logo

номаҳо

Мушкили мардуми Миёншаҳрро кӣ бояд ҳал намояд?

Миёншаҳр калонтарин деҳа дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ буда, дар он 180 оила зиндагӣ дорад. Он қад- қади дарёи Ғунд ҷойгир аст. Дарё деҳаро аз роҳи калони мошингард ҷудо мекунад ва аз деҳа то роҳи мошингард 9 км роҳ аст. Миёншаҳр аз маркази вилоят 90 км ва аз ноҳия 115 км дур мебошад. Дар деҳа бозор нест. Барои харидани маҳсулоти ғизоӣ, сохтмонӣ ё омода намудани ҳуҷҷат ба шаҳри Хоруғ меравем ва маҷбурем, то роҳи мошингард  9 км роҳро пиёда тай намоем. Барои наздик шудан ба роҳи мошингард ҳар сол мо - сокинон якҷоя дар болои дарёи Ғунд пул месозем, аммо ҳангоми зиёд шудани сатҳи об он вайрону валангор  мегардаду боз мардум сарсону саргардон. Ҳатто гузаштан аз болои ин пул хатарнок аст. танҳо дар муддати як сол 15 нафар аз болои он ба дарё афтода зарари ҷисмонӣ диданд. Моҳи июли соли равон сокини деҳаамон Музаффар Нафасбекови 26 - сола, ки соҳиби ду фарзанд буд, ҳангоми аз болои пул гузаштан ба дарё афтида ғарқ шуд. Барои ҳалли ин мушкил борҳо ба масъулон муроҷат намудем, аммо он то ҳол ҳалли худро наёфтааст.
Мардуми деҳа то ба кай аз ин мушкил азият бикашанд? Онро кӣ бояд ҳал намояд?

Ҷ. Ғалабеков,
Қ. Азаматшоев,
Ш. Элчибеков,
А Азамшоев,
Ф. Ҷоншоева,
ҷамъ 90 имзои сокинони деҳаи Миёншаҳри ноҳияи Шуғнон.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.11.13    №: 149    Мутолиа карданд: 734

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед