logo

сиёсат

"Ёрони вафодор"

Ақлҳо ҳар  қадар дар таҳқиқи норӯшаниҳои ҳаёт фурӯтар мераванд, паҳлӯҳои нокушодаи он бештар рӯ мезананд. Ҳамин аст, ки садҳо ҳазор олимон дар рӯйи олам банди омӯзиш, тадқиқоти илмии  тамоми тарафҳои зиндагии инсонанду ҳеҷ не, ки ибтидою интиҳои онро пайдо кунанд. Уламо ҳатто дар исботи ҳастию нестии худи инсон, хусусиятҳои аслию хоси хислатҳо ва муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо саргуманд. Албатта, савияи маърифат, манофеи муштарак, диди ягона нисбат ба ҳодисаю воқеот, андешаи ҳаммонанд, нақшаҳои ягона қобиланд инсонҳоро бо ҳам биоваранд, вале пайвастагиҳоро миёни ашхосе, ки аз лиҳози мафкураю назар, эътиқоду имон, дараҷаи донишу эътимод бар виҷдон аз ҳам дуранд, чӣ гуна метавон шарҳ дод? Дар кушодани гиреҳи ин муаммо илм то имрӯз оҷизӣ мекашад, вале дар таҳқиқи рӯякии мисолҳои мушаххас метавон то андозае ба натиҷа расид ва ақаллан ҳадс зад, ки кадом таҳрике онҳоро пойбанди ҳам карда.
Мехоҳам дар ин росто сегонаеро мисол оварам, ки на аз нигоҳи қонуниятҳои табиӣ, на аз рӯйи дилбохтагиҳои умумӣ ба зиндагӣ, на аз умумияти имонӣ ба аҳкоми шариат ва на аз назари фардияти сиёсӣ наметавонанд дар паҳлӯи ҳам қарор дошта бошанд. Вале бар хилофи адами ин умумиятҳо имрӯз даст ба дасти ҳаманд. Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода + Раҳматилло Зоиров + Додоҷони Атовулло. Аввалӣ аз хилофати исломӣ ҳарф дораду дуюмӣ аз сотсиализми усулан дар муқобили дин қарордошта, саввумӣ худ намедонад, ки аз ин дунё талабаш чист, ҳамон мискин харакеро мемонад, ки думи гумкардаашро меҷӯяду ба умеди он аз гӯшҳояш низ маҳрум мешавад.
Сайри кӯчаке дар саҳафоти маълуми ҳаёти ин се, фарзияҳои ба воқеият наздикеро дар ихтиёр мегузорад, то комил ҳам набошад, посухеро дар канори ҳам омадани онҳо дарёфт.
Инҳо ҳеч гоҳ дар боби Ватану миллат, ифтихору муқаддас буданашон ҳарфе намезананд. Раҳматилло Зойиров ва Додоҷони Атовулло бештар ба ҷаҳонватанӣ (космополитизм) майл доранд. Аввалӣ ҳамеша таъкид мекунад, ки дар Узбекистон таваллуд ёфта, дар Қазоқистон ба воя расида, дар Украина маълумот гирифта, акнун дар Тоҷикистон иқомат дорад. Табиист, ки дар чунин ҳолат, инсон аз нигоҳи равонӣ эҳсоси яккадӯстдориашро гум мекунад ва дигар қодир нест, ки ба як хоку сарзамин дилбастагии хос дошта бошад.
Додоҷони Атовулло дар давраи ҷавонию айни ташаккулёбӣ ҳамчун шахс  дар ботлоқи дасисаву моҷаро ғӯтид ва оқибат ғарибу дарбадар шуд. Аз аввалин соатҳои ғарибӣ луқмаи муфте дар дасти ҳамкасбони ҳозиру нозири "лаззат" - и кумаку грантҳои ғарбиро чашидаи Маскав гашт. Онҳо ба номи "қурбонӣ"-ҳои сиёсие монанди ӯ, аз институтҳои ба истилоҳ "ҳомии ҳуқуқи башар" маблағ "меканданд"-у барои ӯ низ тангае чанд медоданд. Додоҷон гумон кард, ки чун ройгон барояш пул медиҳанд, пас ӯ ҳақиқатан шахси маъруфе будааст. Тасаввур мекард, ки дар Тоҷикистон бисёриҳо интизории омаданашро доранду бо оби дидаю гулчанбар пешвозаш мегиранд. Соли 2001 ба Ватан баргашт. Бо чашми худ дид, ки касеро аз буду набудаш парво нест. Ҳатто ҳамқаламонро ба ӯ эътиное набуд. Дид, ки "барҷаста" буданаш хаёлест  маҳсули мағзи тиҳии худаш ва саробро мемонад андар биёбон. Хеле зуд рафт он ҷое, ки омада буд. Бо эҳсоси буғзу кин нисбат ба Ватан. То ҳол дарк кардан намехоҳад, ки ҳамчун шахсият ҳеҷ аст. Дар пушташ касе нест, ҷуз як-ду авбоши интернетӣ, ки шояд кӯдакони мактабхон бошанд. Созмони хаёлие низ дорад, номаш "Ватандор". Беасноду бемаҷлису беаъзо. Аз ин дид ӯ сиёсӣ будан ҳам наметавонад. Мақомотро мебояд Додоҷони Атовуллоро берун аз сиёсат бубинанд. Мисли як авбош, як ноқисулақле, ки аз таъсири беморӣ васваса мехонад. 
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода бошад, дар тӯли умри худ танҳо арзишу ақидаҳоеро парастиш карда, ки дар миёнашон ҷойи Ватану миллат холист. Ӯ ҳеҷ гоҳ арабпарастии худро (сухан сари исломпарастӣ намеравад, хоҳишмандам ин ду мафҳум махлут карда нашавад) инкор накардааст ва намекунад. Ин дигарпарастии ӯ боиси кадом бадбахтиҳои умумимиллӣ гаштанд, ҳоҷат ба такрорашон нест. Вале сабақе аз он набардоштааст. Гӯиё фармудаи Арастуро ботил бароварданист, ки мегӯяд: "Инсон наметавонад дар як роҳ ду бор иштибоҳ кунад". Ва мардумро боз ба ҳамон чоҳе тела додан дорад, ки як дафъа ғалтонда будашон.
Аз ин ҷо бармеояд, ки ангезаи адами меҳру муҳаббат ба ин сарзамину ин миллат дар пайдоиш, аниқтараш созмондеҳии ин дастаи сегона нақши асосиро бозидааст. Cегонае, ки яке дар гузари Посдорони инқилоби  Эрон хона дораду дигаре дар Узбекистону савумӣ дар Олмон. Онҳо фардои худро бо Тоҷикистон диданӣ нестанд. Ва омили мазкур дар дасти манфиатдорон риштаест, ки онҳоро бо ҳам баставу нӯги ришта барои  идораашон истифода мегардад. Он сӯйе ҳаракат мекунанд, ки таҳрикашон медиҳанд.
Дасти дарозе мебояд, ки афроди аз нигоҳи хислат мутафовитро бо ҳам биомезад. Кушодани чунин гиреҳ кори саҳл нест, вале ҳалли муаммо, таҳқиқ дар ҷодаи иборат аз пайроҳачаҳои муғлақ ҷониби ҳамсоякишвар мебарад. Кишваре, ки бо ҳар се пайвастагии муҳим  дорад, якеро хуни нофаш рехта, дигаре наврасию ҷавониашро пушти таълимгоҳи динии ҳудуди он паси сар кардаву соҳиби вазифаҳои баланди динӣ гашта ва сеюмиро айёми ғарибӣ пушту панаҳ дода, табиист, ки на маҷонӣ.
Гуфтаю амали Раҳматилло Зойиров саропо мазҳакаи сиёсист. Танҳо супориш иҷро мекунад. Агар дар ҲНИТ тавассути Кабирӣ рӯҳияи миллию ватанпарастӣ боло гирифтан дорад, Р. Зойиров то ҳол пойбанди ҳамон рӯҳияи туркии тоҷикбадбинонаи солҳои 90-ум аст, ки боиси қатли садҳо одамони бегуноҳ дар водии Рашт гашта буд.  Вагарна имрӯз тоҷики узбекистонӣ дигар мактаб надорад, дар шиноснома миллаташ иваз шуда, забони модариаш ҳатто дар хонааш нимшунаво садо медиҳад, аммо Раҳматилло Зойиров, оне,  ки ҳатто муддаии курсии президентӣ дар Тоҷикистон буду номзадиашро баъзе мухолифини миллатпарасти ИНИТ рад карданд, сари ин масъала ҳарфе намезанад. Барои чӣ?
Имрӯз Акбари Тӯраҷонзода даркору нодаркор аз камбуду мушкилоти иқтисодии Тоҷикистон садо мебароварад, аммо калимае аз роҳбандию роҳканиҳои бародарони узбеки мо ба забон намеорад. Барои чӣ?
Додоҷони Атовулло ягона тоҷике буд, ки юриши темуронаи Маҳмуд Худойбердиеви балвогару хиёнаткорро ба зодгоҳаш вилояти Суғд ва куштори даҳҳо сокини осоиштаи ин минтақа бо нидои "урра" истиқбол кард. Ягона тоҷике буд, ки дар ҳаққи террористе мисли мулло Абдулло  мадҳия месароид. Дигар ягон кишваре вуҷуди ӯро дар хокаш тоқат надорад (ахиран Русияву Гурҷистон низ шармандавор ӯро аз дарвозаи фурудгоҳҳои худ пас гардониданд), ба ҷуз Аврупое, ки ба чунин ғуломакҳои ҳалқабаргӯш то ҳол ниёз дорад (ин ниёзмандиҳо ҳанӯз дар замони Шӯравӣ пайдо шуда буданд ва ҳамон давра низ ватанфурӯшонро аврупоиҳо бо оғӯши кушода пешвоз мегирифтанд)… ва Ҷумҳурии Узбекистон. Барои чӣ?
Посухи аслиро фақат ин се нафар медонанд, вале раванди таҳлил ҷӯяндаро боз ҷониби ҳамон нуқтаҳое мебарад, ки зикрашон дар боло рафт.  Далели раднашавандаи дигаре, ки бо ин масъала иртиботи бевосита дорад, гуфтаи чандсола пеши роҳбари давлати ҳамсоя мебошад: "Ман бо тамоми душманҳо кор мекунам, ки Тоҷикистонро бо шикаст мувоҷеҳ созам". Душман гуфта киро дар назар дорад? Бешубҳа онҳоеро, ки дар қалб ба миллати тоҷик ҳисси кинаву адоват мепарваранд. Ба замми ин, агар аҳди ёрӣ бо ниҳодҳои махсуси узбекӣ баста бошанд, дигар нуран алонур асту… фаъолияти зиддитоҷикӣ пурзӯр. Дар ин поя, баҳри созмондеҳии дугонаву сегонаҳо мушкиле надоранд. Сегонаҳои машкуке, ки тафсири якашро овардем.  

Шамсиддини НУРУЛҲАҚ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.11.13    №: 145    Мутолиа карданд: 830

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед