logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, № 9, мод. 68; мод. 69; № 22, мод. 306; с.1999, № 12, мод. 316; с.2001, № 4, мод. 149; мод. 167; с.2002. № 11, мод. 675; мод. 750; с.2003, № 8, мод. 456; мод. 468; с.2004, № 5, мод. 346; № 7, мод.452; мод. 453; с.2005, № 3, мод.126; № 7, мод.399; № 12, мод. 640; с.2007, № 7, мод. 665; с.2008, № 1, қ.1, мод.3; № 6, мод. 444; мод.447; № 10, мод.803; № 12, қ.1, мод. 986; № 12, қ.2, мод. 992; с. 2009, № 3, мод. 80; № 7-8, мод.501; с.2010, № 3, мод. 155; № 7, мод.550; с.2011, № 3, мод. 161; № 7-8, мод. 605; с.2012, № 4, мод. 258; № 7, мод.694; с.2013, № 6, мод. 403; мод. 404), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар диспозитсияи қисми 1 моддаи 1792 калимаҳои "барои таъминоти молиявии террорист ё ташкилоти террористӣ" хориҷ карда шуда, баъд аз калимаҳои "ё бо дарки он ки ин воситаҳо" калимаҳои "аз ҷониби террористи алоҳида ё гурӯҳи (ташкилоти) террористӣ ё бо мақсади таъминоти молиявии террористи алоҳида ё гурӯҳи (ташкилоти) террористӣ ё" илова карда шаванд.
2. Дар диспозитсияи қисми 1 моддаи 262 калимаҳои "дар содир намудани ҷиноят" ба калимаҳои "дар содир намудани ҷинояти асосӣ" иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 319:
- дар диспозитсияи қисми 1 баъд аз калимаҳои "шахси мансабдор" калимаҳои ", шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ" илова карда шуда, калимаҳои "он", "мансабиаш" ва "метавонад" мувофиқан ба калимаҳои "онҳо", "мансабиашон" ва "метавонанд" иваз карда шаванд;
- ба диспозитсияи қисми 2 баъд аз калимаҳои "шахси мансабдор" калимаҳои ", шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ" илова карда шаванд;
- ба эзоҳ бандҳои 3) ва 4) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"3) Таҳти мафҳуми шахси мансабдори давлати хориҷӣ дар моддаҳои 319-321 Кодекси мазкур шахси дар мақомоти қонунгузор, иҷроия, маъмурӣ ё судии давлати хориҷӣ ягон мансабро ишғолнамуда (интихобгардида ё таъингардида) ва дигар шахсе, ки барои ин мақомоти давлати хориҷӣ ягон функсияи давлатиро иҷро менамояд, фаҳмида мешавад.
4) Таҳти мафҳуми шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ хизматчии ташкилоти байналмилалӣ ё дигар шахсе, ки ваколатдор аст аз номи ин ташкилот фаъолият намояд, фаҳмида мешавад.".
4. Дар моддаи 320:
- ба диспозитсияи қисми 1 баъд аз калимаҳои "шахси мансабдор" калимаҳои ", шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ" илова карда шаванд;
- дар диспозитсияи қисми 2 баъд аз калимаҳои "шахси мансабдор" калимаҳои ", шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ" илова карда шуда, калимаҳои "аз ҷониби ӯ" ба калимаҳои "аз ҷониби онҳо" иваз карда шаванд;
- ба бандҳои 1) ва 2) эзоҳи модда баъд аз калимаҳои "шахси мансабдор"  калимаҳои ", шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ" илова карда шаванд;
5. Дар диспозитсияи модаи 321 баъд аз калимаҳои "шахси мансабдор" калимаҳои ", шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ" илова карда шуда, калимаҳои "розигии ӯ" ба калимаҳои "розигии онҳо" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 12 ноябри соли 2013, № 1028

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба
Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 7 ноябри соли 2013, № 1325


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии
Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 11 ноябри соли 2013,  № 570


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.11.13    №: 150    Мутолиа карданд: 1934
24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКОБОД ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

ХАТЛОН. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД

12.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МУВАФФАҚИЯТҲОИ РОССИЯ АЗ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ «СПУТНИК – V»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед