logo

маориф

Имтиҳоноти қабул тавассути як марказ

Нахустин бор имтиҳоноти қабули довталабон ба мактабҳои таҳсилоти  олии касбии кишвар тавассути  Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар ин бора зимни муаррифии "Низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иттилоъ дода шуд. Иштирокчиёни он ба таъмини шаффофияти фазои имтиҳоноти тестӣ ва сазовор шудан ба боварии довталабон ва ҷомеа таъкид карданд.
Абдулҳамид Низомов, мудири шуъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президент, аз хароҷоти маблағ зимни амалӣ гардондани имтиҳоноти марказонидашудаи тестӣ ёдовар шуд. "Дар замони нав раванди рушди технологияҳои навин тақозои ба он ҳамқадам шуданро дорад. Кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил , аллакай ба ин шакл гузаштаанд ва ба дастовардҳои илмӣ ҳам комёб гардидаанд. Барномаи имтиҳоноти марказонидашуда аз тарафи Русия ва Ҳукумати Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад ва маблағи калонро талаб мекунад", - изҳор дошт ӯ.
Сабзалӣ Ҷаъфаров, директори Маркази миллии тестӣ, дар бораи муҳимияти иқдоми имтиҳоноти тестӣ  ва омодагиҳои озмоишиву таҷрибавӣ ёдовар шуда, онро дар татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф муассир хонд. "Мо таҷрибаи кишварҳои дигар ва созмонҳои байналмилалиро омӯхтем ва ҳамкориҳоро бо онҳо ба роҳ мондем. Дар ҳашт минтақаи кишвар 20 нуқтаи бақайдгирии довталабон ва 50 маркази имтиҳоноти тестӣ таъсис дода шудааст. Дар таҷрибаи омӯзишӣ 7 ҳазор хонанда фаро гирифта шуд, ки ин натиҷаи мусбат аст. Корҳои тарғиб ва фаҳмондадиҳиро бо довталабон ва ҷомеа аз соли 2008 ба роҳ мондем. Китобчаҳои махсуси барои пешниҳоди маълумот  ба довталабонро таҳия ва дастрас гардондем", - гуфт Сабзалӣ Ҷаъфаров.
Имсол имтиҳоноти қабул ба мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ аз тариқи тестӣ дар салоҳияти Маркази миллии тестӣ мебошад. Довталабон ҳуқуқ доранд, ки ба нуқтаҳои бақайдгирии имтиҳонотӣ муроҷиат намуда, номнавис шаванд. Барои ин бо худ танҳо шиносномаашонро мегиранд. Баъди супурдани имтиҳон ба донишҷӯ барои супурдани ҳуҷҷатҳояш ба мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ тавсия дода мешавад.
Комиссияҳои қабул тибқи рӯйхати пешниҳодкардаи Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷатҳои довталабони пирӯзшударо қабул мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳар сол дар мавсими қабули довталабон сару садоҳо атрофи бо пора дохил шудани довталабон кам нест. Коршиносон амалӣ шудани имтиҳоноти тестӣ ва аз як марказ идора кардани онро пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ҳангоми дохилшавӣ унвон мекунанд.
Аммо назари ректорони мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ин ислоҳот чӣ гуна аст?
Маҳмадюсуф Имомов, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз амалӣ шудани ин барнома хуб истиқбол кард ва гуфт, ки заминаро аз боғча бояд омода кард.
"Мо як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонем ва аз пешрафти он бояд қафо намонем. Аммо беҳтар мебуд, ки имтиҳоноти тестиро аз синфи 8 ба роҳ монем" гуфт ӯ.
Саодат Бозорова, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ,  гуфт ки чун соли 2008 Тоҷикистон Консепсияи системаи нави тестиро пешниҳод кард, аз тарафи ин бонк дастгирӣ ёфт: "Барои мо сифат ва шаффофияти ин барнома муҳим аст, ки дар зеҳни довталаб ва ҷомеа бовариро пайдо кунад".
Ин иқдом дар заминаи иҷрои Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ "Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013" роҳандозӣ гардида, ба рушд ва пешрафти ислоҳоти соҳаи маориф ва ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ равона шудааст.

Ҳ. САНГОВА, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.13    №: 164    Мутолиа карданд: 495

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед