logo

мулоқотҳо

Эмомалӣ Раҳмон “Шаҳри бехатар”-ро ифтитоҳ кард

31 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба маркази идораи лоиҳаи инноватсионии «Шаҳри бехатар», ки дар бинои Вазорати корҳои дохилӣ ҷойгир аст, ташриф оварда, шабакаи мутамаркази камераҳои видео ва аксбардории роҳҳои шаҳри Душанберо ба кор даровард.
Тавре зикр гардид, тибқи ин лоиҳа дар ҳамаи чорроҳаҳо, кӯчаю хиёбонҳо ва ҷойҳои серодами шаҳри Душанбе камераҳои наворбардорӣ ва аксгирӣ гузошта мешаванд, то ки бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва тартиботи ҷамъиятӣ ба таври автоматӣ аз тариқи дастгоҳҳои электронӣ назорат карда шавад.
Камераҳои назоратӣ кори нозирони ҳаракат дар роҳро хеле осон мекунанд, зеро тамоми вайронкуниҳои қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингарди шаҳри Душанбе дар наворҳои видео ва аксҳо сабт мегардад. Дар чунин ҳолат ягон қонуншикан ва вайронкунандаи қоидаҳои ҳаракат беҷазо нахоҳад монд, зеро тамоми воқеаҳои нохуш сабт мегарданд ва касе ба қонуншикан ёрӣ расонда наметавонад.
Бо татбиқи босамари ин лоиҳа, ҳамчунин мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла коррупсия саҳл гардида, як қадами муҳим дар роҳи гузаштан ба ҳукумати электронӣ гузошта мешавад. Дар сурати босифат ва самарабахш амалӣ шудани лоиҳа дар шаҳри Душанбе, он  дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ татбиқ хоҳад шуд.
Ҳадафи асосӣ аз татбиқи ин лоиҳа ба риояи талаботи қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ водор намудани шаҳрвандон, пешгирӣ аз садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ронандагию ҳаракат дар роҳҳо мебошад.
Барои татбиқи босамари лоиҳа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур дод, ки санадҳои қонунгузории кишварро ба талаботи низоми нав мутобиқ гардонанд.
Таъкид гардид, ки воситаҳои ахбори омма, бахусус телевизион ва радио бояд  моҳияти фаъолияти Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт -  “Шаҳри бехатар”-ро ба шаҳрвандон шарҳ ва тавзеҳ диҳанд.
Супориш дода шуд, ки ташкилоту идораҳо, бахусус иншооти муҳим ва махсусан муҳим, ки мушоҳидаҳои видеоӣ доранд, таҷҳизоти худро ба талаботи меъёрҳои стандартӣ мутобиқ намуда, дар оянда ба Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт - “Шаҳри бехатар” пайваст намоянд.
Тавре хотиррасон гардид, дар 9 моҳи соли равон дар кӯчаву роҳҳои мошингарди  ҷумҳурӣ  738 800 ҳодисаи вайронкунии қоидаҳои ҳаракат сабт шудааст. Аз ин 6 945 ҳодисаи идораи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, 25 800 бе шаҳодатномаи ронандагӣ, 706 истифодаи ғайриқонунии нақлиёти сиёҳшиша, 4 237 бе рақамҳои қайди давлатӣ, 6688 итоат накардан ба корманди милитсия, 11511 риоя накардани талаботи чароғакҳо, 21 483 ҳолати гуфтугӯи ронанда бо телефони мобилӣ дар ҳолати ҳаракати мошин ошкор гаштааст.
Дар ҳамин давра, ҳамчунин  853 ҳолати истифодаи нақлиёти давлатӣ ба манфиати шахсӣ, 1696 аз меъёр зиёди иштироки воситаҳои нақлиёт дар гузарондани тӯю маъракаҳо, 2459 далели истифодаи воситаҳои нақлиёт бо асбобҳои иловагии баланд садодиҳанда (сирена), ки шабона оромии шаҳрвандонро халалдор месозанд, ошкор гардидааст.
Дар 9 моҳи соли 2013 дар ҷумҳурӣ 1033 садама сабт шуда, бар асари он 350  нафар фавтида, 1110 нафар ҷароҳат гирифтааст. Дар муқоиса ба соли гузашта 34 садама зиёд рух дода,  25 нафар ҳалок ва  13 кас ҷароҳат бардоштааст.
Дар шаҳри Душанбе 253 садамаи нақлиётӣ содир шудааст, ки дар натиҷа 33 нафар ба ҳалокат расида, 261 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ гирифтааст.
Дар ҷумҳурӣ 135 ҳолати идораи воситаҳои нақлиёт аз ҷониби ноболиғон ошкор гардида, аз тарафи онҳо 12 садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷа 8 нафар ба ҳалокат расида, 13 нафар маҷрӯҳ шудааст. Дар шаҳри Душанбе бошад ноболиғон 3 садамаи нақлиётӣ содир намудаанд, ки дар натиҷа 3 нафар ба ҳалокат расида, 5 кас ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст.
Дар ин давра 172 ҳолати бо мошинҳои шахсӣ ба дарс омадани донишҷӯён ошкор шуда, аз тарафи онҳо дар ин муддат 9 садамаи нақлиётӣ содир гардидааст, ки бар асари онҳо 5 нафар ба ҳалокат расида, 11 нафар маҷрӯҳ гардидааст. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе аз ҷониби донишҷӯён 5 садамаи нақлиётӣ содир шудааст, ки дар натиҷа 4 нафар ба ҳалокат расида, 7 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз ҳисоби пардохтҳои давлатӣ ва хизматрасониҳои пулакӣ ба буҷети давлат 186 миллиону 833 ҳазору 864 сомонӣ ворид шудааст.
Аз ҷумла:
- аз ҳисоби ҷаримаҳо 18 миллиону 929 ҳазору  921 сомонӣ;
- аз ҳисоби андоз аз соҳибони нақлиёт 92 миллиону  367 ҳазору 841сомонӣ;
- аз ҳисоби зиёдатии даромад аз хароҷот 10 миллиону 876 ҳазору 950 сомонӣ;
- аз фурӯши аломатҳои қайди давлатӣ дар музояда 1 790 732 сомонӣ;
- аз ҳисоби додани иҷозатнома барои истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира, ба маблағи 62 868 420 сомонӣ.
Бояд зикр намуд, ки ҳоло ҳам ҳолатҳои қоидавайронкунӣ, аз ҷумла итоат накардан ба талаботи кормандони милитсия ва чароғаки роҳнамо, сабқату суръатафзоӣ ва доир намудани пойгаи мошинҳо, инчунин содир намудани садамаҳои нақлиётии марговар аз тарафи фарзандони шахсони мансабдор, воломақом ва сарватманд ба назар мерасанд.
Дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе дар ин давра 592 ҷиноят сабт шуда, ҷиноятҳои авбошӣ 352 ададро ташкил медиҳанд. Инчунин дар шаҳри Душанбе дар миёни ноболиғону ҷавонон, аз ҷумла мактаббачагону донишҷӯён 13 ҳолати муноқишаҳои гурӯҳӣ бо истифодаи корд ва дигар олоти буррандаю халанда сабт гаштааст.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки фаъолияти босамари барномаи “Шаҳри бехатар” ба ислоҳи чунин ҳолатҳои ногувор ва пешгирӣ аз садамаҳои нохуши нақлиётӣ мусоидати фаъол хоҳад кард.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.11.13    №: 145    Мутолиа карданд: 622

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед