logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 30 ноябри соли 2013

Муҳтарам аъзои Ҳукумат!
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз ҷаласаи нахустини Ҳукумати мамлакат дар ҳайати нав баргузор мегардад, яъне Ҳукумати нави кишвар расман ба фаъолият шурӯъ менамояд.
Аз ин лиҳоз, аъзои Ҳукумати нави мамлакатро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти он ва сазовори чунин боварӣ гардиданашон бори дигар табрик гуфта, дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти давлатӣ ба онҳо барори кор мехоҳам.
Интихоботи Президенти Тоҷикистон, ки чанд рӯз пештар доир гардид, собит намуд, ки дар кишвари мо фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва фарҳанги баланди сиёсии шаҳрвандӣ ҳукмфармо буда, ин омилҳо ба неруи тақдирсози имрӯзу фардои халқу миллат мубаддал гардидаанд.
Вобаста ба ин, мехоҳам як масъалаи муҳимро таъкид намоям, ки бовариву эътимоди мардуми кишвар нисбат ба давлату Ҳукумат дастоварди фаъолияти сиёсии мо мебошад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки тамоми азму ирода ва неруву имкониятҳои худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон ва минбаъд низ сазовор будан ба эътимоди мардуми кишвар сафарбар созем.
Мусаллам аст, ки дар зарфи ҳафт соли оянда масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту осоиштагии кишвар ва ободиву пешрафти мамлакатро мардуми Тоҷикистон ба зиммаи мову шумо вогузор намуданд. Дар ин раванд, пеш аз ҳама, зарур аст, ки ҳадафҳои стратегӣ ва самтҳои афзалиятноки муайянгардида мунтазам пайгирӣ гардида, иҷрои чорабиниҳои дар стратегияву консепсияҳо ва барномаҳои давлатӣ пешбинишуда таҳти назорати қатъӣ қарор дода шавад.
Дар баробари ин, вобаста ба талаботи замона дар марҳалаи нави рушди миллӣ ба масъалаи қабулу татбиқи барномаҳои нави давлатӣ бояд таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, назорат аз болои ҷараёни иҷрои онҳо пурзӯр карда шавад.
Уҳдадориҳои мақомот ва шахсони мансабдор доир ба иҷрои воқеиву саривақтии барномаҳои давлатӣ мушаххас карда шуда, масъулияти мақомоти ваколатдор оид ба таҳлили раванди иҷрои онҳо ва натиҷаҳои бадастомада баланд бардошта шавад.
Махсус таъкид месозам, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар давоми солҳои охир тавонист, ки бо вуҷуди таъсири манфии буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ бо мақсади ҳарчи беҳтар ба роҳ мондани дастгирии иҷтимоии сокинони кишвар иҷрои барномаҳои рушди соҳаҳои афзалиятнок, тараққиёти шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва дар маҷмӯъ пешрафти босуботи иқтисоди миллиро таъмин намояд.
Таъкид бояд кард, ки ҳадафи аввалиндараҷаи мо дар солҳои наздиктарин тақвияти пайгиронаи рушди босуботи иқтисодии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, пеш аз ҳама, бо роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва инкишофи босуръати соҳаҳои бунёдӣ дар заминаи рушди бахши хусусӣ мебошад. Барои таъмин намудани афзалиятҳои муайяншуда ва рушди минбаъдаи кишварамон мо манбаъ ва иқтидору захираҳои кофӣ дорем.
Дар раванди татбиқи афзалиятҳои миллӣ ба масъалаҳои таҳкими низоми идоракунии давлатӣ, диверсификатсияи иқтисодиёт, беҳбудӣ бахшидан ба фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва неруи инсонӣ, ки дар маҷмӯъ суботи иқтисодӣ ва пешрафти кишварро таъмин менамоянд, бояд аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад. Дар бахшҳои воқеии иқтисоди кишвар мо бояд бо воридот ва истифодаи васеъ аз технологияҳои муосир ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ истеҳсоли маҳсулоти ватании қобили рақобатро ҳарчи бештар ба роҳ монем.  Ҳамчунин ҷиҳати ворид шудан ба низоми тиҷорати ҷаҳонӣ барои ташкили ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникии субъектҳои соҳибкории ватанӣ тадбирҳои зарурӣ андешидан зарур аст. Илова бар ин, дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ, омодасозии доираҳои соҳибкории мамлакат барои фаъолият дар шароити узвият ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии молу маҳсулот дар хориҷи кишвар бояд мунтазам чораҷӯӣ карда шавад.
Бояд хотирнишон сохт, ки дар ин марҳала вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумат ва сохтору мақомоти дахлдор, инчунин соҳибкорони ватанӣ зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишвар, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии мамлакат, дар заминаи ашёи хоми ватанӣ бо воридоти технологияҳои пешрафта таъсис додани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ва таҳкими иқтидори содиротии мамлакат мебошад. Бо ин мақсад диққати асосиро ба тараққиёти соҳаҳои саноат, аз ҷумла саноати истихроҷу коркарди маъдан, металлургияи ранга, саноати сабук ва хӯрокворӣ равона кардан зарур аст.
Мо тасмим гирифтаем, ки иҷрои самараноки Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардумро таъмин карда, сатҳи камбизоатиро то соли 2015-ум 30 фоиз ва то соли 2020 ба 20 фоиз коҳиш диҳем. Дар ин раванд пешбинӣ мегардад, ки дар натиҷаи татбиқи афзалиятҳои миллӣ иқтисоди мамлакатамон дар соли 2020 беш аз 80 фоиз афзуда, рушди босуботи Тоҷикистон таъмин карда шавад.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат то соли 2020 ба ҳар сари аҳолӣ бояд якуним -ду баробар афзоиш ёфта, вазни қиёсии даромад ва хароҷоти ҷории буҷети давлатӣ нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 25 фоиз ва маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ аз 12 то ба 16 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расонида шавад. Бо амалӣ намудани тадбирҳои зикршуда мо имконият пайдо хоҳем кард, ки музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендияро аз дуюним то се баробар зиёд намоем.
Барои иҷрои ин мақсадҳо зарур аст, ки кор доир ба таҳияи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 оғоз карда шавад. Ҳамчунин Ҳукумат ва сохтору мақомоти дахлдори он вазифадоранд, ки бо мақсади таҷдиду азнавсозӣ кардани инфрасохтори шаҳраку деҳот дар муҳлатҳои наздиктарин барномаи "Рушди деҳот"-ро таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод намоянд. Ҳамзамон бо ин, бори дигар хотиррасон месозам, ки омодагӣ ба мавсими зимистони дарпешистода вусъат бахшида, фаъолияти мунтазами шабакаҳои энергетикӣ таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад.
Ҳозирини муҳтарам!
Вазифаҳои дарпешистода дар самти рушди миллӣ хеле зиёд ва заҳматталаб буда, иҷрои онҳо аз ҳар яки шумо масъулият ва фаъолияти содиқонаву софдилонаро тақозо мекунад. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар шароити ҷаҳони муосир воситаи асосии рушди бомароми иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани нуфузи давлати соҳибистиқлоли мо ба ҳисоб меравад, омода намудани мутахассисони касбии баландихтисос, дорои донишу малака ва ҷаҳонбинии муосири техникиву технологӣ мебошад.
Дар ин раванд зарур аст, ки бо дарназардошти талаботи марҳалаи кунунии рушд ба масъалаи тарбияи кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла дар самти идоракунии зиддибуҳронӣ, таҳлилгарони соҳавӣ, барномасозон ва мутахассисони идоракунии давлатӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Тавре ки мушоҳида мешавад, бо сабаби то ҳанӯз таҳия нагардидани номгӯй ва меъёрҳои мушаххасу ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ фаъолияти мақомоти идоракунӣ аз лиҳози ташкилӣ ва иттилоотӣ чандон самаранок набуда, сифат ва дастрасии хизматрасониҳои давлатӣ шахсони воқеиву ҳуқуқиро қонеъ карда наметавонад. Аз ин лиҳоз, ин масъала аз ҷониби масъулини сохтору мақомоти дахлдор бояд ҳарчи зудтар ҳамаҷониба омӯхта, ҷиҳати рафъи мушкилоти ҷойдошта чораҳои мушаххас андешида шаванд.
Ҳамчунин хотирнишон месозам, ки ҷиҳати таъмини шаффофият ва самаранокии фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ усулҳои муосири идоракунӣ васеъ ҷорӣ гардида, тартиби коргузорӣ ва таҳлили вазъи соҳаҳо аз рӯи нишондиҳандаҳои воқеии иқтисодӣ ба роҳ монда шаванд.
Тавре ки дар ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, аз ҷумла Стратегияи миллии рушд ва Стратегияи ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ муайян шудааст, афзалият ва самтҳои асосии сиёсати давлатӣ, пеш аз ҳама, ба рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нигаронида шудаанд. Яке аз ҳадафҳои асосии қабули фармони зикршудаи Президенти кишвар низ аз он иборат аст, ки вазифаҳои мақомоти идоракунии давлатӣ мушаххас гардонида, бо мақсади пешгирӣ намудани такроршавии вазифаҳо сохтори вазорату идораҳо такмил дода шавад.
Зимни ислоҳоти мазкур, пеш аз ҳама, ба кам кардани функсияҳои назоратӣ ва бартараф сохтани такроршавии онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан зарур аст. Ҳамзамон бо ин, бо мақсади тезонидани гузариш ба усулҳои нави идоракунӣ дар бобати истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ҷалби мутахассисони соҳаҳои технологӣ чораҷӯӣ бояд кард.
Тавре маълум аст, рушди мамлакат минбаъд дар заминаи татбиқи барномаҳои давлатии рушди минтақаҳо таъмин мегардад.
19 ноябри соли ҷорӣ Фармони Президенти мамлакат "Дар бораи такмили мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул гардид, ки тибқи он бо мақсади пешбурди ислоҳот дар низоми идоракунии маҳал, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, мусоидат дар рушди баробари минтақаҳои кишвар дар баробари такмили сохтор ва мукаммалсозии функсияҳои мақомоти идораи давлатӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи рушди маҳал таъсис дода шуд.
Сохтори мазкур вазифадор карда мешавад, ки дар баробари иҷрои вазифаҳое, ки дар низомномаи он пешбинӣ карда мешаванд, якҷо бо вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир ба таҳия ва татбиқи барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои кишвар бо дарназардошти захираву имкониятҳои воқеӣ чораҳои дахлдор андешад.
Ҷиҳати ба роҳ мондани назорати мунтазам ва ҳамоҳангсозии вазифаҳои идоракунии давлатӣ фаъолияти мақоми ваколатдори соҳа тақвият бахшида мешавад. Бо мақсади амалӣ намудани тадбири мазкур тибқи фармони зикршудаи Президенти мамлакат ҳоло омӯзиши сохтор ва функсияи Дастгоҳи иҷроияи Президент оғоз гардидааст.
Бо истифода аз фурсат такроран таъкид менамоям, ки истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои буҷетӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ, назорати қатъӣ аз болои хароҷоти маблағҳои зикршуда, пешгирӣ кардани амалҳои коррупсионӣ ва умуман мубориза бар зидди коррупсия бояд минбаъд низ вазифаи бевоситаи ҳар як роҳбар ва шахси масъул бошад.
Дар иртибот ба ин, хотиррасон месозам, ки риояи ҳатмии талаботи қонунгузории мамлакат, аз ҷумла дар самти пешниҳод намудани эъломияи даромадҳо ва молу мулк аз ҷониби ҳамаи хизматчиёни давлатӣ ва дар навбати аввал, аъзои Ҳукумат ва дигар шахсони мансабдор бояд таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шавад.
Муҳтарам аъзои Ҳукумат!
Ҳозирини гиромӣ!
Чунонки дар суханронии худ рӯзи 16-уми ноябр хотирнишон кардам, мардуми Тоҷикистон аз мову шумо зиндагии сазовору шоистаро умед доранд ва мутмаинанд, ки Тоҷикистони азизи мо бо фаъолияти созандаву ободгарона ва заҳмати содиқонаву софдилонаи ҳар яки мо минбаъд низ бо қадамҳои устувор пеш меравад ва нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар мегардад.
Мо тасмим гирифтем, ки дар давоми ҳафт соли оянда ба ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳои неку созандаамон маҳз ба хотири амалӣ гардидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд.
Дар фаъолияти ҳаррӯзаатон ҳар яки шумо бояд як нуктаро фаромӯш насозед, ки савганди Президенти кишвар - савганди аъзои Ҳукумат, ҳар як роҳбар ва шахси масъул ва дар маҷмӯъ тамоми хизматчиёни давлатӣ, раҳнамои доимии ҳар як шахси мансабдор буда, мову шумо бояд ба ҳар як нуктаи он содиқу масъул бошем.
Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки интихоботи баргузоршуда нишонаи беҳтарину бесобиқаи фаъолнокии мардуми кишвар, маърифати баланди сиёсӣ ва масъулияти шаҳрвандии халқи Тоҷикистон буд. Яъне дар сиёсати ояндасози мо қувваи бузургу тавоно - халқи заҳматпешаамон моро ҳамроҳӣ ва дастгирӣ хоҳад кард.
Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд тамоми нерӯву имкониятҳои худро ба манфиати халқу Ватан сафарбар созем, ба Ватани азизамон, халқи бузургворамон ва давлати соҳибистиқлоламон содиқона хизмат намоем.
Ба шумо дар роҳи хизмати сазовор ба халқу Ватан барори кор орзу менамоям!
Саломат бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.12.13    №: 157    Мутолиа карданд: 573

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед