logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон, 29 октябри соли 2013, шаҳри Кӯлоб

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини арҷманд!
Сараввал ба ҳамаи сокинони бонангу номус ва ғаюру далери шаҳри бостонии Кӯлоб ва кулли мардуми бонангу номуси вилояти Хатлон барои пазироии гарму самимӣ изҳори сипос карда, ба ҳар яки шумо хонаи обод, иқболи нек ва дар ҷодаи заҳмати созанда ба хотири пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол барори кор орзу менамоям.
Рӯзи сеюм аст, ки мо дар яке аз вилоятҳои калонтарини кишварамон - вилояти Хатлон қарор дорем ва бо вазъи зиндагии сокинони шаҳру ноҳияҳои он, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб ва ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, яъне натиҷаҳои заҳмати содиқонаи мардуми вилоят шинос шуда, тасмим гирифтем, ки имрӯз бо шумо, роҳбарону масъулон ва намояндагони аҳли ҷомеаи вилоят мулоқот доир намоем.
Таърихи начандон тӯлонии даврони соҳибистиқлолии Ватанамон возеҳан собит намуд, ки мо - тоҷикон мардуми табиатан ва воқеан офарандаву созанда, фарҳангдӯсту сулҳпарвар ва солору таҳаммулгаро ҳастем ва маҳз ба шарофати ҳамин хислатҳои нек мо аз гирдоби ҳалокатбор ва пурихтилофу пуртазоди солҳои 90-уми асри гузашта раҳоӣ ёфтем.
Тавре ки ҳамаи шумо дар хотир доред, солҳои аввали истиқлолият барои давлати ҷавони мо, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон солҳои ниҳоят вазнин буданд ва аз ҳар кадоми мо ба хотири барқарор кардани сохти конститутсионӣ, ба даст овардани ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ, таъмини сулҳу субот, ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти фалаҷгардидаи давлатӣ ва барқарорсозии иншооту муассисаҳои ҳаётан муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ заҳмату ҷонбозиҳои азими шабонарӯзиро тақозо доштанд. Дар натиҷаи мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандон қурбон шуда, қариб як миллион нафар шаҳрвандон, аз ҷумла қариб 600 ҳазор нафар сокинони вилояти Хатлон ҳамчун гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ паноҳ бурданд.
Бояд гуфт, ки қисми зиёди қурбоншудагон сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон буданд. Ҳамчунин дар ҷараёни низои дохилӣ қариб 36 ҳазор манзили аҳолӣ хароб гардид, ки 32 ҳазори он ба вилояти Хатлон рост меояд. Мувофиқи ҳисобҳо хисороте, ки дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ба Тоҷикистон расидааст, беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ буда, 60 фоизи он ба вилояти Хатлон рост меояд. Барои барқарор кардани сохти конститутсионӣ зиёда аз 1400 нафар афсарону сарбозон ҷони худро қурбон карданд, ки аксари мутлақи онҳо фарзандони мардуми вилояти Хатлон буданд.
Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти сангини он солҳо дар давоми солҳои 1993-2000 қариб ҳамаи гурезаҳоро ба ҷойҳои зисти доимиашон баргардонида, аллакай то соли 1996-ум 23 ҳазор хонаҳои харобшударо барқарор намуда, дар зарфи солҳои баъдӣ боз зиёда аз 13 ҳазор манзили харобгардидаро пурра барқарор сохт.
Дар чунин давраи барои давлатдории мустақиламон ниҳоят мушкил мардуми заҳматкаши вилояти Хатлон ва шаҳри бостонии Кӯлоб аҳлонаву софдилона заҳмат кашиданд ва чунон ки мебинем, имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр дар роҳи эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Ҳамчунин натиҷаи дастгириву пуштибонии самимона ва саъю талоши ватандӯстонаи мардуми шарифи вилояти Хатлон, бахусус сокинони далеру шуҷоъ ва бонангу номуси шаҳри Кӯлоб аз сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати мамлакат аст, ки имрӯз мо дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварамон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаем ва доир ба пешрафти ҳаёти халқамон дилпурона сухан мегӯем.
Бояд гуфт, ки дар навбати худ давлат ва Ҳукумати мамлакат барои таъмини пешрафти ҳар як шаҳру ноҳияи кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон аз ҳамаи захираву имкониятҳо истифода карда истодааст. Зеро таъмин намудани рушди босуботи иқтисодӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар, аз ҷумла аҳолии вилояти Хатлон аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад.
Қобили зикр аст, ки агар буҷети вилояти Хатлон дар соли 2000-ум аз ҳисоби сарчашмаҳои даромади дохилӣ ҳамагӣ 16 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда соли 2013 ба 484 миллион сомонӣ расидааст, яъне 30 баробар зиёд шудааст. Дар баробари ин, соли 2013 субвенсияи аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети вилояти Хатлон ҷудошуда ба 375 миллион сомонӣ баробар буда, нисбат ба соли 2000 ба маблағи 372 миллион сомонӣ ё 110 баробар зиёд гардидааст. Агар соли 2000-ум барои рушди шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ 33 миллион сомонӣ равона гардида бошад, пас дар соли 2013 маблағгузорӣ барои таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят 1 миллиарду 331 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин нисбат ба соли 2000-ум 1 миллиарду 298 миллион сомонӣ ё 40 баробар зиёд мебошад.
Дар давоми солҳои 2000 – 2013 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои тараққиёти шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 15 миллиарду 727 миллион сомонӣ сарф шудааст, ки аз ин ҳисоб маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 13,4 миллиард сомонӣ ё 85 фоизро ташкил медиҳанд. Дар ин давра аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ ҷиҳати пардохти музди меҳнат, нафақа, стипендия ва дигар уҳдадориҳои иҷтимоии давлат 3,2 миллиард сомонӣ субвенсия равона карда шудааст.
Рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон дар мадди назари доимии Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Бо ин мақсад Ҳукумати мамлакат солҳои охир Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлон, барномаҳои алоҳидаи тараққиёти шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг, Мӯъминобод, Шӯрообод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҷиликӯл, Носири Хусрав, инчунин барномаи рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлонро қабул намудааст, ки ҳамаи онҳо бевосита барои тараққиёти минбаъдаи вилоят нигаронида шудаанд. Масалан, дар доираи барномаҳои қабулшуда то соли 2015 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ татбиқи 102 лоиҳа бо ҷалби 2 миллиарду 200 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
То имрӯз дар доираи 20 лоиҳаи сармоягузории давлатии дар вилояти Хатлон амалишудаистода беш аз 1,6 миллиард сомонӣ азхуд карда шудааст, ки ин маблағҳо барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, таҷдиду азнавсозии иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ, инчунин беҳсозии вазъи обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳо, дастгирии соҳаи кишоварзӣ, сохтмон ва таҷдиди роҳҳои мошингард сарф шудаанд.
Бояд гуфт, ки яке аз аввалин лоиҳаҳои сармоягузории дар мамлакат амалишуда «Лоиҳаи барқарорсозии баъдиҷангӣ» буд, ки барои бартараф кардани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, баргардонидани гурезаҳо, паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ равона шуда буд. Маблағи умумии лоиҳа 121 миллион сомониро ташкил медод, ки беш аз 55 миллион сомонии он барои барқарор сохтани манзили 1400 оилаҳои гурезаи вилояти Хатлон харҷ гардида буд.
Инчунин аз ҳисоби Барномаи «Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон» дар доираи барқарорсозии харобиҳои баъдиҷангӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 55 иншооти соҳаи маориф ба маблағи умумии зиёда аз 100 миллион сомонӣ барқарор ё азнавсозӣ карда шуд. Илова бар ин, дар доираи Барномаи давлатии аз хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо баровардани муассисаҳои таълимӣ дар вилояти Хатлон тайи 5 соли охир 45 иншоот ба маблағи беш аз 20 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Дар маҷмӯъ, аз соли 2005 то октябри соли 2013 дар доираи татбиқи 30 лоиҳаи сармоягузории давлатии баанҷомрасида дар вилоят зиёда аз 2,8 миллиард сомонӣ азхуд карда шудааст.
Дар натиҷаи амалисозии як қатор барномаҳои давлатии қабулшуда ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти вилоят аз се миллиарду 960 миллион сомонии соли 2000-ум ба даҳ миллиард сомонӣ дар соли 2012 расидааст. Яъне ин нишондиҳанда дуюним баробар афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят дар соли 2012 беш аз се миллиард сомониро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2000-ум 2,8 баробар зиёд буда, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ беш аз 30 фоизи ҳаҷми маҳсулоти саноатии мамлакат дар вилояти Хатлон истеҳсол шудааст.
Ҳоло дар вилоят 361 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар онҳо ба маблағи беш аз ду миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 185 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби ташкили фаъолияти муътадили иқтидорҳои мавҷуда ва таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ таъмин карда шудааст. Дар ҳафт соли охир дар вилояти Хатлон 308 корхонаи нав, аз ҷумла соли ҷорӣ 96 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ ба фаъолият шурӯъ кардааст.
Бояд гуфт, ки дар ин давра бо мақсади ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят беш аз 320 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ва танҳо соли ҷорӣ қариб 57 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд.
Рушди соҳаи энергетика, аз ҷумла гидроэнергетика дар вилояти Хатлон самти муҳиму афзалиятнок буда, солҳои охир дар натиҷаи амалисозии барномаҳои таҷдиду барқарорсозии неругоҳҳои барқи обии мавҷуда ва бунёди як қатор неругоҳҳои нав, аз ҷумла неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда - 1” ва “Сангтӯда - 2” дар ҳудуди вилоят иқтидори энергетикии мамлакат хеле афзоиш ёфт. Вобаста ба ин масъала як нуктаро таъкид месозам, ки бо дарназардошти мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода ҳамаи сохтору мақомоти дахлдор, аз ҷумла мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо бояд ҷиҳати таъмини фаъолияти мунтазами иншооти энергетикӣ ва шабакаҳои барқии мамлакат, дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани онҳо, инчунин кам кардани талафи техникӣ ва истифодаи сарфакоронаи неруи барқ чораҷӯӣ намоянд.
Дар шароити кунунӣ фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя, воридоти технологияҳои пешрафта ва бунёди корхонаҳои нав аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат мебошад. Зеро таъсиси корхонаҳои нав, пеш аз ҳама, омили муҳимтарини муҳайё гардидани ҷойҳои нави корӣ, афзоиш ёфтани даромади буҷет ва беҳтар шудани ҳам шароити зиндагии аҳолӣ ва ҳам имкониятҳои иқтисодии давлат мебошад.
Имрӯз дар вилоят 87 ҳазор субъектҳои соҳибкорӣ фаъолият доранд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳафт соли пеш қариб 57 ҳазор нафар зиёд мебошад. Фақат дар давоми се соли охир аз ҷониби соҳибкорони вилоят беш аз 1000 иншооту коргоҳҳои мухталиф, аз ҷумла 20 неругоҳи барқи обии хурд сохта шуда, зиёда аз 16 ҳазор нафар сокинони шаҳру ноҳияҳо бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Дар ҳафт соли охир аз ҷониби бонкҳои давлативу тиҷоратӣ ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ба субъектҳои соҳибкории вилоят ба маблағи зиёда аз 8,2 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст. Танҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба соҳибкорони вилоят ба маблағи як миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52 фоиз зиёд мебошад.
Бояд қайд намуд, ки таъсис додани Фонди дастгирии соҳибкорӣ ба рушди соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории хурду миёна таъсири мусбат расонида, аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ дастгирӣ ва маблағгузорӣ кардани ташаббусҳои созандаи бахши хусусӣ ба рушди истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд. Танҳо соли ҷорӣ аз ҷониби фонди мазкур ба 7 субъекти соҳибкории вилояти Хатлон дар ҳаҷми 3,6 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудаанд.
Дар зарфи солҳои истиқлолият дар ҳудуди вилоят бо сарфи маблағҳои буҷет ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба масофаи 135 километр ва бо сарфи қариб 840 миллион сомонӣ роҳи оҳани паҳнбари Қурғонтеппа – Кӯлоб, фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб, сохтмону азнавсозии 389 километр роҳҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, бунёди 44 пул, аз ҷумла ду пул аз болои дарёи Панҷ, ки Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мепайванданд, инчунин нақбҳои мошингарди Озодиву Хатлон ба дарозии қариб ҳафт километр ба анҷом расонида шуданд. Дар ин раванд имсол марҳалаи дуюми роҳи мошингарди Қурғонтеппа - Дӯстӣ ба масофаи 18 километр ба истифода дода шуд. Ҳоло татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Кӯлоб - Қалъаихумб, қитъаи Шӯрообод - Шоҳон дар масофаи 40 километр бо бунёди 9 пул ва ба маблағи умумии 441 миллион сомонӣ идома дорад.
Чунонки хабар доред, чанд рӯз пеш ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг азнавсозии роҳи мошингарди Восеъ - Ховалинг ба масофаи 88 километр ва бо маблағи умумии 425 миллион сомонӣ оғоз гардид. Дар давоми солҳои 1999 - 2013 барои нигоҳдории роҳҳои ҳудуди вилоят 89 миллион сомонӣ равона гардидааст. Умуман ҳаҷми маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ барои нигоҳдории роҳҳои мошингарди вилоят соли ҷорӣ нисбат ба соли 2000 -ум 12 баробар афзоиш ёфтааст.
Соли гузашта аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ва ҷалби соҳибкорони вилоят зиёда аз 50 пул таъмиру навсозӣ шудааст ва бовар дорам, ки иқдоми мазкур дар оянда низ идома ёфта, соҳибкорони ватандӯсти вилоят барои таъмиру таҷдиди роҳҳои байни шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот низ саҳм мегузоранд. Ғайр аз ин, дар солҳои 2011-2013 аз ҳисоби захираҳои дохилии буҷети ҷумҳуриявӣ барои таъмири роҳҳои маҳаллии ноҳияҳои Мӯъминобод, Ховалинг, Балҷувон, Вахш, Бохтар, Ҷалолиддини Румӣ ва Фархори вилояти Хатлон 26 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо карда шуданд ва дар буҷети соли 2014 барои таъмири роҳҳои дохилии ноҳияҳои Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва шаҳри Нораки вилояти Хатлон иловатан 19 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Инчунин ба нақша гирифта шудааст, ки тавассути ҷалби маблағҳои грантӣ таъмиру азнавсозии 23 километр роҳҳои дохилии шаҳри Кӯлоб ва 17 километр роҳҳо дар шаҳри Қурғонтеппа ба маблағи 171 миллион сомонӣ амалӣ карда шавад.
Дар вилояти Хатлон шоҳроҳи байналмилалӣ тавассути гузаргоҳи сарҳадии Панҷи Поён ва Шерхонбандари Афғонистон фаъолият мекунад. Соли 2012-ум ба воситаи ин роҳ қариб 1 миллион тонна молу маҳсулот ҳамлу нақл гардидааст, ки нисбат ба соли 2005-ум 112 баробар зиёд мебошад. Ба истифода дода шудани роҳи мошингарди Душанбе - Данғара- Кӯлоб - Хоруғ - Кулма ва густариш пайдо кардани робитаҳои тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Халқии Хитой ба вазъи соҳибкорӣ дар вилоят такони ҷиддӣ бахшида, ба болоравии ҳаҷми муомилоти молу маҳсулот мусоидат намуд.
Мо бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди тиҷорати хориҷӣ ва истеҳсоли молу маҳсулот дар вилоят минтақаҳои озоди иқтисодии “Данғара” ва “Панҷ”-ро таъсис додаем, ки ҳоло онҳо ба фаъолият оғоз намудаанд. Дар робита ба ин, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, дигар сохтору мақомоти дахлдор ва роҳбарони Маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии “Данғара” ва “Панҷ” вазифадоранд, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо, аз ҷумла тавассути ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани бунёди инфрасохтори зарурӣ ва тақвият бахшидани фаъолияти минтақаҳои зикршуда тадбирҳои муассир андешанд.
Дӯстони азиз!
Саҳми заҳматкашони вилояти Хатлон ҳамчун яке аз минтақаҳои асосии кишоварзии мамлакат дар самти таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти озуқаи ватанӣ ва умуман татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мо - ҳифзи амнияти озуқаворӣ бузург аст.
Дар натиҷаи амалишавии барномаҳои давлатӣ ва ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар вилоят тадриҷан афзоиш ёфта, дар соли 2012 ба 8,3 миллиард сомонӣ расидааст, ки ин нисбат ба нишондиҳандаи соли 1991-ум қариб ду баробар зиёд мебошад. Маҳсулоти дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ истеҳсолкардаи кишоварзони вилоят панҷ миллиарду 350 миллион сомониро ташкил карда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз нӯҳ фоиз зиёд шудааст. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ба масъалаи истифодаи оқилонаву самараноки замин ва умуман баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, истифодаи васеи кишти такрорӣ ва аз заминҳои обӣ гирифтани ду-се ҳосил, бо истифода аз технологияҳои муосир бунёд кардани корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла доир ба коркарди ҳарчи бештари маҳсулоти кишоварзӣ ва захираву нигаҳдории он эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Соли 2012 майдони кишти яке аз навъҳои асосӣ ва серталаботи зироат - картошка дар вилоят ба 11 ҳазор гектар расонида, 253 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шудааст. Яъне дар муқоиса бо соли 1992 майдони кишти картошка қариб ҳашт ҳазор гектар, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот 15 баробар ва ҳосилнокӣ 180 сентнер аз ҳар гектар зиёд гардидааст.
Дар зарфи солҳои 1992 - 2013 дар асоси барномаҳои Ҳукумати мамлакат дар вилоят 6 ҳазору 700 гектар замин азхуд гардида, ҳолати мелиоративии 50 ҳазор гектар замин бо сарфи қариб 42 миллион сомонӣ беҳтар карда шудааст. Дар иртибот ба ин, вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он бояд барои истифодаи самараноки замин, азхуд намудани заминҳои нав, беҳсозии ҳолати мелиоративии заминҳо ва ҳарчи бештар ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои корами аз истифода берунмонда чораҳои иловагӣ андешанд.
Моҳи майи соли гузашта дар ноҳияи Данғара ҳангоми мулоқот бо роҳбарону мутахассисон ва фаъолони вилояти Хатлон дар назди вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят доир ба суръатбахшии рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла чорводориву парандапарварӣ, моҳипарварию картошкапарварӣ ва боғу токпарварӣ, инчунин афзоиш додани истеҳсоли сабзавоти барвақтӣ ва зиёд намудани ҳаҷми содироти он супоришҳои мушаххас гузошта будем. Кишоварзони вилоят дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ҷиҳати иҷрои супоришҳои зикргардида ба миқдори қариб 44 ҳазор тонна маҳсулот содирот намудаанд. Вале ин нишондиҳанда нисбат ба имкониятҳое, ки вилоят дорад, ҳоло ҳам нокифоя буда, дар ин самт андешидани чораҳои бетаъхир зарур аст. Дар ин раванд ташкил намудани яхдонҳои нигоҳдории маҳсулот ва васеъ ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти кишоварзиву чорво аз ҷумлаи вазифаҳое мебошанд, ки боиси ташкили боз ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ ва афзоиш ёфтани даромади хоҷагиҳои кишоварзӣ мегарданд.
Имрӯз мо дар шаҳри Кӯлоб корхонаи хушконидан ва басту банди меваро ба истифода супоридем ва умед дорем, ки дар ояндаи наздик аз ҷониби соҳибкорони ноҳияҳои Мӯъминободу Ховалинг ва Шӯроободу Балҷувон низ чунин корхонаҳои коркарди мева таъсис дода мешаванд. Дар баробари ин, як масъаларо хотирнишон месозам, ки нокифоя будани таъминоти соҳаи кишоварзии қариб ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла вилояти Хатлон бо техникаи кишоварзӣ то ҳанӯз садди роҳи пешрафти соҳа мебошад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бо сабаби корношоям гардидани техникаи мавҷуда корҳои агротехникӣ дар муҳлатҳои мувофиқ ва тибқи талабот иҷро намешаванд, ки чунин вазъ сабаби паст шудани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, бори дигар Вазорати кишоварзӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» вазифадор карда мешаванд, ки бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ҷиҳати афзоиш додани воридоти техникаи кишоварзӣ ва таъмини хоҷагиҳо бо таҷҳизоту техника чораҳои иловагӣ андешанд. Ҳамчунин зарур аст, ки ҳосили парваришшударо муташаккилона ва беталаф ҷамъоварӣ карда, кишти тирамоҳии зироатҳо ҳарчи зудтар анҷом дода шавад.
Ҳукумати мамлакат ба масъалаи беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардум эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳад ва дар ин самт ҳамаи чорабиниҳои заруриро амалӣ мегардонад. Масалан, аз соли 1990 то ба имрӯз барои таъмини шаҳрвандони вилояти Хатлон бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва сохтмони манзили истиқоматӣ қариб 53 ҳазор гектар ва танҳо дар чор соли охир барои таъмини сокинони эҳтиёҷманди вилоят 8200 гектар замин ҷудо шудааст. Ин иқдом боиси беҳтар шудани шароити зиндагии садҳо ҳазор нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят гардидааст.
Ғайр аз ин, чунонки дар хотир доред, дар натиҷаи рух додани офати табиӣ манзилҳои зисти сокинони шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Панҷу Восеъ, Мӯъминободу Шӯрообод ва Хуросону Ҳамадонӣ зарари ҷиддӣ дида буданд. Ҳукумати Тоҷикистон доир ба барқарор кардани манзилҳои зарардида ва бо хонаҳои нави истиқоматӣ таъмин намудани аҳолии шаҳру ноҳияҳои зикршуда чораҳои фаврӣ андешида, дар як муддати кӯтоҳ бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ, имкониятҳои вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, инчунин соҳибкорону шахсони саховатпеша беш аз 1300 хонаи нави истиқоматӣ бунёд карда, ба тариқи ройгон ба оилаҳои зарардида тӯҳфа намуд. Дар баробари ин, ҷиҳати ба итмом расонидани сохтмони шабакаи обтаъминкунии маҳаллаҳои навбунёди Ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб, ки аҳолиаш аз офати табиӣ зарари бештар дида буд, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо гардидааст. То охири соли ҷорӣ бо ин мақсад боз 5 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо карда мешаванд ва иншооти мазкур то охири соли 2014 мавриди истифода қарор дода мешавад.
Дӯстони арҷманд!
Ҳукумати мамлакат то имрӯз барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи кӯдакону наврасон, мустаҳкам намудани заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити муосири таълиму тарбия, беҳтар гардонидани хизматрасонии тиббӣ ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон мунтазам чораҷӯӣ карда истодааст. Ҳаҷми маблағҷудокунӣ ба соҳаи маорифи вилоят низ сол ба сол афзоиш ёфтааст. Масалан, агар соли 2001 ба ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ ҳамагӣ 10 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли равон зиёда аз 505 миллион сомонӣ ё 50 баробар зиёд гардидааст.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар вилояти Хатлон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 590 мактаб ва синфхонаҳои иловагӣ барои қариб 130 ҳазор хонанда ба маблағи зиёда аз 583 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Инчунин дар ин муддат аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва шарикони рушд бинои 251 мактаб ба маблағи 54 миллион сомонӣ таъмиру азнавсозӣ гардида, бо ашёву асбоби замонавии хониш таъмин карда шудаанд. Тибқи нақша соли ҷорӣ дар вилоят аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 103 бинои таълимӣ бо 20 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи умумии 119 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода мешавад.
Тавре ки медонед, бар асари ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон шумораи зиёди кӯдакону наврасон ятим монданд, ки барои ғамхорӣ ва дастгирии онҳо аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар ҳамаи тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Имрӯз дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи вилоят 850 нафар кӯдаконе, ки на падар ва на модар доранд, таҳсил мекунанд, ки ҳамаи онҳо таҳти ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Ғайр аз ин, дар вилоят 10 мактаб – интернат амал менамояд, ки дар онҳо 2000 нафар ятимону бепарасторон ба таври ройгон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Илова бар ин, дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ тибқи квотаи Президентӣ 2000 нафар ятимону бепарасторони вилояти Хатлон соҳиби маълумоти олии касбӣ шудаанд, ки қариб 900 нафари онҳо ятимони кулл мебошанд.
Ҳукумати мамлакат ба ояндаи неки ятимону бепарасторон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар Бонки давлатии “Амонатбонк” барои 1110 нафари онҳо, аз ҷумла барои 495 нафар ятимону бепарасторони вилояти Хатлон суратҳисоби махсуси бонкӣ кушодааст.
Дӯстони азиз!
Дар замони соҳибистиқлолӣ маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустии вилояти Хатлон аз 710 ҳазор сомонии солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ то ба 228 миллион сомонӣ расида, 321 баробар афзудааст. Дар ин давра дар ҳудуди вилоят 316 муассисаи тиббӣ ба маблағи умумии беш аз 273 миллион сомонӣ сохта шуда, барои таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва бунёди инфрасохтори онҳо 50 миллион сомонӣ хароҷот шудааст.
Илова бар ин, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат Барномаи рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2013 - 2015 қабул карда шуд, ки маблағи умумии он қариб 314 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, бо дастгирии Ҳукумат ва ҷалби шарикони рушд дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории сил ба маблағи умумии зиёда аз 15 миллион сомонӣ беморхонаҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири тиббӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.
Солҳои 1997 - 2013 -ум 652 нафар ҷавонони вилояти Хатлон тибқи квотаи Президентӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии мамлакат ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки то имрӯз 281 нафари онҳо донишгоҳи мазкурро хатм намуда, дар муассисаҳои тиббии вилоят бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.
Вобаста ба масъалаи рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ мехоҳам як нуктаро хотирнишон созам. Ҳарчанд дар қаламрави вилояти Хатлон захираҳои фаровони гиёҳу обҳои шифобахш барои таъсиси муассисаҳои тавонбахшӣ ва кумак ба ниёзмандон мавҷуданд, вале аксарияти аҳолии эҳтиёҷманди минтақа аз чунин намуди хизматрасонӣ баҳраманд нестанд. Бинобар ин, Вазорати тандурустӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо метавонанд, ки масъалаи таъсиси муассисаҳои тавонбахширо дар асоси гиёҳ ва обҳои шифобахши ҳудуди вилоят ҳаматарафа омӯхта, бо ҳамин роҳ ҳам ба тандурустии аҳолӣ кумак расонанд ва ҳам ҷойҳои нави корӣ фароҳам созанд.
Яке аз роҳҳои асосии ҳифзи тандурустии сокинони кишвар рушди варзиш, ҷалби наврасону ҷавонон ба он, оммавӣ гардонидани тарбияи ҷисмонӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим мебошад. Маҳз бо ҳамин мақсад Ҳукумати Тоҷикистон, хусусан, солҳои охир ба бунёди иншооти варзишӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто дар деҳоти дурдасти кишвар аҳамияти аввалиндараҷа дода истодааст. Дар ин самт тӯли солҳои 2012-2013 дар вилояти Хатлон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва соҳибкорону шахсони саховатманд 109 толор ва 534 майдони варзишӣ бунёд ва таъмиру барқарор карда шудааст.
Шубҳае нест, ки ин раванди созанда ва анъанаи нек аз тарафи соҳибкорони баландҳиммат ва ҷавонмардони бонангу номуси вилоят минбаъд низ идома меёбад.
Ҳозирини муҳтарам!
Бо дарназардошти он, ки мо имрӯз меҳмони мардуми шаҳри бостонии Кӯлоб ҳастем, мехоҳам андешаҳои худро доир ба дастовардҳои сокинон дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр мухтасар баён намоям.
Қобили зикри махсус аст, ки саҳми сокинони сарбаланд ва қавииродаи шаҳри Кӯлоб солҳои охир дар раванди корҳои ободонӣ ва амалҳои хайр хеле назаррас буда, Ҳукумати мамлакат низ дар навбати худ ҷиҳати ба мулки ободу пешрафта табдил додани ин гӯшаи зебову бостонии диёрамон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.
Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ Кӯлоб аз қадимулайём ҳамчун шаҳри фарҳангӣ, макони ҳунармандону заргарон, санъаткорону донишмандон ва мавзеи дӯстдоштаи сайёҳону мутафаккирони Машриқзамин маҳсуб шуда, ин рисолати муҳими таърихиву фарҳангиро то ҳол нигоҳ доштааст. Дар баробари ҳунармандиву ободкорӣ, инчунин саҳми шахсиятҳои шинохтаи ин мулк дар корҳои идорӣ ва сохтмону меъморӣ низ назаррас буда, намунаи барҷастаи санъати меъмории ҳунармандони минтақа дар қалъаи шоҳони Хатлон таҷассум ёфтааст.
Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки эҳсоси волои ватандориву ватансозӣ дар кору пайкори родмардони Кӯлоби бостонӣ ва умуман хурду бузурги шаҳр ҳамеша ҳувайдост ва ин аст, ки дар даврони давлатдории мустақиламон мардуми сарбаланду қавиирода ва далеру шуҷои Кӯлоб бо заҳмати содиқонаи хеш ин гӯшаи таърихии диёрамонро ба як макони бисёр ободу зебо табдил додаанд.
Дирӯзу имрӯз мо дар расми ифтитоҳи якчанд иншооти навбунёд, аз ҷумла дар маросими ба истифода додани дармонгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ, бинои маъмурии Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, корхонаҳои истеҳсоли орду макарон, нӯшокиҳои ташнашикан, равған, маҷмааи варзишиву меҳмонхона, корхонаи дӯзандагиву маркази хизматрасонӣ, гимназияи президентӣ барои кӯдакони лаёқатманд, хобгоҳ ва хонаи истиқоматии нӯҳошёна иштирок намудем. Ҳамчунин корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди пахта, гиёҳҳои шифобахш ва меваҷот ба истифода дода шуданд, ки дар онҳо садҳо нафар сокинони шаҳри Кӯлоб бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорони бонангу номус ва ҷавонмардони олиҳиммате, ки дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти гуногуни вилоят бо дасту дили гарм ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба корҳои ободонӣ машғуланд, самимона изҳори сипосу миннатдорӣ менамоям. Дар баробари ин, ба ҳамаи сохтору мақомоти дахлдор бори дигар хотиррасон месозам, ки бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва имкониятҳои соҳибкорони ватанӣ барои истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва бо дарназардошти захираҳои фаровони ашёи хоми маҳаллӣ бо воридоти технологияҳои навтарин бунёд намудани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити кору зиндагии сокинон мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Ҳоло дар шаҳри Кӯлоб татбиқи 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад, ки барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди соҳаи маориф, беҳсозии шабакаи обтаъминкунии шаҳр ва таҷдиди роҳҳои мошингард равона карда шудааст. Имрӯз дар шаҳр 45 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, тамоюли афзоиши мунтазами ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба мушоҳида мерасад. Масалан, агар соли 2000 ҳаҷми истеҳсоли молҳои саноатӣ дар шаҳри Кӯлоб 30 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда соли 2012 ба 115 миллион сомонӣ расида, қариб чор баробар афзоиш ёфтааст. Вале ин дастовардҳо назар ба захираву имкониятҳои зиёде, ки дар шаҳри Кӯлоб мавҷуданд, ҳанӯз қонеъкунанда нестанд. Зеро дар шаҳри Кӯлоб соҳибкорони ватандӯст ва дигар шахсони олиҳиммат, ки метавонанд корхонаву коргоҳҳои истеҳсолии нав бунёд карда, дар таъмиру таҷдиди роҳу пулҳо ва муассисаҳои таълимиву тандурустӣ фаъолона саҳм гузоранд, хеле зиёд мебошанд.
Ҳамчунин хотиррасон менамоям, ки вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ бояд шиори доимӣ ва ҳаррӯзаи ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвар бошад.
Бо Қарори Ҳукумати мамлакат моҳи сентябри соли 2015 ҷашни 700 - солагии шахсияти барҷастаи олами ислому ирфон – Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки марқади мубораки ӯ дар шаҳри бостонии Кӯлоб воқеъ аст, баргузор мегардад. Итминон дорам, ки давраи омодагӣ ба ин ҷашни бузург ба ҷабҳаи заҳмати созандаи мардуми вилоят ва шаҳри Кӯлоб табдил ёфта, бо мадади рӯҳи он бузургвор ин шаҳри таърихии тоҷикон боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардад.
Имрӯз ман шаҳри зебои Кӯлобро сайру тамошо карда, дуюми ноябри соли 1992, яъне лаҳзаҳои ба ҳайси Раиси кумитаи иҷроияи вилоят интихоб шуданам ба хотирам омаданд, ки ҳамон рӯзҳо маҳз бо дуои неки пирони рӯзгордидаву сокинони ватандӯсти ин шаҳри бостонӣ ва дастгирии рӯҳи бузургони гузаштаи он ба арсаи сиёсат қадам гузоштам. Ва он рӯзҳо мо чунин зиндагии орому осударо орзу мекардем ва шукронаи сулҳу ваҳдати миллӣ ва заҳмати дастаҷамъонаи сокинони худогоҳу ватандӯсти кишвар аст, ки мо ба чунин рӯзҳои нек расидем.
Ман ба нангу номус, ғайрату ҳиммат ва таҷрибаи заҳматкашони вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри бостонии Кӯлоб итминони комил дорам ва бовар дорам, ки онҳо норасоиву мушкилоти имрӯзаро дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин бартараф намуда, мисли ҳарвақта дар фаровонии дастурхони мардум, ободиву сарсабзии Ватан ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон саҳми арзандаву сазовори худро мегузоранд. Инчунин бовар дорам, ки мардуми далеру ғаюр ва қавииродаву заҳматпешаи вилояти Хатлон минбаъд низ дар раванди корҳои созандагиву ободкории Ватани муқаддасамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҷиҳати татбиқи барномаҳои миллиамон ба хотири боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон азму талоши ватандӯстонаи худро дареғ намедоранд.
Бо хотири ниятҳои нек ба ҳамаи сокинони бонангу номус ва заҳматдӯсту ҳимматбаланди шаҳри Кӯлоби бостонӣ ва вилояти Хатлон сиҳатмандӣ, рӯзгори осуда ва барори кор орзу менамоям.
Ҳамеша сарбаланду хонаобод бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.11.13    №: 145    Мутолиа карданд: 604

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед