҳо бо корхонаҳои дӯзандагии ватанӣ робитаи мустаҳкам ва мутақобилан судманд дошта бошад.
Тавре зикр гардид, мактаби пешинаи ин деҳа ҳанӯз солҳои 50- уми асри гузашта бунёд ёфта, дар ҳолати садамавӣ қарор доштааст.
Мактаби нави деҳа бо супориши Сарвари давлат, ки аз ҳоли ногувори мактаби кӯҳна тавассути барномаҳои телевизиони тоҷик огоҳ гардида буд, дар зарфи як соли охир бо харҷи 1,7 миллион сомонӣ сохта ва бо ашёву таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Мактаббачагони сипосгузори ин деҳа шодию фараҳи беандозаи худро бо шеъру сурудҳои дилнишин арза доштанд. Аз ҷумла суруди аллаи хонандаи синфи 10 мактаб Дилноза Аҳмадова бо ҳамсадоии дутор аз гурӯҳи духтарони дуторнавоз дар сатҳи баланди касбӣ иҷро гардид. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ин лаҳза ва ҳунари волои ин духтари деҳотӣ ҳаловат бурда, ба масъулин дастур дод, ки ӯро барои шомил шудан ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон омода созанд, то оянда ҳунари худро сайқал дода, ба Ватан хизмат кунад.
Тавре аён гардид, бинои мактаб якошёна буда, барои 840 нафар хонанда дар 2 баст пешбинӣ шудааст. Дар синфи муҷаҳҳази таърих, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар деҳаҳои гуногуни ноҳияи Восеъ дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносон бозмондаҳои чандин шаҳру шаҳристонҳои қадимӣ пайдо гардидааст, ки баъзеи онҳо таърихи беш аз 5 ҳазорсола доранд.
Сипас боздиди Президенти мамлакат  дар шаҳри Кӯлоб идома ёфт.
Дар ин шаҳри бостонӣ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст се корхонаи истеҳсолӣ, ки ба тавлиди сангу шағал, асфалт, бетон ва дигар масолеҳи сохтмонӣ, коркарди аввалияи пахта, бастубанди гиёёҳҳои шифобахшу меваи хушк машғуланд, ифтитоҳ ёфт.
Дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби Президенти кишвар ба 328 ятими кулл аз 7 шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва 10 ҷуфти навхонадорону  150 кӯдаки хатнашаванда аз оилаҳои ниёзманди шаҳри Кӯлоб кумаки яквақтаи моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.

Ифтитоҳи 6 корхонаи истеҳсолӣ

Нимаи аввали рӯз дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 6 корхонаи нави истеҳсолӣ ба кор дароварда шуд.
Нахуст дар соҳили чапи дарёи Ёхсу, ки аз шафати шаҳри Кӯлоб убур мекунад, бо иштирок Президенти кишвар корхонаи истеҳсолии  Элдорадо расман ба кор дароварда шуд.
Тавре зикр гардид, ин корхона бо харҷи 3,4 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Халил Темуров бунёд ёфтааст. Дар як басти кории ин корхона 40 тонна қуми шуста, 480 тонна шағал, 960 тонна асфалт ва 240 тонна бетон истеҳсол карда мешавад.
Дар ин корхона ҳоло 30 нафар бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин гардидаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки роҳбарияти ин корхона минбаъд ба сохтмони биноҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ, навсозии роҳҳои маҳаллии шаҳри Кӯлоб ва атрофи он машғул шуда, як корхонаи истеҳсоли хишти пухта низ бунёд менамоянд. Сохтмони як бинои нӯҳошёнаи истиқоматӣ аз ҷониби онҳо рӯзҳои наздик оғоз меёбад.
Сарвари давлат аз фаъолияти пурсамари имрӯза ва нақшаҳои ояндаи ин соҳибкорон изҳори қаноат карда, ба онҳо арзи сипос кард, зеро ин нахустин корхонаи истеҳсоли масолеҳи гуногуни сохтмонӣ дар шаҳри Кӯлоб будааст.
Корхонаи дуюми бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ  Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳёфта доир ба коркарди аввалияи пахта буд, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фирдавсӣ Муҳаббатов бунёд ёфтааст.
Тавре иттилоъ доданд, иқтидори солонаи ин корхона 20 ҳазор тонна буда, аз пахта 8 намуди маҳсулот истеҳсол мешавад. То имрӯз дар ин корхона 110 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд, ки аз 1200 то 1500 сомонӣ маоши моҳона мегиранд.
Зикр гардид, ки аз пахтаи дар ин ҷо коркардшаванда 35-40% нах мебарояд. Корхона бо технологияи навтарини чиноӣ муҷаҳҳаз гардида, аз корхонаҳои пешинаи ин соҳа 3 баробар камтар нерӯи барқ масраф мекунад. Аз ҳосили имсолаи пахта барои коркард то имрӯз 2,5 ҳазор тонна харидорӣ гардидааст. То охири мавсим онҳо то 6 ҳазор тонна пахта харида, коркард карданианд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки бояд бо хоҷагиҳои пахтакор ҳамкории мутақобилан судманд ба роҳ монда шавад, то ки онҳо ҳам ба истеҳсоли пахта ва ҳам ба ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатии ватанӣ ҳавасманд бошанд.
Дар назди корхона, ҳамчунин коргоҳи истеҳсоли равған фаъолият мекунад. Роҳбарияти корхона азм доранд, ки минбаъд як корхонаи омодасозии тухмии пахта ба кишт, яъне алберкунонӣ ва заҳролудсозии он ва корхонаи коркарди аввалияи пашм бунёд намуда, беш аз 100 ҷойи кории иловагӣ муҳайё созанд.
Сипас корхонаи нави коркард ва бастабандии гиёҳҳои шифобахш ва меваи хушк ифтитоҳ ёфт. Тавре зикр гардид, ин корхона бо харҷи 750 ҳазор сомонӣ аз ҷониби ду соҳибкори маҳаллӣ – Умархӯҷа Шарипов ва Мирзонаим Каримов бунёд ёфта, бо технологияи муосири чиноӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Дар ин корхона 35 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд. Ғайр аз ин 150 оила ба корҳои мавсимӣ барои ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш ва меваи хушк ҷалб мешаванд. Маоши моҳона ҳоло 700 сомонӣ аст. Аз соли нав маош ба 1000 сомонӣ расида, минбаъд бо афзун шудани фоидаи корхона боз ҳам зиёд карда мешавад. Дар як шабонарӯз дар ин корхона то 1 тонна гиёҳҳои шифобахш ва беш аз 3 тонна меваи хушк коркарду бастабандӣ мешавад. Ҳоло истеҳсоли 12 намуд маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Оянда ин шумора ба 25 номгӯй хоҳад расид.
Президенти ҷумҳурӣ аз оғози фаъолияти ин корхона ва сифати баланду намои бозоргири маҳсулоташ изҳори қаноат карда, таъкид дошт, ки тавсиаи корҳо дар ин самти пурманфиат метавонад ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидати фаъол намояд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки “аз ин неъматҳои бебаҳои табиати биҳиштосои Тоҷикистони азиз бояд васеъ истифода намуд”.  Ба роҳбарияти шаҳри Кӯлоб дастур дода шуд, ки доир ба сохтмони як чойхонаи миллӣ, ки чояш аз гиёҳҳои шифобахш бошад, чораандешӣ кунанд.
Дар маркази шаҳри Кӯлоб 3 корхонаи истеҳсолӣ паҳлӯи ҳам ба кор дароварда шуд, ки аз ҷониби як соҳибкори маҳаллӣ, Иззатулло Ашӯров бо харҷи 5,5 миллион сомонӣ  бунёд ёфтаанд. Дар ин корхонаҳо орд, 8 намуд макарон ва 5 намуд нӯшокии ташнашикан истеҳсол мешавад. Дар се корхона маҷмӯан 44 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидааст.
Аввал корхонаи макарон ба кор дароварда шуд, ки бо технологияи олмонӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он дар як моҳ 150 тонна маҳсулоти хушсифати бозоргир истеҳсол мешавад.
Дар корхонаи ордбарорӣ, ки бо технологияи навтарин аз Туркия муҷаҳҳаз шудааст, дар як шабонарӯз 24 тонна ғалла коркард мешавад. Дар ин ҷо навъҳои гуногуни орд бо сифати баланд истеҳсол мегардад.
Дар корхонаи нӯшокиҳои ташнашикан бошад, дар як шабонарӯз 700 литр коркард шуда, 5 намуд маҳсулоти хушлаззат истеҳсол мешавад.
Тавре аён гардид, дар ин 6 корхона беш аз 350 нафар бо кор таъмин гардидаанд.

Бинои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуд

Рӯзи 29 октябр дар маркази шаҳри Кӯлоб бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои сеошёнаи мақомоти маҳаллии 5 бахши соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ки бо харҷи беш аз 6 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст, мавриди истифода қарор гирифт,
Ин бино бо супориши бевоситаи Сарвари давлат бунёд ёфта, ба фаъолияти якҷоя ва босамари ҳамаи бахшҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нигаронда шудааст. Кунун имкон фароҳам омадааст, ки ҳамаи ин хадамоти хизматрасонии давлатӣ ба табақаҳои иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла нафақагирону маъюбон дар як ҷо бо механизми равзанаи ягона фаъолият кунанд. Ин бино аз 80 утоқи корӣ иборат буда, дар он барои беш аз 100 нафар шароити корӣ муҳайё гардидааст.
Дар бино ҳамчунин филиали маҳаллии Маркази ҷумҳуриявии таълими калонсолон ҷойгир шудааст, ки дар як вақт то 100 нафарро ба ҳунаромӯзӣ ва бозомӯзӣ фаро мегирад. Дар марказ 29 намуди касбу ҳунар ба хоҳишмандон омӯзонда мешавад. Қисмати зиёди он ҳунарҳои коргарии соҳаи сохтмон мебошад. Ҳамчунин гурӯҳҳои дӯзандагӣ, компютер, забономӯзӣ, рӯзгордорӣ, пешхизматҳои меҳмонхонаю тарабхона, ошпазӣ ва таъмиргарони мошинҳои сабукрав мавҷуд аст.

Ёрии Президент ба ниёзмандон

Ҳамзамон дар тарабхонаи боғи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб Президенти кишвар дар маросими тӯйи арӯсӣ ва хатнасури дастаҷамъона иштирок намуд.
Дар ин ҷо аз ҷониби Сарвари давлат  ба 10 ҷуфти ҷавони навхонадор ва 150 кӯдаки хатнашаванда ёрии яквақтаи моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд.
Президенти кишвар ҳамчунин ба 328 кӯдаку навраси аз падару модар ятиммондаи 7 шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ёрии моддӣ расонд.

Оғози сохтмони ҳавзи пӯшидаи шиноварӣ

Нимаи дуюми рӯз дар кӯчаи Шоҳини шаҳри Кӯлоб як меҳмонхонаи муосир ва қасри бошукӯҳи варзишӣ ифтитоҳ ёфта, ба сохтмони ҳавзи пӯшидаи шиноварӣ оғоз бахшида шуд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо буридани лентаи рамзӣ меҳмонхонаи муосири чорошёнаи дорои 50 ҷойи хобро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Тавре аён гардид, дар ошёнаи якуми он мағозаи “Супермаркет” ва ошхона ҷой гирифтааст. Дар се ошёнаи дигар утоқҳои хоб мавҷуданд, ки барои 50 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст. Дар ин бино, ки бо харҷи 10 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст, дар маҷмӯъ 50 нафар бо кори доимӣ таъмин мегардад.
Дар миёни меҳмонхона ва қасри бошукӯҳи варзишӣ бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони ҳавзи пӯшидаи шиноварӣ оғоз бахшида шуд. Тибқи лоиҳа, қасри шиноварӣ сеошёна буда, дар он 120 нафар ба кори доимӣ ҷалб мегардад. Дарозию паҳноии ҳавзи асосии шиноварии ин бино 50х16 метр хоҳад буд, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошад.
Сипас Президенти мамлакат бо буридани лентаи рамзӣ қасри бошукӯҳи варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Тавре зикр гардид, ин қаср бо харҷи 42 миллион сомонӣ сохта ва таҷҳизонида шуда, дорои толори асосӣ бо 3,5 ҳазор ҷойи нишаст, толорҳои хурди обутоби бадан барои занон ва мардон, толори теннису бозиҳои мухталифи рӯйимизӣ ва дигар толору утоқҳо мебошад.
Дар ин иншооти зебои варзишӣ беш аз 30 нафар бо кори доимӣ таъмин мешавад. Дар маҷмӯъ дар меҳмонхона, ҳавзи пӯшидаи шиноварӣ ва қасри варзиш, ки ҳар се бо супориши Сарвари давлат аз ҷониби Хадамоти алоқаи кишвар ва дигар муассисаҳои ин соҳа бунёд ёфтааст, беш аз 200 нафар бо кори доимӣ таъмин гардида, ҳазорон нафар сокинону меҳмонони Кӯлобшаҳри бостонӣ аз онҳо баҳра мебаранд.
Президенти Тоҷикистон дар толори калони қасри варзишӣ бо роҳбарияту фаъолон ва масъулону намояндагони сершумори соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонии вилояти Хатлон мулоқоти судманд анҷом дод.
Сарвари давлат аз авҷи тозаи бунёдкорию созандагӣ, ки солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла бо иштироки фаъоли соҳибкорони ватандӯсти дар дохил ва хориҷи кишвар фаъолиятдошта ба назар мерасад, изҳори қаноатмандӣ карда, ба ҳамаи саҳмгузорони ин раванди ибратбахш арзи сипос намуд.
Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дастовардҳои тамоми соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеаро таҳлилу баррасӣ намуда, барои бартарафсозии мушкилу монеаҳои мавҷуда ва таъмини рушди босуботу бонизоми минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии вилоят, аз ҷумла минтақаи Кӯлоб, ба масъулон супоришҳои мушаххас дод.

Барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ дар варзишгоҳи марказӣ

Бегоҳии рӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб, ки дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст мебошад, бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ намоиш дода шуд.
Пеш аз оғози барномаи фарҳангӣ Сарвари давлат дар ҳузури доираи васеи сокинони Кӯлобшаҳри бостонӣ, ки ба ин муносибат ҷамъ омада буданд, суханронӣ намуд.
Бо ёдоварӣ аз таърихи бостонии шаҳри Кӯлоб, саҳми мардуми ғаюру ватандӯсти ин мулки файзбор дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллии кишвар, изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд низ нақши фарзандони фарзонаи ин куҳандиёр дар рушду нумуи Тоҷикистони азиз намоён ва арзандаи таҳсину қадрдонӣ хоҳад буд.   
Бо намоиши барномаи дилнишини фарҳангӣ, ки бо иштироки устодони санъати кишвар ва ҷавонону наврасони ояндадори ҷодаи санъат ҷараён гирифт, ин варзишгоҳи бузург ба як базмгоҳи бошукӯҳи идона ва тантанаи ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот, рушду нумуъ ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз табдил ёфт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.13    №: 144    Мутолиа карданд: 857

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед