logo

илм

Имкониятҳои «Имконот» васеъ аст

Соли 2008 барои аҳли илми тоҷик соли талошу омӯзиш ва ҷустуҷӯву бозёфтҳо буд. Дар ин сол бори нахуст дар Тоҷикистон бахши имконоти Маркази байналмилалии илмию техникӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, ба олимон имкон дод, ки истифода аз технологияи навтарин ва роҳҳои тиҷорисозии моликияти зеҳниро ройгон омӯхта, дар тадқиқотҳои илмиашон истифода баранд.
Сӯҳбати хабарнигори мо бо Муҳаббатшо Ҳикматов, роҳбари шӯъбаи тоҷикистонии Маркази байналмилалии илмию техникӣ, дар ҳамин хусус сурат гирифт.

-Шӯъбаи минтақавии Маркази байналмилалии илмию техникӣ, ки дар ҷумҳурии мо фаъолият мебарад, чӣ гуна созмони илмист ва чӣ ҳадаф дорад?
- Маркази байналмилалии илмию техникӣ  созмонест, ки  ба василаи пажӯҳиши илмҳои дақиқу табиӣ ба рушди истеҳсолот мусоидат мекунад. Тасвиби Созишномаи байниҳукуматии давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, Федератсияи Русия, ИМА ва Ҷопон дар соли 1992 ба таъсиси марказ асос гузошт ва он соли 1994 ба фаъолият шурӯъ намуд. Ҳоло бисёр мамлакатҳои Осиёю Аврупо ва Амрикои Шимолӣ ба ин  созмон пайвастанд. Марказ  ба 2631 лоиҳаи беш аз 960 институти илмию тадқиқотии кишварҳои гуногуни   ҷаҳон дар ҳаҷми 811 миллиону 500 ҳазор доллари амрикоӣ ёрии бебозгашт расондааст. Дар ҷумҳурии мо аз соли 2003 ба фаъолият пардохт. Бо назардошти рушди ҳамкориҳо дар соҳаи илмҳои дақиқу табиӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҷумҳурӣ, намояндаи ин маркази байналмилалиро ду маротиба, солҳои 2006 ва 2008, ба ҳузур пазируфта, ба барномаҳои он баҳои баланд дод. То имрӯз аз ҷониби марказ 29 лоиҳаи пажӯҳишии олимону мутахассисони тоҷик ба маблағи 6 миллиону 700 ҳазор доллар дастгирӣ ёфтааст. Инчунин чаҳор лоиҳаи иртиботӣ дар ҳаҷми 700 ҳазор доллар маблағгузорӣ шуд, ки дар натиҷа 32 муассисаи илмии мамлакат бо шабакаҳои мағзвора(интернет) пайваст гашт, ки ҳар яки он имкони истифодаи аз 20 то 40 нуқтаи интернетиро дорост. Дар айни замон ҳар яке аз ин муассисаҳо бо 3 роёнаи (компютер) рӯимизӣ ва як роёнаи дастӣ таъмин шудаанд. Марказ барномаҳои омӯзишӣ ва сафарҳои хидматиро ҳам дастгирӣ менамояд. Соли 2008 бо ёрии моддии он  барои ширкат дар конфронсҳои илмӣ ва семинару вохӯриҳо 23 олими тоҷик  ба кишварҳои дигари ҷаҳон сафар кард. Инчунин дар маркази эпидемиологию санитарии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ дар бахши микробиология ва озмоишгоҳи касалиҳои вирусӣ дар асоси вокуниши занҷирии полимерӣ барои табибон ду курси таълимӣ  амал намуд.
- Лоиҳаҳои пажӯҳишие , ки марказ дастгирӣ мекунад, таҳқиқи кадом соҳаҳоро фаро гирифтаанд?
-Тавре ки  дар оғоз гуфтам, марказ пеш аз ҳама ба рушди технология ва илмҳои табиию дақиқ таваҷҷӯҳ дорад. Бинобар он лоиҳаҳо оид ба илмҳои биотехнологӣ,  экология, технологияи истеҳсолот, маводшиносӣ, энергетикаи алтернативӣ, физика ва кимиё дастгирӣ меёбанд. Инчунин он лоиҳаҳое, ки ҳалли проблемаҳои милливу байналмилалии техникиро мавриди таҳқиқ қарор медиҳанд, маблағгузорӣ мешаванд. Дар мавриди пажӯҳишҳои вобаста ба ҳалли масъалаҳои гузариш ба иқтисоди бозорӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, вусъат додани пажӯҳишҳои бунёдиву амалӣ,  таъмини амнияти энергетикаи ҳастаӣ ва ҷалби олимони давлатҳои ИДМ ба ҷомеаи илми ҷаҳон низ Маркази байналмилалии илмию техникӣ ёрии маҷҷонӣ мерасонад.
-Таъсиси бахши имконоти марказ ба муҳаққиқони тоҷик чӣ имконе фароҳам овард ва оянда  аз фаъолияти он чӣ навгониеро интизоред?
-Бахши имконот бо таҷҳизоти технологияи муосир муҷаҳҳаз шудааст ва  ба олимону мутахассисон имкон медиҳад, ки аз технологияи навтарин ройгон истифода баранд. Бо олимони кишварҳои гуногуни ҷаҳон дар робита бошанд ва аз илми ҷаҳони муосир тавассути мағзвора огоҳ гарданд. Лоиҳасозиро омӯзанд ва малакаи тиҷорисозии моликияти зеҳниро пайдо намоянд.  Ҳоло ду курси таълимии бахши имконотро беш аз 100 нафар хатм намуд. Дар курси аввали омӯзишӣ кор бо роёнаро дар асоси барномаи омӯзишии махсуси Маркази байналмилалии илмию техникӣ ба роҳ мондем. Дар курси таълимии минбаъда олимону мутахассисони мо усулҳои ҳифзу истифодаи моликияти зеҳнӣ ва тиҷорисозии натиҷаҳои тадқиқоти илмиашонро омӯхтанд.
Ният дорем ғайр аз ташкили курсҳои омӯзиши роёна, инчунин  таълими назарияи тиҷорисозии натиҷаҳои илмию истеҳсолӣ,  таҳияи бизнес-план,  идораи лоиҳаҳои пажӯҳишӣ ва стратегияи менеҷментро ба роҳ монем ва бо ташкили видео-конфронсҳо робитаро бо олимони кишварҳои дигар тақвият бахшем. Соли ҷорӣ  боз 5 муассисаи илмии дигари кишвари мо бо шабакаи ҷаҳонии  мағзвора пайваст хоҳад шуд.
 

 Хайринисои Расулӣ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 699

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед