logo

муҳоҷират

Чаро тоҷик диаспора надорад?

Ҷустуҷӯи макони зисти беҳтару шиками сер, фарзанди Одамро аз нахустпайдоишаш маҷбур ба ҷустуҷӯи ҷойгоҳи мувофиқтари зиндагӣ ва ҳиҷрат аз мулки меросӣ кардааст. Аз ин хотир, зери ин мафҳуми муҳоҷират тағйироти муваққатӣ ва ё доимии ҷойи истиқомат фаҳмида мешавад. Муҳоҷират падидаи ҷамъиятии мураккабест, ки ҳудудан васеъ ва дорои мушаххасоти хос мебошад. Беҳтарин такондиҳандаи вазъи иҷтимоӣ - иқтисодии ҷомеа ба сӯи беҳбудӣ маҳсуб мегардад.
Дар ҳолати имрӯза беш аз 200 миллион муҳоҷир дар сайёра гардиши муваққатӣ ё доимӣ доранд.  Аввалҳо ватани анъанавии муҳоҷирон ИМА, Канада, Австралия, Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ ҳисоб меёфтанд ва асосан аврупоиҳо ба кишварҳои зикргардида ҳиҷрат мекарданд. Қисме аз онҳо барои доимӣ дар ин сарзамин монданд. Сараввал ба сифати диаспора ҷамъиятҳои хешро доштанду баъдан бо мардуми бумӣ махлут гаштанд ва насли баъдии онҳо дигар дар ин хок худро соҳибватан меҳисобад. Солҳои 80 - 90 - уми асри гузашта, теъдоди аврупоиҳои муҳоҷир коҳиш ёфт ва ҷойи онҳоро бештар зодагони Осиё, Америкаи Лотинӣ, Африка ва ҳавзаи Қариб ишғол карданд.
Барои ҷомеаи тоҷик ин падида то андозае нав аст, зеро танҳо баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ арзи ҳастӣ кард. Мо танҳо насли аввалини муҳоҷирони тоҷикро бо теъдоди чашмрас дида истодаем. Қабл аз инқилоби Октябр ва дертар низ ашхоси алоҳида аз қаламрави Тоҷикистони имрӯза дар ҷустуҷӯи қути лоямут барои корҳои мавсимӣ ба Бухорою Самарқанду Қӯқанд ва дигар шаҳрҳои минтақа мерафтанд, ки шумораашон зиёд набуд.
Бозори муҳоҷирати меҳнатии Русия нисбати дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ бузургтар бошад ҳам, дар муқоиса бо мамолики дар боло зикрёфта хеле кӯчак аст. Ба замми ин, худи шаҳрвандони Русия аз пуркунандагони бозори муҳоҷиратии давлатҳои Аврупо, ИМА ва Австралия маҳсуб мегарданд. Дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар 2,5 миллион муҳоҷирони хориҷӣ ба таври расмӣ кору фаъолият доранд. Теъдоди ғайрирасмии муҳоҷирон  тахминан аз 5 то 7 миллион нафар нишон дода шудааст. Аз ин миқдор беш аз 600 ҳазорашро муҳоҷирони тоҷик ташкил медиҳанд. Ин теъдод назар ба муҳоҷирони меҳнатии ӯзбек, қирғиз, украин, чиноӣ ва ветнамиҳо хеле камтар аст. Аммо сухан сари зиёду кам будани шумораи муҳоҷирон намеравад. Андеша дар бораи он аст, ки оё муҳоҷирони мо тавонистаанд, ки мисли дигар халқиятҳо диаспораи мустаҳками хешро созмон дода, ҳам ҳуқуқҳои ҳаммиллатони хешро ҳимоя кунанд ва ҳам ба иқтисодиёти Тоҷикистон кумакрасон бошанд?
Сухан сари ҷиҳатҳои мусбат ва манфии муҳоҷират меравад ва ба унвони мисол ба ду рӯйдоди таърихӣ дар самти муҳоҷират сар заданиам. Моҳи апрели соли 1915 бар асари ҳуҷуми туркҳо ба хоки Арманистон 1,5 миллион арманӣ кушта шуд ва қисмати зиёди арманиҳо ба дигар кишварҳои ҷаҳон ҳиҷрат намуданд. Албатта, барои насли аввали онҳо мушкилоти зиёде пеш омада буд ва ҷои шаку шубҳа ҳам нест, ки сурудҳои пур аз дардеро ба мисли "Ай муҳоҷирбачаи саргардуни тоҷик…" мехонданд. Вале дар шароити имрӯза, арманиҳо қисми аъзами сарватмандони ИМА-ро ташкил медиҳанд, қавитарин диаспораҳои миллиашонро дар тамоми кишварҳои дунё, аз ҷумла Русия созмон додаанд. Бо ифтихор таъриху тамаддуни миллиашонро дар ҳама нуқоти дунё муаррифӣ мекунанд. Ба замми ин хешу табори худро дар алоҳидагӣ ва Ҳукумати  Арманистонро новобаста аз он, ки зимоми давлат дар дасти кадом шахс, гурӯҳ ё ҳизб ҳаст, аз нигоҳи иқтисодӣ пуштибонӣ мекунанд.
Ё мисоли дигар. Баъди ба охир расидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Ҷумҳурии Федеролии Олмон ба барқарорсозии шаҳру деҳоти харобгаштааш оғоз намуд ва бо сабаби нарасидани қувваи одии корӣ, ба муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҳисоби шаҳрвандони Туркия иҷозат дод. Наздики 2 миллион шаҳрвандони турк ба Олмон ҳиҷрат намуданд ва асосан ба корҳои сохтмонӣ машғул шуданд. Онҳо чӣ бардоште доштанд аз ин муҳоҷират?
Аввал, дар баробари музди шоиста корҳои сохтмониро бо шева, ҳунару назокат ва муносибати кории немисӣ аз худ карданд. Баъди бозгашт ба Туркия, ин муҳоҷирон кишвари аврупоии худро бино карданд ва наслҳои баъдии худро омӯхтанд. Ширкатҳои сохтмонии Туркия имрӯз дар тамоми дунё маъруфанд ва ҳамеша дар тендерҳои сохтмонӣ ғолиб омада, барои дигар давлату миллатҳо иншоотҳои бузургу боҳашамат месозанд. Аксарияти муҳоҷирони тоҷик низ, дар ҳудуди Русия дар ҳамин ширкатҳои туркӣ кор мекунанд.  Дуввум, он қисми муҳоҷирони турк, ки дар хоки Олмони ғарбӣ ба таври доимӣ монданд, диаспораи қавии худро созмон доданд. Имрӯз теъдодашон наздик ба 3 миллион расидааст, вакилони худро дар Парлумони Олмон доранд, ду шабакаи телевизионӣ бо забони туркӣ фаъоланд ва   фарҳангу тамаддуни миллии худро дар ин кишвари бегона нигоҳ дошта, маблағи ҳангуфте дар буҷаи давлати Туркия мерезанд.
Чунин мисолҳоро аз муфидияти муҳоҷират метавон аз ҳиҷрати эрониҳо ба кишварҳои ғарбу давлатҳои арабӣ, аз ҳиҷрати изроилиҳою чиноиҳо ба тамоми манотиқи дунё, аз ҳиҷрати озарию гурҷиҳо ба Русия ва диаспораҳои ҳамаҷониба пурқувват созмон додаи ин миллатҳо беохир овард. Метавон аз як намояндаи диаспораи ӯзбекҳо дар Русия миллиардер Алишер Усмонов ёдовар шуд, ки дар ҳаҷми бузург буҷаи Ҳукумати Ӯзбекистонро дастгирӣ мекунад ва манфиати ин кишварро дар хориҷ  аз он ҳимоя мекунад. Чаро қоил нашавем, диаспораи ӯзбекҳо дар шахси Раҳматилло Зойиров, Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, Зафар Сӯфӣ ва монанди онҳо манофеи Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар Тоҷикистон ба таври шояду бояд ҳифз мекунанд.
Муҳоҷирати шаҳрвандони мо ба Русия аллакай беш аз 20 сол идома дорад. Теъдоде аз онҳо дар шаҳру деҳоти Русия ҷойгоҳи муносибу мувофиқи худро пайдо кардаанд. Фарзандонашон дар мактабҳои маҳаллӣ таҳсил намуда, аллакай бо тарзи ҳаёти онҷоӣ мутобиқ гаштаанд ва ҳеҷ касеро имкон намедиҳанд, ки нисбаташон таҳқиру носазоро раво бинад, хоҳ тоссару авбош бошад ва хоҳ корманди ҳифзи ҳуқуқ. Вале мутаассифона, тоҷикон соҳиби диаспораи ягона нестанд. Баъзе созмону ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон дар шаҳрҳои мухталифи Русия мавҷуданд, ки дар пояи маҳал, деҳаву ноҳия гирд омада, танҳо ба як кор машғуланд. Ҷамъ кардани пул аз муҳоҷирони меҳнатӣ бо баҳонаи фиристодани майите. Миқдори бештари ин маблағ дар ҷайби ҳамон пулғундорон мемонад. Аз ин истифода бурда, иғвоангезоне чун Додоҷони Атовулло хешро намояндаи диаспораи тоҷикӣ ҳар ҷо муаррифӣ карда, бо мағзи тиҳию каломи пойдарҳаво нисбати Ватани хеш, обрӯи миллатро бо хоки сияҳ баробар менамоянд. Ана ҳаминҳо имрӯз чеҳраи диаспораи тоҷик  шинохта мешаванд.  
Ин гурӯҳ аз худ диаспора метарошанду ҳамаҷониба мекӯшанд, ки муҳоҷирони мо ба ҳиҷрат танҳо ва танҳо аз даричаи ғарибӣ, ғаму кулфат бингаранд. Атовулломашрабҳо бо шикваю шикояти пурдард, аз азоби муҳоҷирон мегӯянду талош мекунанд, ки ҳисси  рӯҳафтодагӣ, маъюсӣ ва нигоҳи пессимистонаро дар шуури онҳо ҷой кунанд. Чун медонанд, ки ин шева кора мекунад. Хусусан ба онҳое, ки аз лиҳози донишу ҷаҳонбинӣ заифу осебпазиранд. Аксарияти онҳо ба ҳолати навмедӣ гирифтор шуда, аз мубориза барои пайдо намудани мавқеи худ дар зиндагӣ даст мекашанд ва бозичаи дасти муғризон мегарданд.
Аз ин хотир, бояд онҳое, ки роҳи муҳоҷиратро пеш мегиранд, ҷанбаҳои манфиатноки масъаларо низ огаҳ бошанд. Қаблан аз лиҳози забонӣ омода ва ошноӣ бо фарҳангу тамаддуни кишвари мавриди муҳоҷират дошта бошанд. Шуури ғулом буданро аз сари хеш дур карда, дар якҷоягӣ бо он тоҷикони муваффақе, ки аллакай дар хоки бегона ҷойгаҳи муносиби хешро пайдо намудаанд, диаспораи ягонаю пурқуввати худро созмон диҳанд. Он гоҳ натанҳо ноновари хона, балки номовари хона ва номбардори тамоми миллати тоҷик берун аз хоки Тоҷикистон мешаванд. Чуноне ки диаспораҳои дар боло зикрашон рафта, ифтихори миллату Ватани хеш гаштаанд.  

Кабири ШАМС,
муҳоҷири меҳнатӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.12.13    №: 162    Мутолиа карданд: 12924

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед